Охирин шеъри Сонӣ
Thursday, 01 March 2012 10:25 administrator
Шунидани маргат бароям гарони кард Саъдуллои азиз! Муддате чанд бехуд будам.
Ба маргат боварам намеояд. Охир он чехраи моили хамешагии табассумат дар дидагонам
то бахол аксандоз аст. Чун ба Душанбе, макони айёми чавони меомди ба дидор мерасидем.
То ба хол чун дар кушода шавад гумонам,ки Саъдуллочон бо хамон табассуми бегашу пурмехраш вориди хучраи кориям гашта, "ассалом дусти азиз " гуфта огуш мекушоду ...
Ин хамаро менависаму ашк дар рухсораам чуйбор мекашад. Аз гами ту аз гами Абдукаххор,
Чумъаи Толибу Мавлони Рачаб. Синаам имруз моломоли дард аст.
Войи ман, доди ман, дарди ман...
Охир дар ин кухнарбот бо ки меонам.
Хама дар айёми камолот аз ман дури чустед! Ба кучо? Чаро?
Марги ту дустонатро синабирён кард. Ту дар назархо орому шухтабиат буди, вале калбат пур аз дард буд. Дарди носозгорихои чомеа, дарди фарзанди точик, дарди модари точик,
дарди мардикори точик! Ин дард туро кушт. Дар навиштахоят бо суз ин хамаро гуфтаи, аммо чун диди ки гуши шунавое нест, моро ба холи хеш гузошта аз мо дури чусти...
Худоё Худовандо, чои хамаи чавонмаргони хакталошу якруву поктинату
якруятро чаннат гардон. Омин!
Мухтор Бокизода, хамкурс ва дусти азизат!
“Ҳар касе чашандаи марг аст. Ва ҷуз ин нест, ки муздҳоятонро рӯзи растохез тамом бидиҳанд. Пас ҳар кӣ аз оташи дӯзах дур дошта ва ба биҳишт дароварда шавад, ба ростӣ растгор шудааст. Ва зиндагонии дунё чизе ҷуз колои фиреб нест.” (Оли Имрон: 185)
Охирин сӯҳбати мо бо шоири мухлис, адиби хушсалиқа ва мусалмони дилсӯзу шаҳрванди миҳандӯст, Саъдуллоҳи Мӯсо мутахаллис ба “Сонӣ”, танҳо як рӯз пеш буд; замоне ки ин фарҳехта охирин шеъри худро барои нашр пешкаш кард. Он ҳангом ба зеҳни аҳаде; на худаш, на мо ва на касе дигар, тасаввури ин ки то чанд соати дигар ин адиби хушзавқ дунёи фониро падруд ва ба дори бақо хоҳад шитофт, хутур намекард. Аммо, аз марг гурезе нест ва дер ё зуд ба суроғи ҳамаи мо хоҳад омад: “Ҳар куҷо бошед, марг шуморо дархоҳад ёфт...” (Нисо: 78).
Дақоиқе пеш, аз тариқи хабаргузории Tojnews буд, ки аз даргузашти ногаҳонии ин шоири хушсалиқа огоҳ шудем, ки бар асоси гузориши ин хабаргузорӣ, Сонӣ дар пайи сактаи қалбӣ дунёро падруд гуфтааст.
Ин хабар ҳамаи моро андӯҳгин сохт. Пойгоҳи Кимиёи саодат, зимни арзи таслияти даргузашти ин бародари мухлис, фурӯтан ва пойбанд, ба хонавода, дӯстдорон ва тамомии озодаҳои миҳани азизамон Тоҷикистон, охирин шеъри ин адиб ва фарҳехтаро пешкаши хонандагон ва мухлисони шеъри Сонӣ, ки як рӯз пеш ин ин торих барои нашр ирсол карда буд, менамояд.
Руҳаш шод ва ҷойгоҳаш биҳишт!
* * *
Зан озод асту аз ғам раст оё?
Сонӣ
(Таманно бар модари хеш дар арафаи Рузи Модар)
Аё дар зиндагонӣ шед, модар,
Маро дидори рӯят ид, модар.
Таманно дорамат дар явми модар,
Битобӣ бар сарам умре чу ахтар.
Бимонӣ дар ҳаётам оламафрӯз,
Ки бе субҳи рухат тор аст ин рӯз.
Абуямро, ало, дилдода, ҳамроз,
Бифармоям иҷоза, гӯямат роз.
Бигӯям аз зану дунёву сӯзаш,
Диҳам шарҳ аз чӣ шуд бетоб сӯзаш.
Ба вақти саҷда, гӯӣ, модари ҷон,
Саранҷоми маро, Раб, хайр гардон.
Талаб дорӣ, ки бошад ҷо-т ҷаннат,
Бибахшояд Худо савғо-т ҷаннат.
Ба монанди ту садҳо модарон ҳам,
Батақвомодарон, гулдухтарон ҳам,
Дуогӯ дар суроғи Ёр бошанд,
Зи афроди ибодаткор бошанд.
Мақоми шавҳару ҳам ҷой донанд,
Зи Қуръон дидгоҳу рой донанд.
Бидонанд ормони бози худро,
Ҳудуди шаръу пойандози худро.
Вале ҳайфи басо зан, духтари мо,
Фитода ҳуй кайҳо аз бари мо.
Шуда сардод[1] андар кӯча, бозор,
Зи дасти ғафлати мо ёбад озор.
Газофе: “мо занонро шод кардем,
Зи ғам бо “урра”-ҳо озод кардем”.
Душанбе кард ҷо дар “Корвон”-аш,
Зани “озод”-ро, мебуд фиғонаш.
Дар ин ҷо бингарӣ, дар растабозор,
Занону духтаронро ҳолате зор.
Басо мардон ба ҳақ номардӣ дорад,
Ба занҳо бемадорӣ, сардӣ дорад.
Фиканда бори худ бар гардани зан,
Занонро бишмарад дар қимат арзан.
Шиори мо, ки: дар ҳақ зан мусовист,
Ба мардон дар ҳама барзан, мусовист.
Накӯ бингар, баробар ҳаст оё,
Зан озод асту аз ғам раст оё?
Шиори мо, ки сар то по дурӯғ аст.
Ҳаёти мо аз ин рӯ бефурӯғ аст.
Махсус барои Кимиёи саодат
Комментариев нет:
Отправить комментарий