четверг, 22 мая 2014 г.

 Порча аз китоби «Аллома Лоиқ»

(муаллиф Соҳибихтиёр)

Њамчун пешгуфтор

Он замон к-аз одаму олам  нишон пайдо набуд,
Аз маќоми бенишонї бонишон ман будаам…
Гарчи дар сурат намудори ду  олам гаштаам,
Чун ба маънї бингарї, њар ду љањон ман будаам.


Ин мисрањои Шайх Муњаммади Лоњиљии Асирї, гумон мекунам, ба маъниву сирати аллома Лоиќи Шералї шабењанд.

Дар он зулмати хештанношиносињо бедортар аз ў кї буд?
Дар он гумгашта бехудињо огоњтар аз ў кї буд?
Дар он тирашабњои вањмангез рушантар аз ў кї буд?
Кї буд, ки ѓаму дарди миллатро фошо-фош иброз дошт?
Кї буд, ки аз тангнои замона фарёди љарас бар дошт?
Магар ў набуд, ки аз дарди њамќавмонаш нолаи пурдард дошт?
Магар ў набуд, ки аз ѓаму дарду доѓи модари тољик садо боло кард?
Охир ў буд, ки зарбаи маргофари табари дасти дарахтбурро дар љисми худ эњсос кард!
Охир он буд, ки аз хазонрезии бањорон нола кашид!
Охир ў буд, аз риёкориву хиёнаткории мо нисбати табиати љонофар  марги Хуршедро дид!
Оё онеро, ки дар роњи хештаншиносї худро гудохт шинохтемаш?
Оё, боре барояш арљгузорї намудем? Ба гудози љисму љонаш ва сўзиши ќалби пуртўѓёнаш боре гўш додаем?
Дуди сигорашро дидаем, вале дареѓо дуди ќалбашро надидаем.
Аз маънавиёти баландаш болидарўњ гаштему боре напурсидемаш, ки чї њол дорї?
Чаро чунї?
Ѓаму дарду фиѓону нолаат аз чист?
Сўхтани хасу хошокро дидаву афсўс хурдаем, валек аз сўхтани махзани маъонї дараке набурдаем…
Нуре дар торикї дурахшид.
Чароѓи мањфилњо гашт.
Бо каломаш дилњоро ба тасхир овард.
Дар кўчабоѓ ошиќон шеърњояшро зам-зама менамуданд.
Дилдодагон бо дубайтиву ғазалҳояш рози нињон ифшо менамуданд.
Сиёсатмадорон аз Зардушту Љамшеду Ќурушу Деваштичу Оли Сомону Ањмади Донишу Айниву Бобољонаш лаб ба сухан во карда.
Ў мисли ахтаре дар тирашаб дурахшиду роњи дигаронро рахшон карду љисму љонашро  мисли пилтачароѓ оташ дар доду барои хештаншиносии мардуми ин марзу бум нурафшонї намуд. Ў буд, ки моро ба бедории маънавї ва фитрї садо кард. Гўшњои ношунаво каломашро дар гўш њалќа карданд. Аммо иддае аз маѓзњои тињидарк дар пайи тадбирњои нохуши рўзгораш шуданд. Носазояш гуфтанд. Пеши роњи  камолоташро девор заданд. Нагузоштанаш, то мавќеву манзалате дар бењбуди кишвар дошта бошад. Аммо дар ѓафлат монда, ки садои торњои ќалби пурдарди ўро кишварњои њамсояу дардошно шунидаву бо гуфтаи  ў љур гаштанд, ки «Љањон як рӯз метаркад, зи оњи пуршарори мо…».
    Ў бо носозгорињои замони навин дар гирифт. Љисму љонаш саропо дар оташ буд. Ончунон дудкунон месўхт, ки хиёбони Рудакї товони бардошти ќадамњои пурормону дардмандашро надошт. Ў пасу пеши ин хиёбон гом мебардошт. Дам ба дам сигор дар медоду дўди тахлу тунди танбокуро фурў дармекашид. То бо он асабашро ором гардонаду хештанро тасалло бахшад. Вале, ин боз асабитараш менамуд. Бо њамон саманди хаёлоти баландпарвозаш мањмез мезанад. То  дав гирад дар майдони андешањо. То таронаи навинеро ба ќалбњо суфтаву равон пешкаш намояд. То бо њам бигўем, ки «Кушед ин замонаро, ки мекушад таронаро…» Оре, њамон таронаи њаловатбахши љисму љонро. Њамон таронаи ифшогари руњу равонро, њамон таронаи озодиро, њамон таронаи љовидониро, њамон таронаи худшиносиро, њамон таронаи љавониро, њамон таронаи мењанпарастиро…ва њамон таронаи Хуршедро…
Кї имрӯз аз дарди мо садо баланд мекунад?! Сўзишии ќалбњоро кї ифшогар мешавад?! Кї боз ба дањони бадгуњарон бо мушти обдори Сухан мефарорад, то дониста садо баланд кунанд?! Кї боз пуштибонї аз Синову Ањмади Донишу Айнї мекунад?! Мисли ў  киро тавонест, ки синовор дар такопӯ бошад, донишвор пайи эъмори сиёсату иљтимоъи љомеа бошад, айнивор пуштибон аз хату забону фарњанг бошад?!
Ў дониста гуфта буд, ки «Модари тољик… бачаат бисёр…бачаи хубат камаст».
