понедельник, 31 августа 2015 г.

Аз баёзи хотирот
                           Аз ман умри дубора хоҳад монд
Ман ӯро ҳамчун Инсон дарёфтам.Инсони комил.Инсоне, ки дар замираш ба ҷуз накукирдорӣ дигар чизе намеғунҷад. Инсоне, ки хушбахтиву саодати худро дар чеҳраи хандони дигарон дар шодиҳои шаҳдогини ёру дӯстон медид. Инсоне, ки  пайроҳаи қисматашро Кирдугор басо бо накукарданҳову пуркарданҳо тарҳрезӣ кардаву дар ин ҷода барояш дили ойинасонеро арзонӣ дошта. Инсоне, ки бо ҳама доду нодод қаноат мекард. Дар замираш ҳеч гоҳ бухлу кин, ҳасудиву хусумат набуд ва аслан ки ӯ чӣ будани ин калимаву ибораҳои ифшогари бадиро намедонист. Табассуми беғашаш он ҳамаро аз ҷисми нозукаш ба фарсахҳо дур андохта буд. Ҷисме, ки андаруни он дили бузурге бо як ҷаҳон орзуву омол метапид. Дили саршор аз меҳру муҳаббат.Дили пуртуғёну дар такопӯ. Ва ин буд, ки ҷойи ӯ андаруни мардуми дидагони ёру ошно гардида буд. Чун Акбаралӣ бо ҳамон тарзу усули роҳгардии хеш дар саҳни нашриёти “Шарқи озод” пайдо мегашт, беихтиёр дидаҳои пурмеҳри ошно чун борони раҳмат болояш мерехт...
Ёдам меояд, ки баъди маротибаи дуюм ҳангоми ба рӯзноманигори рӯ овардани Акбаралӣ тахминан аз аввалҳои соли 1993 Маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳои “Шарқи озод” барои ӯ хонаи асосӣ гардида буд. Зеро аксари вақт вай дар ин даргоҳ боли дафтрау қалам ва паси мизи компутар, барои эҷод шабро ба саҳар мебурд.Ҳамеша вайро дар роҳравҳои ин даргоҳ дар гирудор медидӣ. Бо ҳазору як андешаи нав, бо нақшаҳои тоза, бо баҳсҳои созанда. Ва ин буд, ки дар он солҳо камандар касон буданд, директори ин муассисаро дар симо мешинохтанд. Чун ҳар корафтодае ба ин даргоҳ меомад сароғоз бо ҳамон чеҳраи ошно, бо ҳамон симои дар табассум ғарқида руёрӯ мезаданд. Ва то имкон даст медод мушкилашонро тавассути ин ҷавонмарди сахӣ ҳаллу фасл мекарданд, ки Акбаралӣ дар зеҳни онҳо чун роҳбари ин корхона ба ҷилва меомад. Ва ба ӯ рӯи ниёз меоварданду ноумед намегаштанд...
Ва замоне ҳам фаро расида буд, ки аз нисф зиёди мушкилоти корхонаи “Шарқи озод”-ро ин ҷавонмарди дасткушоду дарёдил осон менамуд. Ва ӯ бо сахову карамаш ҳотамона ба забонҳо меомад.
Дар ҳамон замоне, ки иддае фарҳангу маърифатро ба канораҳо ғел медоданду ҷойи онро бо тиру туфан ва зишгуфтоириву бадгуҳарӣ бадал менамуданд, Акбаралии Саттор бо дили пур ва қадами қотеъона  пайи бунёди рӯзномаҳо кӯшид. То бо ин васила ба мардум ахбори фарҳангию иҷтимоъӣ ва сиёсиро бирасонад. То онҳо аз руйдодҳои ҷаҳону кишвари азизи худ огоҳ гарданд. Ва ӯ дар ин ҷодда мувафақ гардид. Дар майдони матбуоти навин ҳафтаномаҳои ӯ паси якдигар чун “Дайджест пресс”, “Чархи гардун”, “Вечерный Душанбе”,” Авицинна”,”Аладдин”, “Анушервон”,”Зан ва мард” ба тобиш омаданд.
