понедельник, 31 августа 2015 г.

Аз баёзи хотирот
                           Аз ман умри дубора хоҳад монд
Ман ӯро ҳамчун Инсон дарёфтам.Инсони комил.Инсоне, ки дар замираш ба ҷуз накукирдорӣ дигар чизе намеғунҷад. Инсоне, ки хушбахтиву саодати худро дар чеҳраи хандони дигарон дар шодиҳои шаҳдогини ёру дӯстон медид. Инсоне, ки  пайроҳаи қисматашро Кирдугор басо бо накукарданҳову пуркарданҳо тарҳрезӣ кардаву дар ин ҷода барояш дили ойинасонеро арзонӣ дошта. Инсоне, ки бо ҳама доду нодод қаноат мекард. Дар замираш ҳеч гоҳ бухлу кин, ҳасудиву хусумат набуд ва аслан ки ӯ чӣ будани ин калимаву ибораҳои ифшогари бадиро намедонист. Табассуми беғашаш он ҳамаро аз ҷисми нозукаш ба фарсахҳо дур андохта буд. Ҷисме, ки андаруни он дили бузурге бо як ҷаҳон орзуву омол метапид. Дили саршор аз меҳру муҳаббат.Дили пуртуғёну дар такопӯ. Ва ин буд, ки ҷойи ӯ андаруни мардуми дидагони ёру ошно гардида буд. Чун Акбаралӣ бо ҳамон тарзу усули роҳгардии хеш дар саҳни нашриёти “Шарқи озод” пайдо мегашт, беихтиёр дидаҳои пурмеҳри ошно чун борони раҳмат болояш мерехт...
Ёдам меояд, ки баъди маротибаи дуюм ҳангоми ба рӯзноманигори рӯ овардани Акбаралӣ тахминан аз аввалҳои соли 1993 Маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳои “Шарқи озод” барои ӯ хонаи асосӣ гардида буд. Зеро аксари вақт вай дар ин даргоҳ боли дафтрау қалам ва паси мизи компутар, барои эҷод шабро ба саҳар мебурд.Ҳамеша вайро дар роҳравҳои ин даргоҳ дар гирудор медидӣ. Бо ҳазору як андешаи нав, бо нақшаҳои тоза, бо баҳсҳои созанда. Ва ин буд, ки дар он солҳо камандар касон буданд, директори ин муассисаро дар симо мешинохтанд. Чун ҳар корафтодае ба ин даргоҳ меомад сароғоз бо ҳамон чеҳраи ошно, бо ҳамон симои дар табассум ғарқида руёрӯ мезаданд. Ва то имкон даст медод мушкилашонро тавассути ин ҷавонмарди сахӣ ҳаллу фасл мекарданд, ки Акбаралӣ дар зеҳни онҳо чун роҳбари ин корхона ба ҷилва меомад. Ва ба ӯ рӯи ниёз меоварданду ноумед намегаштанд...
Ва замоне ҳам фаро расида буд, ки аз нисф зиёди мушкилоти корхонаи “Шарқи озод”-ро ин ҷавонмарди дасткушоду дарёдил осон менамуд. Ва ӯ бо сахову карамаш ҳотамона ба забонҳо меомад.
Дар ҳамон замоне, ки иддае фарҳангу маърифатро ба канораҳо ғел медоданду ҷойи онро бо тиру туфан ва зишгуфтоириву бадгуҳарӣ бадал менамуданд, Акбаралии Саттор бо дили пур ва қадами қотеъона  пайи бунёди рӯзномаҳо кӯшид. То бо ин васила ба мардум ахбори фарҳангию иҷтимоъӣ ва сиёсиро бирасонад. То онҳо аз руйдодҳои ҷаҳону кишвари азизи худ огоҳ гарданд. Ва ӯ дар ин ҷодда мувафақ гардид. Дар майдони матбуоти навин ҳафтаномаҳои ӯ паси якдигар чун “Дайджест пресс”, “Чархи гардун”, “Вечерный Душанбе”,” Авицинна”,”Аладдин”, “Анушервон”,”Зан ва мард” ба тобиш омаданд.
Барои шаклгирии ҳар яке аз ин ҳафтаномаҳо ӯ басо шабҳои ялдро ба сапедадами бехобиҳо бурда, роҳи каҳкашониро тайнамуда подоши бехобиҳояшро барчидааст. Басо ранҷҳои кашидаи ӯ дар ин роҳ, ки ҳар кадом ба тафсил як китобу як дарсе барои рӯзноманигорони ҷавони азизи мо хоҳад буд. Мисол то ба имрӯз кам касон огоҳанд, ки чигуна чопи компутарии рӯзномаҳо дар кишвар ба миён омаданд, нахуст суратгирии плёнкавӣ чигуна ба вуҷуд омад? Кӣ онро пиёда сохт? Чигуна? Ҳуруфчиниву ороиши компутарӣ чӣ? Дар он солҳое, ки кишвар ноором буду ихтисосмандон ҳанӯз роҳҳои истифода барии чопи компутариву ба плёнка гирифтани онро намедонистанд, кӣ ин ҳамаро фаро гирифту ба дигарон омӯхт?  Ва бидуни шак дар аксари ин гуфтаҳо Акбаралӣ раҳнавард буд...
Соли 2003 ҳафтаномаи “Неруи сухан” рӯи чоп омаду пас аз нашри шумораи нахустин аввалин касе, ки дари идораро куфту вориди он гардид ин Акбаралии Саттор буд, ки барои табрики аҳли қалами ҳафтанома омада буд. Ӯ иқрор буд, ки аҳли эҷоди ҳафтанома тавонистаанд, ки дар шакли нав ва бо ҷасорату диди тоза маводи хонданиро пешкаши аҳли ҷомеаи кишвар гардонанд. Мо ҳамон лаҳза дар чашмони аз хурсанди рахшандааш пай бурда будем, ки эшон баробари мо  шодаст. Ва дар чопи ҳар шумора кумаку маслиҳатҳояшро дареғ намедошт. Ва гумон мекунам, ки аз чунин ҳолат  дигар ҳафтаномаҳои навташкил бархурдор гаштаанд.
Мегуянд, ки дӯстро дар сафар мешиносӣ! Ҳақ бар ҷониби онест, ки ин ҳикматро гуфтааст. Дар сафар низ Акбаралӣ ҳамчун ҳамсафари ҳамакора ва сертакопуву серташвиш барои роҳати ёру дӯстон дар дидаҳо наққошӣ шуда. Зеро бо ӯ ба ҳаркуҷое сафар накардам, ӯро чун як шарифмарди дилсафеду дасткушоду хушсӯҳбат пайдо кардаам. Ёдам меояд, ки ҳангом як сафари кориямон ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон Акбаралӣ ташабуссро ба даст гирифта, дар тамоми чорабиниҳову нишастҳо гули сари сабад мегариду аз нақшаву амалҳои нав моро огоҳ мекард ва барои фароғтар гузаронидани ҳар як дами нақд бо пешниҳодҳои ҷолиб чорабиниҳои муфид тарҳрезӣ менамуд. Ва ин амали ӯ маро писанд омаду байни ҳамсафарон гуфтам, ки аз ин ба баъд Акбаралӣ Вазири фарҳанги гурӯҳи мо хоҳад буд ва тамоми баргузорӣ ва тарҳрезии чорабиниҳои фарҳангӣ ба зимааш вогузошта шавад. Ӯ бо камоли майл ин вазифаро пазируфта буд. Пас аз он ҳар кауҷое сафар мекардем, бо ҳамон латифгуфторияш меафзуд, ки агар имушкиле пеш омад ба Вазири фарҳанг муроҷиат намоед...
Чун дар ин айёми хазонрез, ки табиати фусункор дар шохаҳои сабзогин ранги зардиро бор кардааст, панҷаи аҷал низ ба танаи пурбору сарсабзи ҷавонмарди асилу покройу хушгилу накуандешу хушрафтор, дӯсти беғаразу бовафо печида, уро хазон кард. Вале, мо ҳама ёру дӯстон бар он гуфтаи аллома Лоиқем, ки:
Аз касе хасе намемонад,
Аз ман умри дубора хоҳад монд...
Ва он ҳама кору амали Акбаралии Саттор вайро ба кунҷи фаромӯши нахоҳад бурд. Ӯ ҳамешаҷовид аст.


Бо умеди тавфиқ ба ёру дӯстон  ва
сабри ҷамил ба аҳли қалами
Тоҷикистону ақрабои марҳум,
Мухтори Сайидбурҳони Боқизода.


суббота, 29 августа 2015 г.

Аллома ЛО









Аллома ЛОИҚ

Њамчун пешгуфтор
Он замон к-аз одаму олам  нишон пайдо набуд,
Аз маќоми бенишонї бонишон ман будаам…
Гарчи дар сурат намудори ду  олам гаштаам,
Чун ба маънї бингарї, њар ду љањон ман будаам.


Ин мисрањои Шайх Муњаммади Лоњиљии Асирї, гумон мекунам, ба маъниву сирати аллома Лоиќи Шералї шабењанд.