Бале, чаро ин дунёи фусунгар хубонро танњову ягона меофараду аз тухми бадону зиштон ќопњову  ќанорњо… Ай, чархи барин, магар ин адолат аст? Чаро ту тухми неконатро низ пош намедињї ки бештар рўянд? Чаро паллањои тарозуятро баробар нигоњ намедорї?
Ў њамеша дањсолањо, на балки 100 солањо, аз мо пеш дар њаракат буд. Ў дунёро, буду бошашро пештар ва бештар аз мо медиду дарк мекард. Ва ин буд, ки моро њушдор медод то ба ќадри ваќт бирасем. Ќадри њар як неъмати рўйи заминро бидонем, онњоро пос дорем. Мисле, ки «Ба ќадри обњои љорї бояд расид имрўз, Ки рўзе хушк хоњанд шуд…»
Дареѓо,
Дардо…
Чаро Моро дар танњої мегузоранд?
Рўзи марг ў дидам, ки чигуна ихлосмандонаш ашк дар чашм доштанд.
Ашки видоъ
Ашки њасрат
Ашки ормон
Ашки талх аз рўзгори ноосуда.
Ва дидам, ки дар ин лањзањо одамият, балки инсони воло чї манзалате доштааст!
Зеро нафаре чунон бо алам шеван намудаву иброз медошт, ки:
«Ай Худовандо, розиам, то љони маро ба ивази љони ў бигириву варо болои сари ин миллати дар ѓафлат буда, боз ба чанд соли дигар офият нигоњ бидорї. Охир аз манат чӣ суде?! Ману вайу онњо диду дарку сузу табу тоби ўро надорем. Ў ба ин миллат чароѓи рањнамун буд. Кош аз шамоли њодисот хомўшаш намекардї?! Кош он шамолро барои хомўшии чароѓи ман мефиристодї…» Ва ашки талху шўри ўро дидам, ки болои саманди чўбини ин абармарди фарњанг мерехт. Ва ќатори одамони ба видоъ омадаро ин суханони аз замири ќалб гуфтаи як ихлосмандаш боз њам ѓарќидахун кард. Боз ин гуфтањо аз он дарак доданд, ки марди оддие ин љањонрову моро падруд нагуфтаст. Ў дар хоби абад буд ва моро гирдогириди худ дар хоб медид. Парешону гирёону њайрон.
Ва саманди ороставу пероставу мушкинаш андаруни гулдастањои муаттари тару тоза гуиё шино мекард. Шино ба сўи абадият. Ба сўњбати он Њабиби деринтизор.
Ва боз дидам, ки њукумати ваќт карахту бењис аст. Ва танњо, танњо инљо тафаккурам лаѓжид ба он ки сарони ин кишавар њама бесаранд. Маѓзњояшон тињӣ аз дарки ору номусу ифтихор аст. Аз алам мушт гирењ кардаму ба сар задам, ки «ай хок ба сарам!»
Ва донистам, ки он њама кару фарри мо шуњратпарастиву пунба хойидан аст…
Ва дарк кардам, ки фарзонагон дар ин дунёи каљдору марез барои курсипарастон  арзише надоштаанд. Ва њамоно сиришки дидагонам аз яъсу навмедӣ ба сўзиш овард љисмамро.
Ва дидам  фариштагони покро, ки њар кадом дар танњої як љањони маънї буданд.
Ва дар танњои якояк паси њам бо дили дардманду  тани абгор аз ин куњнаработ рахт барбастанд. Чун дар ин зулматсаро навозише надиданд аз оѓўши модари хунии худ ба оѓўши модари хокияшон бо њазорон ормону орзу ба хоби ноз рафтанд. Бо як љањон дарду ѓам.
Ва дурахши ахтарони танњоро ки рахшиданду рафтанд кунун дарк кардам.
Зеро гумони ањли фарњанг
Мардуми худогоњ
Љавонмардони баору номус
Шарифмардони миллат
Дилбохтагони каломи шоир
Дўстону пайвандонаш
Он буд, ки рўзи марги ин сарсупурдаи миллат саросари кишвар  мотами умумимиллї эълон дошта мешавад. Ва он партавафшон парчами Миллї дар ин рўз бо нишони мотам нугунсар мешавад. Ва ў аз ин ифтихор кардаву бо ѓурури нопайдоканораву нотакрораш сарболо карда, то ба гуфти хеш:
«Як назар то бинам аз аъдои ман,
Кист дар худ шодмон аз мурдани аъзои ман.
Бингарам аз душманонам
Кист њозир дар сари тобуту мегиряд зи шодї-
Зањрханде бањри ў таќдим бисозам,
В-аз сари тобути худ дураш биронам…»
То мо бубинем, ки он адутаборони миллаташ аз чунин мотами миллї чи бардоште ба худ гирифтаанд. То ба ин васила миллат буданамонро собит созем. То рўњаш осуда гардад аз ин ќадршиносии мову «Пас равад осуда бар кунљи мазораш.» Лек дардо, њасрато! Ин хобу хаёлест дар пиндори мо. Ва ў рафт озурдахотиру носудаву дилреш.  

