четверг, 8 марта 2012 г.

Чаро амири Бухоро муллобачаи каздониро накушт?


Сохибихтиёр 
Дорад садаф гуњар ба лабу дам  
                                               намезанад,
    Як байза мурѓ дораду фарёд мекунад…




  •         ТУФУЛИЯТ ВА ОЃОЗИ ШЎЊРАТ
Он субњ Мирфозил бо лањни кўдаконааш навња сар дода буду ањли дења ба ў  њамовоз гаштаву ашк мерехтанд. Ў дар ин айёми кўдакї аз падар људо гашт. Аз падари мањбубе, ки ўро бо ноз парвариш мекард. Аз он соябоне, ки дасти мењру навозиш ба сараш мегузошт.
Ў кунун дар синни њафтсолагї аз падар ятим монд. Ва хабари марги язнааш ба гўши Муломуњаммадзамон расиду ў барои таъзия аз Самарќанд роњ љониби Каздондењ гирифт.
Таѓояш Муломуњаммадзамон дар яке аз музофотњои Самарќанд имоматї ва мударрисї мекард. Тайи чанд рўзе, ки дар дења буд авзои тифлаки ятими хоњарро дида, дилаш тањ кашид. Ва ба хеш ќарор дод, ки ин ятимро бо худ ба Самарќанд бубарад. Зеро агар ин ятим дар дења бимонад, ки медонад ќисматаш ба чї меанљомад. Бо ќатъият ќарор дод, ки  хоњарзодаашро  аз дењаи Каздон ба Самарќанд барад.  Бо хешу аќрабо маслињарт ороста, бо дуои пирамардони рўзгордидаи диёр ба роњ баромаданд. Роњи морпечу пурчангу хок ва душворгузарро гоњ пиёдаву гоње савора паси сар карда ба Самарќанд мерасанд. Ба хонаи таѓо. Дењаи Сари тўда.
Муњаммадзамон баробари ба њавли ворид шудан ба хоњарзодааш рў оварду гуфт, ки : -Ту бояд барои худ љойе дар ин њавлї биёбї. Пасу пеши њавлиро аз назар гузарон њар љое бароят писанд бошад он љо шабро ба сањар мебарї. Аз ин хотир Мирфозили њафтсола, ки акунун кулфати ѓарибию фироќи танњоиву дарди ятимиро мечашид,  маљбур шуд, ки барои худ љойи хоб охури аспро дар сайисхонаи таѓояш интихоб намояд. Ў субњ барваќт мехесту тањорат мекарду намоз мегузошт. Таѓояш њар як кирдори ўро назорат мекард.  Ў медид, ки чигуна кўдаки дар кўњистон тарбиятдида бо он њама мушкилињои дар хона барояш рў ба рў омада нигоњ накарда, панљ ваќт намозашро тарк намекунад. Сару либосашро озода нигоњ медорад. Тани бетањорат ба коре даст намезанад. Бе бисмиллоњ даст ба кореву луќмае ба дањон намебарад. Хуллас таѓо њар як рафтору гуфтори хоњарзодашро хуб меомўхту ба он бо чашми дигар дида медўхт. Медид, ки чи гуна дар симои ин тифли кўчак кадом як нури илоњие шўълапошї дорад. Чун  аз намози хуфтан фориѓ мешуд,  ба бистари хобби худ, охури асп, ки бо пасмондаи коњ пур буд медаромаду бо дили пурармони кўдаки ва андешањои тифлонааш хоб дидагонашро дар он торикии вањмзо мебаст. Ва субњ бо садои муаззин бедор мешуду ба тањорату намоз мепардохт ва баъдан бо хўрдани ќуте аз паси сомони корњои рўйи њавлии таѓо миён мебаст.
Мирфозил дар њайрат буд, ки чаро таѓояш ба ў чунин рафтор мекунад? Чаро тамоми роњ бо ў ба лутфу мењрубонї сухан гуфту варо аз дењааш ба ин љо овард? Муносибаташ аслан ки бад нест, њар субњ аз ў њолу ањвол мепурсад, дасти навозиш ба сараш менињад, лек ўро барои шабгузарони ба хонааш намехонад? Ин чи сиррест?