Дар он зулмати хештанношиносињо бедортар аз ў кї буд?
Дар он гумгашта бехудињо огоњтар аз ў кї буд?
Дар он тирашабњои вањмангез рушантар аз ў кї буд?
Кї буд, ки ѓаму дарди миллатро фошо-фош иброз дошт?
Кї буд, ки аз тангнои замона фарёди љарас бар дошт?
Магар ў набуд, ки аз дарди њамќавмонаш нолаи пурдард дошт?
Магар ў набуд, ки аз ѓаму дарду доѓи модари тољик садо боло кард?
Охир ў буд, ки зарбаи маргофари табари дасти дарахтбурро дар љисми худ эњсос кард!
Охир он буд, ки аз хазонрезии бањорон нола кашид!
Охир ў буд, аз риёкориву хиёнаткории мо нисбати табиати љонофар  марги Хуршедро дид!
Оё онеро, ки дар роњи хештаншиносї худро гудохт шинохтемаш?
Оё, боре барояш арљгузорї намудем? Ба гудози љисму љонаш ва сўзиши ќалби пуртўѓёнаш боре гўш додаем?
Дуди сигорашро дидаем, вале дареѓо дуди ќалбашро надидаем.
Аз маънавиёти баландаш болидарўњ гаштему боре напурсидемаш, ки чї њол дорї?
Чаро чунї?
Ѓаму дарду фиѓону нолаат аз чист?
Сўхтани хасу хошокро дидаву афсўс хурдаем, валек аз сўхтани махзани маъонї дараке набурдаем…
Нуре дар торикї дурахшид.
Чароѓи мањфилњо гашт.
Бо каломаш дилњолро ба тасхир овард.
Дар кўчабоѓ ошиќон шеърњояшро зама-зама менамуданд.
Дилдодагон рози нињон ифшо менамуданд.
Сиёсатмадорон аз Зардушту Љамшеду Ќурушу Деваштичу Оли Сомону Ањмади Донишу Айниву Бобољонаш лаб ба сухан во карда.
Ў мисли ахтаре дар тирашаб  буд, ки дурахшиду роњи дигаронро рахшон карду љисму љонашро  мисли питачароѓ оташ дардоду барои хештаншиносии мардуми ин марзу бум нурафшонї намуд. Ў буд, ки моро ба бедории маънаваї ва фитрї садо кард. Гўшњои ношунаво каломашро дар гўш њалќа карданд. Аммо иддае аз маѓзњои тињидарк дар пайи тадбирњои нохуши рўзгораш шуданд. Носазояш гуфтанд. Пеши роњи  камолоташро девор заданд. Нагузоштанаш, то мавќеву манзалате дар бењбуди кишвар дошта бошад. Аммо дар ѓафлат монда, ки садои торњои ќалби пурдарди ўро кишварњои њамсояу дардошно шунидаву бо гуфтаи  ў љур гаштанд, ки «Љањон як рӯз метаркад, зи оњи пуршарори мо…».
    Ў бо носозгорињои замони Навин даргирифт. Љисму љонаш саропо дар оташ буд. Ончунон дудкунон месўхт, ки хиёбони Рудакї товони бардошти ќадамњои пурормону дардмандашро надошт. Ў пасу пеши ин хиёбон гом мебардошт. Дам ба дам сигор дармедоду дўди тахлу тунди танбокуро фурў дармекашид. То бо он асабашро ором гардонаду хештанро тасалло бахшад. Вале, ин боз асабитарш менамуд. Бо њамон саманди хаёлоти баландпарвозаш мањмез мезанад. То  дав гирад дар майдони андешањо. То таронаи навинеро ба ќалбњо суфтаву равон пешкаш намояд. То бо њам бигўем, ки «Кушед ин замонаро, ки мекушад таронаро…» Оре, њамон таронаи њаловатбахши љисму љонро. Њамон таронаи ифшогари руњу равонро, њамон таронаи озодиро, њамон таронаи љовидониро, њамон таронаи худшиносиро, њамон таронаи љавониро, њамон таронаи мењанпарастиро…ва њамон таронаи Хуршедро…
Кї имруз аз дарди мо садо баланд мекунад?! Сўзишии ќалбњоро кї ифшогар мешавад?! Кї боз ба дањони бадгуњарон бо мушти обдори Сухан мефарорад, то дониста садо баланд кунанд?! Кї боз пуштибонї аз Синову Ањмади Донишу Айнї мекунад?! Мисли ў  киро тавонест, ки синовор дартакопу бошад, донишвор пайи эъмори сиёсату иљтимоъи љомеа бошад, айнивор пуштибон аз хату забону фарњанг бошад?!
Ў дониста гуфта буд, ки «Модари тољик… фарзадони хубат каманд».
Бале, чаро ин дунёи фусунгар хубонро танњову ягона меофараду аз тухми бадону зиштон ќопњову  ќанорњо… Ай, чархи барин, магар ин адолатаст? Чаро ту тухми неконатро низ пош намедињї ки бештар рўянд? Чаро паллањои тарозуятро баробар нигоњ намедорї?
Ў њамеша дањсолањо, на балки 100 солањо аз мо пеш дар њаракат буд. Ў дунёро, буду бошашро пештар ва бештар аз мо медиду дарк мекард. Ва ин буд, ки Моро њушдор медод то ба ќадри ваќт бирасем. Ќадри њар як неъмати рўи заминро бидонем, онњоро пос дорем. Мисле, ки «Ба ќадри обњои љорї мебояд расид имрўз, Ки рўзе хушк хоњанд шуд…»
Дареѓо,
Дардо…
Чаро Моро дар танњої мегузоранд?
Рўзи марги ў дидам, ки чигуна ихлосмандонаш ашк дар чашм доштанд.
Ашки видоъ
Ашки њасрат
Ашки ормон
Ашки талх аз рўзгори ноосуда.
Ва дидам, ки дар ин лањзањо одамият, балки инсони воло чї манзалате доштааст!
Зеро нафаре чунон бо алам шеван намудаву иброз медошт, ки
«Ай Худовандо, розиаам, то љони маро ба ивази љони ў бигириву варо болои сари ин миллати дар ѓафлат буда, боз ба чанд соли дигар офият нигоњ бидорї. Охир аз манат чи суде?! Ману вайу онњо диду дарку сузу табу тоби ўро надорем. Ў ба ин миллат чароѓи рањнамун буд. Кош аз шамоли њодисот хомўшаш намекардї?! Кош он шамолро барои хомўшии чароѓи ман мефиристондї…» Ва ашки талху шўри ўро дидам, ки болои саманди чўбини ин абармарди фарњанг мерехт. Ва ќатори одамонї ба видоъ омадаро ин суханони аз замири ќалб гуфтаи як ихлосмандаш боз њам ѓарќидахун кард. Боз ин гуфтањо аз он дарак доданд, ки марди оддие ин љањонрову моро падруд нагуфтаст. Ў дар хоби абад буд ва моро гирдогириди худ дар хоб медид. Парешону гирёону њайрон.
Ва саманди ороставу пероставу мушкинаш андаруни гулдастањои муаттари тару тоза гуиё шино мекард. Шино ба сўи абадият. Ба сўњбати он Њабиби деринтизор.
Ва боз дидам, ки њукумати ваќт карахту бењис аст. Ва танњо, танњо инљо тафаккурам лаѓжид ба он ки сарони ин кишавар њама бесаранд. Маѓзњошон тињи аз дарки ору номусу ифтихор аст. Аз алам мушт гирењ кардаму ба сар задам, ки «ай хок ба сарам!»
Ва донистам, ки он њама кару фарри мо шуњратпарастиву пунбахойидан аст…
Ва дарк кардам, ки фарзонагон дар ин дунёи каљдору марез барои курсипарастон  арзише надоштаанд. Ва њамоно сиришки дидагонам аз яъсу навмеди ба сўзиш овард љисмамро.
Ва дидам  фариштагони покро ки њар кадом дар танњої як љањони маънї буданд.
Ва дар танњои якояк паси њам бо дили дардманду  тани абгор аз ин куњнаработ рахт барбастанд. Чун дар ин зулматсаро навозише надиданд аз оѓўши модари хунии худ ба оѓўши модари хокияшон бо њазорон ормону орзу ба хоби ноз рафтанд. Бо як љањон дарду ѓам.
Ва дурахши ахтарони танњоро ки рахшиданду рафтанд кунун дарк кардам.
Зеро гумони ањли фарњанг
Мардуми худогоњ
Љавонмардони баору номус
Шарифмардони миллат
Дилбохтагони каломи шоир
Дўстону пайвандонаш
Он буд, ки рўзи марги ин сарсупурдаи миллат саросари кишвар  мотами умумимиллї эълон дошта мешавад. Ва он партавафшон парчами Миллї дар ин рўз бо нишони мотам нугунсар мешавад. Ва ў аз ин ифтихор кардаву бо ѓурури нопайдоканораву нотакрораш сарболо карда, то ба гуфти хеш:
«Як назар то бинам аз аъдои ман,
Кист дар худ шодмон аз мурдани аъзои ман.
Бингарам аз душманонам
Кист њозир дар сари тобуту мегиряд зи шодї-
Зањрханде бањри ў таќдим бисозам,
В-аз сари тобути худ дураш биронам…»
То мо бубинем, ки он адутаборони миллаташ аз чунин мотами миллї чи бардоште ба худ гирифтаанд. То ба ин васила миллат буданамонро собит созем. То рўњаш осуда гардад аз ин ќадршиносии мову «Пас равад осуда бар кунљи мазораш.» Лек дардо, њасрато! Ин хобу хаёлест дар пиндори мо. Ва ў рафт озурдахотиру носудаву дилреш. 

Ў шармсор буд, аз он ки мо худ ношиносем:

Аз бому аз дари хеш , аз кону аз зари хеш
Аз фарњанги пурѓановат, аз торихи пурасолат
Аз муштњои манманї, аз зўрњои љонканї
Аз сарварони бесар, аз вазирони ќайсар
Ў дасту дил шуста, њам чашми сар баста

Сакта ба дил љо карда, ў аз пурсишњои нољо
Мисле, ки
«Дар мањалбозї масал гардидаем,
Гарчї пайванди каёни гавњарем.
Аз чунин иллат бимирем анќариб,
Ки ту аз Фархору мо аз Фалѓарем…
Кас намепурсад то куљо парвози аќл?
«Аз куљої?»- гуфта аз љо мепарем.»

Оњ ин дарди нангин, ки мекушад морову миллатро.
Оњ аз он ки мо то кунун дар гирдоби ин маризӣ уфтодаем
Эй вой бармо, ки њанўзам аз таърих дарси сабаќ наомўхтаем!
Ва ин дард њамекушт фарзонагони ин миллатро…
Пора-пора ба њар канор афтодаем.