Ў шармсор буд, аз он ки мо худ ношиносем:

Аз бому аз дари хеш , аз кону аз зарри хеш
Аз фарњанги пурѓановат, аз торихи пурасолат
Аз муштњои манманї, аз зўрњои љонканї
Аз сарварони бесар, аз вазирони ќайсар
Ў дасту дил шуста, њам чашми сар баста

Сакта ба дил љо карда, ў аз пурсишњои нољо
Мисле, ки:
«Дар мањалбозї масал гардидаем,
Гарчї пайванди каёни гавњарем.
Аз чунин иллат бимирем анќариб,
Ки ту аз Фархору мо аз Фалѓарем…
Кас намепурсад то куљо парвози аќл?
«Аз куљої?»- гуфта аз љо мепарем.»

Оњ ин дарди нангин, ки мекушад морову миллатро.
Оњ аз он ки мо то кунун дар гирдоби ин маризӣ уфтодаем
Эй вой бар мо, ки њанўзам аз таърих дарси сабаќ наомўхтаем!
Ва ин дард њамекушт фарзонагони ин миллатро…
Пора-пора ба њар канор афтодаем.

Ва дарди шоир боло гирифт:

«Гоњ-гоње мањалгароёне
«Аз куљої?»- суол меоранд.
Бо суоли мањалгароишон
Бањри миллат завол меоранд
…Љои обод нест  дар миллат,
«Аз куљої?»-суоли вайронист!
«Аз куљої?»-касе, ки мепурсад
Бори миллат ба дўш вайро нест!
Хоби  шабњои ман њаром шуда,
То ки миллат њалолтар бошад.
Мепазирем заволи љони хеш,
Миллатам безаволтар бошад.»

Ва мо дар меёбем шоири дардмандро.
Ўро ѓами худ не, ѓами мо дар азоб гузошта! Ўро нотавонию ноањлии мо андаруни гирдоби саргумї андохтааст. Ўро мо азият додаем. Бо мањаллбозиямон, бо курдилиямон бо берањмию љоњилиямон!!!
Мебинем, ки чигуна  аланга мегирад бањри эъмори ин миллат.

