воскресенье, 3 октября 2010 г.

Равзана

МЎРЇ АЗ МУРЇ ФАРЌ ДОРАД?!

ё чигуна мўњтарам Саймуддинов
бе шўъла шула мепазед?!


Илму фарњанг ва маърифату маданияти имрўзи миллати тољикро хусумату кину бадбиниву ниќорталабї ва мањалгароиву ќавмпарастї ба коми худ даркашидан дорад. Яке забони мањаллашро, дигар гўйиши хонаводагияшро севуми калимау иборањои аљнабиро ба фарњангистони миллати тамаддунпарвару мутамаддини тољик бо њар васила бор карда забони нобу шакарини тољикиро махлут карда истодаанд. Олимону академикони бешумори мо љойи он ки як навигарї, як кашфиёт ва ё як ихтироъоте намоянд, даст заданд ба сиёњкунии якдигар. Яке бобояшро  Валию дигару падарашро уламою удабо ва сеюми авлоди пайѓомбар  ба ќалам дода, сари беин њам  дардманди мардумро боз дардмадтар карданд.  Аз ин гуна олимону академикони хасакиву хому хатала дигар чи љои гила? Охир ин зиёиён танњо «ў» ва «ї» задаро мекобанду мавќеи онро дар баён мељўянд. Ё оид ба мавќеи вергулу нуќта вергул дар љумла ва ё оид ба мавќеи  болт дар муњаррик рисолаи номзадї дифоъ мекунанд. Ин аст дастоварди олимони арљманди мо.
Ин хатои нобахшидание, ки имрўзњо миёни «донишмандони мо» домон густурдан дорад, моро ба мањфшавї оварда мерасонад. Кашмакашњои бењудаи иддае аз олимони мо ба он маќсаде равона гаштаистодаст, ки риштаи андешаи рўшанфикронро ба тарафи худ кашида, маѓзњои онњоро бо њар гуна бањсњои номатлуб банд созанд. Он нафароне, ки маърифату тамаддуни дањњазорсолаи мо тољиконро нодида мегиранду ѓулѓулањои бебунёде доир менамоянд яќинан душмани ин маърифату маданияти кўњан мебошанд. Наузамбиллоњ чун ба њар маърифатисони кишвар менигарам нолоиќе, аљнабие, кўрдиле, бехабареро аз он тамаддун мебинам, ки сарварии ин ё он муассисаи фарњангиро ба даст дораду аз мавќеи ишѓолкардаш истифода карда, даст ба њаргуна дасисањо мезананд. То миёни ин ќавм бо чунин роњ рахнагињо ворид созанд.  Он каждумоне, ки зери бўрё пинњон шудаанд, њамакнун ба нешзадан оѓоз намудаанд. То аќлњоро зањрогин намоянд.
            Намедонам ба донишманде чун Додихудо Саймиддинов чи шуда, ки якбора даст ба  бардоштани «ў» аз забони тољикї шудааст. Магар ин кашфиёт аст? Оё ин хизмати шоёнест, ки бањри фарњангу маърифати хеш мекунем?  Магар ба ин васила донишманди гиромии мо боз «донишмандии хешро» исбот карданї мешавад?  Бањ, бањ чї кашфиёти бузурге? Акнун Саймуддинов бе шўъла шула мепазад!  Ва ё мўлкро мулк мекунад?!
Наход, дар ин калимањо тафовуте набошад?
Бўр-бур,
бўз -буз,
гўл-гул,гўм-гум ,гўр-гур,
 ѓўла- ѓула, ѓўр-ѓур,
 дўз-дуз,дўѓ-дуѓ, дўл-дул,дўн-дун,
кўл-кул, кўш-куш, кўрра-курра, кўб-куб,ќўр-ќур,
мўр-мур, мўлк-мулк,
сўд-суд, сўр-сур, сўм-сум,
тўр-тур, тўс-тус,тўш –туш,
шўр-шур ва њоказо.
Шояд чунин бањсњои бебунёд замоне байни уламои гузаштаи мо матрањ буда, ки мутафаккир ва шоири санљидасухан Имлои Бухорої дар љое бо истињола мегўяд:
Хат ѓалат, маъно ѓалат, имло ѓалат…
Бо чунин бањсњои пучу бемаънї чунин ба назар мерасад, ки зиндагии мо ба тамом гаплалогия шудааст. Яъне мисле, ки кашфиёту ихтироъоту пешрафту тараќиёту истењсоламон танњо гап бошад, дигар њељ. Тўли њазорсолањо бузургони мо дастовардњои назаррас доштанд. Вале, мо думболи он дастовардњо нагаштем. Роњи осон љўстем. Гапбофї ба гапи гуфта шуда. Маънї: тафсирњо навиштем ба як калимае, ки њељ аст дањњо љилд китоб. Дањсолањо бањс кардем, ки себ чї маънї дорад. Бидуне, ки себ дар асл себ аст. Ва бе њељ шарњу тафсире њар нафаре ки тафаккур дорад, ба осонї дармеёбад, ки он шабењ ба чист?  Он ќадар шаф-шаф гуфтем, ки аз шафтолу олуяш монд. Ман хељ фањмидан намтавонам, ки ин ќадар суханпардозињои аз њад зиёди дилбазан, ба дарди кї мехўрда бошанд? Рўдакиву Фирдавсиву Носири Хусраву, Саъдию Њофиз сухани худро гуфтанд, Мавлавию Аттору Мансуру Љомї њарфи худро гуфтанд, пас чаро мо сухану њарфи худро надошта бошем?  Чи зарурате мемонад ба он ки мо 570 сол бањс ороем сарион ки :