Ба ин минвол тирагињои хотироташро дар он зулмати шаб  гоње такрў мекард, вале аќли кўдаконааш њанўз дар кушодани ин гирењ ољиз монда буд. Рафта-рафта ба њамааш одат кард. Болои сараш њамон саманди зебои таѓо чун посбон ўро аз њама гуна бадињо муњофиз буд. Асп њам ба ў одат карда буд…
Шабе таѓо дар хоб дид, ки дарахте дар тамузи тобистон болои сараш соя фикандаву ўро њаловате аз он мерасад. Ва дарахт шабењи дарахти себ буд. Ў даст дароз мекунаду мевае аз он барчида мехўрад, хуштаъм…
Чун субњ дамид таѓо ба зављааш фармуд,ки рафта он саѓираро биовар ва ўро  либоси тоза пўшон. Зеро ў чил рўз дар он охур хобида зикри Паровардигор намуд, ки дар натиља Њаљ ба номаш ќабул гардида. Пас аз ин таѓо бо хоњарзодааш бо як ихлос менигарист. Ў пас аз фориѓи гирудори рўзгор дар хилват ба Мирфозил аз њар боб таълим медод. Зењни хубу тамизи волои бача ўро хушоянд шуда буд. Бо як мењру муњаббат ба омўзонидани нозукињои аркони шариат ва тариќату маърифат ба хоњарзодааш камар баст. Ў медид, ки чи гуна хоњарзодааш он њама фармудањои ўро сариваќт ва бо дарки масъулият аз буд зиёдтар ба сомон мерасонад. Дар рафти таълим таѓо дарёфт, ки хоњарзодааш аз падар баъзе нозукињои исломро аз бар кардааст. Зеро њангоме, ки таѓо масоилеро барои ў матрањ мекард, аз ќиёфааш пай мебурд, ки ў кайњо аз ин чиз бохабар аст ва ё маълумоте дорад. Падару модари Мирфозил њар ду аз хонадони уламои диёр буданд. Аз хонаводаи орифони роњи њаќ.
Пурсишњои бомантиќона ва кунљковию зиракии хоњарзодааш таѓоро водор мекард, ки њар чї бештар ба ў сабаќ дињаду нозукињои шариату тариќатро бифањмонад.
Мирфозили хурдсол  аз дигар њамсинну солонаш ва шогирдони барљаставу таълимдидаи таѓояш дар мадрасаи Тиллокорї ба куллї фарќ дошт.  Ў дар хушзењнї, ќудрати њофиза ва зиракию њушмандї барои таѓояш як мўъљизаеро мемонд. Таѓо бо чунин хоњарзода фахр мекард. Вале инро ба касе зуњир наменамуд. Намехост, ки дигарон бармањал аз ин истеъдоди худодои Мирфозил огоњї ёбанд.  Ў њар шаб домани зораву тавалло мегирифту аз даргоњи Худованд барои ин саѓира даст ба дуо мебардошт, ки иќболаш ато бифармояду азобу кулфати ятимии чашидаашро аз љуброн намояд. Њанўз ќадам ба дувоздањ нанињода буд, ки рўзе дар дар мадрасаи Тиллокории Самарќанд байни сабаќандўзон имтињоне барои гирифтани дараљаи илмї ва маќоми хоса доир гардид. Њамаи 70 нафар муллобачањои хату саводдор натавонистанд, ки мулло Муломуњаммадзамонро болида доранд. Аз ин хотир домулло Муњаммадиброњим  ном шогирдашонро ба назди худ хонда ба ў фармуданд, ки «рафта саѓираи Фозилро гирифта ба ин љо биёр!»
Муњаммадиброњиму Мирфозил пасу пеш боадабона салом дода вориди синфхона гардиданд. Чанд тан домуллоњои сабаќдењ ва мулобачањо он љо нишаста буданд.
Њазрати домулло ба устодони мадраса ва шогирдон рў оварда гуфтанд, ки биёед акнун ин саѓираро низ бисанљем, ки чї чизро аз бар кардааст. Барои ин ман аз њамаи шумоён даъват менамоям, ки њар кас ба ќадри тавон ва донишаш ба ў сулое матрањ созад.
Нахустсуол аз љониби Ќори махдуми Ањмад чунин буд:
-Ду гуруснае, ки њаригз сер нашаванд. Кистанд онњо?
-Нахуст толиби илм аст, ки њељгоњ аз илм андўхтан сер нашавад, дигар гуруснаи мол. Бењуда нагуфтаанд, ки «Чашми танги дунёдорро ё ќаноат пур кунад ё хоки гўр…»
Пас он  ќорї Шарифљони Намангонї чунин суолеро ба миён гузошт:
-Дард кадом аст ва даво ё шифо чист?
