четверг, 23 сентября 2010 г.

“Нерӯи сухан” муҷаддадан сабти ном шуд


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳафтаномаи “Нерӯи сухан”-ро, ки нашри он дар соли 2005 ба далоили мухталиф мутаваққиф шуда буд, дубора сабти ном кардааст.

Ба гуфтаи масъулони ин нашрия, онҳо қасд доранд дар авоили моҳи сентябр чопи муҷададди ин нашрияро оғоз кунанд.

«Нерӯи сухан» дар гузашта бо чопи матолиби интиқодӣ аз маҳбубияти хонандагон бархурдор буд ва ба гуфтаи соҳибназарон ин амр аз сабабҳои аслии таъвиқи нашри ин ҳафтанома шуда буд.

Мухтор Боқизода, мудири ҷопхонаи "Кайҳон" ва сардабири ин нашрия ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳоло машғули таҳияи шумораи нахустин ва муҷаддади “Нерӯи сухан” аст ва ҳамзамон бояд масоили молии марбут ба нашри дубораи ин нашрияро низ ҳал кунад.

Вай гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд шумораи аввали “Нерӯи сухан” дар авоили моҳи сентябр мунташир хоҳад шуд.

"Нерӯи сухан" дар авохири даҳаи 1980 аз сӯйи Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон мунташир мешуд. Баъд аз таваққуфи чандсола нашрия дар авоили даҳаи 1990 рӯи нашрро дид.

Дар соли 2005 ниҳодҳои молиётии Тоҷикистон фаъолияти чопхонаи "Кайҳон" ва чопи ҳафтаномаи “Нерӯи сухан”-ро мутаваққиф карданд. Иддаъо шуда буд, ки интишороти “Нерӯи сухан” ба таври ғайриқонунӣ аз барқ истифода кардааст.

Ин қазия ба додгоҳ кашида шуд ва додгоҳи ноҳияи Фирдасви шаҳри Душанбе Мухтор Боқизодаро барои ду соли кори иҷборӣ ва тавқиф кардани 20 дарсади ҳуқуқи моҳонааш маҳкум кард.

Ба гуфтаи Мухтор Боқизода, зимни расидагии дубора ба ин қазия дар соли 2006, додгоҳи истинофӣ ҳукми қаблии додгоҳро тағйир дод ва ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд.

Оқои Боқизода мегӯяд соли 2007 чопхонаи "Кайҳон" дубора фаъол шуд, вале барои чопи “Нерӯи сухан” маблағе кофӣ пайдо нашуд ва дертар зарурати сабти номи муҷаддади ин ҳафтанома ба миён омад.

То соли 2005 “Нерӯи сухан” дар канори “Рӯзи нав” ва “Одаму олам” аз нашрияҳое маҳсуб мешуд, ки пайваста аз сиёсати давлати Тоҷикистон шадидан интиқод мекард.

Он замон чопи “Одаму олам” ва “Рӯзи нав” низ ба далоили мухталиф муттавақиф шуда буд. Зимнан, сардабир ва муассиси “Рӯзи нав” Раҷаби Мирзо буд, ки ҳоло ба симати сардабири нашрияи тозатаъсиси мустақили “Имрӯз news” интисоб шудааст.

Оқои Мирзо дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки чопи ин нашрия дар моҳи ҷорӣ оғоз хоҳад шуда ва ин нахустин рӯзнома дар Тоҷикистон хоҳад буд. Зеро, то ҳол дар ин кишвар нашрияҳо ба унвони ҳафтанома ва як нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” ҳафтае се маротиба мунташир мешаванд.

Раҷаби Мирзо изҳор дошт, ки “Имрӯз news” як тарҳи тиҷоратист ва барои роҳандозии чопи ин рӯзнома эътибор дарёфт кардааст.

Ҳарчанд, оқои Мирзо мегӯяд, ки ин нашрия ба родиюи “Имрӯз” рабте надорад, вале бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки чопи нахустин рӯзнома дар Тоҷикистон пас аз замони тулонии адами вуҷуди рӯзномаи ҳамарӯза бо кӯмаки молии яке аз бонкҳои муътабари ин кишвар роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта бархе аз ҳафтаномаҳои Тоҷикистон, назири “Озодагон”, “Боргоҳи сухан”, “Пайкон” ва “Фараж” бо мушкили чопи шумораҳои ҷадиди худ рӯбарӯ шуданд.

Ҳарчанд, дар ниҳоят шумораи ҷадиди ин ҳафтаномаҳо мунташир шуд, вале бархе аз соҳибназарон аз кӯшиши мақомот барои фишор бар ин нашрияҳо изҳори назар карданд.

Ба гуфтаи онҳо, ин амр ба далели шиддат гирифтани интиқодҳо аз сиёсати ҳукумат ва Президент Раҳмон дар моҳҳои ахир дар расонаҳо сурат мегирад, ки дар бархе маворид, зарурати истеъфои ӯро низ матраҳ кардаанд.

(bbctajik.com)

Комментариев нет:

Отправить комментарий