Ва дарди шоир боло гирифт:

«Гоњ-гоње мањалгароёне
«Аз куљої?»- суол меоранд.
Бо суоли мањалгароишон
Бањри миллат завол меоранд
…Љои обод нест  дар миллат,
«Аз куљої?»-суоли вайронист!
«Аз куљої?»-касе, ки мепурсад
Бори миллат ба дўш вайро нест!
Хоби  шабњои ман њаром шуда,
То ки миллат њалолтар бошад.
Мепазирем заволи љони хеш,
Миллатам безаволтар бошад.»

Ва мо дар меёбем шоири дардмандро.
Ўро ѓами худ не, ѓами мо дар азоб гузошта! Ўро нотавонию ноањлии мо андаруни гирдоби саргумї андохтааст. Ўро мо азият додаем. Бо мањаллбозиямон, бо курдилиямон бо берањмию љоњилиямон!!!
Мебинем, ки чигуна  аланга мегирад бањри эъмори ин миллат.

Гаштаву баргашта таъкид бар он меорад, ки аз маризии мањалгарої бояд рањо ёфт. Ва роњи рањої мељўяд дар дили шаб. То аз хоби шабро њамром карданаш миллаташ њалолтар бошад. То бо дидаи аз камхобӣ сурху бо ќалби аз дард моломолаш роњи рањоии ин миллати парокандаро биљўяд.
Ва чодари сиёњи шабро бо андешањои кањкашонияш ба сапедадами умед мебарад. То моро ба худ ораду дарси хештаншиносиямон биомўзонад. То аз сари дурроњаи њайрониву сарсонї бозамон гардонад. То дар дањонамон шири модарро шањд гардонад, ки поси забони модарияшро дорем. Таъми шири модарро дар љисму љонамон дарк бисозем.
Дардњояшро малњам мељўяд. Малњаме он њама дардњое ки тўли солиёни торих ўро хурдаву абгор кардаву ба риќат овардаанд.
Чаро насўзад?! Охир ў бедор аст! Ба ор аст! Нангу номусашро посдор аст!
Ману ту он њама дардњоро дар худ дарк мекунем, аммо ў бошад он њамаро мебинад ва хештанро миёни он бесарусомонињо, гирудорњо, сўхторњову кушторњо пайдо менамояд.
Љисми хуншору сарбуридаашро бо њидояти дўсти душмантинату бо ѓазаби душман лаъин.
Ин чанд нафарро, ки бори  зиндагии носудаи моро мекашанд, магар дар тўли солиёни торих метавон аз хотирот зудуда сохт?! Магар метавон, ифтихоре дошт бидуни ба навори хотирот овардани номњои Зардушт, Деваштич, Наиманча, Спитамен, Дорову Курушу Исмоили Сомонї, Рўдакиву Фирдавсиву Синову Мавлонову Шамсу Форобию Хайёму Носиру  Салмону Мансуру ….Донишу АйнивуБобољон Ѓафурову Турсунзодаву…
Њеч гоњ! Зеро биниши моро, дарку фањмишамонро, маданияту фарњангамонро, роњу равишамонро, хулќу атворамонро  офаридањои ин бузургон, панду њикматашон, ќањрмаониву родмардияшон, фазилату фаросаташон, эљозу идрокашон билкул тасхир кардааст.
Ва њамаи ин нозиданњову болиданњо аз гузаштаро мањз ў ва ўбаринњо тавсссути каломи дилписанду дилнишинашон ба мо омўзонидаанд.
Ў аз њамаи ин дору мадорњо хаста гашт. Ќалбаш дар тангнои синааш намеѓунљид. Љисмаш андаруни курраи оташ гудохта мешуд. Дар оташи кину њасуд, дар оташи бенизомиву берабтии њокимони ваќт. Ва бо ин њама азияту машаќату дардњо:
Ў ба фарёд омад
То наљоти ин миллатро  бубинад.
То  забону фарњангащро дар курсии арш биншонад
То  бубинад, ки ин миллат бо алифбою фарњанги миллии худ болотар равад.
То осоиши љисмиву маънавї маѓз андар маѓзи мо бошад.
То аз аслу насаби худ бархурдор бошем.
То соњибзабону соњибватан бошем. То инсон бошем. Инсони комил!
Ва дид, ки иддае ба њолаш ашкрезон механданд ва дид ки нотавонон ба сўяш санги маломат њаво медињанд ва дид, ин миллат њанўз њам дар ѓафлат аст ва дењќонаш барои дигарон кишт дорад. Бо њазору як дард, бо њазороу чанд мушкилот бархурд дорад оњи дардафзо кашид:

          Ва бо дили хунполо гуфт:
«Дар Бухорое, ки даргоњи дарист,
Бо даригуфторї берун аз дарем.
Нест миллатро  зи бас як порчагї,
Пора-пора-луќмаи шўру шарем.
Реза-реза, шарња-шарња љисму љон,
Бори миллатро куљо њам мебарем.
Мо тамоман нотамоем эй дареѓ,
Он наљибулманзари беманзарем.
Кўрњои кўрароњем, оњ,оњ
Бар сари худ пойлаѓзиш мехўрем.
Мо  киёнем? Аз Каёнем? Осафо,
Тољдорони гадои афсарем…»

Ў дард мекашид. Бањри як порчагии миллат.
Ў  ин миллатро меофарид. Дар хаёлњо. Дар мисрањои тобдораш. Дар нишастњо, дар анљуманњо. Ў ќомати расои ин миллатро дидан мехост. Бо тамаддунаш!
Мехост ќомати сарвсони ин миллат њеч гоње рўи хазону камонро набинад!
Бо нигоштањояш  ў ба фарзандони ин миллат њушдор медод. То худро бишносанд. То дар масири таърих накўном бошанд. Ў чунон дар дилу дидањо маъво гирифта, вуљудаш аз дарди мањал орї гашта буд, ки Мани ў Мо шуда буд. Мои мукаммалу муъаззам. Мои ў миллати бегазанду беиллат буд. Мои ў рўњу таровати тоза ва тарњи Навин дошт. Мои ў зарбае буд ба маскунони сањрои Ќипчоќ. Мои ў љисму љони он бадгўёну бадгуњаронро, ки фарњангу тамаддун ва озодамардони сарзамини Хуросонро дар пайроњаи таърих аз они худ кардаву ба оламиён чун моли хеш ба ќалам додаанд,  саропо ба ларза оварда буд. 
   Мои ў тарканда чун атум буд дар замири бадгуњарони ин миллат. Мои ў бењаду беканора буд. Мои ў  Хуросони бузург буд…
Ў як салобат буд! Як виќорї тољикї. Як ору нанги тољикї.
Ў шунаъи Душанбешањр буд. Ў зеби Душанбе, Ў нури Душанбе, Ў  шањомати Душанбе буд. Ў
Хиёбони Рўдакиро ў нурпош буд. Ў нишони фарњангу тамаддуни ин миллати азият кашида буд.
Ў садои руди Варзоб буд. Ў накњати арчадарахтони Такобу Тавилдараву Ревадро дошт. Ў саркашиву пуршуру савдоии Зарафшонро дошт. Ў ѓурури кўњсорони Помирро болои дўш дошт. Ў беолоишии оби нуќрафоми мулошаршараи Каздонро дошт. Ў шарифиву шарофати Мазори шариф ва Муњаммади Башороро дошт. Ў љасорати Сипитамену Деваштиро мунъакис буд. Ў фазилати Фирдавсиву њикмати Хаём ва шуридагињои Шамсу Мавлоноро дошт. Бо дунёи хешу бо рўзгори хеш!
Ин буд, ки ў  дар ойинаи чашмони  наслњои он рўз, дар хонадони њар фарди тољик, дар дили нозуку пурмењри модарон, дар ќалбњои пуртуѓёни дилбарон лона гузошта буд.  Бо сухани шевову дилошубаш. Бо тахайюлоти болопарвозаш. Ў кайњонаварди дилњо буд.

Кайњони боло дигару кайњони дилњо  дигараст,
Кайњонавардам дар замин ёд аз мани ошиќ кунед.

Ў бо лутф ва латофат ва садоќату рафоќат дар дидаву дилњо наќш баст.

Имрўз, ки ў нест!
Дунёи мо  бениёз аст.
Имрўз ки ў нест!
Майдони назми мо хомўш аст.

Имрўз, ки ў нест!
Ќалбњои мо ба сардист.
Имрўз, ки ў нест!
Ору нангу номуси мо намонда!
Имрўз ки ў нест!
Гулбоѓи ошиќон бенакњатаст.
Имрўз ки ў нест!
Дарди мањал бологирифтаст.
Имрўз ки ў нест
Фарњанги мо костааст.
Имрўз ки ў нест
Вафову мењр намондаст…
Имрўз, ки ў нест
Дуд дар димоѓњост. 