-Дард гуноњ аст ва даво талаби омўрзиши гуноњ аз Худованд, аммо шифо он бошад, ки кас тавба кунад ва дигар ба он гуноњ бозпас нагардад.
Он љо будагон аз ин фазилати љавони њушманд дар аљаб буданд. Охир ў ба пурсишњои эшон бо назоакту фасоњат посух медињад. Ва ин дигаронро низ водор намуд, ки ба ин љавон суолњо бидињанд:
Ва саволњо борид болои Мирфозил:
-Дар кадом њолат њаќќи кофир ва мумин баробар аст?
-Ин гуфтаро се чиз шањодат аст:
1. Адо кардани амонати касе, ки эмин дорад туро дар адо кардани он, њоњ мусалмон бошад хоњ кофар.
2. Хушнуд сохтани падару модар, хоњ мусалмон бошад хоњ кофар.
3. Адо кардани паймон, хоњ мусалмон бошад хоњ кофар.
-Кадом хислатњое њастанд, ки шахс  метавонад талаби  љаннат накунад ва аз оташи дўзах натарсад?
-Шахсеро ки шаш хислат ба њам биёяд:
донист Худовандро ва итоат кард ўро ва надонгист шайтонро ва нофармонбардорї кард ўро, донист њаќро ва пайравї кард онро, донист ботилро парњез кард аз он, донист дунёро ва рўйгардон шуд аз он, донист охиратро ва талаб кард онро.
-Шарофати инсон дар чист?
-Дар илм ва ахлоќи накў.
-Хайро дар чи мебинед?
-Хайр он набошад, ки зиёд гардонї мол ва фарзандатро, балки хайр он бошад то афзун гардонї илматро ва бузург бидорї њилматро.
-Дунё ва охиратро чїгуна дарёбанд?
-Дунёро бо сарват ва охиратро бо аъмол.
-Кадом ибораест, ки аз дунё ванинтар бошад?
-Ло илоња илаллоњ,  агар дар палаи тарозу дунёро ва дар дигаре ин ибораро гузоранд, вазни ин ибора зиёдтар аст.
-Он чист, ки дар дунё макони харидорї надорад?
-Ин марг аст, зеро агар он макони харидорї медошт, ањли дунё саросар аз он рањої меёфт.
-Кадом омилњое њастанд, ки бе онњо илми олим пурра нагардад?
-Ин омилњо бар сеянд: дили парњезгор, забони хушбаён, ахлоќи писандида…
То он замоне, ки Муло Бурњониддин ибни Мањмуди Косонї, яке аз он шайхони босалоњият ва фаќењ, ки дар шуњрат байни устодони мадраса маќоми хосаеро дошт, даст боло накарду ба онљо будагон хитоб намуд, ки: -ай мардум, магар Шумо метавонед, ки бо Муломуњаммадзамон бањс ороед? Охир, ин мард тавонистааст, ки андўхтаашро дар колбади  ин љавони зирак ва тавоно бирезад. Бубинед чигуна бо фасоњат сухан мегўяд. Магар дарк накардед, ки њатто ба суолњоятон лањзае таваќќуф накарда, посух мегўяд? Ин љо талаб доштам, ки ба ин љавон њамаи устодон аз ин рўз эњтироемро ќоим гузоранд ва барояш њарон чї дархост кунад фароњам оваранд. Ва ин санљише, нишон дод, ки ў бо дониш ва фаросат аз дигар толибилмон ва он нафароне, ки имрўз дар назди мо сабаќ мегиранд, болотар аст. Аз ин ба баъд ин љавон Мулло Мирфозил аст…
Пас аз ин гуфтањои шайх суолњо хотима ёфтанд. Таѓову хоњарзода бо сари баланд ва дили мењрбор ба хона баргаштанд. Таѓо ба хоњарзодааш љома пўшониду ба ў аз рўи эњтироми падари саллаеро бо як тарзи хосае баста ба сараш гузошта:
- Кане, домулло пеш гузаред,-гуфт.
