понедельник, 19 января 2015 г.

                   Ваќт мутеъи ў буд
Ба назар чунин дар љилва буд, ки гўиё ў ваќтро лаљом зада бошад. Зеро  дар гирудори зиндагї ў њар даќиќаашро босамар истифода мекард.  Гумонам ў њамон њикмати «ба ќадри ваќти худ бирасед»-и бузургонро ба гўшаш  чун овеза дарандохта, бо ин шиор амал мекард. Ба  ин хотир њамеша дар такопў буд. Дар як љой оромише надошт. Гумон мекунам Худованд ўро танњо барои анљоми амалњои хайр офарида.  Ва шояд ў хуб огањ буд, ки дар ин дунёи пурмољаро танњо њамин НЕКЇ пояндааст. Ва пайваста мекушид то амали хайреро ба сомон расонад. Мактаб бунёд мекард, дасти бечорагонро мегирифт, ба боѓчаву ятимхонањо  кўмак мекард, барои чопи асарњои нависандагон зањмат мекашид, њамеша дар сўњбати ањли илму адаб мешуд. Тавассути дасти хайру сахои ў пайкараи нависанда ва арбоби сиёсию љамъиятї Њабибулло Назаров дар маркази ноњияи Њисор ќомат афрохт, китоби шоири ориф Карим девона ба табъ расид, филми њуљљатие ба муносибати 90 солагии Њабибулло Назаров рўи навор омад, мактаби раќами 93 дењаи тўдаи ноњияи Њисор дарашро барои атфоли мардуи ин дењ боз кард. Аз баромади раиси ноњияи Њисор Усмони Сабз маълум гардид, ки Њољи Бањрулло Саъдуллоев дар тўли умри худ барои  мардуми тамоми ноњияи Њисор ва љумњурї зиёда аз 35 иншотро бо маблаѓи худ сохтаву ба истифода додаст. Њангоми дар ихтиёр доштани корхонаи мебелсозї барои аксари мактабњои кишвар партаву курсињо ва ашёи таълимиву айёниятњо арзонї доштааст. Дањњо гектар боѓу токзор бунёд карда, дастурхони мардуми кишварро бою ѓанї гардонидааст. Бањрулло комилтарин инсоне буд, ки барои ў миллату халќиятњо, мањалу минтаќањо фарќе надоштанд. Бо њамон хислату рафтори њамидааш ба њама чун бародар муносибат дошт. Ба гуфтаи нависандаи халќии Тољикистон Кароматулло Мирзоев : -Бањруллоро ангўру чолову боѓоташ аз дигарњо ба куллї дар тафовут буд. Њар боре ки ба мењмонияш меомадем ў бо дастони худаш аз токзору дарахтон мева чида болои дастурхон мегузошт, то таъми шањдњои офаридашро бичашем…Хонаи Бањрулло барои тамоми илму адаб, махсусан шоиру нависандагон  макони ошно гардида буд.
Ва ман сари андешаи онам, ки ў ба хуби дарк карда буд:
Ашк як лањза ба мижгон бораст,
Фурсати умр њамин миќдораст.
Ва ў дарк карда буд  фосилаи байни дунёи фонї ва дунёи абад њамон миќдорест, ки ашк сари мижгон ќарор гирифта. Ва ана  њамин фосилаи басо фишурдаро , Њољї Бањрулло Саъдуллоев  дар тўли умри 59  солааш он чунон босамару пурфайз истифода бурдаву накуши ва сахову карам кардааст, ки барои дигарон  умри садсолаашон камї кардаву фурсат даст намедињад. Ў ин фосилаи ночизро  бо такопўяш, бо созандагияш, бо ваљоњати рўњониву имконоташ бо коштани тухми мењру вафо ва густурдани хони пурсахо  дар ихтиёри худ ќарор додаву  рањ ба дилњо гирифифта. Ў аёнан медид, ки ашки сари мижгон боргашта, дорад лањзае пас сарозер меояду аз ў на пай мемонаду на нишон. Ба ин хотир ў баробари њар сонияву даќиќаву соате дав мегирифт пайи адои кори хайру сахову карамаш. Маскан мегирфт дар хонаи чашму маъво дар дилњо. Дав мегирфт то ин фосилаи умрашро бесамар нагузаронаду  аз рўи сидќу вафо  барои мардуми азизи кишвараш амали хайру сахоеро  ба анљом бирасонад.
Ў чун аќрабаки соат ба сўи пеш майл дошт, то дар ин фосилаи умри ночиз, ки «ашки сари мижгон»-аш унвон кардем  орзуњои ќалби пурњарорату мењрборашро љомаи амал пўшонад. ..
Њаќтаъоло бар дари Љаннат навишт,
Љойи мардони сахї бошад бињишт.
Ба њамин муносибат дар дењаи тўдаи ноњияи Њисор  мардуми зиёде љамъ омада буданд, то подоши њамаи он некињои кардааш, ба хотири ќадршиносии чунин як инсони накукор, ки њар рўзаш сабаќест  Муассисаи тањсилоти умумии асосии раќами 93-ро ба номи Бањрулло Саъдуллоев номгузорї намоянд. Дар ин маросим  мардумоне аз саросари кишвар љамъ омада буданд. Дар он шоирон, нависандагон, муаллимон, соњибкорон, духтурон ва тољирону кормандони касбу кори гуногун, љавонону муйсафедон  ширкат доштанд.
Дар ин љамъомад  Раиси ноњияи Њисор, марди худогоњу закитабъ Усмон Сабзов, аз рўзгори ибратбахши Бањрулло Саъдуллоев наќлњои аљибе карда, ёдовар шуд, ки шодравон як марди дасткушоду сахопешае буд, ки њамеша корњои хайро пеша гирифтї ва онњоро  ба нафъи мардумон бунёд кардаву  ба ихтиёри онњо гузоштї. Ў бисёр мехост, ки дар маркази ноњияи Њисор як чойхонае бунёд намояд, ки он љо мањфилњои илмиву адабї доир гарданд. Барои ин кор аз идорањои дахлдор низ иљозаташро гирифта буд. Аммо умр вафо накард…Ва ў дар сини 59 солагї, соли 2014  моро тарк гуфт. Зиндагонияш мардона буд ва мардона рафт. Рўзи љанозаашро њамагон ёд доранд, ки чигуна аз тамоми гўшаву канори љумњурї одамони зиёде омада буданд. By uгна љанозаи серодамро бисёрињо бори аввал дидаанд…
 Пасон баромадкунандагон  Нависанда Кароматулло Мирзоев, шоирон Муњаммад Ѓоиб, Њикмат Рањмат, Ворис, публиситон Маљид Салим, Амирхон ва Мухтори Саййидбурњон хотироти худро дар бораи  ин марди фозилу саховатманд иброз доштанд. Дар охир љамъомадагонро  писари Бањрулло Диловаршо  ба он бовар кунонид, ки ў пешаи накукории падарро идома дода, он амалњои хайри  нобасомонашро ба сомон мерасонад.
Зеро:
Њама чиз пирї пазирад бидон,
Ба љуз некї,  бимонад љовидон.





