пятница, 9 марта 2012 г.

Ёде аз косидони бахор

                                                      Ба ифтихори 100 солаги матбуот
               
Пешаи рўзноманигориро сањл пиндоштан хатост.  Дар ин љода, тафакуур, љасорат, мањорат, худсўзї, аз хеш гузаштанњо, дарки воќеият, ояндаро дида тавонистан барин як ќатор масъулият дўшбори рўзноманигор аст. Рўзноманигори асли чун шамъ месўзад, то роњи дигаронро  рўшан намуда, ба онњо худшиносиву ватанпарстиро биомўзад. Хешро зери бори гарони фишору таъзиќ ќарор дода, (аз ибтиоди матботи тољик то ба имрўз чунин буд ва чунин њаст) бар алайњи бемаръифатї, беадолатињо, зўроварињо, ѓосибону душманони илму фан ва миллату сарзамин дар сангарњо ќарор мегирад.
Пайроњаи тайнамудаи матбуоти тољик њељ гоњ њамвора набуд. Аз худи ибтидо чї мушкилоте ба сари муассисон ва созмондињандагонї нахустрўзномаи тољикї «Бухорои шариф» борнагашта. Онњо бо њазорон зањмат ин машъалро фурўзон карданд. Дар он замое, ки амир тавоне дошт, ки њамагуна вараќа ва ё рўзномаеро ба куллї аз байн бубарад, рўшанзамироне, чун Мирзомуњиддини Мансур, Адулќодир Муњиддинов, Мирзољалол Юсуфзода, Мирзоњакими Сирољ, Мирзоњайдари Ќосими Мирбадал бо роњии ба даст овардани фоида   мудири матбааи Когон Левини яњудиро, розї намудад, ки дар натиља  нахустрўзномаи тољикии «Бухорои шариф» 11 марти соли 1912, рўзи якшанбе нашр шуд.  Ибтидо аз ин рўз фардони бедору худогоњ  њамеша дар такопўи он буданд, ки ба њар роњу васила аз гирудорњои рўзгор, њаводиси кишвар, вазъи иљтимоъиву иќтисодиву сиёсї, пешравї, дастовард ва нооромињои љомеаи љањонї ба мардум иттилоъ бирасонанд…Ин рўзнома баъди нашри 153 шумора 2 январи соли 1913 бо фармони гумоштаи рус Петров аз нашр боз дошта шуд. Ва ин амали номатлуб аљабо ки то ба имрўз роиљ аст. Чун бубинанд, ки њафтанома ва ё рўзномае фошофош бидуни рўю риё ба танќиди камбудњои љо доштаи љомеа ва ё сиёсати сарони кишвар даст зад бо њазору як макру њила ва тўњмату буњтон ўро намегузоранд, ки рўи чоп ояд. Фарќ танњо њамин аст, ки он замон ба дасти ѓайр ин корро мекарданд, кунун бо дасти худї…
Таќдири «Чароѓи рўз» ба њама маълум аст, ин нхустрўзномаи озоду мустаќил, ки як табадуллоте дар майдони матбуоти он рўз буд, бо сармуњарир ва муассисаш Додољони Атовулло аз гирудорњои нотавонбинон рў ба мусофират нињода, «Адолат» аз ин беадолатињои њокимони ваќт  дигар рўйи чоп наомад,  ганљњои «Њафтганљ» аз нотавониву тињимаѓзии «доварон»-и ваќту замон парешон шуданд ва ин рўзномаи хондани сукут варзид, балову иѓвоњои борида сари «Дунё»-ву «Растохез»-ро низ хўрданд.
Ва бо гузаште чанд хомўшии ба миён омада ва саддњои сунъиэљоди њокмони даврро бо садои пурѓулѓулааш «Нерўи сухан» шикаст. Нерумандии суханро нишон дод. Ин њафтанома собит намуд, ки њаќиќат њанўз њам пойбарљост. Ва дар ин миён «Рўзи нав » ба майдон омад. Њар дуи ин рўзномањо якдигарро пур мекарданд. Вазиру кабир дар тањлука афтод. Онњо аз аъмоли носолими худ дар њарос буданд. Аз ин рўайт љустанд барои мўњри хомўширо ба сарашон бор кардан. Ва бо њазору як макру њила, туњмату бўњтон ин њафтаномањои мардумписандро низ ба гирдоби балоњо печониданд. Лек шўъла хомўш нагардид. Садњои бардошта шуда имкон доданд, ки баъдан «Фараж», «Миллат», «Нигоњ», «Пайкон», «Озодагон» ва «Истиќлол»-у «Самак»  майдонро довари намоянд. Ва њазорон шукр, ки њар кадоми ин њафтаномањо дар дили муштариёни худ љой гирифтаанд. Аммо дасисањо кам нагаштанд, фитнањо афзуданд…
Аз њамон рўзи якшанбеи 11 марти соли 1912 то ба рўзи якшанбеи 11 марти 2012 роњи тайнамудаи матбуоти тољик 100 сола шуд. Дар ин сад сол чи ќадар талошу зањматњо буданд. Чи ќадар пастиву баландињо. Чи ќадар хуни дил хурдану худафрўзињо, фарању шодињо…Дар тўли як ќарн-100 соли пуршараф матбуоти тољик равандњои мухталиферо паси сар кард. Барои мардум ва пойдории миллате бо номи тољик хизамти арзандае кард.  Дар њар марњилаи таърихї ва ё дигаргунињои љомеа наќши матбуот ба њар васила таъсирноку назаррас аст. Зеро ин майдони набарди андеша ва тафакукур садњазорон нафарро ѓизои маънавию маърифат бахшида, онњоро аз торикии љањолат ва нодонї рањонида барои интихоби роњи дуруст њидоят намудааст.
Вале, дар рафти амалї намудани  орзуву омолњо садњо рўшанфикрони ќаламкаш дар ин роњ ба њазору як дард печиданд. Аз ноадолатии замона, аз тангназарии курдилони худпараст, аз љањолати њокимони давру замон. Ки гоњо дониставу надониста ба њолашон ашкрезон ханда карданд. Дардашонро нодида гирифтанд. Аз шунидани ифшои норасогиву камбудњо гўшашонро ба карї заданд.  Он њама шарифмардони ин роњи тўлонии пуршебу фароз, ки барои саодати мардум худафрўзињо карда, дар замири онњо њиссиёти инсон буданро бедор намудаанд, њар яки он бо орзуву омолњои амалї нагаштаи худ ин кишвари соњибистиќлолоро барои мо мерос гузоштанд.
            Инак , ин  бањори садмуни оромонњои ба хок бурдаи рўшанзамирони ин миллат аст. Ин садумин бањори пайконсозони матбуоти тољик аст бо исми «Бухорои шариф». Ин садуми бањори бедории миллист. Садумин бањори дастоварду фарањи  мардумист. Ин мужда аз он гузаштаи тираи зери чангњост. Ин мужда аз он зањматњои фаромўшгаштаи Мирзомуњиддини Мансур, Мирзосирољи Њаким, устод Садриддин Айнї, Бобољон Ѓафуров, Аблќосими Лоњутї, Љумъаи Одина, Буриносо Бердиева, Сармад, Ќуватбеки Давлат, Нафасбеки Рањмон, Муњиддин Олимпуру Отахон Латифї, Искандари Хатлонию Љуъаи Толиб аст... Ин садумин  бањор аз шикаст андар шикасти рањпаймоёни матбуоти тољик аст.
Муродулло Шерализода