Барои шаклгирии ҳар яке аз ин ҳафтаномаҳо ӯ басо шабҳои ялдро ба сапедадами бехобиҳо бурда, роҳи каҳкашониро тайнамуда подоши бехобиҳояшро барчидааст. Басо ранҷҳои кашидаи ӯ дар ин роҳ, ки ҳар кадом ба тафсил як китобу як дарсе барои рӯзноманигорони ҷавони азизи мо хоҳад буд. Мисол то ба имрӯз кам касон огоҳанд, ки чигуна чопи компутарии рӯзномаҳо дар кишвар ба миён омаданд, нахуст суратгирии плёнкавӣ чигуна ба вуҷуд омад? Кӣ онро пиёда сохт? Чигуна? Ҳуруфчиниву ороиши компутарӣ чӣ? Дар он солҳое, ки кишвар ноором буду ихтисосмандон ҳанӯз роҳҳои истифода барии чопи компутариву ба плёнка гирифтани онро намедонистанд, кӣ ин ҳамаро фаро гирифту ба дигарон омӯхт?  Ва бидуни шак дар аксари ин гуфтаҳо Акбаралӣ раҳнавард буд...
Соли 2003 ҳафтаномаи “Неруи сухан” рӯи чоп омаду пас аз нашри шумораи нахустин аввалин касе, ки дари идораро куфту вориди он гардид ин Акбаралии Саттор буд, ки барои табрики аҳли қалами ҳафтанома омада буд. Ӯ иқрор буд, ки аҳли эҷоди ҳафтанома тавонистаанд, ки дар шакли нав ва бо ҷасорату диди тоза маводи хонданиро пешкаши аҳли ҷомеаи кишвар гардонанд. Мо ҳамон лаҳза дар чашмони аз хурсанди рахшандааш пай бурда будем, ки эшон баробари мо  шодаст. Ва дар чопи ҳар шумора кумаку маслиҳатҳояшро дареғ намедошт. Ва гумон мекунам, ки аз чунин ҳолат  дигар ҳафтаномаҳои навташкил бархурдор гаштаанд.
Мегуянд, ки дӯстро дар сафар мешиносӣ! Ҳақ бар ҷониби онест, ки ин ҳикматро гуфтааст. Дар сафар низ Акбаралӣ ҳамчун ҳамсафари ҳамакора ва сертакопуву серташвиш барои роҳати ёру дӯстон дар дидаҳо наққошӣ шуда. Зеро бо ӯ ба ҳаркуҷое сафар накардам, ӯро чун як шарифмарди дилсафеду дасткушоду хушсӯҳбат пайдо кардаам. Ёдам меояд, ки ҳангом як сафари кориямон ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон Акбаралӣ ташабуссро ба даст гирифта, дар тамоми чорабиниҳову нишастҳо гули сари сабад мегариду аз нақшаву амалҳои нав моро огоҳ мекард ва барои фароғтар гузаронидани ҳар як дами нақд бо пешниҳодҳои ҷолиб чорабиниҳои муфид тарҳрезӣ менамуд. Ва ин амали ӯ маро писанд омаду байни ҳамсафарон гуфтам, ки аз ин ба баъд Акбаралӣ Вазири фарҳанги гурӯҳи мо хоҳад буд ва тамоми баргузорӣ ва тарҳрезии чорабиниҳои фарҳангӣ ба зимааш вогузошта шавад. Ӯ бо камоли майл ин вазифаро пазируфта буд. Пас аз он ҳар кауҷое сафар мекардем, бо ҳамон латифгуфторияш меафзуд, ки агар имушкиле пеш омад ба Вазири фарҳанг муроҷиат намоед...
Чун дар ин айёми хазонрез, ки табиати фусункор дар шохаҳои сабзогин ранги зардиро бор кардааст, панҷаи аҷал низ ба танаи пурбору сарсабзи ҷавонмарди асилу покройу хушгилу накуандешу хушрафтор, дӯсти беғаразу бовафо печида, уро хазон кард. Вале, мо ҳама ёру дӯстон бар он гуфтаи аллома Лоиқем, ки:
Аз касе хасе намемонад,
Аз ман умри дубора хоҳад монд...
Ва он ҳама кору амали Акбаралии Саттор вайро ба кунҷи фаромӯши нахоҳад бурд. Ӯ ҳамешаҷовид аст.


Бо умеди тавфиқ ба ёру дӯстон  ва
сабри ҷамил ба аҳли қалами
Тоҷикистону ақрабои марҳум,
Мухтори Сайидбурҳони Боқизода.


Комментариев нет:

Отправить комментарий