суббота, 29 августа 2015 г.




Ҷавонмарди банагу ор


Куҷо рафтӣ, чаро рафтӣ нагуфтӣ ту ба якборам,
Кунун бо чашми гирёну дили пурхун ҳайронам.
Миёни ёру дӯстон ҳар куҷо  ҷуёт шавам ман,
Намбинам, намеёбам, ало эй пури Сатторам.
Накукирдор, латифгуфтор, ҷавонмарди сахӣ будӣ,
Валинеъмати хушлиқо, ту эй дӯсти вафодорам.
Шабеҳи Ҳотами Тойю хоҷа Аҳрори Валӣ будӣ
Ҷавонмарди банангу ор, ту эй Акбари Сатторам.
Зи марги нобаҳангомат,ҳаме хун гиряму хун,
Ки месӯзад, маро ин дам мағз-мағзи устухонам.

Чунон зураст дарди ту.


Инсонҳо ҳамон вақт худро танҳову бемуттако дармеёбанд, ки наздиктари дӯст ва ё ақрабояшонро гум намоянд. Кунан имруз ман танҳову бемуттако мондаам.Пас аз падруд бо дӯсти азизу заҳматқаринам Акбаралии Саттор.гумонам билкул танҳои танҳо мондаам. Охир ӯ азизтарин дӯст ва меҳрубонтарин бародар буд.Чун ҳар лаҳзае, ки бо ӯ рӯ ба рӯ мезадам бо ҳамон табассуму хандаи зебандааш истиқболам мегирифту бо лаҳни шакаринаш бардошти тозаеро аз ин ё он нишаст бароям қисса мекард.Дар замираш заррае кину бухлу адоватро ҷо намедод.Инсоне буд дилсафеду накубину батамкин.Маро бо ӯ аз солҳои 90 уми асри сипари шуда ҳамкориҳоямон дар рӯзномаи "Садои мардум" қарин гардонида буд. Бо ҳам торҳои дӯстӣ танидем.Як пораи нонро бо ҳам дидаем.Дар айёми такопуҳояш барои рӯи чоп овардани ҳафтаноами "Дайджест пресс" борҳо сари андеша мерафтему машварат меоростем.Нахустин чопи компютериро роҳандозӣ кардем.Бо чи азобу такупӯҳо роҳҳои коркарди сурат дар плёнкаро андешидем.Аз плёнкаи ренгенти нахуст оғоз карда, баъдан аз тариқи дӯстонамон плёнкаро бароямон аз Руссмя дастрас мекарданд. Дар ин ҳама гирудорҳо бештар ӯ масъулият дошт.Ӯ бо ҳамон одату тафакури ҳамидаи доштааш  тавонист инсонҳои ҳамандешро фароҳам оварадау барои ҷомеа иттилои тозаву заруриро расонад. 
Дар рафоқат хиёнату ғайбату беадолатиро намеписандид. Ин буд ки бо хислатхои родмардияш байни аҳли қалам шинохта гашту дар қалбҳо лона гузошт.Ва азиз ба мардуми дидагон гашт. Чунон гуфтаниҳову хотирот зиёданд, ки намедонам кадоме аз онро инҷо оварам. Фақат ҳаминро менигорам, ки Акбаралии Саттор исон буд инсон бо маънии томаш!  

Комментариев нет:

Отправить комментарий