Виктор Никулин

Махсум Олими

Зикруллохи Вали

Мухиддин Олимпур

Олимчони Абдул

Олими Ёрасен

Михайил Гавриэлов

Сайидмуроди Ёриён

Пайроњањо бо њазор азоб тай гаштаанд. Рањпаймоён кўфти роњ дидаанд. Афтоданд, бархестанд, бурд карданд, бохтанд ва боз комгор шуданд. Он њама хуни дил шуданд, то муњити солиме биофаранд. То ба маќсуди хеш бирасанд. Бо њамон хуни дил нигоштанд. То миллате бо номи тољик соњибфарњанг гардад.
20 соли истиќлолият.Сари ин ибора метавон соате чанд андеша ронд. Ва дар мардуми дидагон он солњои гузаштаи пуризтробро  ба гардиш овард. Бо њамон шўру валвалааш. То бубинем, ки дар раванди он гирудорњо ва ноил гардидан ба истиќлолияти комил сањми журналистикаи тољик дар кадом поя ќарор дошт. Ва нахуст дар навори хотиротамон њамон муњити бедории муадабонаи рўзномањои солњои 80-90-уми асри гузашта ба љилва меояд. Мисли «Љавонони Тољикистон», «Омўзгор», «Адабиёт ва санъат», «Љумњурият», «Садои мардум», «Тољикистон», «Чароѓи рўз», «Сухан», «Дунё», «Растохез», «Љоми љам» ва чанди дигарро, ки мардум ва њокимияти ваќтро барои ба даст овардани Соњибистиќлолии кишвар њидоят менамуданд. Оѓози ин њам худшиносињо аз сару садо баланд кардани матбуоти тољик барои ба даст овардани маќоми давлатии забони тољикї шурўъ мегардад. Агар ба њаќиќати таърих оќилона дидадўзї намоем, мисли оина маълумамон мегардад, ки  дар раванди худшиносии миллї сањми журналистони он рўз басо назаррас буд.
Магар њамон рўзноманигор набуд, ки кори як вазоратро сомон дод, магар њамин рўзноманигор набуд, ки сиёсати як кишварро бозгў буд, магар њамин рўзноманигор набуд, ки ќалбњои шикастаро малњам гашат, онњоро ба њам овард ва магар њамин рўзноманигор набуд, ки забон гуфт, миллат гуфт, фарњанг гуфт вале подоши ин њама худафрўзиву худсўзињояш љисмашро бо тир ѓалбер кардем, дањонашро дўхтем, забонашро аз комаш баркашидем. Дидем, ки дар ботлоќи љоњиливу кину адоват фурў рафтем  боз бо тўњматњоямон боридем сари бечора рўзноманигор. Ва нашармида гуфтемаш «Дар он њама даргирињои берабти ватанї ту гунањкорї!» Ва бо ин «љурми боргашта» то кунун бо нафрат ба сўяш менигарем.  Мањз њамин як назари бофтаю барќасдонаву кинаљўёнаи кадом як тангназареву тињимаѓзе мардумро ба шўр оварду синаи пурмењру муњаббати рўзноманигор њадафи тири  гардид.  Он чунон ки баъдан журналисткушї мўд шуд. Мўд шуд барои бехирадон.
Отахон Латифи

Ва ахиран бояд бигўям, ки Истиќлолият аз нўги ќалами рўзноманигор обхўрдаасту ба воя расидааст. Ва ин 20 солагии истиќлолият зањмати рўзноманигорони асил аст!  Шубња мекунед?! Пас ба худ оеду як сањифањои таърихро вараќ занед. Мебинед, ки сањми ин мардуми суханофару нуктасанљу ояндабин то куљоњост!
Ва мањз њамин худогоњиву хештаншиносияшон буд, ки баъдан журналитсон њадафи як иддаи тангназару кўрдил ќарор гирифтанд. Ва дар он даргирињои берабти соли 1992 нахуст синаи журналистро нишони тир ќарор доданд. Бале, рўзноманигорони поктинату рўшанзамиро. 5 майро, ки дар гузашта рўзи матбуоти собиќ Шураї буд ва  ањли матбуотчиёни кишвар ин рўзро љашн мегирифтанд, боз рўзи ќурбонии аввалин журналистикаи тољик гардид. Зеро дар ин рўз дар бинои Шўрои Олии Тољикистон, сармуњаррири рўзномаи «Садои мардум», депутати халќї Муродуллоњи Шерализода љоми шањодат чашид. Пасон он пасттинатон аз кирдори нагини  худ «лаззат» бардошта, даст ба куштани рўзноманигорни дигар заданд, чун Олими Заробек, 6 май дар нази Хонаи радио, Шарифљони  Амирљон, Эмеля Подобед, Филолшои Хилватшо, Хушвахти Муборакшо, Махсум Олимї, Муњиддин Олимпур, Шарифамоњи Кишвардухт, Таваккали Файзулло, Пиримќул Сатторї, Зикруллоњи Валї, Аюбљони Неъмат, Отахон Латифї, Њомидљони Њаким ва дањњо нафари дигар, ки миќдорашон аз 70 нафар зиёд аст, бо бањонањои мухталиф њадафи тири дайдуи дайдусифатон гардиданд.
Дар фасли бањор љашн гирифтани ин санаи таърихї бисёр рамзист. Зеро рўзноманигор њам муждарасон, аст. Чун омад-омади ќатори он турнањои бањорї. Ба ин хотир ба ќатори турнањои омада дида медўзам. Гумонам, ки онњо њамон ёрони ќаламкаши шањиди мананд, ки бо фарорасии бањор ба љашни 100 солагии матбуот сафкашида пасу пеш омадан доранд. Дар навори дидагонам  онњоро мебинам. Бо њамон латофату назоакти хосаашон. Бо њамон чењрањои беѓашу молили табассумашон. Бо њамон ѓуруру сари болояшон. Њама чењрањои ошноянд. Магар метавон ин ќосидони бањорро, ки њар кадом аз омадани ин арўси нозанини сол бо лањну шеваи худ васофияш мекарданд, аз ин мардумони дида берун кард. Ќосидоне чун Муродуллоњи Шерализода, Отахон Латифї, Муњиддин Олимпур, Шарифамоњи Кишвардухт, Сайидмуроди Ёриён, Олими Заробек, Махсум Олимї, Филолшои Хилватшо, Аюбљони Неъмат,Пиримќул Сатторї, Њомидљони Њаким, Нафасбеки Рањмон, Сергей Ситковский, Сайф Рањимов, Мавлони Раљаб, Маќсудљони Њусейн, Љумъахон Њотамї, Ќувватбеки Давлат ,Љумъаи Толиб … ва дидагонам бо дидани симояшон пуроб мегарданд. Ќалбам фишурда мешавад. Ва  мебинам, ки дуртар аз он турнањои кайњо дар шохањо фуруд омада, зоѓу заѓан низ дар љасту хезанд. Ва касе  сўяшон назаре равон намесозад. Мисле, ки онњо ин љо буданду њастанду мемонанд. Вале, њар дилошное, њар зебопарасте, њар дилогоње, њар фариштахўе ба он турнањо дида равон карда, сафи оростаи онњоро ба завќ тамошогараст.
Домани андешањоямро рањо мекунаму ба шохањои дарахтон дида равон месозам. Дарахтон муѓча бастаанд. Ва мебинам, ки турнањо кайњо бар њаво шудаанду љои онњо як села кабутарони сафедбол дар шохањо чодар задаанд…

Мухтор Боќизода, рўзноманигор



четверг, 8 марта 2012 г.

Чаро амири Бухоро муллобачаи каздониро накушт?


Сохибихтиёр 
Дорад садаф гуњар ба лабу дам  
                                               намезанад,
    Як байза мурѓ дораду фарёд мекунад…




