Ёддоштҳо

                                             Як гушаи рустои Каздон
                     ( Аксњо аз хазинаи Мухтори Сайидбурњон)
          
Перомуни этимологияи вожаи Каздон ва бархе аз мавзењои он

Шањрњо  хароб гардиданд, давлатњо барњам хўрданд, забонњо ва худи халќњо  аз байн рафтанд, аммо номњо боќї монданд.
                            В.А.Никонов

Номњои љуѓрофї  як љузъи таърихи њар халќу миллат Буда, баёнгари даврањои гуногуни Рушду инкишофи забон ва фарњанги њар љомеа мањсуб меёбанд. Бинобар њамин омўзишу тањќиќи  ин мавзўъ яке аз масъалањои муњим ва пурарзиши соњаи забоншиносї ба шумор меравад.
Бисёр ваќт мо дар бораи маънои ин ё он номи љуѓрофї андеша менамоем. Агар касс ба сарзамини Ватанамон-Тољикистон сафар карда бошад, дар баробари ин ё он  номи мавзее ривояту афсонањо шунида аст. Чи ќадар аз нигоњи забонњои муосир нофањмо бошанд, ривоятњо њамонќадар аљоибу ѓароибанд.
Баъзењо андеша мекунанд, ки маънои ин ё он номро аниќ муайян кардан душвор нест.
Ба фикри онњо дар ин маврид ба фарњангњои кўњна мурољиат карда, вожањои аз љињати овоз ва маъно монандро ёфта, этимологияи номњои љуѓрофиро  муайян кардан  мумкин аст. Аммо чунин амал ва фањмиш моро  аз асли маќсад ва њаќиќат дур месозад.
Номњои љуѓрофї шаклњои бунёдии худро  садсолањо нигоњ медоранд, онњо барои мо дар бораи забонњои аз байн рафта, дар бораи топографияи ќадимаи ин ё он мањал, сарватњои табиї он, касбу њунарњои ќадима ва тарзи љойгиршавии ањолии он маълумот медињанд.
Масъалаи пажўњиш ва омўзиши номњои љуѓрофї имрўзњо таваљљўњи донишмандонро ба худ љалб кардааст. Бояд гуфт, ки дар тањќиќу омўзиши номњои љуѓрофї ва шарњу маънидод намудани онњо андешаи муњаќќиќон якранг нест.
Яке аз мавзењои аз нигоњи номшиносї камомўхташудаи  љумњуриямон ин минтаќаи Зарафшон махсусан болооби он мебошад, ки бештари онњо номњои суѓдианд.
Мо ин љо танњо  дар бораи топонимикаи Каздон  ва бархе аз номњои љуѓрофии ин мањал ёдовар мешавем ва фикру андешањои худро  баён менамоем.
Вожаи Каздон мураккаб Буда, аз ду љузъ иборат аст. Љузъи аввал «казд» ва љузъи дуюми онро «он» ташкил медињад. Бояд зикр кард, ки дар забони форсї бо номи «Канздон» ва «Гаждон» номњои љуѓрофие мављуд аст. Вожаи «канзд» номи љой, љойгоњ мебошад.
Ё ин ки Каздон (=казд+ойно) љойгоњи мардуми муъљизаофар, аљиб.
Вожаи мавриди андеша дар фарњанги суѓдї дар шаклњои kaž        kj, krz; karž омада  маънои «мўъљиза, эъљоз, сењрро» дорад.