Мирфозил, аз ин лутфу мењрубони таѓояш шарм карда, дар зери обу араќ монда буд.Гузаштаро пеши хотир овард. Дар чашмонаш ашк њалќагардон шуд. Дилаш буѓс кард. Намедонист, ки ин аз ѓояти шодмонист ва ё аз он рўзгори сипарї шуда.  Гунањояш аз ѓояти шарм арѓувонї буданд. Натавонист ба рўи таѓояш нигараду ба ў арзи эъњтиром гузорад. Зеро тавассути ин марди фозил ў соњибэњтиром гардид. Таѓо ин њолати хоњарзодаашро пай бурда даст ба китфаш гузошт.
   -Ту ба ин њама сазовор шудаї. Бо мењнату кўшишњоят. Лек, маѓрур машав, кибрро аз худ дур намо…
                        ***
Рўзе дар синни чањордањсолагї аз назди њавзе мегузашт, ки зане аз он њавз об мегирифт. Ў ба он њавз наздик шуда рў ба он зан оварда гуфт,  «њамшира, аз оби ин њавз истифода накунед, ки он макрўњ аст!» Зан ин гуфтаи љавонро шунида ба хона баргашту он њамаро ба шавњараш баён дошт. Шавњари ў миршаб буд. Ин хабарро зуд ба волии Самарќанд расонид, ки як муллобачаи масчоњї оби њавзи моро макрўњ эълон доштааст. Волии Самарќанд дарњол ба унвони амири Бухоро нома ирсол медорад.
Дар он айём сулолаи хонаводаи Аштархонињо, ки  худро аз авлоди пайѓомбари ислом-њазрати  Муњаммад номида  тахаллуси ифтихории сайидиро ба худ  доштанд сари ќудрат буданд. Амири охирини сулолаи хонадони Аштархонї Абулфайзхон (1711-1747), буд ки ин хабари волї ўро барошуфта ва аз ин дар тааљуб зад ва фармуд:  «он муллобачаро оварда ба ќатл расонед.» Аз ањли дарбор касеро тавони он набуд, ки садди роњи амри дар ѓазаб уфтодаро бигирад. Навкарон пайи иљрои амр шуданд. Онњо ба Самарќанд омада, бо роњбаладии њамон миршаб хонаи Муломуњаммадзамонро   пайдо карда, Мирфозилро сиёсат намуда, дастњояшро ба пушт бастанд. Таѓо ин њолро дида сабаб пурсид, ба ў кўтоњакак гуфтанд, ки ин амри олампаноњ аст. Њарчанд таѓо фањмонид, ки ў љавонасту шояд аз гуноњаш гузаранд вале, чанд тан аз навкарон Мирфозилро пешпеш карда ба Бухоро оварданд.
Майдони назди Арки амири Бухоро он љо мардуми зиёде љамъ омада интизори амалишавии њукми амиранд.  Мирфозили љавонро аз дарвозаи арк ворид мекунанд. Издињом ба шўр меояд. Ба ќиёфаи љавон менигаранд. Ќўдакеро дармеёбанд. Аз дурии роњ ва ташнагї  лабонаш парсинг баста буданд. Ба зўр ќадам мебардошт. Аз чор тараф мардуми ба чењраи гандумгуну ќомати сарви Мирфозил нигариста афсўс мехўранд, ки љони љавонашро дар хатар гузоштааст. Ў бо њамон як ѓурури кўњистонияш ба мардуми љамъомада менигарад. Сари болои ў ба он љо будагон далел буд, ки ин љавон аз худ метавонад њифозат ба миён оварад.