  •         ТУФУЛИЯТ ВА ОЃОЗИ ШЎЊРАТ
Он субњ Мирфозил бо лањни кўдаконааш навња сар дода буду ањли дења ба ў  њамовоз гаштаву ашк мерехтанд. Ў дар ин айёми кўдакї аз падар људо гашт. Аз падари мањбубе, ки ўро бо ноз парвариш мекард. Аз он соябоне, ки дасти мењру навозиш ба сараш мегузошт.
Ў кунун дар синни њафтсолагї аз падар ятим монд. Ва хабари марги язнааш ба гўши Муломуњаммадзамон расиду ў барои таъзия аз Самарќанд роњ љониби Каздондењ гирифт.
Таѓояш Муломуњаммадзамон дар яке аз музофотњои Самарќанд имоматї ва мударрисї мекард. Тайи чанд рўзе, ки дар дења буд авзои тифлаки ятими хоњарро дида, дилаш тањ кашид. Ва ба хеш ќарор дод, ки ин ятимро бо худ ба Самарќанд бубарад. Зеро агар ин ятим дар дења бимонад, ки медонад ќисматаш ба чї меанљомад. Бо ќатъият ќарор дод, ки  хоњарзодаашро  аз дењаи Каздон ба Самарќанд барад.  Бо хешу аќрабо маслињарт ороста, бо дуои пирамардони рўзгордидаи диёр ба роњ баромаданд. Роњи морпечу пурчангу хок ва душворгузарро гоњ пиёдаву гоње савора паси сар карда ба Самарќанд мерасанд. Ба хонаи таѓо. Дењаи Сари тўда.
Муњаммадзамон баробари ба њавли ворид шудан ба хоњарзодааш рў оварду гуфт, ки : -Ту бояд барои худ љойе дар ин њавлї биёбї. Пасу пеши њавлиро аз назар гузарон њар љое бароят писанд бошад он љо шабро ба сањар мебарї. Аз ин хотир Мирфозили њафтсола, ки акунун кулфати ѓарибию фироќи танњоиву дарди ятимиро мечашид,  маљбур шуд, ки барои худ љойи хоб охури аспро дар сайисхонаи таѓояш интихоб намояд. Ў субњ барваќт мехесту тањорат мекарду намоз мегузошт. Таѓояш њар як кирдори ўро назорат мекард.  Ў медид, ки чигуна кўдаки дар кўњистон тарбиятдида бо он њама мушкилињои дар хона барояш рў ба рў омада нигоњ накарда, панљ ваќт намозашро тарк намекунад. Сару либосашро озода нигоњ медорад. Тани бетањорат ба коре даст намезанад. Бе бисмиллоњ даст ба кореву луќмае ба дањон намебарад. Хуллас таѓо њар як рафтору гуфтори хоњарзодашро хуб меомўхту ба он бо чашми дигар дида медўхт. Медид, ки чи гуна дар симои ин тифли кўчак кадом як нури илоњие шўълапошї дорад. Чун  аз намози хуфтан фориѓ мешуд,  ба бистари хобби худ, охури асп, ки бо пасмондаи коњ пур буд медаромаду бо дили пурармони кўдаки ва андешањои тифлонааш хоб дидагонашро дар он торикии вањмзо мебаст. Ва субњ бо садои муаззин бедор мешуду ба тањорату намоз мепардохт ва баъдан бо хўрдани ќуте аз паси сомони корњои рўйи њавлии таѓо миён мебаст.
Мирфозил дар њайрат буд, ки чаро таѓояш ба ў чунин рафтор мекунад? Чаро тамоми роњ бо ў ба лутфу мењрубонї сухан гуфту варо аз дењааш ба ин љо овард? Муносибаташ аслан ки бад нест, њар субњ аз ў њолу ањвол мепурсад, дасти навозиш ба сараш менињад, лек ўро барои шабгузарони ба хонааш намехонад? Ин чи сиррест?
Ба ин минвол тирагињои хотироташро дар он зулмати шаб  гоње такрў мекард, вале аќли кўдаконааш њанўз дар кушодани ин гирењ ољиз монда буд. Рафта-рафта ба њамааш одат кард. Болои сараш њамон саманди зебои таѓо чун посбон ўро аз њама гуна бадињо муњофиз буд. Асп њам ба ў одат карда буд…
Шабе таѓо дар хоб дид, ки дарахте дар тамузи тобистон болои сараш соя фикандаву ўро њаловате аз он мерасад. Ва дарахт шабењи дарахти себ буд. Ў даст дароз мекунаду мевае аз он барчида мехўрад, хуштаъм…
Чун субњ дамид таѓо ба зављааш фармуд,ки рафта он саѓираро биовар ва ўро  либоси тоза пўшон. Зеро ў чил рўз дар он охур хобида зикри Паровардигор намуд, ки дар натиља Њаљ ба номаш ќабул гардида. Пас аз ин таѓо бо хоњарзодааш бо як ихлос менигарист. Ў пас аз фориѓи гирудори рўзгор дар хилват ба Мирфозил аз њар боб таълим медод. Зењни хубу тамизи волои бача ўро хушоянд шуда буд. Бо як мењру муњаббат ба омўзонидани нозукињои аркони шариат ва тариќату маърифат ба хоњарзодааш камар баст. Ў медид, ки чи гуна хоњарзодааш он њама фармудањои ўро сариваќт ва бо дарки масъулият аз буд зиёдтар ба сомон мерасонад. Дар рафти таълим таѓо дарёфт, ки хоњарзодааш аз падар баъзе нозукињои исломро аз бар кардааст. Зеро њангоме, ки таѓо масоилеро барои ў матрањ мекард, аз ќиёфааш пай мебурд, ки ў кайњо аз ин чиз бохабар аст ва ё маълумоте дорад. Падару модари Мирфозил њар ду аз хонадони уламои диёр буданд. Аз хонаводаи орифони роњи њаќ.
Пурсишњои бомантиќона ва кунљковию зиракии хоњарзодааш таѓоро водор мекард, ки њар чї бештар ба ў сабаќ дињаду нозукињои шариату тариќатро бифањмонад.
Мирфозили хурдсол  аз дигар њамсинну солонаш ва шогирдони барљаставу таълимдидаи таѓояш дар мадрасаи Тиллокорї ба куллї фарќ дошт.  Ў дар хушзењнї, ќудрати њофиза ва зиракию њушмандї барои таѓояш як мўъљизаеро мемонд. Таѓо бо чунин хоњарзода фахр мекард. Вале инро ба касе зуњир наменамуд. Намехост, ки дигарон бармањал аз ин истеъдоди худодои Мирфозил огоњї ёбанд.  Ў њар шаб домани зораву тавалло мегирифту аз даргоњи Худованд барои ин саѓира даст ба дуо мебардошт, ки иќболаш ато бифармояду азобу кулфати ятимии чашидаашро аз љуброн намояд. Њанўз ќадам ба дувоздањ нанињода буд, ки рўзе дар дар мадрасаи Тиллокории Самарќанд байни сабаќандўзон имтињоне барои гирифтани дараљаи илмї ва маќоми хоса доир гардид. Њамаи 70 нафар муллобачањои хату саводдор натавонистанд, ки мулло Муломуњаммадзамонро болида доранд. Аз ин хотир домулло Муњаммадиброњим  ном шогирдашонро ба назди худ хонда ба ў фармуданд, ки «рафта саѓираи Фозилро гирифта ба ин љо биёр!»
Муњаммадиброњиму Мирфозил пасу пеш боадабона салом дода вориди синфхона гардиданд. Чанд тан домуллоњои сабаќдењ ва мулобачањо он љо нишаста буданд.
Њазрати домулло ба устодони мадраса ва шогирдон рў оварда гуфтанд, ки биёед акнун ин саѓираро низ бисанљем, ки чї чизро аз бар кардааст. Барои ин ман аз њамаи шумоён даъват менамоям, ки њар кас ба ќадри тавон ва донишаш ба ў сулое матрањ созад.
Нахустсуол аз љониби Ќори махдуми Ањмад чунин буд:
-Ду гуруснае, ки њаригз сер нашаванд. Кистанд онњо?
-Нахуст толиби илм аст, ки њељгоњ аз илм андўхтан сер нашавад, дигар гуруснаи мол. Бењуда нагуфтаанд, ки «Чашми танги дунёдорро ё ќаноат пур кунад ё хоки гўр…»
Пас он  ќорї Шарифљони Намангонї чунин суолеро ба миён гузошт:
-Дард кадом аст ва даво ё шифо чист?
-Дард гуноњ аст ва даво талаби омўрзиши гуноњ аз Худованд, аммо шифо он бошад, ки кас тавба кунад ва дигар ба он гуноњ бозпас нагардад.
Он љо будагон аз ин фазилати љавони њушманд дар аљаб буданд. Охир ў ба пурсишњои эшон бо назоакту фасоњат посух медињад. Ва ин дигаронро низ водор намуд, ки ба ин љавон суолњо бидињанд:
Ва саволњо борид болои Мирфозил:
-Дар кадом њолат њаќќи кофир ва мумин баробар аст?
-Ин гуфтаро се чиз шањодат аст:
1. Адо кардани амонати касе, ки эмин дорад туро дар адо кардани он, њоњ мусалмон бошад хоњ кофар.
2. Хушнуд сохтани падару модар, хоњ мусалмон бошад хоњ кофар.
3. Адо кардани паймон, хоњ мусалмон бошад хоњ кофар.
-Кадом хислатњое њастанд, ки шахс  метавонад талаби  љаннат накунад ва аз оташи дўзах натарсад?
-Шахсеро ки шаш хислат ба њам биёяд:
донист Худовандро ва итоат кард ўро ва надонгист шайтонро ва нофармонбардорї кард ўро, донист њаќро ва пайравї кард онро, донист ботилро парњез кард аз он, донист дунёро ва рўйгардон шуд аз он, донист охиратро ва талаб кард онро.
-Шарофати инсон дар чист?
-Дар илм ва ахлоќи накў.
-Хайро дар чи мебинед?
-Хайр он набошад, ки зиёд гардонї мол ва фарзандатро, балки хайр он бошад то афзун гардонї илматро ва бузург бидорї њилматро.
-Дунё ва охиратро чїгуна дарёбанд?
-Дунёро бо сарват ва охиратро бо аъмол.
-Кадом ибораест, ки аз дунё ванинтар бошад?
-Ло илоња илаллоњ,  агар дар палаи тарозу дунёро ва дар дигаре ин ибораро гузоранд, вазни ин ибора зиёдтар аст.
-Он чист, ки дар дунё макони харидорї надорад?
-Ин марг аст, зеро агар он макони харидорї медошт, ањли дунё саросар аз он рањої меёфт.
-Кадом омилњое њастанд, ки бе онњо илми олим пурра нагардад?
-Ин омилњо бар сеянд: дили парњезгор, забони хушбаён, ахлоќи писандида…
То он замоне, ки Муло Бурњониддин ибни Мањмуди Косонї, яке аз он шайхони босалоњият ва фаќењ, ки дар шуњрат байни устодони мадраса маќоми хосаеро дошт, даст боло накарду ба онљо будагон хитоб намуд, ки: -ай мардум, магар Шумо метавонед, ки бо Муломуњаммадзамон бањс ороед? Охир, ин мард тавонистааст, ки андўхтаашро дар колбади  ин љавони зирак ва тавоно бирезад. Бубинед чигуна бо фасоњат сухан мегўяд. Магар дарк накардед, ки њатто ба суолњоятон лањзае таваќќуф накарда, посух мегўяд? Ин љо талаб доштам, ки ба ин љавон њамаи устодон аз ин рўз эњтироемро ќоим гузоранд ва барояш њарон чї дархост кунад фароњам оваранд. Ва ин санљише, нишон дод, ки ў бо дониш ва фаросат аз дигар толибилмон ва он нафароне, ки имрўз дар назди мо сабаќ мегиранд, болотар аст. Аз ин ба баъд ин љавон Мулло Мирфозил аст…
Пас аз ин гуфтањои шайх суолњо хотима ёфтанд. Таѓову хоњарзода бо сари баланд ва дили мењрбор ба хона баргаштанд. Таѓо ба хоњарзодааш љома пўшониду ба ў аз рўи эњтироми падари саллаеро бо як тарзи хосае баста ба сараш гузошта:
- Кане, домулло пеш гузаред,-гуфт.