Њамин тавр  дар байни номњои бунёдии ќадимвае, ки  дар води болооби Зарафшон ба вижа номњои љуѓрофии мавзеи дењаи Каздон то замони мо мањфуз мондааст, решаи суѓдї доранд. Масалан ба ин ќабил вожањо метавон чунин номњоро ворид кард: Зертиѓар, Варфк, Кантотич, Козешах, Пунвор, Пушхо, Кадвох, Кашкимарѓ ва ѓайрањо.
Инчунин дар байни номњои љуѓрофии мавзеи Каздон номњое ба мушоњида мерасад, ки бо суффиксњои суѓдии –вара  (vara) таркиб ёфтаанд. Ин суффикс дар забони суѓдии нав (= яѓнобї) яке аз пасвандњои серистеъмол ба шумор рафта, ба исм њамроњ шуда меояд ва макону фаровонии чизеро нишон медињад.
Доир ба пайдоиш (=этимологияи) пасванди –vara А.Л. Хромов таваљљўњ зоњир намуда, андешаи худро чунин баён мекунад: « Пайдоиши –vara-и яѓнобї бо  βare< baraka-и забони суѓдї алоќаманд мебошад ва аз исмњо сифати нисбї месозад»[1].
Бояд ќайд кард, ки пасванди –vara исмњое месозад, ки маънои макон ва фаровонии чизеро доранд ва Аслан бо микротопонимњо меояд. Пасванди мавриди андеша асосан бо исмњои ифодакунандаи  растаниву наботот омада, суффикси –зор-и забони адабии тољикиро монад: katk-vara- пиёззор; мавзе, ки пиёзи худрўй (кўњї) фаровон аст; xurura-vara- хорзор;sirvič-vara- торонзор ва амсоли инњо.
Дар ќолаби њамин шакли калимасозии суѓдї дар номњои љуѓрофии мавзеи Каздон низ номњое ба мушоњида мерасанд, ки инро метавон нишонаи побарљо будани номњои суѓдї  дар ин минтаќа арзёбї кард. Масалан, вожаи čukri-vara- номи дара, кўњ дар мавзеи Каздон. Дарае, ки ревочи фаровон дорад.
Дар фарњанги суѓдї низ пасванди vara  дар шакли βrэ'k  [βare<*- baraka] омада маънои «баранда, доранда, дороиро (пайванди тамаллук:-вар)» дорад.[2]
Инчунин пасванди varaсуѓдї дар гўйишњои љанубии забони тољикї мавриди истифода ќарор дорад: сангвара –љое, ки санги зиёд дорад, тушкавара –картошказор; алафвара-алафзор.[3]
Чуноне ќаблан ёдовар шуда будем, пасванди vara дар забони суѓдии нав маќоми худро мустањкам нигоњ дошта, истифодаи фаровон дорад. Масалан, Tuta-vara номи чарогоњи тобистонаи мавзеи Каздон. Вожаи tuta номи алафест соќаву баргдор (дорои баргњои пањн) дохили соќаш холї Буда, шабењи карафс мебошад. Бачањо соќаи онро гирифта, ба дохили он об пур мекунанд ва ба њамдигар мепошанд. Бо њамин ќолаб дар забони суѓдии нав вожањои зиёде мављуд аст ва бештари ин калимањо дар гўйиши лањљањои болооби Зарафшон ба вижа лањљаи мардуми Каздон дар њамон шаклу маъно роиљанд:
Tuta
Katk
Xurura                                  
Подпись: varaSitga
Sirvič
Čukri