E

  УСТОД ЛОИЌ ВА ФАЛСАФАИ РАВОНЇ
Ў ба њар мављуд бо чашми ибрат менигарист. Дар он љавњари њастиро медид. Ва ин љавњарро пос медошту аз асрори он огоњ шудан мехост. Ба мисле, киулаймон бо њама њашмат, назарњо буд бо мўраш…» Бо њамон диди нафису борикаш соатњо ба равуои мўрчагони зањматгустар дида мебаст ва фалсафаи зиндагии ин љонваракони беозори дар такудав бударо донистан мехост. Мехост он фалсафаи њаётро, ки тамоми њикмати зиндагиро дар худ фурў бурдааст аз рўзгори ин љонваракон биомўзад. Ва аз сењри вазидани боду туфидани туфону сархўрии мављу дурахши исторагон, нуќрафомии чашмасорону ѓурўру осёни дарёву сарбаландиву сарфарозиву пойбарљоии кўњсорон ва аз накњату латофату латифии гулу рустанињо ва аз наѓмаи дилосои мурѓакону раќсидани ѓизолон огоњ шавад.  Ва ман инљо  сари андешаи онам, ки ў авлиёгуна аз гирудори њаводис ва пешомадњои рўзгор бароямон паёмњо медод, вале фаросати мо барин тавоне намекард. Ў аз нољурињои замона, менолиду оњаш ба кайњон мерасид, вале гўши пур аз пунбаи мо онро намешунид. Ў моро ба сўи хештаншиносї мехонду мо њанўзам дар хамгашти кадом як кўчаи мањалли худ андаруни гил монда будем. Ў бароямон пайваста талќини онро мекард, ки љўяндаву навовару ихтироъкор бошем. То андар фарогирии илм Замин модарро во гузошта бањри дарёфташ то ба Кайњон биравем.То барои миллат сањфаи нави таърихиро боз намоем. Ва аз он ифтихор варзем. Вале афсўсу сад афсўс, ки мо то њанўз думболи чораѓзаву чоруќу юѓу испор ва чароѓи сиёњи бобої гаштаем. (Дар замоне, ки мардумони кишварњои мухталиф дар сайёрањои дигар ихтиёри зистанро кардаанд.) Ва инро мояи ифтихор касб кардаем, ки э войи мо!!!  
Ин фарди дарёдилу пуршуру ѓурур чї дар навиштањои насрияш ва чї дар ашъори нобаш  њамеша андешамандона ва судмандона бо шўру ќиём њарф мегуфт, то маѓзњоро ба тањрик оварад. Мардумро сари андеша водорад. Дар замирашон муњаббат ба инсон, ба ватан, ба таъриху ба илму ирфон ва  табиатро бедор созад. Њар каломи дрдноки ў чун пайконе буд, ки ба њадаф мерасид. Ва ў ин њамаро огоњона, оќилона ва орифона иброз менамуд. То дар пешрафти илму фарњанг миллаташро сарафрозу шукўњманд бинад.  Ва ба таъбири шоири риндтабору дардошное дар пайроњаи устод Лоиќ –Исфандиёри Назар «Шоъире, ки каломаш дар торих ба сифати санад ќабул шудааст! Шоъире, ки пас аз 50, пас аз 100 сол бо каломи ў вазъи мардуми тољикро  дар 10-соли охири ќарни 20 ба мизони тањлилу ташхису санљиш мегузоранд ва воќеияти ин асрро хулоса мекунанд!»6 6.рўзномаи «Дишидак» 6.03.2013. «Лоиќ ва њукумати силоњ»
Устод Лоиќ дар њама њолат возењтар, бинотар, пурмазмунтар, пухтатар, пуршуртар, дардноктар тавонистааст, ки ба умќи масоили марбута дидадўзї намуда,  мавзўъро пешкаши хонанда гардонад, ки он тавониста бошад рўњу равонамонро фаро гирад. Мавзўи зиндагї ки яке аз мавзўъи марказї ва такоршаванда дар эљодиёти шоир аст, дар њама њолатњои ба ин мавзуъ рўоварданаш ў пањлўњои зиндагиро вобаста ба давру замон бо нигоњи тоза ва андешањои фохир баён доштааст, ки басо љолибанд. Мавзўъ як чиз аст-зиндагї, вале мазмун дар њама њолатњо наву дардхўри дард буда, хонандаро ба омўзиши зиндагї рањнаумун месозад. Дар офаридањои шоир тасвири зиндагии инсон бо њамаи каљдору марезњояш басо зебову боназокату пуртаровату пурнакњат ба ришта кашида шудааст. Њамин тасвири зебои зиндагї, ки дар он фалсафаи њаёту мамот таљассум гардидааст, шоирро бо гуфтани мазмуни тоза водор месозад. Оре, он чизе, ки шоир ба тасвир кашидааст, дар назар содда, равон ва беолоишанд. Кас бо хондани ингуна шеърњои шоир сари андешае меравад, ки чигуна ин манзарањои њаётро, ки њамарўза аз пеши назарамон тир мешаванд, нодида мегирем. Бале, барои ин нозукиро дарк кардан, диди шоирона, назокати орифона, фаросати даргири њаводис,аќли расо ва хулосабарории амиќ   зарур аст. Аз ин љост, ки шоир тавонистааст, ки бо  доштани чунин бартарињо он њама бурду бохти зиндагиро, сўхтану сохтанњояшро чунон обуранг дињад, ки њамагї дар чашмони њар хонанда ба љилва меоянд. Мисле, ки навореро дар мардуми дидагонаш  ба наќш гирифта.
Дар тааљљўб аз онам, ки нафароне, пайдо гаштаанд, ки бо дарки муњтавои мазмуни офаридањои шоир нарафта, бар андешаи пурѓалати худанд, ки дар шеъри шоир фалсафаеро бархурд накардаанд.
Ин андешаи нодуруст ва саропо ѓалату фањш аз он аст, ки шоир дар нигоштањои хеш бисёр содда, равон, бепарда, урён њарф зада, дар ќалбњо маскан мегирад.
Ин амали эшон аз пастзадан ва нодидагирифтани  нигоштањои  садафгунаи аллома  мебошанд ва санги маломати  сўи шоир андохтаашон табиист, ки ба сўи худи онњо бозгашт мекард. Ва борњо муътакид бар он шудем, ки он санг бар сару пои худи эшон бархўрд.Ва боин шикастпазирияшон эътироф бар он кардаанд, ки дар њаќќи Лоиќи тавонгар носазогиўйї кардаанд.Ин сањнаи раќобатиу кину адоват пешорўи мо њамон сањнаи фољиаангези маликушшуарро Рўдакиро ба гардиш меоварад, ки кўрдилони замонааш дар радифи тавонгарии каломи дилнишину нобу љаззобаш ситамњоеро бар љону љисмаш раво диданд. Ва оќибат он шуд, ки эшон сияњному Рўдакї шуњатёр гардиду ифтихори миллат…
 Мо баронем, ки  дар нигоштаи шоирони даврони  шўравї  як фалсафаи  навини марбут ба иљтимоъ ва  сиёсат  дида мешавад, ки хоси он замон аст. Тараннуми њаёти осоишта, фаъолияти самараноки мардуми шуравї, рушди илми техника,дастовардњои бузургї таърихї, ѓалабаи некї бар бадї,  рушди фалсафаи маънавиро ба минён оварда,  шаддамарљоне дар  назми он рўз гардид. Аз ин лињоз, фалсафаи  назми онрўзро нодида гирифтан  аз рўи инсоф нест. Мањз дар њамин давра  љустуљўњои нави эљодї, тахаюлоти рангину пурназокат, домангустарии мавзуъот, мазмуни нав касб кардани фалсафа, дар назми шоирони он рўз љолибияти ба худ хосеро дарбар мегирад. Мо  мисоли рушани инро дар эљодити Муњаммадљон Рањимї, Тошхўљаи Асирї, устод Садриддин Айнї, Њабиб Юсуфї, Мирзо Турсунзода, Ѓоиб Сафарзода, Аминљон Шукўњї , Муъмин Ќаноат, Ќутби  Киром, Файзулло Ансорї, Бозор Собир, Лоиќ Шералї, Мастон Шералї, Гулназар Келдї, Њабибулло Файзулло, Гулрухсор Сафиева  ва њамзамононашон  ба хубї дида метавонем.
Агар ба офаридањои ин шоирон аз дидгоњи фалсафї нигарем ба осони пай мебарем, ки дар назми солњои 30-70 уми асри ХХ  фалсафаи прагматизим  мавќеи хосаеро фаро гирифтааст.  Яъне, прагматизм –калимаи юнонї буда, маънояш кор, фаъолият мебошад, ки ин маънї  хатти марши офаридаи шоирони онрўзро бозгў мешавад. Дар аксари офаридањои ин шоирон мо  мебинем, ки мањфумњои марказї  ин мањфумњои малака, мањорат ва ё таљриба мебошанд. Инсони муосир аз рўи  аќидаи прагматистњо, ба оромии эњсосї, ба таъминоти равонї- майл дорад. Аз ин љост, ки ин фалсафа фалсафаи амалї ба шумор рафта, инсонро њамеша барои ба маќсад расидан  даъват менамояд.1(Ш.Карамхудоев, Фалсафа,Душанбе-2013)
Дар њамбастагї ба њамин бояд зикр кард, ки дар офариддањои устод Лоиќ аз ибтидо, аз он рўзе ки ба гуфтани шеър пардохт, њатто дар њамон навиштањои навшогирдонааш то сурудањои охиронаш (2000с), ки мутааллиќ ба навъњои мухталифи шеъри ѓиної: иљтимої, фалсафї ва ошиќонаанд, чигуна ин сафсатапардозињои иддаи худхоњро тањаммул карда метавонем. Шоире, ки дар тамоми офаридањояш њолати рўњии инсонро, моњияти зиндагї, муносибати ў бо табиатро,дарду доѓу ифтихору саодати онро сурудааст, магар файласуф нест?  Зеро Лоиќи навэљод дар аввалин шеърњояш  майл ба тасвир овард ва баъдан ин услубу силк дар эљодиташ мавќеи хос пайдо кард.Ин суханпардози номии шеъреро, ки аз тасвиру маъниву мазмун ва љустуљўњои шоирона ориаст, намеписандид ва нисбати худ низ дар ин бобат сахтгир буд. Худсухтанњову худафрўзињои шоир дар ин бобат бар он оварда, ки дар њар сурудааш маънии тоза, диди шоирона, тахайюлу ранорангии мавзўъот ба назар мерасанд. Дар шеъри «Лањзаи падруд» (1962) мо ин њунару истеъдоди фавќултабиии ўро дида метавонем.
Масалан:
Баъдан дар офаридањои шоир зина ба зина ин тасвиргарої шаклу усулњои навинро касб карда, дар шеъри ў тароватеро  ба миён меоварад, ки он њар хонандаро ба худ  мекашад. Дар чањорпорањо, ѓазалиёт, рўбоиву дубайтињо, мухаммасу  шеъргунањояш  устод Лоиќ  ин услуби хешро сайќал бахшида, тасаллути комил касб намуда, тозагиеро дар назми навини тољик ба миён меоварад.
Хонаам аз дуди танбоку чун берун тира аст,
Бар машомам лек мерасад бўи бањор.
Ман бањоре дораму шеърам аз ў гул мекунад,
То ки орад ошиќонро шеъри ман бўи бањор.
Ва  чун домони андешањо ва љањонбинии шоир фарохтар мегардаду диди шоиронаи ў баландпарвоз, фалсафаи шоир низ њамќадам бо андўхтаву малакањояш густурдатар мегардад. Ва мањакии асосии офаридањои шоирро фалсафаи равонї фарогир  мешавад.
Чоплусе, нољавонмарде ќасамњо бишканад,
Нашканад тарфи кулањ, аммо љањон барњам занад,
Зиндагї! Гардоварї якрўй бошї, пас чаро
Аблање аз бом афтад, гардани мо бишканад?!
Аз ин лињоз мо   барои  ашхосе, ки сари андешаи барѓалатанд, ки дар шеъри шоир фалсафаро бархурд накардаанд, гуфтанием, ки магар эшон боре дарки он кардаанд, ки  шинохти инсон басо мушкилу сангин буда, барои ботини ўро эњсос кардан, онро саропо дарк кардан, муњтавои фалсафии њаётро фаро гирифтан, бояд дар хеш љавњари мантиќию фалсафиеро доро бошї, то дар хулосабарорињои мантиќї ва ба риштањои нозуки фалсафї равон кардани маљрои андешањоят, ољиз намонї. Њамзамон тавониста бошї аз нигоњи мантиќию фалсафї ба тамоми њаводиси атрофу акнофат бањо дињї ва дар он майдони пурѓановати андешањо њикмати буду набудро дарк намої ва дар фаро гирифтани руъёи инсон, камоли зиндагї ва љавњари коинот  закию њушманд бошї. Ба андешаи мо чунин камолоту фазилат аллома Лоиќро саропо фарогир буд. Зеро њар њарфу њиљои гуфтаи ин суханофари закитабъ басо бамаврид ва бо як љањон андеша баён гардида.  Мо низ дар бањси хештан ба он масоил бештар таваљљўњ зоњир менамоем, ки мањаки асоси эљодиёти шоирро фалсафаи равонї фаро гирифта, дар он офариниши ИНСОН бо тамоми љузъиёташ  чун дурдонаи садарфрезањои пурњикмат  таљассум мегардад. Мо ваќте, ки бо он њама маъниофарињои шоир дида медўзем, дар навбати аввал ИНСОН-ро дар пироњани ороставу пероста дар меёбем, ки бо ў тамоми њаводиси дунё пайвасти ногусастанї дошта, оддитарин љузъиёти зиндагии имрўз ва абадро дар худ дорад.
Сар ба пойи зиндагї бинњода мемирем мо,
Зода  мењнатзода,мењнатзода мемирем мо.
Зиндагї њарчанд гирдоби мураккаб метанад,
Сода-сода зиста, њам содда мемирем  мо.
Маљмаи  айбу гунањ будем агар дар зиндагї,
Бо њама айбу гунањ озода мемирем мо…
Ва ё:
Дар њар куљо садоќати ман кор мекунад,
Азми ману матонати ман кор мекунад.
Дар сохтмони Нораку Роѓон на шасти об,
Он љо дилу муњаббати ман кор мекунад…
Ва ё:
Содаю  содашуморем, њамин тинати мост,
Тањи кору тањи борем, њамин ќисмати мост.
Ханда мегирадам аз мушту гиребоншудагон,
Даст ба гардани ёрем, њамин давлати мост.
Љумлае аз паи шуњрат ба љањаннам рафтанд,
Мо, ки з-он љумла канорем, њамин шуњрати мост.
Иддае љуста тило, сокини мањбас гаштанд,
Мо, ки як пайса надорем, њамин сарвати мост…
Инсони офаридаи шоир аз он љињат басо мавриди таваљљўњ ќарор мегирад, ки дар замири ў  мењр садоќат, хештаншиносї, ѓурур, фазл, хоксорї, андешамандї, фурутанї, бовиќорї лона дорад.
Њар нафаре, ки бо чашми дил ба офаридањои Лоиќ  менигарад ,  чи дар офаридањои  тозаэљоди замонавиаш ва чи дар ќолабњову равияњои суннатї эљод намудааш  ИНСОНи баркамолеро, дар меёбад, ки ў дар ин дунёи пуразњаводис, шоњиди дигаргунињои бузурги иљтимої,  сиёсиву фарњангї ва техникї буда, дар раванди  дигаргунињои ин љомеа сањмгузор аст. Зеро айёми њамнафасии шоир бо инсони таљассумгараш  дар он аст, ки ў душобадўш бори ин замонаро мекашад. Бори замонаеро, ки инсоният рўи ниёз овардааст ба Олами асѓар-љањони инсон, ба арзишњои умумибашарї, замони худогоњиву хепштаншиносї, њамзамон айёми додхоњиву додгустарї, беќадриву хориву залилї, берањмиву бешафќатии инсоният нисбати олами њастї ва фанопазирии Хуршед. Ва ин инсони офаридаи  шоир, ки пешорўи мо ќарор дорад дорои хулќу атвор ва хислатњои заминї  ва воќеї буда, дар дилу дидаи мо лона гузоштааст. Охир он њама мавзуъоте, ки шоир ба онњо рў овардааст, ифшогари дарду доѓ, ормону нангу номус, ифтихору сарбаландии њар як хонанда,
      Шоир кўшидааст, бо доштани чунин хислату рафтор ИНСОНи комилеро биофарад, ки дарки њаводиси замину осмонро дошта бошад.Бо дарду доѓи табиат њамнаво бошад. Онро бо тамоми њаводисаш дар хештан ѓунљонад. Ин аст, ки шоир дар радифи ин њама ДАРД-ро ба миён мегузорад. Дарди хештаншиносї, дарди миллат, дарди мањалл, дарди фаношавии табиат, дарди рўзгори нобасомон, дарди марги тифлу модари тољик, дарди рўзгор.Ин љо шоир дардро ба инќилоби рўњиву ботинии инсон дар мекашад. То дарди тўли солиёни таърих дар ќалбњо ѓамборбастаро даво бахшад. То тавониста бошад, ки гудози дарди љонкоњи бехирадиву носипосиву пасттинатиро ба гўши сарони давру даврон расонад. Бояд биафзоем, ки дарде ки аллома Лоиќ онро бозгў мешаваду дар колбади инсон љойгузораш менамояд, ин дарди љисму тан набуда, дарди дарунї аст, дарди ботин аст, дарди рўњу равон аст. Ва сарчашмаи онро низ наметавон аз берун пайдо кард. Сарчашма низ дар дохил аст, ки аз ниёзи фитрї чун захми пурсўзиш пайдо мегардад.
Пас, дарди дохилї зояндаи нооромиву дархуд наѓунљиданњост, ки он тањрикгарї бедориву огоњии Инсон  аст. Мо ин љо ба осонї дармеёбем, ки дарду ѓам пайвасти ногусатание бо маърифат дорад. Бо  маърифати фарогири дарду ѓам. Аз ин лињоз мо беягон каловандагї гуфта метавонем, ки дарди шоир дарди њаќпарастї  ва расидан ба «хаќиќати кулл» ва ѓарќшудан дар гирдоби покиву беолоишї аст. Лоиќи њаким бо љомаи тозаву њарир пўшонидан ба Дард мехоњад, ки миллатро аз вартањои мухталифи фаношавї ворањонад, мову манеро ба сўи худшиносї бихонад, табиату коинотро аз харобшавиву ба маргдучоршавиаш наљот бахшад. Ва аз ин љост, ки саропои ин Њакими сухан аз дард менолад. Барои захмњои бардоштааш. Шоир чунон нозуконаву дардмандона оид ба табиат сухан мегўяд, ки  гумон меравад он њама зарбаву захмњо ба љисми ў равона гардида бошанд. Аз курдиливу тангназариву бефаросатии иддае ИНСОНњо ки нисбати табиат берањмиро раво мебинанд, шоир дудкунон месўзад.  Бо њарос бонги бедориву њушёрї мезанад, то ба худ оянду ба табиати фарогир бо чашми хирад дида дўзанд.То ояндаи худро аз ин маргбортар нагардонанд. Ў аз фаношавии табиат дар њар ќадам бадбахтииро эњсос намуда, босўзу гудоз  моро аз ояндаи фољиабор, ки ассогузораш худи моем огоњ менамояд.
Дар шеъри «Љонкании боѓ» ин њолати рўњии шоирро метавон эњсос кард:
Надонистем, њайфи мо,
Нафањмидем, њайфи мо,
Ки тўфон аз чи сўе
бо чї ќасду бо чї нируе
ба сўи боѓи мо тўфид?
Ва аз чї мањз сўи боѓи мо тўфид?