Ѓайр аз Мирфозил боз дар он љо чор нафар  дењќони дигаре бо дасту пойи баста ва тани абгор истода интизори амри њоким буданд. Гуноњи дењќони якуми он буд, ки аз сабаби пайи њам ду сол омадани хушксолї ў молиёти ду таноб замини ба чоряккорї гирифтаашро дода натавонистааст. Ду нафари дигар, ки канортар меистоданд, ба дуздї муттањам шуда буданд: дуздии онњо он буд, ки бе иљозат дар сањро хасу хошок тайёр карда будаанд. Барои ин гуноњашон, яке ки њашт ва дигаре се сар гўсфанд дошт, гўсфандонашонро ба ихтиёри хазинаи амир гирифта, гунањкоронро ба марг њукм карда буданд. Шахси чоруме, ки гунањкор дониста мешуду ба ќатл њукм гардида буд, љурмаш он буд, ки гўё вай бо рўњи зиёнбахшу нопок алоќа дошта ва хушкии дусола аз ин сабаб ба амал омадааст. Аз ин рў, ба ин «гунањкорон»-и бегуноњ рањми кас меомад.  Барои ин бењуда гиребон нагиред, ки наход барои обњои шањри Самарќандро макрўњ гуфтанаш ин љавони кўњистониро ба марг њукм карда буданд. Дар он замони бедодгарињо як фатвои муллои мањалла ва ё миршабу ясавул ва он амлокдорони амир басанда буд, ки њамагуна ашхоси закитабъу хирадпешаро чун сараки гандмуи саркашида бидараванд…   
Њангоме ки ўро ба ќатлгоњ оварданд, амир он љо њузур дошт ва мехост бубинад, ки чи касе  љуръат карда оби њавзњои як шањри машњури аморати ўро макрўњ эълон доштааст. Амир сўйи Мирфозил теѓ кашида бо чашмони танги хунгирифтаи дарандамонандаш ба ў нигарист. Мирфозил аз ин нигоњи синашикоф сар ба зер афканд ва љисми нозуки бачагонааш ба ларза даромад. Чун аз њар тараф овозњо баланд, мешуданд ки шоњам ба њоли ин љавон рањм кунед… Њоло ў љавон аст. …Аз сад гул якеаш нашукуфта…
Мирфозилро ин садоњо ба худ овард. Ва ў тавоне ба худ пайдо карда, бољуръатона сар боло карда, ба амир рўй овард, ки -Олампаноњ, илоњо пояи давлататон бегазанд бод. Ба љанобашон Худованди мутаъол пирўзиву некандешї ва некномиро арзонї дорад. Ва баъдан банда мехостам, ки аввало арзи маро бишнавед…
Амир бо овози омиронаи худ барои он ки дигарон хуб бишнаванд, дасташро ба кунљи дањонаш бурда, бо як нописандии хосае ба кўњистониён хитоб кард:
- Бифармо, эй масчоњї! Чї мегўйї?!
Мирфозил даст пеши бар гирифту аз рўи таъомули он давр сари таъзим пешоварда дар он њоле, ки њама гўшу њуш ба ў менигаристанд, ки њоло ин масчоњї зону зада аз амир илтиљо мекунад, гуноњашро бибахшад, ѓайри чашмдошти њама ў афзуд:
- Амирам, ваќте ки маро ба Бухорои шариф, ба ин маркази илму маърифат ва ислому дин оварданд њангоми воридшавї дидам, ки дар сари роњ њавзе шабењи њавзњои Самарќанди нозанин мављуд аст, ки оби он њам макрўњ бувад…
Амир барошуфт ва бо ѓазаб омада:
-Чї гуфтї?! Оби њавз макрўњ?
-Бале, олампаноњам…
Ин ќатъияту далерии љавонро дида, нафаре, ки дар пањлўи амир меистод, яќинан ки бештар ба вазир шабоњат дошт ба гўши амир пичирос зада чизе гуфт.
Амир омирона сар љунбонида, гуфт:
-Эй масчоњї, ту барои ин гуфтаат далеле дорї, агар далеле оварда натавонї ва моро ба он ќонеъ нагардонї, дон ки… ў каме мад кашида,- аз сад љонат як љон ба саломат намебарї.
-Амирам! Шумо худ як ба он ањкоми шариат ва он чї дар бораи тамизиву покии об дар китобњо навиштаанду гуфтаанд назар афканед, ки бо сабабњои зайл оби њавзњоро пок гуфтаанд:
-аввалан масоњати њавзњо бояд 10х10м бошад;
-дуюм њар њавз бояд мављзанак ва ё мављгир дошта бошад;
-сеюм бояд сурохие барои љорї шудани об бошад, то гардиши покии он ба вуљуд биёяд;
-чорум об бояд моњу ситора бубинад;
-агар дар оби истода, яъне љорї нашаванда, ки масоњати он камтар аз дањ дар дањ гази шаръї аст, наљосате биафтад, он об наљис хоњад  шуд; хоњ таъм, ранг ва бўйи онро таѓир биёбад , хоњ таѓир наёбад;
-агар њайвоне мисли љасомати одамї, ё гўсфанд ва ё сагро дошта, дар чоњ бимирад барои покии он чоњ бояд дар сурати имкон тамоми оби он кашида шавад, вале агар имкони кашидани тамоми об вуљуд надошта бошад, оби чоњ ба он миќдор кашида мешавад, ки дар нуфуз ва ањли хибра, он миќдорро барои покии чоњ кофї бидонанд…
-Амирам, агар Шуморо бо ин чанд далели овардаам, ќонеъ намудам, хайр аст. Зеро аз ин далелњои оварда дар њавзњои Самарќанду Бухорои шариф нишоне ба назар намерасад. Банда низ бар мушоњидаи онам ва  боре надидам, ки мардум барои поксозии оби њавзњои худ кўшише карда бошанд… Ва мани нотавон ин њамаро барои он мегўям, ки то мардум миёни њалол ва њаром ва кароњият тафовутеро дида тавонанд. То бо ин њама покорињояшон ба давлати бегазанди амирам осебе нарасад. Зеро баќои давалту мулк аз њалоливу покизагї хезад. Амирам, њар он далеле, ки ин љо овардам дар доираи ањкоми шариати ислом аст, ки  Шумо хуб аз он огањї доред. Аз ин рў ба мардум нагуфтани ин ањком ва фарќ нагузоштан миёни њаром ва њалол  аз љониби уламои дин ба субут нарасонидани вазифаи эшон аст... 