четверг, 22 мая 2014 г.

 Порча аз китоби «Аллома Лоиқ»

(муаллиф Соҳибихтиёр)

Њамчун пешгуфтор

Он замон к-аз одаму олам  нишон пайдо набуд,
Аз маќоми бенишонї бонишон ман будаам…
Гарчи дар сурат намудори ду  олам гаштаам,
Чун ба маънї бингарї, њар ду љањон ман будаам.


Ин мисрањои Шайх Муњаммади Лоњиљии Асирї, гумон мекунам, ба маъниву сирати аллома Лоиќи Шералї шабењанд.

Дар он зулмати хештанношиносињо бедортар аз ў кї буд?
Дар он гумгашта бехудињо огоњтар аз ў кї буд?
Дар он тирашабњои вањмангез рушантар аз ў кї буд?
Кї буд, ки ѓаму дарди миллатро фошо-фош иброз дошт?
Кї буд, ки аз тангнои замона фарёди љарас бар дошт?
Магар ў набуд, ки аз дарди њамќавмонаш нолаи пурдард дошт?
Магар ў набуд, ки аз ѓаму дарду доѓи модари тољик садо боло кард?
Охир ў буд, ки зарбаи маргофари табари дасти дарахтбурро дар љисми худ эњсос кард!
Охир он буд, ки аз хазонрезии бањорон нола кашид!
Охир ў буд, аз риёкориву хиёнаткории мо нисбати табиати љонофар  марги Хуршедро дид!
Оё онеро, ки дар роњи хештаншиносї худро гудохт шинохтемаш?
Оё, боре барояш арљгузорї намудем? Ба гудози љисму љонаш ва сўзиши ќалби пуртўѓёнаш боре гўш додаем?
Дуди сигорашро дидаем, вале дареѓо дуди ќалбашро надидаем.
Аз маънавиёти баландаш болидарўњ гаштему боре напурсидемаш, ки чї њол дорї?
Чаро чунї?
Ѓаму дарду фиѓону нолаат аз чист?
Сўхтани хасу хошокро дидаву афсўс хурдаем, валек аз сўхтани махзани маъонї дараке набурдаем…
Нуре дар торикї дурахшид.
Чароѓи мањфилњо гашт.
Бо каломаш дилњоро ба тасхир овард.
Дар кўчабоѓ ошиќон шеърњояшро зам-зама менамуданд.
Дилдодагон бо дубайтиву ғазалҳояш рози нињон ифшо менамуданд.
Сиёсатмадорон аз Зардушту Љамшеду Ќурушу Деваштичу Оли Сомону Ањмади Донишу Айниву Бобољонаш лаб ба сухан во карда.
Ў мисли ахтаре дар тирашаб дурахшиду роњи дигаронро рахшон карду љисму љонашро  мисли пилтачароѓ оташ дар доду барои хештаншиносии мардуми ин марзу бум нурафшонї намуд. Ў буд, ки моро ба бедории маънавї ва фитрї садо кард. Гўшњои ношунаво каломашро дар гўш њалќа карданд. Аммо иддае аз маѓзњои тињидарк дар пайи тадбирњои нохуши рўзгораш шуданд. Носазояш гуфтанд. Пеши роњи  камолоташро девор заданд. Нагузоштанаш, то мавќеву манзалате дар бењбуди кишвар дошта бошад. Аммо дар ѓафлат монда, ки садои торњои ќалби пурдарди ўро кишварњои њамсояу дардошно шунидаву бо гуфтаи  ў љур гаштанд, ки «Љањон як рӯз метаркад, зи оњи пуршарори мо…».
    Ў бо носозгорињои замони навин дар гирифт. Љисму љонаш саропо дар оташ буд. Ончунон дудкунон месўхт, ки хиёбони Рудакї товони бардошти ќадамњои пурормону дардмандашро надошт. Ў пасу пеши ин хиёбон гом мебардошт. Дам ба дам сигор дар медоду дўди тахлу тунди танбокуро фурў дармекашид. То бо он асабашро ором гардонаду хештанро тасалло бахшад. Вале, ин боз асабитараш менамуд. Бо њамон саманди хаёлоти баландпарвозаш мањмез мезанад. То  дав гирад дар майдони андешањо. То таронаи навинеро ба ќалбњо суфтаву равон пешкаш намояд. То бо њам бигўем, ки «Кушед ин замонаро, ки мекушад таронаро…» Оре, њамон таронаи њаловатбахши љисму љонро. Њамон таронаи ифшогари руњу равонро, њамон таронаи озодиро, њамон таронаи љовидониро, њамон таронаи худшиносиро, њамон таронаи љавониро, њамон таронаи мењанпарастиро…ва њамон таронаи Хуршедро…
Кї имрӯз аз дарди мо садо баланд мекунад?! Сўзишии ќалбњоро кї ифшогар мешавад?! Кї боз ба дањони бадгуњарон бо мушти обдори Сухан мефарорад, то дониста садо баланд кунанд?! Кї боз пуштибонї аз Синову Ањмади Донишу Айнї мекунад?! Мисли ў  киро тавонест, ки синовор дар такопӯ бошад, донишвор пайи эъмори сиёсату иљтимоъи љомеа бошад, айнивор пуштибон аз хату забону фарњанг бошад?!
Ў дониста гуфта буд, ки «Модари тољик… бачаат бисёр…бачаи хубат камаст».