Мирфозил, аз ин лутфу мењрубони таѓояш шарм карда, дар зери обу араќ монда буд.Гузаштаро пеши хотир овард. Дар чашмонаш ашк њалќагардон шуд. Дилаш буѓс кард. Намедонист, ки ин аз ѓояти шодмонист ва ё аз он рўзгори сипарї шуда.  Гунањояш аз ѓояти шарм арѓувонї буданд. Натавонист ба рўи таѓояш нигараду ба ў арзи эъњтиром гузорад. Зеро тавассути ин марди фозил ў соњибэњтиром гардид. Таѓо ин њолати хоњарзодаашро пай бурда даст ба китфаш гузошт.
   -Ту ба ин њама сазовор шудаї. Бо мењнату кўшишњоят. Лек, маѓрур машав, кибрро аз худ дур намо…
                        ***
Рўзе дар синни чањордањсолагї аз назди њавзе мегузашт, ки зане аз он њавз об мегирифт. Ў ба он њавз наздик шуда рў ба он зан оварда гуфт,  «њамшира, аз оби ин њавз истифода накунед, ки он макрўњ аст!» Зан ин гуфтаи љавонро шунида ба хона баргашту он њамаро ба шавњараш баён дошт. Шавњари ў миршаб буд. Ин хабарро зуд ба волии Самарќанд расонид, ки як муллобачаи масчоњї оби њавзи моро макрўњ эълон доштааст. Волии Самарќанд дарњол ба унвони амири Бухоро нома ирсол медорад.
Дар он айём сулолаи хонаводаи Аштархонињо, ки  худро аз авлоди пайѓомбари ислом-њазрати  Муњаммад номида  тахаллуси ифтихории сайидиро ба худ  доштанд сари ќудрат буданд. Амири охирини сулолаи хонадони Аштархонї Абулфайзхон (1711-1747), буд ки ин хабари волї ўро барошуфта ва аз ин дар тааљуб зад ва фармуд:  «он муллобачаро оварда ба ќатл расонед.» Аз ањли дарбор касеро тавони он набуд, ки садди роњи амри дар ѓазаб уфтодаро бигирад. Навкарон пайи иљрои амр шуданд. Онњо ба Самарќанд омада, бо роњбаладии њамон миршаб хонаи Муломуњаммадзамонро   пайдо карда, Мирфозилро сиёсат намуда, дастњояшро ба пушт бастанд. Таѓо ин њолро дида сабаб пурсид, ба ў кўтоњакак гуфтанд, ки ин амри олампаноњ аст. Њарчанд таѓо фањмонид, ки ў љавонасту шояд аз гуноњаш гузаранд вале, чанд тан аз навкарон Мирфозилро пешпеш карда ба Бухоро оварданд.
Майдони назди Арки амири Бухоро он љо мардуми зиёде љамъ омада интизори амалишавии њукми амиранд.  Мирфозили љавонро аз дарвозаи арк ворид мекунанд. Издињом ба шўр меояд. Ба ќиёфаи љавон менигаранд. Ќўдакеро дармеёбанд. Аз дурии роњ ва ташнагї  лабонаш парсинг баста буданд. Ба зўр ќадам мебардошт. Аз чор тараф мардуми ба чењраи гандумгуну ќомати сарви Мирфозил нигариста афсўс мехўранд, ки љони љавонашро дар хатар гузоштааст. Ў бо њамон як ѓурури кўњистонияш ба мардуми љамъомада менигарад. Сари болои ў ба он љо будагон далел буд, ки ин љавон аз худ метавонад њифозат ба миён оварад.
Ѓайр аз Мирфозил боз дар он љо чор нафар  дењќони дигаре бо дасту пойи баста ва тани абгор истода интизори амри њоким буданд. Гуноњи дењќони якуми он буд, ки аз сабаби пайи њам ду сол омадани хушксолї ў молиёти ду таноб замини ба чоряккорї гирифтаашро дода натавонистааст. Ду нафари дигар, ки канортар меистоданд, ба дуздї муттањам шуда буданд: дуздии онњо он буд, ки бе иљозат дар сањро хасу хошок тайёр карда будаанд. Барои ин гуноњашон, яке ки њашт ва дигаре се сар гўсфанд дошт, гўсфандонашонро ба ихтиёри хазинаи амир гирифта, гунањкоронро ба марг њукм карда буданд. Шахси чоруме, ки гунањкор дониста мешуду ба ќатл њукм гардида буд, љурмаш он буд, ки гўё вай бо рўњи зиёнбахшу нопок алоќа дошта ва хушкии дусола аз ин сабаб ба амал омадааст. Аз ин рў, ба ин «гунањкорон»-и бегуноњ рањми кас меомад.  Барои ин бењуда гиребон нагиред, ки наход барои обњои шањри Самарќандро макрўњ гуфтанаш ин љавони кўњистониро ба марг њукм карда буданд. Дар он замони бедодгарињо як фатвои муллои мањалла ва ё миршабу ясавул ва он амлокдорони амир басанда буд, ки њамагуна ашхоси закитабъу хирадпешаро чун сараки гандмуи саркашида бидараванд…   
Њангоме ки ўро ба ќатлгоњ оварданд, амир он љо њузур дошт ва мехост бубинад, ки чи касе  љуръат карда оби њавзњои як шањри машњури аморати ўро макрўњ эълон доштааст. Амир сўйи Мирфозил теѓ кашида бо чашмони танги хунгирифтаи дарандамонандаш ба ў нигарист. Мирфозил аз ин нигоњи синашикоф сар ба зер афканд ва љисми нозуки бачагонааш ба ларза даромад. Чун аз њар тараф овозњо баланд, мешуданд ки шоњам ба њоли ин љавон рањм кунед… Њоло ў љавон аст. …Аз сад гул якеаш нашукуфта…
Мирфозилро ин садоњо ба худ овард. Ва ў тавоне ба худ пайдо карда, бољуръатона сар боло карда, ба амир рўй овард, ки -Олампаноњ, илоњо пояи давлататон бегазанд бод. Ба љанобашон Худованди мутаъол пирўзиву некандешї ва некномиро арзонї дорад. Ва баъдан банда мехостам, ки аввало арзи маро бишнавед…
Амир бо овози омиронаи худ барои он ки дигарон хуб бишнаванд, дасташро ба кунљи дањонаш бурда, бо як нописандии хосае ба кўњистониён хитоб кард:
- Бифармо, эй масчоњї! Чї мегўйї?!
Мирфозил даст пеши бар гирифту аз рўи таъомули он давр сари таъзим пешоварда дар он њоле, ки њама гўшу њуш ба ў менигаристанд, ки њоло ин масчоњї зону зада аз амир илтиљо мекунад, гуноњашро бибахшад, ѓайри чашмдошти њама ў афзуд:
- Амирам, ваќте ки маро ба Бухорои шариф, ба ин маркази илму маърифат ва ислому дин оварданд њангоми воридшавї дидам, ки дар сари роњ њавзе шабењи њавзњои Самарќанди нозанин мављуд аст, ки оби он њам макрўњ бувад…
Амир барошуфт ва бо ѓазаб омада:
-Чї гуфтї?! Оби њавз макрўњ?
-Бале, олампаноњам…
Ин ќатъияту далерии љавонро дида, нафаре, ки дар пањлўи амир меистод, яќинан ки бештар ба вазир шабоњат дошт ба гўши амир пичирос зада чизе гуфт.
Амир омирона сар љунбонида, гуфт:
-Эй масчоњї, ту барои ин гуфтаат далеле дорї, агар далеле оварда натавонї ва моро ба он ќонеъ нагардонї, дон ки… ў каме мад кашида,- аз сад љонат як љон ба саломат намебарї.
-Амирам! Шумо худ як ба он ањкоми шариат ва он чї дар бораи тамизиву покии об дар китобњо навиштаанду гуфтаанд назар афканед, ки бо сабабњои зайл оби њавзњоро пок гуфтаанд:
-аввалан масоњати њавзњо бояд 10х10м бошад;
-дуюм њар њавз бояд мављзанак ва ё мављгир дошта бошад;
-сеюм бояд сурохие барои љорї шудани об бошад, то гардиши покии он ба вуљуд биёяд;
-чорум об бояд моњу ситора бубинад;
-агар дар оби истода, яъне љорї нашаванда, ки масоњати он камтар аз дањ дар дањ гази шаръї аст, наљосате биафтад, он об наљис хоњад  шуд; хоњ таъм, ранг ва бўйи онро таѓир биёбад , хоњ таѓир наёбад;
-агар њайвоне мисли љасомати одамї, ё гўсфанд ва ё сагро дошта, дар чоњ бимирад барои покии он чоњ бояд дар сурати имкон тамоми оби он кашида шавад, вале агар имкони кашидани тамоми об вуљуд надошта бошад, оби чоњ ба он миќдор кашида мешавад, ки дар нуфуз ва ањли хибра, он миќдорро барои покии чоњ кофї бидонанд…
-Амирам, агар Шуморо бо ин чанд далели овардаам, ќонеъ намудам, хайр аст. Зеро аз ин далелњои оварда дар њавзњои Самарќанду Бухорои шариф нишоне ба назар намерасад. Банда низ бар мушоњидаи онам ва  боре надидам, ки мардум барои поксозии оби њавзњои худ кўшише карда бошанд… Ва мани нотавон ин њамаро барои он мегўям, ки то мардум миёни њалол ва њаром ва кароњият тафовутеро дида тавонанд. То бо ин њама покорињояшон ба давлати бегазанди амирам осебе нарасад. Зеро баќои давалту мулк аз њалоливу покизагї хезад. Амирам, њар он далеле, ки ин љо овардам дар доираи ањкоми шариати ислом аст, ки  Шумо хуб аз он огањї доред. Аз ин рў ба мардум нагуфтани ин ањком ва фарќ нагузоштан миёни њаром ва њалол  аз љониби уламои дин ба субут нарасонидани вазифаи эшон аст... 
Ин ширинбаёнї,бо назокату фасоњат ва бо далел њарф задании љавон амирро хуш омад, ки ў беихтиёр ба унвони Мирфозил каф кубид. Ва дар чунин њолат ба гўши њамон марде, ки дар пањлўяш рост меистод пичиросзанон чизе гуфт.
Ў даст пеши бар гирифта бо аломати ризо сар пеш афканду чанд ќадам пештар омада бо овози ширадори шунавояш ба мардум рўй овард:
-Мардум, њой мардуми шарифи дар ин љо љамъ омада! Бидонед ва огоњ бошед, ки амирам, олампаноњ Абдулфайзхон амр карданд, ки ин љавони њушманд, ки мо бо ў чанде пеш бо чашми тањќир менигаристем, бояд тањсили худро дар мадрасањои Бухоро идома дињад. Амри амирам бояд фавран иљро гардад.
Аз њартараф садоњо баланд гардиданд:
-Худо сарсаломату тансињаташ нигоњ дорад. Арзандааст. Месазад, ки чунин љавонони њушманд дар мадрасањои Бухоро тањсил бигиранд! Ў љавони њушманд будааст! Кўњистони бошад њам тарбиятдиаву бофаросат ба назар мерасад… Бояд чунин љавонони бањуш дар мадориси Бухоро хондаву  ба мардум нозукињои тариќату шариат ва аркони исломро бифањмонанд…
Ба ин васила Мулломирфозил барои тањсил аз Самарќанд ба Бухоро оварда шуд.
Мардуми дењ дар ин раванд наќл мекунанд, ки пас аз Бухоро ба дењи айёми кўдакияш- Каздон баргаштани Мулломирфозил ў ба овулљои Козешах барои тобистонгузаронї мебарояд. Чун мебинад, ки дар ин овулљо, ки то ба ин дам одамон барои мавсимгузаронї мебаромаданду тўлии 4-5 моњ он љо зист мекарданд, оби чашмааш дар камари сангест, ки он об моњу ситора намебинад, бори маркабњояшро наканда аз он овулљо ба овулољои Пушихо равона мешавад.
Мулломирфозили љавон дар омўзишї масоили динї чун фиќњ, фароиз, њадис, тафсир ва тавњид пешсаф буд.  Ў овози ширадор ва њусни хати басо зебое дошт. Пайваста машќи хат менамуд ва ин зањмату талошњояш боис ба он гардиданд, ки ў аксар ваќт дар дили шаб назди чароѓи равѓанї нишаста аз китобњои нодири замонаш нусхабардорї менамуд.  Дар озодагї ва парњезгорї низ намуна буд.
             