Ба ѓайр аз ин, пасванди –vara- бои см омада њолату вазъияти шахсро низ ифода менамояд: arga-vara девонафеъл, Муодилаи дигари ин вожжа ajina-vara Буда, метавонанд ба љойи якдигар ба кор раванд.
Аз маводи дар дастдоштаамон чунин бар меояд, ки бештари номњои љуѓрофї ё вожањои  лањчањои бобооби Зарафшон бавижа гуйиши мардуми Каздон дар асоси калимањои зиндаи забони яѓнобї (суѓдї) маънидод карда мешавад ва дар нутќи сокинони дигар мавзеъњои њаммарзи дењањои ноњияи Айнї то андозае низ мавриди истифода ќарор доранд. Масалан, вожањои зер, ки дар гўйиши мањаллии мардуми дењаи Каздон роиљанд маънои онњоро метавон дар асоси забонї суѓдї (яѓнобї) дарёфт: Zertigar (Зертиѓар) ном кўњ Буда, аз ду вожаи суѓдї таркиб ёфтааст. Zerta(зерта) номи ранг аст, яъне зард. Ин вожжа  имрўз  дар забони суѓдї маќоми худро  аз даст додаст ва танњо дар чанд маврид дар номњои мањал, кўњу дарањо ба кор меравад:
1)zerta rugan- равѓани зард;
2) zerta sar- (зерта сар) номи гузар (љой) дар дењаи Пискони Яѓноб, ки хоки он мавзеъ ранги зард дорад.
Љузъи дуюми вожжа gar (ѓар) Буда, ин калима низ бунёди суѓдї дорад. Дар заони суѓдї ба сурати gr [gar] <* gari ва дар яѓнобї дар шакли gar (ѓар) ба маънои кўњ роиљ аст.[4]
            Аз ин љо маълум мешавад, ки вожаи  Zertigar (Зертиѓар)  маънои  кўњи зардро доштааст, яъне кўње, ки дорои ранги зард аст.
            Ё ин ки вожаи Bogisar  (Боѓисар). Вожаи мазкур њам мураккаб Буда, аз ду љузъ таркиб ёфтааст. Љузъи аввал bog (боѓ) сурати суѓдии он βg [βāg]  Буда, маънои «боѓ»-ро дорад ва истилоњи кишоварз, дењќон, боѓдор, ки дар суѓди шакли βgdru [βāg-bārē]  ро дорад манша гирифтааст.[5]
Љузъи дуюми калима sar (сар) Буда, маънои болоро дорад. Дар забони суѓдї (яѓнобї) «сар» маънои як узви бадани инсон Буда, аз њамаи узвњои дигар баланд (боло) ќарор дорад, сар, калла.
Дар суѓдї sr [sar] سر (сар) дар бештари  матнњои суѓдї  дар њамин шакл ва маъно омадааст.[6]
Инчунин дар Яѓноб  дар дењаи Кансе гузаре аст, айнан бо номи дар дењаи Каздон буда «Боѓисар», яъне боѓи боло.
Дар забони яѓнобии муосир чунин истилоњот дар шакли иборањои изофї истифода мешаванд: боѓ-и-сар болои боѓ; мен-и сар- болои дења; ѓар-и сар болои кўњ ва монанди инњо.
Дар дењаи Каздон ба номи  мавзењое дучор омадем, ки бо љузъи вожаи «марѓ» сохта шудаанд. Вожаи «марѓ» њам суѓдї Буда, имрўз дар лањљањои болооби Зарафшон ва суѓдии нав њифз шудааст, ки мисоли равшани он истилоњоти зерин мебошад: Кашкимарѓ номи мавзеъ, ки маънои марѓи сафедро дорост, яъне кашк-сафед ва марѓ ё Марѓак,  думи марѓак.
Дар забони суѓдї  ва дар гўйиши мардуми Каздон kshk [kashk]-  ба маънии ќурут омадааст.
Дар суѓди вожви марѓак дорои чунин шакл mrg [marg] (margh) ба маънои «беша, марѓзор» будааст.[7]
Инчунин муратибони китоби «Ягнобские тексты» шаклњои мустаъмали дар забонњои ќадима вожаи  marg-ро оварда, вале ба баромади аслии он ишора накардаанд. Муќоиса шавад: суѓдї-буддої marg «луч»; сангл. mērg, йидга. Mirgo «луч»; пашт. Marga «кормовая трава, дерн»; ав. Marega «луч»; тољ. Marg. Margzor.[8]
Чи тавре аз маводи тањќиќ  бармеояд, бештари вожањои дењњаи Каздон, ки ба номњои љуѓрофї мансубанд, бунёди суѓдии худро то имрўз нигоњ доштаанд. Омўзиш ва тањќиќи  мукаммали ин бахши на танњо барои такмили лањљањои болооби дарёи Зарафшон, балки барои омўзиши таърихи забонњои эронї низ ањамияти муњими бунёдї дорад. Калима ва истилоњоти  бахши номњои љуѓрофии  ин минтаќаро аксар вожањои бунёдї ташкил намуда, дар таърихи ташаккул ва тањаввули ин гўйишњо бештари ин номњо ба таѓйироти љиддие дучор наомадаанд. Чуноне аз баррасии ин масъала  равшан мешавад, иддае аз ин гунна номњои љуѓрофї, ки дар осори суѓдї  мављуданд, дар гўйиши мардуми болооби Зарафшон, ба вижа лањљаи мардуми дењаи Каздон дар њамон шаклу маъно мањфуз мондаанд.
Њамин тавр, аз баррасии вожаву истилоњоти номњои љуѓрофии дењаи Каздон пайдо мегардад, ки бештари ин номвожањо номњои бунёдии худро дар ин минтаќаи кўњистон дар њамон сурати ќадимаи худ то имрўз нигоњ доштаанд.