Бале, чаро ин дунёи фусунгар хубонро танњову ягона меофараду аз тухми бадону зиштон ќопњову  ќанорњо… Ай, чархи барин, магар ин адолат аст? Чаро ту тухми неконатро низ пош намедињї ки бештар рўянд? Чаро паллањои тарозуятро баробар нигоњ намедорї?
Ў њамеша дањсолањо, на балки 100 солањо, аз мо пеш дар њаракат буд. Ў дунёро, буду бошашро пештар ва бештар аз мо медиду дарк мекард. Ва ин буд, ки моро њушдор медод то ба ќадри ваќт бирасем. Ќадри њар як неъмати рўйи заминро бидонем, онњоро пос дорем. Мисле, ки «Ба ќадри обњои љорї бояд расид имрўз, Ки рўзе хушк хоњанд шуд…»
Дареѓо,
Дардо…
Чаро Моро дар танњої мегузоранд?
Рўзи марг ў дидам, ки чигуна ихлосмандонаш ашк дар чашм доштанд.
Ашки видоъ
Ашки њасрат
Ашки ормон
Ашки талх аз рўзгори ноосуда.
Ва дидам, ки дар ин лањзањо одамият, балки инсони воло чї манзалате доштааст!
Зеро нафаре чунон бо алам шеван намудаву иброз медошт, ки:
«Ай Худовандо, розиам, то љони маро ба ивази љони ў бигириву варо болои сари ин миллати дар ѓафлат буда, боз ба чанд соли дигар офият нигоњ бидорї. Охир аз манат чӣ суде?! Ману вайу онњо диду дарку сузу табу тоби ўро надорем. Ў ба ин миллат чароѓи рањнамун буд. Кош аз шамоли њодисот хомўшаш намекардї?! Кош он шамолро барои хомўшии чароѓи ман мефиристодї…» Ва ашки талху шўри ўро дидам, ки болои саманди чўбини ин абармарди фарњанг мерехт. Ва ќатори одамони ба видоъ омадаро ин суханони аз замири ќалб гуфтаи як ихлосмандаш боз њам ѓарќидахун кард. Боз ин гуфтањо аз он дарак доданд, ки марди оддие ин љањонрову моро падруд нагуфтаст. Ў дар хоби абад буд ва моро гирдогириди худ дар хоб медид. Парешону гирёону њайрон.
Ва саманди ороставу пероставу мушкинаш андаруни гулдастањои муаттари тару тоза гуиё шино мекард. Шино ба сўи абадият. Ба сўњбати он Њабиби деринтизор.
Ва боз дидам, ки њукумати ваќт карахту бењис аст. Ва танњо, танњо инљо тафаккурам лаѓжид ба он ки сарони ин кишавар њама бесаранд. Маѓзњояшон тињӣ аз дарки ору номусу ифтихор аст. Аз алам мушт гирењ кардаму ба сар задам, ки «ай хок ба сарам!»
Ва донистам, ки он њама кару фарри мо шуњратпарастиву пунба хойидан аст…
Ва дарк кардам, ки фарзонагон дар ин дунёи каљдору марез барои курсипарастон  арзише надоштаанд. Ва њамоно сиришки дидагонам аз яъсу навмедӣ ба сўзиш овард љисмамро.
Ва дидам  фариштагони покро, ки њар кадом дар танњої як љањони маънї буданд.
Ва дар танњои якояк паси њам бо дили дардманду  тани абгор аз ин куњнаработ рахт барбастанд. Чун дар ин зулматсаро навозише надиданд аз оѓўши модари хунии худ ба оѓўши модари хокияшон бо њазорон ормону орзу ба хоби ноз рафтанд. Бо як љањон дарду ѓам.
Ва дурахши ахтарони танњоро ки рахшиданду рафтанд кунун дарк кардам.
Зеро гумони ањли фарњанг
Мардуми худогоњ
Љавонмардони баору номус
Шарифмардони миллат
Дилбохтагони каломи шоир
Дўстону пайвандонаш
Он буд, ки рўзи марги ин сарсупурдаи миллат саросари кишвар  мотами умумимиллї эълон дошта мешавад. Ва он партавафшон парчами Миллї дар ин рўз бо нишони мотам нугунсар мешавад. Ва ў аз ин ифтихор кардаву бо ѓурури нопайдоканораву нотакрораш сарболо карда, то ба гуфти хеш:
«Як назар то бинам аз аъдои ман,
Кист дар худ шодмон аз мурдани аъзои ман.
Бингарам аз душманонам
Кист њозир дар сари тобуту мегиряд зи шодї-
Зањрханде бањри ў таќдим бисозам,
В-аз сари тобути худ дураш биронам…»
То мо бубинем, ки он адутаборони миллаташ аз чунин мотами миллї чи бардоште ба худ гирифтаанд. То ба ин васила миллат буданамонро собит созем. То рўњаш осуда гардад аз ин ќадршиносии мову «Пас равад осуда бар кунљи мазораш.» Лек дардо, њасрато! Ин хобу хаёлест дар пиндори мо. Ва ў рафт озурдахотиру носудаву дилреш.  