     Яке дар инњисори дањшати тўфон

Тамоми боѓро дидем:
Њар як реша,
Њар як барг љон меканад
Зи љўи боѓ хун мерафт.
Дарахтон решакан
умеди имдод аз худошон буд,
Ва њам умед аз мову шумошон буд.
Валекин боз њам бўе намебурдем  аз заволи боѓ,
Зи шоху баргњои хунчакони њар нињоли боѓ.
Чу гурги гушна ту з-он сў,
Чу хирси гушна ман з-ин сў
Табарњо,
Тешањову аррањо  дар даст
Дарахтони зи пой афтодаро так-так
шикастему
буридему
кафондем,
Ба сўйи хонањои худ кашондем
Ва гўё дар амон мондем.

Ва андар хилвати шабњо,
Табаќњову сатилњову лаганњо
пур зи хокистар
Ба сўи боѓ мерафтем.
Пас аз чанде замини боѓ
Шуд як туда хокистар,
Ки бо як пуф барад аз љой туфонаш,
Кунад њар сў парешонаш…

Надонистї,
Надонистам,
Надонистем,
Надонистему донистан натонистем,
Ки аз чї боѓи мо омочгоњи туфон шуд?
Ки аз чї боѓи мо њарвонагоњи дасти туфон шуд?