Гаштаву баргашта таъќид бар он меорад, ки аз маризии мањалгарої бояд рањо ёфт. Ва роњи рањої мељўяд дар дили шаб. То аз хоби шабро њаром карданаш миллаташ њалолтар бошад. То бо дидаи аз камхобӣ сурху бо ќалби аз дард моломолаш роњи рањоӣ аз маризиҳои  ин миллати парокандаро биљўяд.
Ва чодари сиёњи шабро бо андешањои кањкашонияш ба сапедадами умед мебарад. То моро ба худ ораду дарси хештаншиносиямон биомўзонад. То аз сари дурроњаи њайрониву сарсонї бозамон гардонад. То дар дањонамон шири модарро шањд гардонад, ки поси забони модарияшро дорем. Таъми шири модарро дар љисму љонамон дарк бисозем.
Дардњояшро малњам мељўяд. Малњаме он њама дардњое ки тўли солиёни торих ўро хурдаву абгор кардаву ба риќат овардаанд.
Чаро насўзад?! Охир ў бедор аст! Ба ор аст! Нангу номусашро посдор аст!
Ману ту он њама дардњоро дар худ дарк мекунем, аммо ў он њамаро мебинад ва хештанро миёни он бесарусомонињо, гирудорњо, сўхторњову кушторњо пайдо менамояд.
Љисми хуншору сарбуридаашро бо њидояти дўсти душмантинату бо ѓазаби душмани лаъин.
Ин чанд нафарро, ки бори  зиндагии носудаи моро мекашанд, магар дар тўли солиёни торих метавон аз хотирот зудуда сохт?! Магар метавон, ифтихоре дошт бидуни ба навори хотирот овардани номњои Зардушт, Деваштич, Наиманча, Спитамен, Дорову Курушу Исмоили Сомонї, Рўдакиву Синову Мавлонову Шамсу Форобию Хайёму Носиру  Салмону Мансуру ….
Њеч гоњ! Зеро биниши моро, дарку фањмишамонро, маданияту фарњангамонро, роњу равишамонро, хулќу атворамонро  офаридањои ин бузургон, панду њикматашон, ќањрамониву родмардияшон, фазилату фаросаташон, эљозу идрокашон билкул тасхир кардааст.
Ва њамаи ин нозиданњову болиданњо аз гузаштаро мањз ў ва ў баринњо тавсссути каломи дилписанду дилнишинашон ба мо омўзонидаанд.
Ў аз њамаи ин дору мадорњо хаста гашт. Ќалбаш дар тангнои синааш намеѓунљид. Љисмаш андаруни курраи оташ гудохта мешуд. Дар оташи кину њасуд, дар оташи бенизомиву берабтии њокимони ваќт. Ва бо ин њама азияту машаќату дардњо:
Ў ба фарёд омад
То наљоти ин миллатро  бубинад.
То  забону фарњангащро дар курсии арш биншонад
То  бубинад, ки ин миллат бо алифбою фарњанги миллии худ болотар равад.
То осоиши љисмиву маънавї маѓз андар маѓзи мо бошад.
То аз аслу насаби худ бархурдор бошем.
То соњибзабону соњибватан бошем. То инсон бошем. Инсони комил!
Ва дид, ки иддае ба њолаш ашкрезон механданд. Ва дид, ки нотавононе ба сўяш санги маломат њаво медињанд ва дид ин миллат њанўз њам дар ѓафлат аст ва дењќонаш барои дигарон кишт дорад. Бо њазору як дард, бо њазору анд мушкилот бархурд дорад оњи дардафзо кашид:

Ва бо дили хунполо гуфт:
«Дар Бухорое, ки даргоњи дарист,
Бо даригуфторї берун аз дарем.
Нест миллатро  зи бас як порчагї,
Пора-пора-луќмаи шўру шарем.
Реза-реза, шарња-шарња љисму љон,
Бори миллатро куљо њам мебарем.
Мо тамоман нотамоем эй дареѓ,
Он наљибулманзари беманзарем.
Кўрњои кўрароњем, оњ,оњ
Бар сари худ пойлаѓзиш мехўрем.
Мо  киёнем? Аз Каёнем? Осафо,
Тољдорони гадои афсарем…»