             ИМТИЊОНИ ДИГАР
Њамчунин мардуми обрави Зарафшон мегўянд, ки боре дар дењаи Похуд маросиме доир мегардаду байни мардуми соњибилми ин дења ва дигар дењањои Фалѓар бањсе ба миён меояд, ки Мулломирфозили каздонї њам олим ва њам дењќони асилест. Дар ин бањс низ баъзе дањанкалонњое ёфт гаштанд, ки ба  саводи илмї ва дењќонии ин марди худошинос шубња карда хостанд, ќи савод ва дењќонияшро имтињон карда бубинанд.
Ба ин хотир мењмонхонаи домулло Азизи похутиро ороста, Мулломирфозилро аз Каздондењ ба мењмонї даъват намуданд. Мардум пинњонї барои худ тасмим гирифтанд, сатњи дониш ва дењќонии ўро  бифањманд, то куљост. Аз ин рў бо уламо маслињат карда ба хулосае омаданд, ки агар Мулломирфозил ба мењмонхона даромада сароѓоз сураи алњамдро хонад ин нишон аз саводнокии ўст ва агар аз нонњои дар дастурхон гузошташуда нони љавро гирифта пора кунаду онро тановул кунад ин нишони дењќони асил будани ўст. Бо чунин ният дастурхон густурда дар дастурхон нони гандумї ва љав гузошта, нони љавро аз поён ва нони гандумиро аз боло монданд.
Мардуми дењаи Похуд, ки шарифмардони дастурхондор ва мењмоннавозанд, даст пеши баргирифта ба истиќболи мењмони олиќадр аз дари дарвоза то остонаи мењмонхона саф кашида буданд. Мулломирфозил савори саманди кабудчаранги бодпое ба дењаи Похуд омад. Дар даромади дења аз асп пиёда гашта дастору сару либосашро ба тартиб дароварда лаљоми самандашро ба даст гирифта ба сўйи хонаи домулло Азиз рањ паймуд. Мардуми рамузгиру кунљков кайњо паси дарахтон пинњон гашта, њар як ќадами Мулломирфозилро зери назорат доштанд. Онњо медиданд, ки домулло ба њар нафаре, ки рўёрўяш меояд бо эњтиромона салом дода, даст пеши бар мегирад.
Дар дења хабар пањн гашт, ки Мулломирфозил меояд.
Чанд тан аз мизбонон ба истиќболи мењмон шитофтанд. Ва диданд, ки ў аз асп пиёда гаштаву омирон ба сўи онњо ќадам мезанад. Ва ин рафтори мулло кайњо дар дидагони он љо будагон як назокату фазилати ин марди нексириштро таљассумгар гашт.
Мирзошарифи Рањим, ки як марди хушбаёну њушманде буд, мехост, ки аз домулло пешдастї намуда ба он кас салом дињад, вале надониста монд, ки чї гуна домуло ба ў «ассалому алайкум Мирзошариф»-гўё дудаста вохўрї намуд.
Мирзошариф зуд лаљоми аспро бо як чолокии хос аз дасти Мулломирфозил гирифта, бо таъзим ва лутф «хушомадед пирам»-гўён домуллоро ба даруни дарвоза хонд.
Домулло ба мардуми ду тарафи роњрав, ки даст пеши бар гирифта ба пешвози ў рост меистоданд, даст дода бо њар яке алоњида-алоњида салом кардаву ањвол пурсида ба дари мењмонхона расид. Он љо љавони зебое, ки андомаш ба муллобачањои таълимдидаи мадрасањои Самарќанду Бухоро шабоњат дошт, дар даст офтоба ва дастшўйе дошту дастпокўне ба дўшаш њамоил. Домулло дастонашро об гирифту  бисмиллоњир-рањмонир-рањим-гўён вориди мењмонхона гардид.
Мењмонхонаи ороста ва озода ўро хуш омад. Ў пас аз ворид шудани дигарон дар љояш нишасту сураи алњамдро хонда ба арвоњи гузаштагону ин манзил даст ба рў кашид. Чанд нафар ба њамдигар маънидорона нигаристанд. Мазмун чунин буд, ки дидед, ин мард соњибилм аст ва маърифати ѓанї дорад. Пас аз оне, ки мизбонон мењмонро хайрамаќдам карданд, хоњиш намуданд, ки домулло нон шикананд. Мулломирфозил бисмиллоњир-рањмонир-рањим гуфту  нонњои гандумро ба як сў гузошта нони љавро гирифта пора намуд.  Ин боз бори дигар як торсакии обдоре буд барои он нафароне, ки ба дењќонии ў шубња доштанд.
 Ў аз ин зиёфату аз ин пазирої огоњие надошт ва намедонист, ки чаро  мардум ба њар як њаракати ў бо тааљљуб дидадўзї мекунанд. Пас аз њафтае домулло ин њамаро фањмида, як табассуме карду халос…
(Порае аз китоби "Каздон")