Кунун,
эй хок бар сармон!
Ману ту орзу дорем
боѓи тозае корем…
Худовандо, чї бенангем,
Худовандо, чї беъорем!
Чунин берањмиро нисбати табиат њар яки мо сари њар ќадам дидаему бепарво аз наздаш гузаштаем. Аммо шоир ин чингизрафтории моро нисбати табиат дида, бонги изтироб мезанад, то аз ин рафтори берањмонаи худ сари андеша омада, ояндаи хешро зери офатњои табии ќарор надињем.  Ва марбут ба ин шоир дар баёни мавзўи мазкур фалсафаи зиндагиро, фаслафаи зистанро, фалсафаи муњаббат ба табиатро, фалсафаи марг ва њастиро , фалсафаи фаношавиро пешорўи мо мегузорад. То њар як амали хешро аз лињози тафаккур мавриди баррасї ќарор дода, дар назар дошта бошем, ки оќибати њамагуна зишткорињо бар зарари худи ИНСОН аст. Устоди сухан ончунон бо табиат дилбастиагие дорад, ки њар як сангу гиёњу дарахту буттаи он барояш азиз аст. Аз ин рў шоир кўшидааст, ки дар ашъори худ бештар њарон њаводисе, ки ба табиат марбут аст онро дар ќиёс ба рўзгори инсон ва љисму рўњи он шабењ дониста ин мавзўъро пайваста думболагир шавад. Дар маљмўаи «Табатномаи Лоиќ», ки аз љониби устодони донишгоњи миллї, табаитшиносон М.Саидов, А.Тошматов ва А.Аюбї мураттаб гардидааст мо ин њолатро метавонем чун дар ойина мунъакис дид.
Обуранги бадеъї ва ташбењи њар як дарахти љангалистон ба шаклу шамоилу ќаду басту њусну андоми инсон дар њар хонанда тафаккури олии  дарк, эњсос, худшиносї, бедории ботин ва дилсўзиву рањму шафќатро нисбати табиат ба тањрик меоварад. Ин њамаро мо дар шеъри «Дар љангалистон» ба хубї эњсос менамоем:
Яке ќомат хамида,
Дигар мавзуну хушќомат,
Як дар тан варам дорад,
Як бегурму тансињат.

Яке тоќа дигар ќўша,
Яке танњо, дигар љуфт аст.
Яке маѓруру озода,
Дигар бемояву зуфт аст…

Яке чун бењунар љўяд њамеша муттакои хеш,
Нињад бар гардани ёрон њама бори гуноњи хеш,
Зи њамнавъон  чї ўро эътибор аст?
Чаро бар гардани онон савор аст?

Бубин калдарахтеро,
Ки на шоху на баргаш њаст.
Валекин бо њама афсурдањолї,
На бок аз њукми маргаш њаст.

Зи бехи кундањои пудае
Тањљастњо руста
Ту гўї бар мазор модари худ зор мегирянд,
Зи ашки модару  
Аз ашки чашми хеш месабзанд пайваста.

Бубинї навдарахтеро,
Ки дар тан захмњои ишќ дорад:
Ду ошиќ омада рўзе ба зери чатри шохи ў
Нишаста уќдаи дилро кушоданд.
Басо аз ишќу паймону вафодорї
Ба њам афсона гуфтанду шунуданд.
Кашида дар тани ў  сурати дилро,
Ба теѓи тез канда номи худ А љамъи Б
Аз ёдгори ошиќишон розї рафтанд.

…Њанўз аз љои захми номи онњо мечакад зардоб,
Ту гўї њамчу ашки номуродї мечакад бар хок.
Куљо рафтанд он ду ошиќи бебок?
Магар дар ёдашон монда суханњое
Ки дар пои дарахти безабон гуфтанд?

Чї љои пурсишу ковиш?
Њама дар ин љањон дар синаи худ захмњо доранд.
Аљаб набвад, ки он ду ошиќи хушком њам
Имрўз нокоманд,
Ва андар синаи худ решњои бедаво доранд.
Даруни љангалистон як нафас биншастаму дидам,
Ба зоњир љумла њамнавъанд
Њамранганд,
Њамроњанд.
Ба зоњир љумла аз њоли якдигар огоњанд.

Вале афсўс,
Рўзи воќеа-
Ваќте, ки бояд тарк гуфт ин дори дунёро,
Миёни љумла њамнавъон
Њама танњо бимиранд.
Дарахтони дигар, то реша андар хоки тар доранд,
Насиби хеш аз дунё бигиранд…

Дар ин шеър, ки аз оѓоз то интињо фалсафаи зиндагї домана дорад, мо мебинем, ки шоир бо як назокат ва латифгуфторие мавзуъро чунон ба риштаи мантиќї банду баст менамояд, ки њар хонанда он њамаро дар вуљуди хештан дарк менамояд. Њар фарде, ки худогоњ аст, бо хондани чунин шеърњо ѓарќидаи тафаккуури  он мегардад, ки шоир дар офариниши чунин мавзуот бештар аз нуќтаи назари љањонбинї  ва дарки њаводис  мушкилотро дар худ фурў бурда, бо дарди дарунияш онро  сайќал дода, фалсафаи њаёту маргро  дар инсонњо бедор мегардонад. Яъне шоир кўшида аст, ки дар њама вазъ њолати рўњии инсонро нишон дода, фалсафаи зистан ва ё зиндамонданро таблиѓ намояд:
…Зери шохаи сояи он нахлњои захмдор
Нахлњои сабзу хуррам комронї мекунанд.
Нахли маљрўњ мисли модар,
Кўдакони хешро,
Зери боли шохањояш посбонї мекунад.
Гўї мегўянд ба гўши хасми берањму љигар:
«Нестам ман хом чун андешаву кори шумо,
Нестам бадоќибат  монанди кирдори шумо,
Марги ман чун марги нангини шумо осон нашуд.
Пайкарам рўзи шикаст аз тарс,
Аз шармандагї ларзон нашуд.
Ман ба як љо реша дорам,
Чун шумо бехонумон, бедард, беимон наям.
Хок шоњид,
Об шоњид.
Ман ватан дорам, ба монанди шумо сарсон наям,
Ё гумон кардед монанди шумо берешаам, бепояам?!
Реша дорам ман ба хоки он замине, ки дар он
Назми оламгири Пушкин реша дорад љовидон…»

Бо чунин лањни зебову дилкаш ва љаззоб баён доштани мавзўъ насиби касест, ки вуљудаш саропо  аз њар нољурї, носозгорї, беадолатї, бефарњангї аланга мегирад. Устод Лоиќ  дар ин самт вологуњарест, ки аз фаношавии мављудоти зинда, ситамгорию носипосї нисбати табиати фусунгар, оќибати пурфољиаи инсоният, мањфи табиат ба фиѓон омада  њамзамононаш ва ояндагонро њушдор медињад.
Бо хондани ин гуна шеърњои дилнишин мо  паймебарем, ки  дар ташаккули љањонбинии шоир фалсафа пайваста боло рафта наќши асосиро фаро мегирад. Ва мањз њамин љањонбинї ки худ фалсафаро фарогир  аст андўхтањои шоирро, нуќтаи назари томи ўро ба олам ва маќому манзалати инсонро  дар он бозгў мегардад. Яъне  љањонбинии фалсафї аз љањонбинии асотирї ва динї бо он дар тафовут аст, ки он бар асоси дониш бунёдёфта, мантиќан ба мафњумњо ва љузъити даќиќ такя мекунад. Дар ин љо мањз нафаре,  метавонад љињати фалсафии мавзўъро мантиќан ба занљири андешањояш пайваста, онро дилчаспу назаррас баён дорад, ки дар хештан тамоми мадду љазри њаводисро  ѓунљонад ва аз он садафпорањояшро рўи коѓаз афшонида, пешкаши љомеа гардонад. Ва њамин љо мо бе ягон каловандагї дилпурона мегўем, ки устод Лоиќ алломавор ба њар як њаводис дида духтаву аз таќдиру ќисмати онњо огоњ гаштаву бо шуру исён  ба мо њушдор медињад. То дар пайи наљоти табиату наботот ва сайёра бошем.