Сайфиддин Мирзоев,
номзади илми филология,
ходими пешбари илмии
Институти забон ва адабиёти
 ба номи Рўдакии АИ
Љумњурии Тољикистон.


[1] А.Л.Хромов. Ягнобский язык. Основы иранского языкознания (новоиранские языки). М. 1987.с.667.
[2] Бадруззамон Ќариб, фарњанги суѓдї (суѓдї-форсї-инглисї). Тењрон 1995. 2690 с.106.
[3] Шеваи љанубии забони тољикї. Душанбе, 1981.с.240.
[4] В.Gharib/ Sogdian Dictionari (0 Sogdian-Persian-English). Tehran, 1995. 4168 (c.165-166); S.mirzoev. Farhangi ygnobi-tojiki-englisi. Dushanbe, 2008.
[5] Фарњанги суѓдї…2447; 2449 (с.97)
[6] .Дар њамин љо, 8927 (с.360)
[7] Фарњанги суѓдї…5434 (с.217).
[8] Андреев М.С. и Пещерева Е.М.  Ягнобские тексты. С приложением ягнобско-русского словаря, составленного М.С. Андреевым, В.А. Лившицем и А.К. Писарчик. М-Л-,1957 с.284.
       
                              (Намуди айвони масчиди рустои Каздон)
    Махсум Олимї
Сўбњи Каздон

Дилнавозу дилрабої
Хушнамуду хушбаќої.
Мекаши дилро ба сўят,
Гўиё оњанрабої.

Субњи Каздон!
Субњи Каздон!

Рўи ту рўи бањор аст,
Чашми ту чашми хумор аст.
Накњатат чун накњати гул,
Хушнасиму беѓубор аст.

Субњи Каздон!
Субњи Каздон!

Хандаат чун хандаи моњ,
Гарму неку дилнишин аст.
Ёди ту дар олами ман,
Љовидон хотирнишин аст.

Субњи Каздон!
Субњи Каздон!

                                Асп
      То њанўз дар аксар дењањои кўњистон
      домодро савори асп хонаи арўс
       мебаранд, ки рамзи хушбахтист.

Нестам ман дўстдори молу зар,
Дўст медорам вале аспи саманд.
Ёлу зини ў маро дил мебарад,
Шињааш чун алаи модар писанд.

Нављавонї буду умеди дилам,
Буд савори асп будан рўзи тўй.
Њамчунон андар сарам болои зин,
Тангаю парвоза пошанд рўзи тўй.

Дида њамсолони худ аз тори зин,
Ноаён дўзам назар бар ину он.
Зери лаб гўям чу ман хушбахт кист?
Дар миёни мардуми рўи љањон?

…Баъди чанде омад он рўзи накў,
Рўзи хушбахтию эњсосу умед.
Ман савори аспи зебои саманд,
Модарам хоњад маро роњи сафед.

Чун савори аспи зебо буданам,
Шањ муборак!гуфта, бар хони арўс,
Чењраи мнн аз фарањ бишкуфта буд,
Њамчу хуршеди саодатбори рўз.

Ман арўсамро савори аспи бахт,
Бурдаам бар хонаам њамроњи худ.
Лањзае, ки будаам болои зин.
Хуштар аз ин лањзаи умрам набуд.

