вторник, 10 апреля 2012 г.

Мўрѓобї афсарро кушт…?



Ё чаро Ќўшунњои сарњадии Кумитаи амнияти давлатии Љумњурии Тољикистон нисбати беному нишон шудани афсари калон Шањбоз Ањмадов бепарвої зоњир менамояд?

Сабаи марги асрорангези ин афсари љавон дар чист?

Оё дар њаќиќат ў ба шикор рафта дар дарё ѓарќ шуд ва ё ба марги ў дигарон сабабгоранд?  Чаро Кумиати њолатњои фавќулода барои љўстуљўи љасади афсар ба љойи њодиса наомад?

 Рўзи 19 марти соли 2012, соати 15.00 афсари калони ќисми њарби № 2847 заставаи раќами 1-и дар  љамоати дењоти Эњсанбой дењаи Тариќпояи ноњияи Рўдакї воќеъ буда, Ањмадов Шањбоз Сатторович, бо њамроњии командири заставаи №1 Исмоил Шарипов ва се нафар шикорчиён ба шикори мурѓобї баромада, аз рўи наќли шоњидон дар дарё ѓарќ шудааст.
Ў њамагї 26 сол дошт. Њанўз аз ин зиндагии пурмољаро гули маќсуде начида, бо њазорон орзуву умед бањри хизмат ба Ватан камар баста буд.
Номбурда зодаи дењаи Ёрии ноњияи Панљакент буда, дастпарвари Донишгоњи олии сарњадоти шањри Душанбе мебошад.
         Вале  рўзи 19.03.2012 соати 15.00  барфи бошиддат борида, њаво бисёр хунук буд. Дар чунин рўз, ки њатто ба гуфти мардум љондоре аз хонааш берун намебарояд, гўё Шањбоз бо њамроњии командир ба поён ба лаби дарё фаромаданд. Аз рўи гуфтаи  командир дар он љой боз 3-(се) нафар шикорчиён низ будаанд. Аз он шикорчиёне  ки дар лаби дарё будаанд ба љуз командир Исмоил Шарипов каси дигар хабаре надоштааст.
Дар оѓоз овозае пањн гардид, ки гўё афсар  њангоми аз шањри Душанбе  ба ќисми њарбї омаданаш ба садамаи анќлиётї дучор омда, ба њалокат расидааст.
Баъдан гуфтанд, ки ў бо њамроњии майор, командири заставаи раќами 1 Исмоил Шарипов, ба соњили дарё рафта, њангоми даст шўияш ба дарё ѓарќ шудааст.
         Командири заставаи дар шањри Панљакент буда, бо якљоягии роњбари дастгоњи раиси ноњияи Паљакент бошад, ба мо хабар доданд, ки сел омада фарзанди маро њамроњии чанд тан рафиќонаш ба дарё бурдааст. Ва онњо њамаашон дар дарё ѓарќ шудаанд. Гуфтанд, ки ќисмат њамин будаасту интизор шавед љасадро меоранд. Як рўз интизорї кашидем, вале ягон хабари дигареро ба мо нарасид. Момаљбур шудем рўзи дигар, яъне 20.03.2012 бо њамроњии њамсарам соати 17.00 ба љои воќеа оем.
Дар назди дарё ба љуз мардуми дења, ки ба љустуљў машѓул буданд, каси дигареро надидем. На кормандони Кумитаи њолатњои фавќулодда ва на ѓаввосони наљотдињандаро.
Аз мардум сабаби њодисаро пурсон шудем, ба мо гуфтанд, ки
Ањмадов Шањбоз  бо њамроњии командир Шарипов Исмоил пасу пеш мерафтанд. Њангоми ба лаби дарё  расидан Шањбоз  хостааст даст бишўяд, лекин пояш лаѓжида ба дарё рафтааст…
         Пас аз пурсишњои тўлонии кормандони маќомоти амниятї ва тафтишотии њамин ќисми њарбї, дар рўзи 3-ум маълум гардидл, ки командир И. Шарипов ба хобгоњи сарбозон даромада аз Њомид Аёмбеков хоњиш менамояд, ки биё ба шикор равем. Азбаски ў машѓули кадом як коре будаасту Шањбоз назди дар рост меистодааст ў ба Аёмбеков гуфтааст, ки ту дар хобгоњ мон ман бо камадир ба шикор меравам.