Шоир дар њар як офаридаи худ пиндору гуфтору рафтори Инсонро дар мадди назари хеш ќарор дода, саррењтару возењтар кўшиш бар он равона месозад, то симои ботинии онро таљассумгар шавад. Аз ин нуктаи назар метавон ба чунин мантиќи воло назар афканд, ки дар њар як навиштаи шоир  рўњия ва њолати воќеии ИНСОН ба љилва омада, пайомади њамагуна њаводисро дар пайкари ў ѓунљоиш медињад.
Ў ба сўи покї ва беолоишї ќадам менињад. Аз њар мављуди табиат барои худ софї, беѓуборї, обшорї, дарёдилї, хушгуфторї, поккорї, зебопарастї, сарфарозї, бениёзї, баландпарвозї ва љовидониро касб мекунад. Бо гуфтани маънии тозае ў ифтихоре наварзида ва њељ гоњ худписандиро дар хеш љой надода. Барои дарёфти маънии тоза ба тоза шабзиндадорињо кашида, хуни дил хўрда, нўри чашм бохта, љисми худ коста, басо шабњои ялдоро бо чашмони аз ѓоябти бехоби гулгунфомаш ба сањар бурда.Ва дарди дарунияшро рањбалад гашта маъниофарињо кардааст, ки њар кадом дар алоњидагї як фалсафаи зиндагиро ташрењгаранд.
Бо назар равон кардан ба чунин зањматњои шоир мо њамон  тариќати кору зањмату беолоишии занбўрони асалро дар гирудори шоир њамранг мебинем. «Ба њукми назофату латофат, ки лозими зоти эшон аст…шарафи илњоми илоњї, ки нуќтаи баёни он мекунад, дарёфтаанд ва ба файзи инояти подшоњї камари имтисол бар миёни љон баста. Эшонро подшоњест, ки ўро Яъсуб хонанд. Ба љусса аз инњо бузургтар аст ва маљмўъи эшон ба шукўњи муњоббот сар ба хати мутоибати  ў нињодаанд ва ў ба тахти мураббаъ, ки аз мум тартибёфта  ќарор гирифтааст ва вазиру њољиб ва дарбону посбон ва љовушу ноиб бар кор карда киёсати мулозимон ба њодисот, ки њар кадом барои худ аз мум хонањои муќаддас бисозанд, бар ваљње  ки залои онро њељ тафовуте набошад ва муњандисони комилро ба паргору мистар  ва дигар адот мисли он муяссар нашавад ва чун хона ба итмом расад, ба њукми султон аз он манзил бурун оянд; Амири нањл ба забони њол аз эшон ањде фиристонад, ки латофати худро ба касофат мубаддал накунанд ва зайли тањорати худро ба лавси наљосат наолоянд. Бинобар вафои худ љуз ба шохи гули хушбўю покиза нанишинанд, то он чї аз он баргњои латиф тановул намуда бошанд, ба андак ваќте дар даруни эшон ба шакли луъоби тозаи хушмаза љамъ шавад ва шарбате бурун ояд…ки дар дорухонаи њикмат дар шаъни ў рост бошад ва чун ба хона муъовадат намояд, дарбонон эшонро бибўянд, агар бар њамон ањди худанд, яъне аз он чї њукми тањорат надошта бошанд, эњтироз намуданд, иљозат аст, ки ба њуљраи мусаддас ва хонаи муассаси худ дароянд. Ва агар таљовуз намуда бошанд ва аз эшон роињае, ки мавриди нафрату кароњият бошад, дарёбанд, филњол эшонро дуним кунанд ва агар дарбонон таѓофул варзида, эшонро роњ дињанд ва подшоњ роињаи карења истишмом намояд ба зоти худ мутафањњиси ин њол шуда он занбўри бахтбаргаштаро ба сиёсатгоњ њозир гардонад ва аввал ќатли дарбонон фармон дињад баъд аз он занбўри беодобро бикушад, то дигаре аз љинси эшон  ин њаракат накунад, агар фаразан бегонае аз занбўрхонаи дигар хоњад, ки ба манзили эшон дарояд, дарбонон ўро манъ кунанд  ва агар мумтанеъ нашавад ба ќатл расонанд…»2. Њусайн Воизи Кошифї, «Анвори Суњайлї»
Ва дар дигоњи шоир, дар баёзи хотироти накњатомези ў мо чунин зањмату талош ва покрафториву поктинативу беолоиширо дучор мешавем. Шоир дар офаридањои худ чун занбўрони асал њамеша барои хуљастаройиаш гоми муќаддаме бардоштааст, ки њаргуна касифї ва доѓу лакнатеро дар онњо роњ надињад. Аз ин љост, ки њар офаридаи аллома Лоиќ чун «луъоби тозаи хушмаза» хушоянди њамагон мегарданд ва дар љисми захмию зардобгинаи дардмандон  даво мебошанд. Ва њамон истеъдоди воло ва табъи равон шабењи подшоњу дарбонони занбўрони асаланд, ки намегузоранд, шоир дар офаридањои худ мазмунњои сатњї ва обшуставу бемантиќу рабтро љо дињад. Аз ин рў дида равон кардани шоир ба њар як мављуди табиат ва аз он бењтарин ва рўъётарин хислату таровату шањомату назокату фасоњатро ба худ гирифтан ва дар ќиболи ин њам онро дар кўрагоњи маърифати хеш гудохтану суфта кардану пасон дар шакли лаългунае пешкаш кардан, талаби  диди борик, аќли солим, маънавиёти густурда, фалсафаи ѓанї истеъдоди худододро дорад.  
Ва инљо барои ин њама гуфтањои болої шеъри «Фарзанди кўњсор»-ро меорем:
Шудам пазмони оби чашмасорон,
Равам, дар кўњсорон хона созам.
Шавам як лањза беќайду сабукрўњ,
Ба худ як олами афсона созам.

Бисозам чанбар аз гулњои садранг,
Шиносам диламро бо бањорон.
Кунам тазмин чу шогирди навомўз,
Зи шеъри обдори обшорон.

Нишинам дар лаби дарёи кўњї,
Ки омўзам аз он дардилиро,
Шитобу изтироб омўзам аз мављ,
Бигўям шеър дар таќлиди дарё.

Кашам аз кокули сабзи дарахтон,
Биошомам насими бешањоро.
Суруд омўзам аз лабњои соњил,
Забон омўзам аз гуфтори дарё.

Нависам номи худ дар тахтасанге-
Нишони бенишонињои худро.
Ба гўши баргњо бикшоям асрор,
Китоби саргардонињои худро.

Шавам њамболи занбўрони гулљўй,
Ба шеъри худ зи гулњо шира чинам.
Зи шохе бар дигар шохе бупечам,
Љањонро то ба чашми гул бубинам.

Шавам бо ќуллањо њамсар, ки шояд
Бимўзам тариќи сарфарозї.
Ба пои кўњњо таъзим орам,
Биандўзам бисоти бениёзї.

Вараќњои парешони диламро
Дињам пош аз сари кўњњои баланде.
Дигар онро нахонам пеши њар кас,
Дигар бо он насозам худписандї.

Сипас аз кўњсор аз –модари худ
Бихоњам њамчу тифли хомаронаш,
Ки дар поёни бозињои таќдир
Дињад љо аз сукути љовидонаш…
  Дарди аллома Лоиќ ин љо аз дарди шоирони классик ба куллї дар тафовут аст. Агар эшон дар нигоштањои хеш бештар  дардро бо љомаи Ирфони зеб бахшида бошанд, пас Лоиќи тавонгар ва бинишгар тавонистааст, ки дарди руњиву љисмии ИНСОНро бо тамоми бурду бохташ, дар њамон пиндору гуфтору рафтораш ба риштаи назм кашида, дар адабиёти навини тољик фалсафаи равониро асос гузорад???. Њамин фалсафаи равонї саропои ашъори шоирро дар худ фурў мебарад ва домони љањони андешаро фарохтар мегардонад.
Њар ќадаре, ки дарди шоир хуруљ кунад, ўро ноорому беќарор гардонад, њамонќадар ў дар маънї пухтатару возењтар гашта, мавзўъро ба мантиќу файласуфона ба ришгтаи назм кашида хонандаро дар гирумадори  њаводиси зиндагї  њамќадам мегардонад. З-ин рў њар нафаре, ки шеъри аллома Лоиќро мехонад, захму дардњои хешро ламс менамояд. Ва мањз њамин дард шоирро ба гуфтани маънињои бикр ва обнорасид водор мекунад. Ва дардњои шоири шањир болои вараќањо чун зардоби захмњои тани дармандаш мечаканд. Ва он њама маънї гашта дар љўйи беканоре равона мегарданд. Туѓён мекунанду ба дилњо манзил мегиранд. Бо њамон садафгуњарияшон.
Замое, шоир мебинад, ки мо-инсонњо бо дасти хеш, ба љисму љони  фарзандони худ, бо ба даст овардани андаке суд рањме надорему барояшон зањр мекорему мепарварем, дарадашро фурў бурда наметавонад к-аз сўзиши дарун ба фиѓон меояд.  Ва ин њамаро дар шеъри «Зарафшон модари зорам…» чунин дардноку пурњиссиёт ифода мекунад:
Зарафшоно, чї монд аз он зарафшонит?
Зарафшон, модари љон, шўри пешоният!
Зарафшоно, кї мегўяд зарафшонї?
Зарафшоно, ту њоло зањрафшонї!

Чув тифлонат зи барги талхи тамбокў3
Ба гардан гўиё банди салосил мекашонанд,
Ба љони хештан зањри њалоњил мекашонанд,
Зи сањроят чї њосил мекашонанд?
Чї њосил?
Душмани љон,
Ќотили дил мекашонанд…

Мини кўњњо рўњат шикастаст,
Мини мављи анбўњат шикастаст.
Заратро мебаранд, аммо
Ба љони кўдаконат зањр мемонад.
Зи маѓзи љон каши зањмат,
Ба маѓзи устухонат зањр мемонад.
Худовандо, чї эњсосе!
Агар ширинии умрат њамин як зањри танбокуст,
Њаметарсам
Нарўяд дар канорат шоири ширинсухан дигар,
Нарўяд духтари шириндањан дигар.
Гули танбоку гар бошад гули бахтат,
Нарўяд як нигори гулбадан дигар…