Хуштар аз ин лањзаи умрам набуд,
Лањзае ки будаам болои зин.
Чун кунам андешае он рўзи нек,
Дар хаёлам гул кунад рўи замин.

Манн кунун хоњам, ки фарзандони ман,
Рўзи хуш шинанд дар болои зин.
Хуш расад он рўзи неки зиндагї,
Гул кунад чун бахташон рўи замин.

                                      Пири кор

Бори нахуст гиряи мўйсафеди 88-сола
Гулмањамад Шодиев дар шаби сел дидам.

Лабхамўш хотирпарешон бигзарад,
Аз канори киштаи домони дењ.
Гўиё бар гўши ў бошад мудом,
Бори андўњу ѓаму армони  дењ.
Рў ба рў ояд њар як рањгузар,
Бо муњаббат карда ўро пурсупос.
Њамчунон рањтўша пандаш медињад,
Гўядаш, ки бош умре бисипос. (?)
Тўй агар дар дења бошад ў нахуст,
Меравад табрики домоду арўс.
Доимо инсон дуояш бар забон,
«Эй мабодо, боз љанги хонасўз».
Њамчунон хоњад, ки номи сел бод,
Аз хаёли хотири мову ту дур.
Мон, ки љои гиря бошад  пойдор,
Шодию хурсандию базму сурур.
Рўзи Наврўз омада воти замин,
Дона пошад ў  нахуст чун пири кор.
Њаркуљое бигзарад аз дења ў,
Мардумони дења бархезанд зи љо.
Њар касе, ки хоњад орад аз замир,
Њурмати риши сафедашро ба љо.
Рўзи умри рафта андар хотираш,
Мекунад андешаи рўзи дигар.
Чун саробони њама мардони дењ,
Аз тамоми вазъи дења бохабар.
Суяњбаташ гарм аст чун дидорї ў,
Ў сафои дењаи Каздони ман.
Ман варо бинам дилам гул мекунад,
Бишканад аз сўњбаташ армони ман.
То чунин пир аст андар дењи ман,
Мардумони дења доранд ифтихор.
Бањри ў бошад дуошон ин чунин,
«Зинда бош эй пири мо, эй пири кор!».
                                 ***
Њар киро дардест дар дил ёди дармон бар сараст,
Ошиќонро рањ ба рањ андуњу армон бар сар аст.
Он, ки аз ишќу вафо пайваста дорад сўзу соз,
Дил варо пур аз фарах эњсоси эњсон бар сар аст.
Фарди дурафтода ёди ёр дорад њар нафас,
Хотири ошуфтаасту сўзи њиљрон бар сар аст.
Дил пулдустро дар ёди пул гумм мезанад,
Он, ки гул хоњад варо ёди гулистон бар сараст.
Олимиро њар куљо бошад дар наздику дур,
Ёди мурдан дар барии кўњсори Каздон бар сар аст.
                                  ***
Чу ман парвардаи мењрам, дилозорї наметонам,
Накўкорист оинам,риёкори намедонам.
Ба роњи рост рафтан будааст оини аљдодам,
Ан ин рў бо накўномї бувад пайваста имонам.
Барои ман муќаддас шањру дењоти Ватан бошад,
Ки ман саршори мењри Маскаву шеъри Бадахшонам.
Пайи ободию сарсабзии ин сарзамин умре,
Равон монанди дарёи зарафшони Зарафшонам.
Даме то орзу дар дил маро бошад љавонам ман,
Чу гулбоѓи Душанбе бињиштосо гулафшонам.
Тавонам бигзарам аз роњи душвори сари теѓа,
Вале аз роњи њамворї набитвонам, набитвонам .
Созад кас зодгоњаш парварда чун љону љона,
Аз ин рў дўстдори зодгоњам дењи Каздонам.
                                 ***
Лабташна роњ љониби дарё гирифтанї,
Андеша пар ба олами руъё гирифтанї.
То сардї дур бод зи дил-дил чу посбон,
Бо гармї пеши оташи  сармо гирифтанї.
Дил ошиќасту сўзи ишќ аз ў људо мабод,
Бар души хеш бори ин савдо гирифтанї.
Љон дўстдори дењаи Каздон буду њаст,
Чун рафт аз бадан бари ў љо гирифтанї.