САДДАРЕГО САЪДУЛЛО МУСО АЗ МО РАФТ...


Охирин шеъри Сонӣ
Thursday, 01 March 2012 10:25 administrator


Шунидани маргат бароям гарони кард Саъдуллои азиз! Муддате чанд бехуд будам.
Ба маргат боварам намеояд. Охир он чехраи моили хамешагии табассумат дар дидагонам
то бахол аксандоз аст. Чун ба Душанбе, макони айёми чавони меомди ба дидор мерасидем.
То ба хол чун дар кушода шавад гумонам,ки Саъдуллочон бо хамон табассуми бегашу пурмехраш вориди хучраи кориям гашта, "ассалом дусти азиз " гуфта огуш мекушоду ...
Ин хамаро менависаму ашк дар рухсораам чуйбор мекашад. Аз гами ту аз гами Абдукаххор,
Чумъаи Толибу Мавлони Рачаб. Синаам имруз моломоли дард аст.
Войи ман, доди ман, дарди ман...
Охир дар ин кухнарбот бо ки меонам.
Хама дар айёми камолот аз ман дури чустед! Ба кучо? Чаро?

Марги ту дустонатро синабирён кард. Ту дар назархо орому шухтабиат буди, вале калбат пур аз дард буд. Дарди носозгорихои чомеа, дарди фарзанди точик, дарди модари точик,
дарди мардикори точик! Ин дард туро кушт. Дар навиштахоят бо суз ин хамаро гуфтаи, аммо чун диди ки гуши шунавое нест, моро ба холи хеш гузошта аз мо дури чусти...
Худоё Худовандо, чои хамаи чавонмаргони хакталошу якруву поктинату
якруятро чаннат гардон. Омин!



Мухтор Бокизода, хамкурс ва дусти азизат!


“Ҳар касе чашандаи марг аст. Ва ҷуз ин нест, ки муздҳоятонро рӯзи растохез тамом бидиҳанд. Пас ҳар кӣ аз оташи дӯзах дур дошта ва ба биҳишт дароварда шавад, ба ростӣ растгор шудааст. Ва зиндагонии дунё чизе ҷуз колои фиреб нест.” (Оли Имрон: 185)

Охирин сӯҳбати мо бо шоири мухлис, адиби хушсалиқа ва мусалмони дилсӯзу шаҳрванди миҳандӯст, Саъдуллоҳи Мӯсо мутахаллис ба “Сонӣ”, танҳо як рӯз пеш буд; замоне ки ин фарҳехта охирин шеъри худро барои нашр пешкаш кард. Он ҳангом ба зеҳни аҳаде; на худаш, на мо ва на касе дигар, тасаввури ин ки то чанд соати дигар ин адиби хушзавқ дунёи фониро падруд ва ба дори бақо хоҳад шитофт, хутур намекард. Аммо, аз марг гурезе нест ва дер ё зуд ба суроғи ҳамаи мо хоҳад омад: “Ҳар куҷо бошед, марг шуморо дархоҳад ёфт...” (Нисо: 78).

Дақоиқе пеш, аз тариқи хабаргузории Tojnews буд, ки аз даргузашти ногаҳонии ин шоири хушсалиқа огоҳ шудем, ки бар асоси гузориши ин хабаргузорӣ, Сонӣ дар пайи сактаи қалбӣ дунёро падруд гуфтааст.

Ин хабар ҳамаи моро андӯҳгин сохт. Пойгоҳи Кимиёи саодат, зимни арзи таслияти даргузашти ин бародари мухлис, фурӯтан ва пойбанд, ба хонавода, дӯстдорон ва тамомии озодаҳои миҳани азизамон Тоҷикистон, охирин шеъри ин адиб ва фарҳехтаро пешкаши хонандагон ва мухлисони шеъри Сонӣ, ки як рӯз пеш ин ин торих барои нашр ирсол карда буд, менамояд.

Руҳаш шод ва ҷойгоҳаш биҳишт!

* * *

Зан озод асту аз ғам раст оё?

Сонӣ

(Таманно бар модари хеш дар арафаи Рузи Модар)

Аё дар зиндагонӣ шед, модар,

Маро дидори рӯят ид, модар.

Таманно дорамат дар явми модар,

Битобӣ бар сарам умре чу ахтар.

Бимонӣ дар ҳаётам оламафрӯз,

Ки бе субҳи рухат тор аст ин рӯз.

Абуямро, ало, дилдода, ҳамроз,

Бифармоям иҷоза, гӯямат роз.

Бигӯям аз зану дунёву сӯзаш,

Диҳам шарҳ аз чӣ шуд бетоб сӯзаш.

Ба вақти саҷда, гӯӣ, модари ҷон,

Саранҷоми маро, Раб, хайр гардон.

Талаб дорӣ, ки бошад ҷо-т ҷаннат,

Бибахшояд Худо савғо-т ҷаннат.

Ба монанди ту садҳо модарон ҳам,

Батақвомодарон, гулдухтарон ҳам,

Дуогӯ дар суроғи Ёр бошанд,

Зи афроди ибодаткор бошанд.