Ў шармсор буд, аз он ки мо худ ношиносем:

Аз бому аз дари хеш , аз кону аз зарри хеш
Аз фарњанги пурѓановат, аз торихи пурасолат
Аз муштњои манманї, аз зўрњои љонканї
Аз сарварони бесар, аз вазирони ќайсар
Ў дасту дил шуста, њам чашми сар баста

Сакта ба дил љо карда, ў аз пурсишњои нољо
Мисле, ки:
«Дар мањалбозї масал гардидаем,
Гарчї пайванди каёни гавњарем.
Аз чунин иллат бимирем анќариб,
Ки ту аз Фархору мо аз Фалѓарем…
Кас намепурсад то куљо парвози аќл?
«Аз куљої?»- гуфта аз љо мепарем.»

Оњ ин дарди нангин, ки мекушад морову миллатро.
Оњ аз он ки мо то кунун дар гирдоби ин маризӣ уфтодаем
Эй вой бар мо, ки њанўзам аз таърих дарси сабаќ наомўхтаем!
Ва ин дард њамекушт фарзонагони ин миллатро…
Пора-пора ба њар канор афтодаем.

Ва дарди шоир боло гирифт:

«Гоњ-гоње мањалгароёне
«Аз куљої?»- суол меоранд.
Бо суоли мањалгароишон
Бањри миллат завол меоранд
…Љои обод нест  дар миллат,
«Аз куљої?»-суоли вайронист!
«Аз куљої?»-касе, ки мепурсад
Бори миллат ба дўш вайро нест!
Хоби  шабњои ман њаром шуда,
То ки миллат њалолтар бошад.
Мепазирем заволи љони хеш,
Миллатам безаволтар бошад.»

Ва мо дар меёбем шоири дардмандро.
Ўро ѓами худ не, ѓами мо дар азоб гузошта! Ўро нотавонию ноањлии мо андаруни гирдоби саргумї андохтааст. Ўро мо азият додаем. Бо мањаллбозиямон, бо курдилиямон бо берањмию љоњилиямон!!!
Мебинем, ки чигуна  аланга мегирад бањри эъмори ин миллат.

