четверг, 16 декабря 2010 г.

16.12.2010. WikiLeaks: «Духтари Президент шумтарин одами ҷумҳурӣ»

Душанбе. 16-уми декабр. TojNews - WikiLeaks тозатарин аснодро дар бораи духтари президенти Узбакистон Ислом Каримов интишор додааст. «The Daily Mail» истинодан ба WikiLeaks менависад: "Дар Узбакистон фасод ба шиддат рӯ ба афзоиш аст ва духтари президент шумтарин одам дар ин ҷумҳурист».

Тибқи ҳамин маълумот, Гулнора Каримова бо роҳҳои махуф амалан аз ҳама ширкатҳои фоидаовари мавҷудаи Узбакистон ҳиссаи худро меситонад. Дар мукотибаи дипломатҳо духтари 38-солаи президенти Узбакистон бо номи «баронхотуни ҷиноӣ» ёд мешавад ва мегӯянд падараш барояш мақоми дипломатӣ додааст. Тибқи иттилои сафорати ИМА, дар ин кишвар зарфи 5 сол, аз соли 2004 то 2009 Гулнора Каримова ба ҷаҳиши шигифтангезе даст ёфт. «Вай ба соҳибкорони маҳаллӣ пешниҳодҳое мекард, ки онҳо наметавонистанд аз он саркашӣ кунанд»,- менависад рӯзнома.

Аз мукотибаҳои интишоршуда бармеояд, ки Каримова бештар вақт дар Женева, ки ширкати ҳолдингии ӯ - Zeromax дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст, зиндагонӣ мекунад. Дипломатҳо хабар медиҳанд, ки вай бо «сарварони мафияҳои маҳаллӣ» барои дарёфти муоҳадаҳои нефтӣ тавофуқ кардааст. Дар номаи дигаре аз номи як тоҷири амрикоӣ ҳикоят карда мешавад, ки баъди он ки ширкати телекоммуникатсионии вай фурӯхтани саҳмияҳо ба хонум Каримоваро рад кард, халал расондан ба фаъолияти ширкат оғоз шуд.

"Духтари якум»-ро соати 3-и субҳ дар ҷамъомаде мушоҳида карданд, ки нӯшокиҳои спиртии мамнӯъ дар Узбакистонро ба фурӯш бароварда буданд. Дар барқияи дигар гуфта мешавад, ки "Аксари узбакҳо Гулнора Каримоваро шахсияти ҳарис ва бахиле медонанд, ки падарашро барои аз сари роҳ бардоштани соҳибкорон ва ҳамаи онҳое, ки метавонанд халал расонанд, истифода мебарад. Ӯ шумтарин одами ин кишвар мебошад»,- хулоса мекунад «The Daily Mail».

Дар барқияҳои дигар омада, ки дар Узбакистон фасод рушд мекунад ва ҳукумат бо ҷиноятҳои муташаккил алоқаманд аст. Ҳамзамон бо ин аз мукотибаҳо пай бурдан душвор нест, ки сафорати ИМА бо Каримов муносибатҳои хуб надорад. Гап дар сари он ки Узбакистон роҳи муҳиме дар ҳалқаи интиқоли коло ба Афғонистон аст. Дипломатҳо хабар медиҳанд, ки соли гузашта баъде, ки Ҳилларӣ Клинтон як муҳофизи ҳуқуқи башар аз Узбакистонро мукофот дод, Каримов ба сафири ИМА таҳдид кард, ки роҳҳои интиқолро ба рӯи ИМА хоҳад баст. «Сафир Норланд тавонист, ки Каримовро ором кунад, вале ба Вашингтон гӯшзад кард, ки фишор болои ӯ метавонад моро аз ин роҳи муносиби интиқоли коло маҳрум созад»,- менависад рӯзнома.

Фирӯзи МУҲАММАД

Комментариев нет:

Отправить комментарий