               Таъна
Шумо марду намедонам, ки аз чї,

Чунин бенангу беномўсу оред.

Ба назди кас cухан гўед некў,

Ба ѓайбат ѓайбашон то мањ бароред.

Ман аз бад гуфтани як зумра нокас,

Нарагдам бад зи Каздон то ба Маскав.

Бимонад њарза бо армони кўњна,

Шавад роњу маромам њар ќадам нав.


                                          ( Офоќњо.Дохили масчид ) 
                                           
                                            Т.Субњон
                                Дењаи Каздон
Барои марди шариф Нурмањмад Сафаров

Ба водї маълум асту њам намоён дењаи Каздон,
Макону манзили равшанхаёлон дењаи Каздон.
Аё, ки пораи як Оли Сомон дењаи Каздон,
Бањори хурраму боѓу гулистон дењаи Каздон.
Сухансозу сухансанљу сухандон дењаи Каздон.
Муњаббат пешаи мењан саропо номусу  нанг аст,
Шарораш пора месозад агарчанде дили санг аст.
Ба зидди нокаси дунё тамоми умр дар љанг аст,
Љањон созад дигар рангаш, њамебинї, ки якранг аст,
Ватанро дар дилу дар дидаю љон, дењаи Каздон.
Ба даст овардани дилњо, барояш гавњари дарё,
Љањони одаму олам шуда андар дилаш маъво,
Намояд назди мењмон шири мурѓу љону дилпайдо,
Ба њиммат дар баландињо зада хайма сари дунё,
Чї турфа ифтихору шуњрату шон дењаи Каздон.
Адолат шевааш бошад, њаќиќат мекунад пеша,
Ба нармї медавонад бар замини дил фаќат реша,
Саросар сабру тамкину таамул асту андеша,
Касе ўро занад таъна, ба пои худ занад теша,
Чї хўш гўям, љањони љумла инсон, дењаи Каздон.
Шараф бодо ба фардоне ба ќавли худ вафодоранд,
Чу рўду бањру дарёњо ба мулки хеш саршоранд,
Магарки аз адам бошад,  ба дилњо некї мекоранд,
Њама даври кашокашњо, ба мењан доимо ёранд,
Аё Субњон, ливойи марди майдон дењаи Каздон.


                           (Пири маъонї-њољи Сайдолими Муломирбоќи)   
                                 Сайидаброри Сайидбурњон
             Биё бар дењаи Каздон
                
Садои  рўњу љон хоњи биё бар дењаи Каздон,
Бањори бе хазон хоњї биё бар дењаи Каздон.
Макони илму фазлу дин, табибони замон он љост,
Ба њар дарде даво хоњї, биё бар дењаи Каздон.
Насими тозае дорад, руди шўху шодобаш,
Фароѓатгоњ агар хоњї, биё бар дењаи Каздон.
Шамоли форамаш орад бўйи зудаву райњон,
Ба дил гар шавќи гул дорї, биё бар дењаи Каздон.
Тагоби Луриёну Ѓанчол, макони мурѓи хушилњом,
Суруди мурѓакон хоњї, биё бар дењаи Каздон.
Тилисм аст шарраи Мулову  љодуст чашмаи Торик,
Чу нўшдорў њаме хоњї, биё бар дењаи Каздон.
Зи шеъри Махсуми Олим ба раќс оянд хубрўён,
Агар шеъри таре хоњї, биё бар дењаи Каздон.
Зи пирони хирадмандаш ба мисли Олими Боќї,
Дуои нек агар хоњї, биё бар дењаи Каздон.
Сайидаброр ба ту бахшад, тагоби Луриёну Варфк,
Ту гар зебо ѓизол хоњї, биё бар дењаи Каздон.

     Мулошаршара