Гаштаву баргашта таъќид бар он меорад, ки аз маризии мањалгарої бояд рањо ёфт. Ва роњи рањої мељўяд дар дили шаб. То аз хоби шабро њаром карданаш миллаташ њалолтар бошад. То бо дидаи аз камхобӣ сурху бо ќалби аз дард моломолаш роњи рањоӣ аз маризиҳои  ин миллати парокандаро биљўяд.
Ва чодари сиёњи шабро бо андешањои кањкашонияш ба сапедадами умед мебарад. То моро ба худ ораду дарси хештаншиносиямон биомўзонад. То аз сари дурроњаи њайрониву сарсонї бозамон гардонад. То дар дањонамон шири модарро шањд гардонад, ки поси забони модарияшро дорем. Таъми шири модарро дар љисму љонамон дарк бисозем.
Дардњояшро малњам мељўяд. Малњаме он њама дардњое ки тўли солиёни торих ўро хурдаву абгор кардаву ба риќат овардаанд.
Чаро насўзад?! Охир ў бедор аст! Ба ор аст! Нангу номусашро посдор аст!
Ману ту он њама дардњоро дар худ дарк мекунем, аммо ў он њамаро мебинад ва хештанро миёни он бесарусомонињо, гирудорњо, сўхторњову кушторњо пайдо менамояд.
Љисми хуншору сарбуридаашро бо њидояти дўсти душмантинату бо ѓазаби душмани лаъин.
Ин чанд нафарро, ки бори  зиндагии носудаи моро мекашанд, магар дар тўли солиёни торих метавон аз хотирот зудуда сохт?! Магар метавон, ифтихоре дошт бидуни ба навори хотирот овардани номњои Зардушт, Деваштич, Наиманча, Спитамен, Дорову Курушу Исмоили Сомонї, Рўдакиву Синову Мавлонову Шамсу Форобию Хайёму Носиру  Салмону Мансуру ….
Њеч гоњ! Зеро биниши моро, дарку фањмишамонро, маданияту фарњангамонро, роњу равишамонро, хулќу атворамонро  офаридањои ин бузургон, панду њикматашон, ќањрамониву родмардияшон, фазилату фаросаташон, эљозу идрокашон билкул тасхир кардааст.
Ва њамаи ин нозиданњову болиданњо аз гузаштаро мањз ў ва ў баринњо тавсссути каломи дилписанду дилнишинашон ба мо омўзонидаанд.
Ў аз њамаи ин дору мадорњо хаста гашт. Ќалбаш дар тангнои синааш намеѓунљид. Љисмаш андаруни курраи оташ гудохта мешуд. Дар оташи кину њасуд, дар оташи бенизомиву берабтии њокимони ваќт. Ва бо ин њама азияту машаќату дардњо:
Ў ба фарёд омад
То наљоти ин миллатро  бубинад.
То  забону фарњангащро дар курсии арш биншонад
То  бубинад, ки ин миллат бо алифбою фарњанги миллии худ болотар равад.
То осоиши љисмиву маънавї маѓз андар маѓзи мо бошад.
То аз аслу насаби худ бархурдор бошем.
То соњибзабону соњибватан бошем. То инсон бошем. Инсони комил!
Ва дид, ки иддае ба њолаш ашкрезон механданд. Ва дид, ки нотавононе ба сўяш санги маломат њаво медињанд ва дид ин миллат њанўз њам дар ѓафлат аст ва дењќонаш барои дигарон кишт дорад. Бо њазору як дард, бо њазору анд мушкилот бархурд дорад оњи дардафзо кашид:

Ва бо дили хунполо гуфт:
«Дар Бухорое, ки даргоњи дарист,
Бо даригуфторї берун аз дарем.
Нест миллатро  зи бас як порчагї,
Пора-пора-луќмаи шўру шарем.
Реза-реза, шарња-шарња љисму љон,
Бори миллатро куљо њам мебарем.
Мо тамоман нотамоем эй дареѓ,
Он наљибулманзари беманзарем.
Кўрњои кўрароњем, оњ,оњ
Бар сари худ пойлаѓзиш мехўрем.
Мо  киёнем? Аз Каёнем? Осафо,
Тољдорони гадои афсарем…»

Ў дард мекашид. Бањри як порчагии миллат.
Ў  ин миллатро меофарид. Дар хаёлњо. Дар мисрањои тобдораш. Дар нишастњо дар анљуманњо. Ў ќомати расои ин миллатро дидан мехост. Бо тамаддунаш!
Мехост ќомати сарвосои ин миллат њеч гоње рўи хазону камонро набинад!
Бо нигоштањояш  ў ба фарзандони ин миллат њушдор медод. То худро бишносанд. То дар масири таърих накўном бошанд. Ў чунон дар дилу дидањо маъво гирифта, вуљудаш аз дарди мањал орї гашта буд, ки Мани ў Мо шуда буд. Мои мукамалу муъаззам. Мои ў миллати бегазанду беиллат буд. Мои ў рўњу таровати тоза ва тарњи Навин дошт. Мои ў зарбае буд ба маскунони сањрои Ќипчоќ. Мои ў љисму љони он бадгўёну бадгуњаронро, ки фарњангу тамаддун ва озодамардони сарзамини Хуросонро дар пайроњаи таърих аз они худ кардаву ба оламиён чун моли хеш ба ќалам додаанд,  саропо ба ларза оварда буд. 
   Мои ў тарканда чун атум буд дар замири бадгуњарони ин миллат. Мои ў бењаду беканора буд. Мои ў  Хуросони бузург буд…
Ў як салобат буд! Як виќори тољикї. Як ору нанги тољикї буд.
Ў шунаъи Душанбешањр буд. Ў зеби Душанбе, Ў нури Душанбе Ў  шањомати Душанбе буд.
Хиёбони Рўдакиро ў нурпош буд. Ў фарњангу тамаддуни ин миллати азият кашида буд.
Ў садои руди Варзоб буд. Ў накњати арчадарахтони Такобу Тавилдараву Ревадро дошт. Ў саркашиву пуршуру савдоии Зарафшонро дошт. Ў ѓурури кўњсорони Помирро болои дўш дошт. Ў беолоишии оби нуќрафоми мулошаршараи Каздонро дошт. Ў шарифиву шарофати Мазори шариф ва Муњаммади Башороро дошт. Ў љасорати Сипитамену Деваштиро мунъакис буд. Ў фазилати Фирдавсиву њикмати Хайём ва шӯридагињои Шамсу Мавлоноро дошт. Бо дунёи хешу бо рўзгори хеш!
Ин буд, ки ў  дар оинаи чашмони  наслњои он рўз, дар хонадони њар фарди тољик, дар дили нозуку пурмењри модарон, дар ќалбњои пуртуѓёни дилбарон лона гузошта буд.  Бо сухани шевову дилошубаш. Бо тахайюлоти болопарвозаш. Ў кайњонаварди дилњо буд.