Ин ширинбаёнї,бо назокату фасоњат ва бо далел њарф задании љавон амирро хуш омад, ки ў беихтиёр ба унвони Мирфозил каф кубид. Ва дар чунин њолат ба гўши њамон марде, ки дар пањлўяш рост меистод пичиросзанон чизе гуфт.
Ў даст пеши бар гирифта бо аломати ризо сар пеш афканду чанд ќадам пештар омада бо овози ширадори шунавояш ба мардум рўй овард:
-Мардум, њой мардуми шарифи дар ин љо љамъ омада! Бидонед ва огоњ бошед, ки амирам, олампаноњ Абдулфайзхон амр карданд, ки ин љавони њушманд, ки мо бо ў чанде пеш бо чашми тањќир менигаристем, бояд тањсили худро дар мадрасањои Бухоро идома дињад. Амри амирам бояд фавран иљро гардад.
Аз њартараф садоњо баланд гардиданд:
-Худо сарсаломату тансињаташ нигоњ дорад. Арзандааст. Месазад, ки чунин љавонони њушманд дар мадрасањои Бухоро тањсил бигиранд! Ў љавони њушманд будааст! Кўњистони бошад њам тарбиятдиаву бофаросат ба назар мерасад… Бояд чунин љавонони бањуш дар мадориси Бухоро хондаву  ба мардум нозукињои тариќату шариат ва аркони исломро бифањмонанд…
Ба ин васила Мулломирфозил барои тањсил аз Самарќанд ба Бухоро оварда шуд.
Мардуми дењ дар ин раванд наќл мекунанд, ки пас аз Бухоро ба дењи айёми кўдакияш- Каздон баргаштани Мулломирфозил ў ба овулљои Козешах барои тобистонгузаронї мебарояд. Чун мебинад, ки дар ин овулљо, ки то ба ин дам одамон барои мавсимгузаронї мебаромаданду тўлии 4-5 моњ он љо зист мекарданд, оби чашмааш дар камари сангест, ки он об моњу ситора намебинад, бори маркабњояшро наканда аз он овулљо ба овулољои Пушихо равона мешавад.
Мулломирфозили љавон дар омўзишї масоили динї чун фиќњ, фароиз, њадис, тафсир ва тавњид пешсаф буд.  Ў овози ширадор ва њусни хати басо зебое дошт. Пайваста машќи хат менамуд ва ин зањмату талошњояш боис ба он гардиданд, ки ў аксар ваќт дар дили шаб назди чароѓи равѓанї нишаста аз китобњои нодири замонаш нусхабардорї менамуд.  Дар озодагї ва парњезгорї низ намуна буд.
             

             ИМТИЊОНИ ДИГАР
Њамчунин мардуми обрави Зарафшон мегўянд, ки боре дар дењаи Похуд маросиме доир мегардаду байни мардуми соњибилми ин дења ва дигар дењањои Фалѓар бањсе ба миён меояд, ки Мулломирфозили каздонї њам олим ва њам дењќони асилест. Дар ин бањс низ баъзе дањанкалонњое ёфт гаштанд, ки ба  саводи илмї ва дењќонии ин марди худошинос шубња карда хостанд, ќи савод ва дењќонияшро имтињон карда бубинанд.