Агар баргу навоят барги танбокуст,
Бидон, ки мањзи марги туст.
Њаметарсам
Дигар мурѓи дили насли зарафшонї
Насозад дар фазои умри љовидон парафшонї.
Њаметарсам
Агар аз чўби танбоку ба љашну сурњоят машъале ояд,
Дигар на Рўдакї,
На Туѓрале ояд…
Замоне,ки шоир  пешорўи худ ИНСОНро ќарор дод ў кушид то колбади тињии ўро бо ангезањои пурмаъонии дард ороиш бидињад. Ва ин амалро њамчун як тасвиргари моњир бо тамоми назокату малоњати фалсавї ба сомон расонид. Он чунон ин мавзуъро орифонаву оќилона ва њакимона баён дошт, ки табиат аз сухани ў рангин шуд.
Мо бо ин гуна як ИНСОНи комилу бофаросат офаридаи шоир дарки он менамоем, ки мањаки асосии шеъри шоирро мањз фалсафаи равонї фарогир гаштааст???. Фалсафае, ки мадди назараш Инсон ва амали буду набуди ўст???. 
Ва масъалаи асосии илми фалсафа низ оид ба муносибати тафаккур (шуур) ба њастї ва њастї ба тафаккурро дар мади аввал гузоштаааст, ки масъалаи асосї ба њисоб меравад. Пеш аз њама зарурати ин масъала дар он зоњир меёбад, ки аз њалли дурусти он бунёди комили донишњо оид ба олами атроф ва  маќоми инсон дар он вобаста аст. Пас мо чун дида дурустар боз намудаву возењтар ба ашъори аллома Лоиќ назардўзї менамоем, шефтаи он табъи равони ќонуншикан мегардем, ки « бањри мо парнорустагон болу паре овардааст». Аз ин лињоз мо бепарда  њадс мезанем, ки бинобар сабаи он ки саропои ашъори устоди ноби сухан масъалаи љањоншиносии инсон, тасаввурот, фањмиш ва андешаи ў ба олами атроф, муносиботи ў ба ашёро  дар худ ѓунљонидааст, ин як навъ муносибати тафаккур ба њастї дар муносиботи гносеологї (маърифатї) мебошад, ки яке аз масоили асосии фалсафаи дуљанбагї ба шумор меравад.
Њамаи он чизе, ки мо дар боло зикр намудем, далолат аз амалу кирдори инсон ба табиат ва олами фарогир буданд, ки бевосита аз муносибати ИНСОН маншаъ гирифтаанд.Ва чунин тарзи баён ва силсилабандии мавзуот дар ашъори шоир хеле фаровон ва гуворост. Ва мизони андешаи шоир низ майл бар он дорад, ки дар ин ДУНЁи нопайдоканор ба њар як амали ИНСОН дида равон карда, дар он суду зиёнро баркашад ва хулосаи мантиќии худро иброз дорад. Дар љавлонгањи хиёлоти шоир њамон дам ин њама ба шуру исён ва тањорук меоянд, ки дарди ў дубологирад. Ва дарди ў дарди оддї нест. Ва низ дарде нест, ки зудшифоёбанда бошад. Бал дардест, ки тўли дањсолаву садсолањо даво наёфтааст. Ва шоир аз сўзиши ин дард, ки дарди ХУДОГОЊИСТ менолад. Менолад аз он ки дардњову захмњои чандин солаи торихро шифо бахшад. Менолад, аз он то мо аз  амалњои нољои кўр-кўрона сомондодаамон ангўшти надомат газему пайи ислоњашон кўшем. Ва бо дили пора-пораву тани пурдард мегўяд:
Мулки бо моњу ба хуршед ќаринам Яѓноб,
Падару модари вайронанишинам Яѓноб.
Бар алайњи њама онон, ки ѓаминат карданд,
Кошкї рўи туро шод бубинам Яѓноб.

Чї гунањ доштї,к-ингуна харобат карданд,
Дар ѓами хоки ватан хоку туробат карданд.
Дур аз чашмаи кўњ чашми ту шуд чашмаи хун,
Дур аз синаи кўњ синакабобат карданд…
Љои сарчашмаи кўњ чашмаи зањрат доданд,
Аз чањи об чањи дарду бало бикшоданд.
Ваъдањошон њама чун њавзаки борон хушкид,
Боз њама пеши худ аз фољиаи ту шоданд.

Чашмасорони ту гўї ѓами љонат хўрданд,
Гўї аз тангмаконат сўи пањно бурданд.
Нашумурданд ситамњои раводидаи хеш,
Њосили обилаи дасти туро бишмурданд.

Љанд гумкардазабон ќасди забонат карданд,
Чанд нодидаљањон ќасди љањонат карданд.
Ќисмати одамї њарчанд наѓунљад ба пилон,
Ду-се «ќурбоншуда» ќурбони пилонат карданд.

Лек имрўз зи мўрии ту мепечад дуд,
Мисли оњи ту, ки печида тањи чархи кабуд.
Чун дар оташгањи ту шўълаи печон дидам,
Шод гаштам, ки фурўзанда шуда оташи суѓд…

Ва њамин ДАРД  ўро ба кўчањои пурпечухами торих рањсипор намуда, водораш менамояд, то  њарфи дилашро марбут бар ин ё он њаводиси дардноки торихї, масоили доѓи он замон, мушкилоти мубрами рўз, фазои дардолу зањрогини кишвар фошофош гўяд. «Ќиёмат» ном шеъри эњдо намудаи шоир ба профессор Саъдинисо Њакимова бозгўи дард аст:
Хоки кишвар хастаю мурда,
Оби кишвар зањролуд аст,
Њам њавояш, њам  фазояш,
Бенавою бонавояш, зањролуд аст.
Ин чї рўзе?
Ин чї назми бошу буд аст?

Ин њама як сў.
Фољеъатар њолати таърихнодида:
Шири модар зањрогин аст,
Яъне љавњар зањрогин аст!
Шири модар мекушад фарзандњоро,
Меканад пайвандњоро.
Шири модар андар атрофи Арал
Бањри тифлонаш батар шуд аз аљал!

Замину осмон бо њам наояд,
Ба дунё одами беѓам наояд,
Шабе аз гиряи борон шунидам,
Ки њаргиз дидаи бенам нояд.4 Лоиќ Шералї, «Фарёди бефарёдрас»

Дар нигоштањои пурдарду пурормони шоир њар хонандаи огоњдил хештанро мешиносад, бо ў њамово мегардад, уќдаи дил боз мекунад, ўро ба якдиливу дунёдўстдорияш барои расидан ба вањдати ягона парастиш менамояд. Дарди шоирро дар худ ќиёс менамояд. Бо ў њамово мегардад.
Шоир ба хуби эњсоси онро менамояд, рўз то рўз ва сол то сол шуурнокии ИНСОН боло меравад, ў маданиятноктар мегардад, тафаккураш тозаву сайќалдор мегардад, ў оламро аз пештара бештар медонад, дар њалли мушкилоти олам ќадам ба ќадам пеш меравад, аќлу хирадаш оламро тасхир мекунад, вале бо ин њама дороияш ў то ба кунун аз банди феъли баду хунхориву берањмияш  вораста нагардидааст. Аз ин љост, ки ў њам махлуќи шарифу њам касиф дар дидањо ба љилва меояд. Ва ин њолати инсон боиси нигаронист. Зеро гоњњо чунон амалњоеро содир менамояд, ки ба аќли солим дуруст намеоянд. Бо дидану шунидану хондани амалњои ношоистаи Инсон ба худ бовар њосил менамоем, ки дар вуљуди ў то ба њол њисси њайвонї ва пастфитратї боќї мондааст. Ва ин амали нав нест. Мо ин равандро дар тўли таърихи инсоният дидадўзи дорем ва медонем, ки дар њама давру замон ќисмати ИНСОН як хел будааст ва њамон хел хоњад монд.Зеро ўро аз гили ѓам сириштаву он дар домони ѓам ба воя расидааст.Ин маъниро мо дар рубоии файласуфи барљаста ва њакими давру замонњо Умари Хайём пайдо хоњем кард, ки мегўяд:
Пок аз адам омадему нопок шудем,
Шодон ба дар омадему ѓамнок шудем.
Будем зи оби дида дар оташи дил,
Додем ба бод умру дар хок шудем.
Пас, ин љо маълумамон мегардад, ки ќисмати инсонњо шабењи якдигаранд, њатто ба гуфтаи оќилонаи њаким Хайём «онон, ки муњити фазлу одобаанд» аз ин дарду доѓ ва кулфату ѓам рањої надоранд. Мусаллам аст, ки «хуни дил рўшандилу оќил хўрад».5 (Ин ибораи Сайидолими Каздонист) Ба њамин минвол Лоиќи пурѓуруру исёнгару бовиќор ва рушанзамир дар гирдоби дардњои миллат саропо бедуд месўзад. Месўзад аз он ки мо хештанношиносем. Месўзад аз он ки аз бењунариву нотифоќиамон нангу ном ва нури донишу махзани ирфониямонро аз даст додаем. Шоири саропо дард гашта, мерезад дарди дилашро дар шеъри «Гўри Дониш дар куљост»:
Эй, шумо маъмуру маъзурони таърихи Бухоро,
Балки, эй кўрони  таърихи Бухоро,
Дар куљо буд гўри Дониш?
Дар куљо хусбида ором он сари пуршўри Дониш,
В-он дили ранљури Дониш.

Дар Бухорое, ки махдумзодагонаш,
Балки рањгумзодагонаш,
Балки маъдумзодагонаш,
Бархе њоло аз забони хеш мањруманд,
То куљо дар ди махдуманд?
Дар Бухорое, ки тољик хешро гум кардааст,
То куљо ёде зи Дониш бурдааст?

…Охирин гўре, ки барои фитрату фарњанги тољик…
Охирин?
Эй худовандони ному нанги тољик!
Тољик ар гум кард ин љо гўри Дониш,
Њамзамон гум кард ў  бо гўри Дониш нури дониш,
Дур монд аз аз ганљу аз ганљури дониш…
Њайф, њайфи тўшањо аз роњњои дури Таърих!
Дод,дод аз дидањои кўри Таърих!
Дод аз он таърихсозоне, ки он ваќт
Дод, аз он худношиносоне, ки он ваќт
Бар сари таърих гуфтї бар сари як фарди
                                                             аксулинќилоб
Рехтанд оташ, рехтанд об…
Мо инљо танњо дар муќаддимаи нигоштањои шоир ќарор дорем. Чун жарфтар меравему ба умќи офаридањояш аз дидгоњи тафаккури хеш дида медўзем, пайдоямон мегардад, ки агар «Дар ѓами номуси миллат камтарин тољик агар чун ў бисўзад, аз фурўѓи рўзи миллат, бемуњобо хонаи душман бисўзад
Ва силсилаи шеърњои бахшидаи шоир ба чењрањои таърихии миллат љањонофариниш Љамшед, бебоктарин ва пурѓуруртарин ќањрамон Деваштич, устод Садриддин  Айнї, академик Бобољон Ѓафуров пешорўи хонанда таљассумгари таърихи пур аз њаводис месозад. Шеърњои унвонї ва  ё муљассамавии устод Лоиќ аз нигоштањои дигарон барон тафовут ҳастанд, ки дар онњо дарди миллат, рўзгори дардолуд ва њаводиси таърихї ифода гардидаанд.
(Давом дорад)