Мақоми шавҳару ҳам ҷой донанд,

Зи Қуръон дидгоҳу рой донанд.

Бидонанд ормони бози худро,

Ҳудуди шаръу пойандози худро.

Вале ҳайфи басо зан, духтари мо,

Фитода ҳуй кайҳо аз бари мо.

Шуда сардод[1] андар кӯча, бозор,

Зи дасти ғафлати мо ёбад озор.

Газофе: “мо занонро шод кардем,

Зи ғам бо “урра”-ҳо озод кардем”.

Душанбе кард ҷо дар “Корвон”-аш,

Зани “озод”-ро, мебуд фиғонаш.

Дар ин ҷо бингарӣ, дар растабозор,

Занону духтаронро ҳолате зор.

Басо мардон ба ҳақ номардӣ дорад,

Ба занҳо бемадорӣ, сардӣ дорад.

Фиканда бори худ бар гардани зан,

Занонро бишмарад дар қимат арзан.

Шиори мо, ки: дар ҳақ зан мусовист,

Ба мардон дар ҳама барзан, мусовист.

Накӯ бингар, баробар ҳаст оё,

Зан озод асту аз ғам раст оё?

Шиори мо, ки сар то по дурӯғ аст.

Ҳаёти мо аз ин рӯ бефурӯғ аст.

Махсус барои Кимиёи саодат



Сиёсатмадоре бо рохи ростин


10 –феврали соли 1946 зиндаёд Тоҳири Абдуҷаббор ба дунё омада буд



Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек шиор ва маънии зиндагии устод Тоҳири Абдуҷаббор буд

Дар бораи устоди шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, ки пешвои Ҷунбиши миллӣ озодихоҳӣ дар Тоҷикистон ва бунёнгузори созмони мардумии “Растохез” аст, бисёр мақолаву шеърҳо навишта шудаанд ва махсусан баъди даргузашти ин марди миллат чунон мақолаҳои зиёде дарҷ гардиданд, ки гумон аст, дар ин 30 - 40 соли ахир мардуми мо, ба вижа рӯшанфикрон, бидуни дастури мақомот шахсиятеро мисли ӯ чунин гиромӣ дошта, аз марги нобаҳангоми вай ҷигархун шуда бошанд. Ин, албатта, бесабаб нест. Зеро устод Тоҳири Абдуҷаббор аз байни тӯдаҳои мардум бархоста, андешаҳои худшиносии миллӣ, озодихоҳӣ, меҳанпарастии воқеъӣ (на парастиши кишвари шӯравӣ, ки ағлаби

мардум дар он солҳо кӯр - кӯрона онро Ватани хеш мехонданд) ва мубориза баҳри расидан ба ин андешаҳои волоро, ки ҳар сари чанд вақт ба танҳоӣ садо медод, бо бунёди созмони “Растохез” ба андешаи ҳамагон ва идеологияи миллӣ табдил дод ва бо ҳамин роҳи хеш-- роҳи Тоҳирро, ки фарҷомаш озодиву истиқлол ва раҳоӣ аз империяи шӯравӣ ва бунёди Тоҷикистони озоду мустақил аст, ба вуҷуд овард.



Вале он маҳбубияте, ки устод дар он солҳои оғози 90 садаи гузашта ба даст овард, танҳо ба ин андешаҳо бастагӣ дошт ва дар ҳолати тафовут пайдо кардани гуфтаву кардаҳояш ва яке набудани забону дилаш магар ба чунин арҷ мерасид? Агар устод Тоҳир низ чун даҳҳо ва садҳо шахсиятҳои замони шӯравӣ ва пасошӯравии тоҷик ба фармудаи Хоҷа Ҳофиз:

Воизон чун ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд ,

Чун ба хилват мераванд вон кори дигар мекунанд,

рафтор мекарданд ва дар паси шиору суханҳои баланди миллӣ ё мазҳабӣ ҳадафҳои ночизи шахсии хешро пиёда мекарданд, магар пас аз даргузашташ касе аз он тоифа ёд мекард? Агар ӯ низ чун баъзе сиёсатмадорон ва мансабдорон ё ба ном муборизони тоҷик аз пайи ба даст овардани ҷоҳу мансаб мешуд ва баъди расидан ба ин ҳадафи аз нигоҳи ахлоқӣ ва миллӣ ночиз дар талоши бунёди коху бӯстонсароҳои бузургу шоҳона ва дар бонкҳои хориҷӣ пинҳон кардани маблағҳои бо роҳҳои машкук ба дастомада мешуд, магар ӯ Тоҳири Абдуҷаббори ба дилу дидаи мардуми бедори тоҷик наздик боқӣ мемонд? Зеро ӯ хуб медонист ва дар сӯҳбатҳо бо дӯстон ва, аз ҷумла, бо банда низ борҳо таъкид карда буд: “Ин бешарафист, ки мардум бенавову нодор ва дарбадар гарданду ту бо карру фар зиндагӣ намоӣ ва дар банди шикам, ҳавову ҳавас ва ҳирси ҳайвонӣ ва дар талоши сарват андӯхтану коху кӯшкҳо сохтан бошӣ...” Ӯ чунин инсонҳоро, камтар аз ҳайвон медонист, зеро ба андешаи ӯ бисёр ҳайвонот дар талоши шиками худ асту ба дигарон зиён намерасонад, вале чунин инсонҳои худхоҳу танпарвар ва бандаи нафс ҳама хостаҳои хешро аз ҳисоби дигарон амалӣ мекунанд ва дар ин роҳ зиёни беҳисобе ба мардум мерасонанд. Устод бошад, на дар ғами худ, балки ҳамеша дар андешаи осудагиву оромиши мардум буд ва инро ҳамагон аз рӯзҳои нахусти ба ба саҳнаи сиёсат ворид шудани ӯ эҳсос карда буданд.

Ба бовари банда, ки бо устод солиёни зиёд ифтихори ҳамнабардӣ доштаму лаҳзаҳои бисёре бахти ҳамсӯҳбатӣ бо эшон насибам гардида буд, чунин менамояд, ки як омили дигари ба шахсияти дӯстдоштанӣ табдил ёфтани устод ин ахлоқи ҳамида ва ё кирдори накӯи эшон буд.

Ҳадя ба падар ва ё сарвати бебаҳои Устод

На ҳама пайравон ва ихлосмандони устод Тоҳири Абдуҷаббор медонанд, ки ӯ дар даврони шӯравӣ 8 сол дар ҷумҳурии Афғонистон хидмат кардааст ва дар он ҷо низ дар байни афғонистониёну мутахассисони шӯравӣ обрӯи хосеро касб карда буд. Ӯ дар ин муддат аз тарҷумони одӣ то ба сартарҷумонии сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар охир устодии Донишгоҳи улуми иҷтимоии Афғонистон расид. Ӯ метавонист дар ин муддат чун бисёр мутахассисони шӯравӣ бо роҳҳои равову нораво маблағи ҳангуфте ба даст оварад ва ба истилоҳ “сагноваашро аз тилло созад”. Вале ӯ дар он ҷо ҳам ба омӯзиши ҷиддӣ машғул буд ва ҳадафҳои вай дур аз чунин андешаҳо буд. Бисёриҳо он ҳангом баробари ба Афғонистон рафтан дар назди хеш як мақсад мегузоштанд ва ин тавре ҳатто як корманди рӯзномаи ҳизбии Тоҷикистон вақти пурсидани мақсади сафар ба Афғонистон чунин гуфта буд: “Ман ҳам мехоҳам чун дигарон аз он ҷо мошин биёрам”. Вале ӯ танҳо баъди се соли хидмат мошин овард, вале на ба худ... Ӯ мошини нави ГАЗ 24 ро ба деҳа овард ва ба бародарзодааш дод, то бо он дар хидмати падари пираш бошад.