Ва Шањбозу Исмоил пасу пеш аз хобгоњ баромада ба сўи дарё равон шудаанд. Њангоме, ки онњо ба лаби дарё омаданд он љо боз се нафар шикорчї онњоро мунтазир буданд.
Аз рўи наќли майор Шарипов гўё аввал ў ба сўи мурѓобї тиркушодааст, вале  тираш хато хўрда ба нишон нарасидааст. Баъдан Шањбоз камонро гирифта тир мепаронад, тири ў низ гўё хато мехўрад. Пас яке аз   шикорчињо тиркушода мурѓобиро ярадор намудааст. мурѓобии захмбардошта  мувозинаташро гум карда ба дарё афтодааст. Ин њолатро дида Шањбоз шапка ва валенка (мўзањои намадиашро) кашида як сў мемонаду ба дарё барои гирифтани мурѓобї медарояд. Азбаски об ба гуфтаи командир ва шикорчиён он рўз каме зиёд буд Шањбозро ба комаш кашид.
Њаминтавр гўё пас аз чунин шикори бебарори командир ва шикорчиён писари ман дар дарёи Кофарнињон ѓарќ шудааст.
Ѓайр аз ин њамроњи шикорчиён як мошини Чипи сафед низ будааст, ки пас аз чуни сурат гирифтани њодиса, бо суръати баланд аз љойи њодиса ѓайб задааст.
Мо баъди ин шунидани ин тавзењот дар њайрат мондем, ки ба кї бовар кунем?
      Бо њамроњи хешу табор додаронам, аз њамон рўз инљониб расо 25 рўз аст, ки  дарёро мекобем, лекин то њол ягон нишоне наёфтаем.
          Ман тамоми харољотро худам кардам. Касе аз маќомоти дахлдор бароям кўмаке накардаанд. Магар њамин аст ѓамхории ин маќомот нисбати афсари сарсупурда дар роњи Ватану Миллат.
   Ман њамчун падар бо њамроњии модараш намедонем чикор кунем, аз як тараф ѓаму андўњ аз тарафи дигар кофтукови дарёи Кофарнињон.
   Ман, модараш, бародараш, аммањояш љамъ 12 (дувоздањ)  нафар дар кофтукови фарзандам мебошем, командирон  фаќат назорат карда истодаанду тамом.
   Охир фарзанди мо низ афсари калон, командир буду барои оромиву осоиштагии ин Ватан хизмат мекард. Пас бояд њукумат ва маќомоди дахлдор бояд сари ин масъала бояд чорањои фаврї меандешиданд. Вале афўс, ки инсон барои онњо ќадре надоштааст.
Ба тамоми маќомоти дахлдор, пракутатура, прокутатураи њарбї, Маљлиси миллї, Кумитаи авмнияти давлатї,Ќўшунњои њарбї ва  Президенти кишвар ду се маротибагї номаи дод  навистам, аммо касе аз онњо то ба њол бароям посухеро арзонї надоштаанд.
Пасон ба чунин хулосае омадам, ки дар ин љомеа танњо ва танњо матбуот додраси мардум асту он метавонад, ки арзи маро ба њама роасонад. Шояд пас аз фош шудани чунин кашолкориву муносибати сарди маќомоти дахлдор ба ќисмати инсон ва пинњон доштани рафти њодиса то ба њол, барои ањли хонаводаи мо ягон хабаре расад.
         Рафти њодиса басо муаммоангез аст, ки кас дар кушодани чигилињои он роњгум мезанад. Њар кас онро ба таври худ шарњ медињад. Шоњидон якта-якта аз гуфтањояшон даст мекашанд.  Дар ин мољаро њатман бояд командири отряд А.Мењриддинов ва командири застава И.Шарипов ва прапоршик  Њ. Аёмбеков мавриди боз пурсии љиддї ќарор бигиранд. Зеро мањз онњо медонанд, ки ба сари писари мо чї балое омад…
      Ањли идораи рўзномаи «Имрўз news» аз шумоён  эњтиромона хоњиш менамоем, ки  барои ёфтани фарзанди ман афсари калон Ањмадов Шањбоз Сатторович ёрдамї худро дареѓ надоред.
           Падари
       лейтенанти калон                                
 Ањмадов  Саттор