Ба ин хотир мењмонхонаи домулло Азизи похутиро ороста, Мулломирфозилро аз Каздондењ ба мењмонї даъват намуданд. Мардум пинњонї барои худ тасмим гирифтанд, сатњи дониш ва дењќонии ўро  бифањманд, то куљост. Аз ин рў бо уламо маслињат карда ба хулосае омаданд, ки агар Мулломирфозил ба мењмонхона даромада сароѓоз сураи алњамдро хонад ин нишон аз саводнокии ўст ва агар аз нонњои дар дастурхон гузошташуда нони љавро гирифта пора кунаду онро тановул кунад ин нишони дењќони асил будани ўст. Бо чунин ният дастурхон густурда дар дастурхон нони гандумї ва љав гузошта, нони љавро аз поён ва нони гандумиро аз боло монданд.
Мардуми дењаи Похуд, ки шарифмардони дастурхондор ва мењмоннавозанд, даст пеши баргирифта ба истиќболи мењмони олиќадр аз дари дарвоза то остонаи мењмонхона саф кашида буданд. Мулломирфозил савори саманди кабудчаранги бодпое ба дењаи Похуд омад. Дар даромади дења аз асп пиёда гашта дастору сару либосашро ба тартиб дароварда лаљоми самандашро ба даст гирифта ба сўйи хонаи домулло Азиз рањ паймуд. Мардуми рамузгиру кунљков кайњо паси дарахтон пинњон гашта, њар як ќадами Мулломирфозилро зери назорат доштанд. Онњо медиданд, ки домулло ба њар нафаре, ки рўёрўяш меояд бо эњтиромона салом дода, даст пеши бар мегирад.
Дар дења хабар пањн гашт, ки Мулломирфозил меояд.
Чанд тан аз мизбонон ба истиќболи мењмон шитофтанд. Ва диданд, ки ў аз асп пиёда гаштаву омирон ба сўи онњо ќадам мезанад. Ва ин рафтори мулло кайњо дар дидагони он љо будагон як назокату фазилати ин марди нексириштро таљассумгар гашт.
Мирзошарифи Рањим, ки як марди хушбаёну њушманде буд, мехост, ки аз домулло пешдастї намуда ба он кас салом дињад, вале надониста монд, ки чї гуна домуло ба ў «ассалому алайкум Мирзошариф»-гўё дудаста вохўрї намуд.
Мирзошариф зуд лаљоми аспро бо як чолокии хос аз дасти Мулломирфозил гирифта, бо таъзим ва лутф «хушомадед пирам»-гўён домуллоро ба даруни дарвоза хонд.
Домулло ба мардуми ду тарафи роњрав, ки даст пеши бар гирифта ба пешвози ў рост меистоданд, даст дода бо њар яке алоњида-алоњида салом кардаву ањвол пурсида ба дари мењмонхона расид. Он љо љавони зебое, ки андомаш ба муллобачањои таълимдидаи мадрасањои Самарќанду Бухоро шабоњат дошт, дар даст офтоба ва дастшўйе дошту дастпокўне ба дўшаш њамоил. Домулло дастонашро об гирифту  бисмиллоњир-рањмонир-рањим-гўён вориди мењмонхона гардид.
Мењмонхонаи ороста ва озода ўро хуш омад. Ў пас аз ворид шудани дигарон дар љояш нишасту сураи алњамдро хонда ба арвоњи гузаштагону ин манзил даст ба рў кашид. Чанд нафар ба њамдигар маънидорона нигаристанд. Мазмун чунин буд, ки дидед, ин мард соњибилм аст ва маърифати ѓанї дорад. Пас аз оне, ки мизбонон мењмонро хайрамаќдам карданд, хоњиш намуданд, ки домулло нон шикананд. Мулломирфозил бисмиллоњир-рањмонир-рањим гуфту  нонњои гандумро ба як сў гузошта нони љавро гирифта пора намуд.  Ин боз бори дигар як торсакии обдоре буд барои он нафароне, ки ба дењќонии ў шубња доштанд.
 Ў аз ин зиёфату аз ин пазирої огоњие надошт ва намедонист, ки чаро  мардум ба њар як њаракати ў бо тааљљуб дидадўзї мекунанд. Пас аз њафтае домулло ин њамаро фањмида, як табассуме карду халос…
(Порае аз китоби "Каздон")

Комментариев нет:

Отправить комментарий