Кайњони боло дигару кайњони дилњо  дигараст,
Кайњонавардам дар замин ёд аз мани ошиќ кунед.

Ў бо лутф ва латофат ва садоќату рафоќат дар дидаву дилњо наќш баст.

Имрўз, ки ў нест.ю
Дунёи мо  бениёз аст!
Имрўз ки ў нест,
Майдони назми мо хомўш аст!
Имрўз, ки ў нест,
Ќалбњои мо ба сардист!
Имрўз, ки ў нест,
Ору нангу номуси мо намонда!
Имрўз ки ў нест,
Гулбоѓи ошиќон бенакњатаст!
Имрўз ки ў нест,
Дарди мањал бологирифтаст!
Имрўз ки ў нест
Фарњанги мо костааст.!
Имрўз ки ў нест
Вафову мењр намондаст…!
Имрӯз, ки ӯ нест,
Рӯбаҳон шер гаштаанд!
Имрўз, ки ў нест
Дуд дар димоѓњост!
Имрӯз, ки ӯ нест,
Фарёди мо дар гулӯст!!!




пятница, 25 января 2013 г.

Кудаке, ки дар 1 соату 15 дакика 1500 отжимания мекунад



Бокиев Саидмехрочи 7 сола, ки дар 1 соату 15 дакика  1500 отжимания мекунад.
Дар ин сунну сол  ин нишондоди  рекорди аст.  Ин кобилияти уро дида тамоми сокинони шахраки Орзу ва коллективи омузгорну иддае аз огохгаштагон дар таачуб мондаанд. У хонандаи синфи 1 буда, дар шахраки Орзуи нохияи Зафаробод зиндаги дорад.

Кудаке, ки дар 1соату 15 дакика 1500 отжимания мекнад



Бокиев Саидмехрочи 7 сола, ки дар 1 соату 15 дакика  1500 отжимания мекунад.
Дар ин сунну сол  ин нишондоди  рекорди аст.  Ин кобилияти уро дида тамоми сокинони шахраки Орзу ва коллективи омузгорну иддае аз огохгаштагон дар таачуб мондаанд. У хонандаи синфи 1 буда, дар шахраки Орзуи нохияи Зафаробод зиндаги дорад.

четверг, 16 августа 2012 г.

ПЕСОНРО У ТАБОБАТ КАРДА БУД...

Вафо кунему маломат кашему хуш бошем,
Ки дар тариќати мо кофирист ранљидан.
                                                                 Њофиз
              
                     САГ КОТИБИ ОБКОМРО ТАБОБАТ КАРД...