Аз ин рафтори писар сари бобои Абдуҷаббор гӯё ба осмон расид ва чунин эҳсос кард, ки писараш ба вай дунёро бахшидааст. Ба худ бошад вай танҳо пас аз адои хидмат мошин гирифт. Ӯ дар Афғонистон дастмуздашро бештар сарфи харидани китоб мекард. Дар солҳои 70 ва 80- и садаи гузашта дар шаҳри Кобул бисёр китобҳои нодир ва пурарзишеро, ки дар худи кишвар ва бештар дар Эрон нашр гардида буд, пайдо кардан мумкин буд. Устод шоҳасарҳои адабиёти классикиамон мисли “Шоҳнома”- и Ҳаким Фирдавсӣ, Девони Ҳофиз, “Маснавии маънавӣ” ва Девони Кабири Мавлонои Балх, куллиёти Шайх Саъдӣ, рубоиёти Умари Хайём , осори Аллома Иқбол ва даҳҳо асари ҷовидониамонро харидорӣ карда, ба Тоҷикистон овард. Он солҳои баъди бозгашт аз Афғонистон вақте мо ба хонаи устод ба меҳмонӣ мерафтем, аз китобхонаи пур аз ганҷинаи бебаҳои ӯ ангушти ҳайрат мегазидем ва ҳавас мекардем, ки мо низ чунин китобхона дошта бошем. Вале устод мисли баъзе “ китобдӯстон” танҳо ба ҷамъ кардани китобҳо машғул намешуд, балки пайваста онҳоро мехонд ва ба мо дӯстонаш низ тавсия мекард, ки аз ин ганҷи шойгон баҳравар шавем. Вақте бо ӯ сӯҳбат мекардӣ, зуд дармеёфтӣ , ки ӯ чӣ андоза дониши бепоён дорад -- чӣ дар бахши иқтисод, ки ӯ донишманди ин ришта буд ва чӣ дар таърих, адабиёт, забон, фалсафа, мантиқ, ҷомиашиносӣ ва ғайра. Чунин дониши бепоён натиҷаи омӯзиши пайвастаи вай буд. Ин муҳаббати устодро ба китоб ва донишомӯзӣ ҳамсаф ва дӯсташ ,адиби маъруф шодравон Имомназари Холназар дар китобҳои “Аз хандая мемурӣ” ва “Аҷаб замонаҳое” хеле дилчаспу шавқовар ва басо табиӣ ба қалам кашидааст, ки дигар ниёзе ба фузудан ба он навиштаҳо нест.

Сиёсатмадоре бо роҳи ростин



Бисёриҳо бар ин назаранд, ки сиёсат кори мардони озода нест, зеро сиёсатмадор гоҳе дар муомилот барои дастёбӣ ба суди хеш дурӯғ ҳам мегӯяд. Шояд аз ин хотир устод ҳамеша таъкид мекард, ки ӯ сиёсатмадор нест ва танҳо як корманди илм аст. Вале воқеият ин аст, ки вай солҳои 90 дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ба яке аз шахсиятҳои калидӣ табдил ёфта буд ва ӯ сиёсатмадоре гардид, ки маҳз бо ростиву ҳақиқатбаёнӣ ва покиву некандешӣ дар ҷомиа мавқеъ пайдо карда буд. Аммо дар он солҳо бисёриҳо мекӯшиданд, ки бо дурӯғпароканиҳо ба мақсадҳои хеш бирасанд. Чунин дурӯғгӯиҳо махсусан дар маъракаи интихоботӣ, чӣ интихоботи парлумонӣ ва чӣ раёсати ҷумҳур ба авҷи аълои худ мерасид. Номзадҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ, яъне соҳиб шудани курсии порлумонӣ ва ё раёсати ҷумҳурӣ чунон дурӯғҳое мебофанд, ки ангушти ҳайрат мегазед.Онҳо ба гузинандагон (интихобкунандагон) ваъдаи бунёди ҳар гуна иншоотҳоро дода домани мардумро бо чормағзи пуч пур мекарданд. Мардуми содда ва аз нигоҳи сиёсӣ вомондаи мо ҳам ба ин суханон бовар карда, ба он номзад рой медоданд. Боре дар ноҳияи Ашт номзаде дар маъракаи интихоботӣ ваъда дода буд, ки бемористон месозад ва барои бовари мардумро ҳосил кардан як бинои нисбатан кӯҳнасохтро хароб карда, ба сохтмони бемористони нав оғоз кард. Вале баъди анҷоми маъракаи интихоботӣ ва гирифтани корти намояндагӣ дигар он сохтмонро фаромӯш кард ва мардум аз бинои коршоями худ ҳам маҳрум гардиданд. Вале устод рафтори чунин “калӯшдепутатҳо”- ро маҳкум мекард, зеро аз чунин депутатҳо ба мардум зиёни бештар мерасид. Устод бошад баръакс ҳангоми соли 1990 дар ҳавзаи интихоботии рақами 124 -и ноҳияи Ашт номзад ба намояндаи мардумӣ шуданаш, дар нахустин мулоқот бо мардум гуфта буд:

-- Ман ба Шумо ҳеч ваъда намедиҳам, ки роҳу пул ва ё мактабу бемористон месозам. Ин кори намояндаи мардумӣ нест ва ин масъулият бар дӯши кормандони сохторҳои иҷроия аст. Намояндаи мардум дар парлумон қонун таҳия мекунад, то он қонунҳо дархури хостаҳои мардум бошад ва одамон тибқи он фаъолият намоянд.Ба истилоҳ намояндаи мардум рӯди бузурге месозад ва аз ин рӯди бузург ҳар шахс мувофиқи дониш ва тавон ба худ об мегирад...Агар ман депутат шавам, мекӯшам, ки дар ин роҳ кори судбахшеро анҷом диҳам.

Ин буд ваъдаи устод ба гузинандагон ва ӯ ба ваъдаи хеш чун ҳамешагӣ вафо кард ва таи се соли фаъолият дар парлумон бо ҳамон пиндору гуфтору кирдори нек ва бо талоши бемислаш дар роҳи адолату ҳақиқат ва барои қабули даҳҳо қонуни барои мардум ва ҷомиа судманд саҳм гирифт ва ба депутати рақами 1 парлумон табдил ёфт ва баъди он интихобот дигар намояндаи мардумие назири устод Тоҳири Абдуҷаббор бо микрофони рақами 6 пайдо нашуд ва аз сӯи дигар барои зуҳури чунин депутат дигар шароит низ созгор нашуд, ки дар ин бора ва паҳлӯҳои дигари корномаи ин аллома, ки набудани ӯ ба ҷомиа мо баръало эҳсос мегардад, дар мавриди дигар сӯҳбат хоҳем кард.


Аз Тоҷикам: Дар бораи устоди зиндаёд Тоҳири Абдуҷаббор ашхоси гуногун маколаҳои зиёд навиштаанд ва назарҳое баён кардаанд ва мо чун мушт намунаи хирвор суханони яке аз шогирдони вафодори Устод, рӯзноманигори номвари тоҷик Дориюши Раҷабиёнро пешкаши Шумо карда тасмим дорем, ки ҳама гуфтаҳои дигаронро дар бораи ин шахсияти нодири миллатамон минбаъд гирдоварӣ ва пешкаши хонандагон кунем.


Дориюши Раҷабиён: Устод Тоҳири Абдуҷаббор раиси ҷумхури қалбҳои миллати озодихоҳ

"Танҳо касе, ки дар он давру замон мафҳуми "истиқлол"-ро бажарфӣ дарк карда буд ва барои иқтисоди як кишвари мустақил ва дастгоҳи сиёсии он барномае дақиқу мушаххас дошт, Тоҳири Абдулҷаббор буд. Вагарна истиқлоли Тоҷикистон муфту безаҳмат ба даст омадааст ва ин оқоёне, ки имрӯз санги истиқлолро ба сина мекӯбанд, дирӯз санги нафратро бар сари Устод Тоҳири зиндаёд мекӯбиданд.



Дар остонаи солрӯзи истиқлол, ё дар воқеъ, орзуи истиқлоли сарзаминам, ба ёди устоди азизам Тоҳир ашк мерезам. Ашки шӯру талхи зиндагии бузургмардеро, ки агар дар сарзамине фарҳехта по ба ҳастӣ мегузошт, агар дар давроне ба дунё меомад, ки мафҳуми "фарҳанг" даҳ ман тафсир дошт, агар бо касоне ҳамзамон мешуд, ки байни "миллат" ва "зиллат" хатте мушаххас кашида буданд, ҳатман дар садри кор қарор мегирифт. Раҳбари хирадманде буд, ба тамоми маъно, ки иштибоҳан дар буҳбуҳаи бехирадиҳои рӯзгор қад алам кард, фусурд ва рафт. Аммо дар рӯзи истиқлол бар равони ин бузургмард дуъо мекунам ва аз ӯ дубора мехоҳам: "Устод, чаро шумо раисиҷумҳур намешавед?"