Кишти нишастагонем ё киштишикастагонем…?
Мардуми дигар кишварњои дунё дар саёрањои дигар орзўи зиндагї карданро доранду ба саёрањои нав ба нав парвозњо доир менамоянд, техникањои нави замонавиву дастовардњои азимеро соњибанд, мо бошем бо чоруќи бобоию чароѓи он ва юѓу омоч дилбастаем…
Ин албатара пеш аз њама вазифаи олимону рушанфикрони љомеаи мост.То мардумро бо дастовардњои илмиву техникиву маърифатияшон рўњбананду дилгарм созанд. Ифтихори љомеаро бавуљуд оваранд. Аммо љои он ки донишманде чун Д.Саймуддинов њамчун раиси Кумитаи истилоњот бањри беолоишии забони адабї кўшише ба харљ дињад, даст мезанад ба љузъиёт, ки он ба љуз шикаст дигар чизе ба бор нахоњад овард. Имрўз ки бо истифодаи лањљагуфторї пардохтаему забонро олудаи њамагуна носозгорињо намудааем,  чаро барои поксозии он аз њаргуна ѓашњояш кўшише наменамоем? Тайи ќариб дањ сол боз байни рўзноманигорон ва маќомоти судї бањсњое доир мешаванд, ки оид ба та 114;ќир ва тўњмат нигаронида шудаанд. Пас чаро  мўњтарам Д,Саймуддинов як гурўњи корие иборат аз 7 нафар коршиносу забондону њуќуќдонро гирд намеовард, ки онњо номгўи калимау иборањои дорои хусусияти тањќирдоштаро фароњам оваранд, ки як сармашќи кори барои доираи васеъи мардум гардад. Воќеан ин як хизмати басо назарраси эшон њамчун расиси Кумитаи истилоњот мебуд. Аммо фикр мекунам, ки ин љињати масъала то њанўз аз мадди назари эшон дур аст. Ва ё чаро то имрўз њамчун раиси кумита он њатулкории мураттибони фарњанги тозанашри забони тољикиро мавриди омўзиш ва накўњиш ќарор надода?!
Як гўшшуниди дигаре њаст, ки иддае мехоњанд, ки њам радиф бо њарфи ў сари њарфи «ъ»-ро низ бихўранд.
Агар ќудрате дореду алифбои забони тољикиро метавонед, ки аз 32 њарф ба 12 ё 8 њарф пойин оваред Худованд мададгоратон бод. Вагарна, айни њол  бо бардоштани њарфи «ъ» аз алифбои тољикї чи суде ба мардум мерасад.
Тасавур кунед, ки Д.Саймуддинов ба нафаре, ки шеъреро барои аз назаргузаронї ба ў медињад баъди хондан тариќи нома ва ё сомонаи интернетї ба соњиби шеър посух менависад (бо њамон тарзи ихтсор намудаи њарфи Ъ»:
«Бубахшед, ин шери шумо манї надорад…» . Аз ин посух муаллиф чї мефањмад?
Ё биёед як ба тарзи талафўзи ин калимаву иборњо дидадўзї кунем:
Аъзо-азо,
Баъд-бад, ваъда-вада,вазъ-ваз,даъво-даво, даъвї-давї,
Маънї-манї, маън-ман,Наъра-нара, навъ-нав,
Раъд-рад, рафъ-раф,
Саъдї-садї, саръї-сарї,
Таъна-тана, таъриф-тариф,
Шўъла-шула, шеър-шер, шаръї-шарї, шўъба-шуба.
Ин рўйхатро метавон ба дрозо кашид, вале гумон мекунам, ки барои хонандаи закї њамин миќдор басандааст, ки моњиятеро фањм кунад.
Ин љо намехоњам, ки ба иззати нафси донишманд мўњтарам Додихудо Саймиддинов бирасам, танњо њаминро гуфтаниям, ки андўхтаи худро паси ин хараљу мараљњо  сарф накарда, балки думболаи тањаввулоти арзандае дар пояи илму фарњанг  масраф бикунанд. То љомеа аз он сўде бардошт намояд.

Дигар ќазоват њар хонандаву бањсоророст!
Бо дарназардошти волоияти тамаддун фарњанги тољик

Сайидмухтори Сайидбурњони Боќизода

Комментариев нет:

Отправить комментарий