Тахминан солњои 1955-56 буд.  Масчо њамчун як ноњияби кўњистон рў ба пешравї овард. Дар соњаи мактабу мориф, хољагии дењот ва чорводорї рушд намуда, диќќати ањли вилоятро ба худ љалб кард. Барои мардуми ин ноњияро ба чунин дастовард табрик намудан аз вилояти Ленинобод котиби  дуюми њизбї ташриф овард. Ба ин муносибат дар маркази ноњия дењаи Мадрушкат зиёфате оростанд.  Дар ин зиёфат, њангоми хўрок хўрї дар гўли котиби дуюми њизбї, мењмони олиќадр устухони борики сўзанмонад, ки дар пойи гўсфанд буд  дармонд.  Ин њолат вазъи мењмонро танг мекард. Аз чунин ранг гирифтани масъала тамоми мардуми он љо буда, хешро хиљолатзад мепиндоштанд. Чандин чорањоро андешиданд, вале бе натиља. Нафаре аз мардуми он љо буда, аз котиби њизби ноњия хоњиш кард, ки зуд бояд як нафарро ба дењаи Каздон барои овардани Эшони Њаким фиристонд. Танњо ў метавонад, ки илољи ин воќеаро ёбад.
Ба дењаи Каздон омада, Эшони Њакимро гирифта ба Масчо бурданд. Ў рањорањ аз мардум тамоми њодисаро ба пуррагї пурсид. Ва аз эшон хоњиш кард, ки то андешидани баъзе чорањои зарурї барои ў як саги тозї пайдо кунанд.
Мардум дар тааљљуб монда буданд, ки дар чунин њолати ба миён омада, ба табиб саги тозї чи даркор? Магар Эшон бо саг котиби дуюмро табобат мекунад? Мо ин мардро табиб гуфта овардему ў ба мо пайдо кардани сагро фармуд? Ё тавба!
Рангу рўйи котиб аз шиддати дард ва базўр нафаскашияш кабудчаранг гардида, чашмонаш супсурх гашта буданд. Вазъияти мењмон њамаро бесаранљом карда буд. Њама дар такопў. Намедонистанд, ки чї чорае андешанд.
Индам љавони ќоматбаланди тануманде, ки Давлатбой ном дошт вориди њавлї гардиду -Бобои Эшон ана, сагро овардам гуфтанаш табибро ба худ овард. Ў аз назди бемор баланд шуда, аз нафаре хоњиш кард, ки ба андозаи як метр ресмон ва ё риштаи ѓафсе пайдо намояд.
Зуд ресмони нафисе оварданд. Эшони њаким онро њалќа карда ба фуки борикаку нозуки тозї дароварда сари ресмонро сахт кашиданд. Њалќа дар фуки саг сахт шуд.  Аз мењмон хоњиш кард, ки дањонашро то метавонад, боз кунад. Ў дањонашро кушод, табиб бо як дасташ аз гардани љонвар дошта ба сўйи мењмон кашид.  Чор панљ нафаре, ки он љо њузур доштанду ин њодисаро тамошо менамуданд, тааљљубзада ба сўйи њамдигар дида равон карданд. Эшони Њаким  дањони сагро  ба дањони мењмон бурда то тавонист фуки сагро ба дањони мењмон ворид сохт. Дар чунин њолат зуд ресмони дар фуки саг басташударо бо шаст кушоданд. Ин дам саг нафаси чуќуре кашиду бо як чолоки ба ќафо љањид ва он мењмони олиќадр воњ гўён аз љояш част. 
Саг чанд  ќадам ба дур рафта аз дањонаш устухонро берун партофт.
Ин њолатро дида њама шукр карданд, ки хайрият њамааш ба некї анљомид.
Мењмон дасти Эшони Њакимро гирифта, сахт фишурду гуфт:
-Ин кўњистон бо чунин мардони закиву донишмандаш шўњратёр гаштааст. Ростї ман бовар надоштам, ки Шумо ин корро бо чунин як усули содда анљом медињед. Иллоњо дастатон дардро набинад. Ба касбу коратон барака ато фармояд. Ў даст ба кисаи шимаш бурд, то Эшони Њакимро ќадршиносї намояд. Вале Эшон дасти мењмонро дошта гуфтанд, Шумо мењмонед. Ин њодисаи ногањонї буд, ман аз Шумо чизе намегирам…
Аз ин вазъит рањонидани котиби дуюми њизб зуд сар то сари  билоди Зарафшон пањн гардид. Ва мардум бори дигар ба њунару истеъдоди табибии ин мард ќоил шуданд…
Ќурбони Ато, яке аз заминдорон ва молдорони дења башумор мерафт. Ин мард дар ќатори ду писар Атовулло ва Мулоохун боз ду духтари дигаре доштанд. Духтари дуюми Ќурбон Авзалмоњ ном дошт, ки ба синни 18 даромада буду њанўз хостгоре надошт. Зеро чашми рости Авзалмоњ модрзод сафед буд. Ва ин узр чењраи зебову дилосои Афзалмоњи бокираро коста мегардонид. Њолати духтарро дида, падар дарунноки хун мехўрд, ки духтараш бо чунин њусни расову хулќу рафтори накў чунин як љурме дорад, ки боиси хиљолатзадагии ў мегардад. Рўзе падар бо умед дари табибро кўфт. Табиб Ќурбонро хуб пазирої намуда, матлабашро шунид. Эшони Њаким, гуфтанд, ки Мулоќурбон ин дарди бахайр аст. Ман ўро табобат мекунам, вале ба як шарт, пас аз табобат духтаратонро ба писарам арўс мекунам. Падар розї шуд. Эшони Њаким ин духтари раъносиморо дар тўли 2,5 моњ  бо тамоми мањорати дошта табобат намуда, чашмашро сињат намуд. Падари Аввзалмоњ ба ќавлаш устувор истода, баъди чанде зебоандоми худро ба Сайидмурод ба зани дода, ба хонаи Эшони Њаким  гусел намуд…
Бисиёрињо наќл мекунанд, ки Эшони Њаким бисёр табиби варзида ва сабукдаст буданд.
Њољї Љўраќул равони ин марди дарёдилу некрой њамешагї шод бод, мудом дар сўњбатњояшон мегўфтанд, ки борњо ман аз мўйсафедони дења – таѓои Мулловосеъю Гулмањмади Шодї шунида будам, ки гузаштагони Эшони Њаким ба касби табибї машѓул буда, дар замони худашон мардумонро муолиља мекардаанд. Эшони Њаким њанўз аз овони љавонї мењри дар оянда табиб шуданро дар дил мепарваридааст. Муњаббат ва дилбастагї нисбат ба ин касб ўро ба шањри Бухоро овард. Ў кўшиш мекард ба назди табибони донишманду кордон шогирд истода, касби табибиро омўзад. Сароѓоз дар мадрасаи Сари њавз чанд муддат таълим гирифта, бо кўмаки як дўсти бухороияш, ки аз дилбастагии Сайидмир огоњї дошт ўро ба назди табиби варзида Атовуллохони афѓон, ки дар шањри Бухоро хеле шўњрат дошт,овард. Ў ба чењраи ин љавони кўњистони дурудароз нигариста, гуфт аз ту табиби хуб мебарояд. Зеро бо шавќи дил рў ба ин касб оварда аз чандин фарсах роњ барои омўхтани нозукињои ин пеша ба инљо омадаї. Бовуљуди чунин гуфтанаш Атовуллохон љавонро имтињон кард, пай бурд, ки ў ќобилияту зењни тез дорад, вайро ба шогирдї ќабул кард. Атовуллохон ба ў тарзи тайёр кардани дорў, тарзњои муайян кардани ташхис, миљоз ва роњњои омўзиши он ва таркиби хуну тарзи муолиљаи таркиби онро омўзонид. Сайидмир муддати 7 сол дар назди ин табиби донишманд сирру асрори илми тиббро омўхт. Баъди он аз устодаш дуои хайр гирифта, ба зодгоњаш баргашта, то охири умраш ба муолиљаи мардум машѓул шуда ба дарди садњо нафар мардуми бенаво шифо бахшид.
Дар як сўњбате ки бо доктори илмњои филологї Мирзо Мулоањмадов[1] -писари муфтии Масчо, доштам маро бештар дар тааљљўб гузошт. Ин марди соњибмаърифат наќл карданд, ки дар дењаи мо, дар њамсоягї як марде (аз гуфтани номаш истињола карданд) ба касалии песї (сафедшавии пўст) гирифтор шуда буд. Эшони њаким чанд муддат ўро дар хонааш табобат карда сињат намуданд. Ман худ ба чашмам надидаам вале мардум мегуфтанд, ўро бо роњи љарроњї табобат намуданд. Он љарроњї чї гуна буд? Бо кадом роњ амалї шуд ман огоњї надорам. Шояд мисли имрўза чарроњињои хурд (микрохирургия) бошад. Аз кадом роње, ки набошад бо чашми сар дидаам, ки он мард ба пуррагї шифо ёфта буд. Ин њолатро дида нафари дигаре аз он пурсон мешавад, ки роњи табобат чи гунааст  ва он мардро низ эшони Њаким табобат карда сињат намуда буданд. Афўс, ки дар њамон ваќт ягон нафар нозукињои ин усули табобатро аз он марди пухтакор напурсиду наомўхт. Зеро имрўз ин маризї дар аксари дењоти кишвар рў ба афзоиш овардааст ва то ба њол намедонанд онро чигуна табобат намоянд. Њатто то ба имрўз илми тибби замони навин њам дар табобати он ољизї мекашад. Агар он замон нафаре роњу усули табобати ин маризиро аз бар мекард, шояд чунин беморињо ављ намегирифтанд. Намедонам шояд нафароне бошанд, ки то ба имрўз роњи табобати табиби Каздониро њангоми табобат дар ёд дошта бошанд, бояд онњоро пурсид ва роњи њалли ин муамморо пайдо кард.
Сокинони дењаи Каздон бо номи фарзандони обрўманди ин диёр табиби њозиќу шинохташуда Эшони Њаким ва писари он домулло ва табиби донишманди замони худаш Муллосаидмурод фахр ва ифтихор мекунанд. Ин ду фарди нотакрор, зодагони дењаи Каздон – падарро њамчун табиби њозиќ ва писарро домуллои варзида ва табиби донишманд на танњо водии Зарафшон, ноњињои Мастчоњу Панљакент, балки дар шањрњои Самарќанд,  Бухоро, Тошкент, Ўротеппа, Хуљанд, Душанбе, дар водињои Њисору Кўлоб ва берун аз марзи љумњурї хеле хуб мешинохтаанд ва эњтиром менамуданд. Албатта, њар як инсоне, ки соњиби ин ё он касб аст, ў як устоде дорад, муњаббати он касбу њунарро устодон дар ќалби шогирдон мепарваранд.
Соли 1961 он табибе, ки ба садњо кас њаёт бахшидаву онњоро табобат намуда буд, назди теѓи аљал ољиз монд. Дасти тавонои он ба домони  Эшони Њаким панља задаву он каро аз ин дунёи фонї ба дунёи баќо бурд.
Ва падар осуда буд аз он ки писараш давоми умри ўст. Ў бедории фарзади закии худро дида ба хобї абад рафт. Бо дили пуру умеду орзу падар он анъанаи авлодиро ба писараш Сайидмурод  мерос гузошт.


[1] М.Мулоањмадо, зодаи дењаи ….Масчо, аз авлоди Сайидињо буда бо авлоди Сайидињои дењаи Каздон хешу аќрабої дорад.

ПЕСОНРО У ТАБОБАТ КАРДА БУД...