Ў дард мекашид. Бањри як порчагии миллат.
Ў  ин миллатро меофарид. Дар хаёлњо. Дар мисрањои тобдораш. Дар нишастњо дар анљуманњо. Ў ќомати расои ин миллатро дидан мехост. Бо тамаддунаш!
Мехост ќомати сарвосои ин миллат њеч гоње рўи хазону камонро набинад!
Бо нигоштањояш  ў ба фарзандони ин миллат њушдор медод. То худро бишносанд. То дар масири таърих накўном бошанд. Ў чунон дар дилу дидањо маъво гирифта, вуљудаш аз дарди мањал орї гашта буд, ки Мани ў Мо шуда буд. Мои мукамалу муъаззам. Мои ў миллати бегазанду беиллат буд. Мои ў рўњу таровати тоза ва тарњи Навин дошт. Мои ў зарбае буд ба маскунони сањрои Ќипчоќ. Мои ў љисму љони он бадгўёну бадгуњаронро, ки фарњангу тамаддун ва озодамардони сарзамини Хуросонро дар пайроњаи таърих аз они худ кардаву ба оламиён чун моли хеш ба ќалам додаанд,  саропо ба ларза оварда буд. 
   Мои ў тарканда чун атум буд дар замири бадгуњарони ин миллат. Мои ў бењаду беканора буд. Мои ў  Хуросони бузург буд…
Ў як салобат буд! Як виќори тољикї. Як ору нанги тољикї буд.
Ў шунаъи Душанбешањр буд. Ў зеби Душанбе, Ў нури Душанбе Ў  шањомати Душанбе буд.
Хиёбони Рўдакиро ў нурпош буд. Ў фарњангу тамаддуни ин миллати азият кашида буд.
Ў садои руди Варзоб буд. Ў накњати арчадарахтони Такобу Тавилдараву Ревадро дошт. Ў саркашиву пуршуру савдоии Зарафшонро дошт. Ў ѓурури кўњсорони Помирро болои дўш дошт. Ў беолоишии оби нуќрафоми мулошаршараи Каздонро дошт. Ў шарифиву шарофати Мазори шариф ва Муњаммади Башороро дошт. Ў љасорати Сипитамену Деваштиро мунъакис буд. Ў фазилати Фирдавсиву њикмати Хайём ва шӯридагињои Шамсу Мавлоноро дошт. Бо дунёи хешу бо рўзгори хеш!
Ин буд, ки ў  дар оинаи чашмони  наслњои он рўз, дар хонадони њар фарди тољик, дар дили нозуку пурмењри модарон, дар ќалбњои пуртуѓёни дилбарон лона гузошта буд.  Бо сухани шевову дилошубаш. Бо тахайюлоти болопарвозаш. Ў кайњонаварди дилњо буд.

Кайњони боло дигару кайњони дилњо  дигараст,
Кайњонавардам дар замин ёд аз мани ошиќ кунед.

Ў бо лутф ва латофат ва садоќату рафоќат дар дидаву дилњо наќш баст.

Имрўз, ки ў нест.ю
Дунёи мо  бениёз аст!
Имрўз ки ў нест,
Майдони назми мо хомўш аст!
Имрўз, ки ў нест,
Ќалбњои мо ба сардист!
Имрўз, ки ў нест,
Ору нангу номуси мо намонда!
Имрўз ки ў нест,
Гулбоѓи ошиќон бенакњатаст!
Имрўз ки ў нест,
Дарди мањал бологирифтаст!
Имрўз ки ў нест
Фарњанги мо костааст.!
Имрўз ки ў нест
Вафову мењр намондаст…!
Имрӯз, ки ӯ нест,
Рӯбаҳон шер гаштаанд!
Имрўз, ки ў нест
Дуд дар димоѓњост!
Имрӯз, ки ӯ нест,
Фарёди мо дар гулӯст!!!




Комментариев нет:

Отправить комментарий