четверг, 23 сентября 2010 г.

Мухтор Боқизода: «Ба додгоҳ кашидани се нашрияи мустақил худхоҳист»

Мухтор Боқизода

Баррасии қазияи ба додгоҳ кашидани се нашрия то ҳол идома дорад. Ёдовар мешавем, ки 2-юми феврали соли равон дар додгоҳи ноҳияи Сино баррасии қазияи додгоҳии аризаи даъвогии ду судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди шаҳри Душанбе аз болои маводи нашрнамудаи рӯзномаҳои «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» нисбат ба изҳороти адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев баррасӣ гардида буд. Дар маҷлиси пеш аз судӣ тарафҳо ба натиҷае нарасида, барои тайёрӣ ва ҷамъ намудани ҳуҷҷату пешниҳодҳои лозима қазияи судии мазкур то 23-юми феврал мавқуф гузошта шуд. 

Зикр кардан ба маврид аст, ки Суди Олии кишвар ва Суди шаҳри Душанбе нашрияҳои мустақили «Фараж», «Озодагон» ва «Азия-плюс»-ро ба ҷурми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашидаанд ва барои ҷуброни маънавӣ аз онҳо 5,5 млн. сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб намудаанд. Аммо бархе аз коршиносон даъвои судяҳоро беасос меҳисобанд. Мухтор Боқизода, раиси Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон мегӯяд:

- Он қазияе, ки имрӯз сари ҳафтаномаҳои «Фараж», «Азия-плюс» ва «Озодагон» омадааст, каме характери худхоҳӣ дорад. Ин ба он хотир, аст, ки дар расонаҳои мустақил аз номи адвокат Солеҳҷон Ҷураев нашр гардидааст, ягон нуқтаи назари ғайриқонунӣ дида намешавад. Чунки дар он ҷо такя ба манбаи расмии иттилоот, яъне ки нашрияҳо изҳоротро барои манфиати умумиҷумҳуриявӣ ва умумимиллӣ рӯйи чоп овардаанд ва хостанд, бо ин амалашон ҷомеаи Тоҷикистонро ҳушдор диҳанд, ки имрӯз чӣ гуна мақомоти судии мо гирифтори фасоданд.

Албатта, ҳар як шахс мувофиқи қонунгузории кишвар ҳуқуқ дорад, ки хешро ҳамаҷиҳата ҳимоя намояд, вале вақте як даъворо пеш меорем, бояд барои он виҷдони пок, диди солим ва андешаи онро дошта бошем, ки оё мо ба ин рафторамон ба раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ садгузорӣ намекунем? 

Ин ҳам дар ҳолест, ки вақте даъвои судяҳои Суди Олиро аз назар мегузаронем, дар он ҷо судяҳо ё қонунгузории кишварро намедонанд, ё дидаву дониста қонунҳои мавҷударо зери шубҳа қарор медиҳанд. Ман такя мекунам ба он талаб ё даъвои онҳо, ки нашри ҳафтаномаҳо манъ карда шавад. Ҳол он ки аз ҷониби суд ё мақомоти судӣ ягон баҳои расмӣ ба фаъолияти касбии ин рӯзномаҳо дода нашудааст ва ин даъвои судяҳо бар хилофи Кодекси мурофиавии ҶТ, моддаи 162 мебошад, ки дар он ҷо монеъ шудан ба фаъолияти касбии рӯзноманигорон аст.

Ҳамчунин бояд бигӯям, ки судяҳо барои дифои худашон дар ҷавобияи Нур Нуров дар саҳифаҳои нашрияҳо ба табъ расидааст, мегӯяд, ман тӯҳматро ба хотири он кардам, ки аз адвокат Ҷӯраев раҳоӣ ҷӯям.
Бубахшед вақте ки суд дидаву дониста мақомоти олии худро ба фасодиву порагирӣ муттаҳам мекунанд, пас чӣ гуна аз ин судя як нигоҳи солим, як рафтори солимро интизор шудан нисбат ба ВАО мумкин аст?
(tojnews.tj)

Комментариев нет:

Отправить комментарий