четверг, 16 декабря 2010 г.

Табибони чини дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 12 то 16 декабр ҳайати Донишгоҳи тиббии Синтсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади шинос шудан бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба Душанбе омаданд.

Дар доираи сафар онҳо бо ректор, ноибон, мудирони кафедраҳои ДДТТ ва вазири тандурустии ҶТ мулоқот намуда, ҳамчунин аз беморхонаҳои клиникии шаҳрӣ, ёрии таъҷилӣ, маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, Донишкадаи баъдидипломии тайёр намудани кадрҳои тиббии Тоҷикистон дидан намуданд.

«Миёни Донишгоҳи тиббии Синтсзян ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи тадқиқоти илмӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандон, гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва табодули донишҷӯён, ҳамчунин табодули таҷрибаи корӣ ва тайёр намудани кадрҳои педагогӣ-илмӣ миёни донишгоҳҳо шартнома ба тасвиб расид», зикр намуд сардори шӯъбаи таҳлил, тафтиш ва робита бо ҷамъияти ДДТТ Шодмон Аҳмадов.

Ғайр аз ин барои меҳмонони чинӣ барномаи калони фарҳангӣ ташкил шуд. Онҳо осорхонаи бостоншиносии ҷумҳуриявӣ, қалъаи Ҳисор ва шаҳри Душанберо тамошо намуданд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий