четверг, 7 октября 2010 г.

Нолаи шабњангом


                                КУЉОСТ НАНГУ ОРУ НОМУСИ МИЛЛЇ!
Фасли пойиз дар расида, ки хазон рез оѓоз гардид? Аљабо дар ин фарораси пойиз чаро ин гуна зардогинї? Чаро он баргаконе,ки як замон дар шохањо љойи худро доштанду болонишин буданд, кунун зери по фитодаву беќадру ќиматанд? Мисли он хазонрезии фарзандони тољик. Худоё охир ин чи гуна хазон резест, ки танњо ба љисму љони тољик дар меафтад?  Хонаи тољикро мотамсаро мегардонад? Модари тољикро љигарпораву ќалбпурхун мегардонад? Зани тољикро бева мегардонаду тифли ўро ятим? Худоё шафќат намо! Ин чи гуна боз як санљишест ба ќисмати љавонмардони тољик? Ин бора чи балое болои ин миллат панља андохта?
Хабари суќути чархбол ва фавти 28 фарзанди тољик ќалбњоро пурхун намуд. Охир боз садои нолаи модари тољик  ба арш дака зад. Ин бор њам њукумати кишвар ин сањнаи фољиаборро нодида гирифт. Намедонам, аз чист, ки дар кишвари худ тољик бачунин як њамдардие, ба рўзи мотам ќадр надорад?!  Фољиаи Кўлоб њанўз паси сар нашуда, марги 25 афсари Вазорати дифоъ, 5 тан кормандони Вазорати корњои дохила ва боз 28 нафари дигар магар њамаи ин њамон хазонрезии пойиз нест? Дар хазонрезии пойизи табиат мотам мегирад, авзояш дигаргун мегардад. Аммо мо чї, гуё дарк намекунем, ки ин ќадар љонњоро аз даст додаем! Зеро дар расонањои электронии мо раќсу бозї лањзае хомўшї надорад. Чаро барои як тан ќурбонї  кишварњои бонангу ор дар кишварашон рўзи мотам эълон медоранду мо мурдањоямонро ќадр карда наметавонем? Ин чиро нишон медињад? Беќадру ќимат буданро? Њайсият надоштанро?
 Намедонам?! Охир њамаљо љор мезанему суханони нест андар љањонро аз њафт ќабати замину осмон ёфта бо њазорон лофу газофи дигар онњоро обут об дода пешкаши мардум мегардонем, ки мо миллати ориёием! Мо фулонему мо бењмадонем! Аммо дар асл њељ касем! На миллатем ва на нишоте аз ориён дорем. Он њама сафсата њасту барои таскини дил.
Инро њанўз замоне, дарк карда будам, ки устоди шањир Лоиќи Шералиро ба манзили охират мегуселонидем. Охир он нафаре, ки мардумро ба хештаншиносї даъват карду як умр миллат гуфт. Оне ки бо тамоми маънияш дар хештан дарду доѓи миллатро гуронидаву бо каломи дилнишину дилосояш дарси инсон буданро дар мо талќин намуда буд, онеро ки бо тамоми њастї дар бораи ќисмати миллат љор зада моро њушдор дода буд, ки аз мањфшудан хешро нигоњ доред, њељ ќадраш накардем. Гумони аксари мардуми рўшанзамир он буд, ки дар ин рўз Њукуматдорони кишвар, барои исботи маънавияту дарки болои миллат буданашон бар маги ин Шариф мард парчами кишварро ба рамзи мотам пойин мекунанду мегўянд ин мотами миллист. Вале дареѓу дард ки чунин нашуд. Манќуртизим боло гирифт. Оњи синањои дардошнову љигарњои сўхтаву лабони париснбаста ба гўшањои яъсу ноумедї рафт. Ва оддитарин нафар дарк кард, ки мо чигуна миллатем?! Миллати дуруѓин! Миллати воњима! Миллати як лањзаина!
 Шояд дар андешаи он бошем, ки бигзор баъди њазору сад сол дигарон ба ќадри ин абармардон расанду водареѓашон гўянд. Пас аз њазор соли беному нишонї. Боз сар болокунаду бо аламу дард гўянд, ки афсўс он замон ба ќадри эшон нарасиданд?!
Чаро мо њамин замон хешро намешиносем?! Аз ормонњоямон пуштибон нестем? Ба ќадри зиндаву мурдаамон намерасем?
Магар њамин нодидан гирифтанњо нест, ки тољик њамаљо бе ќадру ќимат аст?! Бубинед дањњо фарзандони ин миллат дар ѓурбат бо њазорон шиканљаи нољавонмардонаи скинхеди миллатгарову милисаи «хуношом»и он кишварњо љони худро аз даст медињанду мо лаб фурў мебандему бо њасрат мегўем «Ин кори Худост! Ќисмат њамин будааст! Аз ќисмат љойи гурез нест!» Ва бо ин њама хешро тасалло медињем. Лек надидаам, ки боре гуфта бошем, ки чаро чунин шуд? Ба ин њама кї гунањкор? Чи фарзандони моро водор сохт, ки хонаву дарашро тарк карда ѓурбатро ихтиёр кунад? Магар дар хонаи худ рўзгори хуш медошт он фарзанд хонаашро тарк мегуфт?! Асло не!
Магар ин мо нестием, ки аз нотавонї, аз худбинї, аз бепарвої, аз кисапуркунї фарзандони ин сарзаминро рондаем ба берун. Аз бекорї, аз бахилї, аз бо зўри кашида гирифтани молу мулки дигаре, аз тангназарї аз ноумеди тарк кардан ин дару буми барояшон азизро.
20 сол боз тољик дида бар он медўзаду умед бар он мебандад, ки як рўз не як рўз Тољикистони азизаш обод мегардаду ў ба Ватан бар мегардад, то осудаву ором хонаву дарашро посбонї кунад. Вале, ин њама хобесту хаёлест! Умеди охирин дар дилњо мемирад. Орзуњо барњам мехўранд. Яъсу ноумедї меафзояд. Ба оянда дилгармї намемонад! Рўзи бењро касе дида намтавонад. Фављ фављ мардум мераванд. Ин раванд касеро ба ташвиш намеоварад. Намепурсанд, ки «њой мардум , ба куљо равонед?»
Синањо моломоли дард, чашмњо ашкбор, лабон пуроњу шеван, ќалбњо пурдард. Ай Эзиди пок бо ин њама чї бояд кард? Даст ба домони кї бояд зад?! Аз кї бояд имдоде љўст?!
Охир чашми замона кўр, гўшаш кар, лабонаш баста. На моро мешунавад, на мебинад ва на чизе мегўяд!
Бо чашми пур аз ашку синаи садчок ба ёди он 28 тани ѓарќидахун ин њамаро аз пеши назар мегузаронаму бо тамоми овоз фарёд мезанам, «куљост он оромиву осудагї, куљост он сулњу суббот, куљост он сарвари дилсўз, куљост оне ки моро ба њам орад!».
Ин шаби тираи ман бо ашки чашму оњи дил сањар шуд. Кош сапедадаме моро аз њамаи ин балоњо ворањонад! Худоё пас дасти Ману домони Туст!

Бо илтиљову дуо Мухтори Сайидбурњон

понедельник, 4 октября 2010 г.

    «ФАТВО»-И  МУЛЛОВУ ИЗЊОРОТИ ВАЗИРИ ДИФОЪ

Магар бо узрхоњии журналистон аз вазири дифоъи кишвар 25 нафар сарбозе, ки дар минтаќаи Рашт ќурбонии љањолат ва бозињои сиёсї гардиданд зинда мегарданд?Хуни ин ќурбониён ва мардуми осоишта ба гардани кист?

Тайи чанд  моњи охир аст, ки дар саросари кишвар њодисањои нохўши нигаронкунада ба вуќўъ пайваста истодааст. Сароѓоз фирори 25 мањбус аз зиндони Кумитаи амнияти кишвар, пасон тарикшњо дар шањри Хуљанд ва мањаллаи Дўстии Пойтахт ва даргирињои води Рашт. Ин њаводис аз рўйи характер ва хусусияташон вазъи се маќомоти ќудратии кишварро таљасумгар шуда, дар кадом сатњ ќарор доштани ин маќомотро нишон доданд.
Пас аз он ки дар ин хусус расонањо барои мардуми кишвар аз рафти њаводиси бавуќъ пайваста иттилооти даќиќу беѓаразона дастрас намуданд, ин маќомот љои он ки камбудњояшонро ислоњ намуда, дар раванди ороми кишвар чорањои мушаххасу судманд андешанд, даст заданд ба бадномкунии расонањо. Чаро? Мањз аз ѓофилгир намудани ин маќомот ва фориѓболии онњо ќуввањои бадхоњу душманони сулњу осоиши кишвар ба як ќатор њаводиси гўшношунид даст зада вазъро ноором намуданд. Раванди инъикосёбии ин воќањо обрўву манзалати ин маќомотро коста гардонид. Зеро рух задании ин воќеот шањодат аз онанд, амнияти кишвар зери суол ќарор дорад.
Агар расонањои хабарї дар раванди иттилорасонї аз ин њаводис мўњри хомўши ба лаб мезаданд, ин бадтарин гуноњи онњо дар назди миллату кишвари азиз мебуд. Вале, чи тавре, ки огоњї дорем расонањо дар раванди огоњонидан ва њушдор намудани Њукумати Тољикистон аз рух додани чунин њодисањо ва баёни як ќатор рўйдодњои дигар сањм гузошт.
Агар дар воќеъ њамаш хуб мебуд, чаро Президенти кишвар раиси Кумитаи амниятро аз вазифа барканор намуд?! Сабаб дар чї буд? Магар ин љо низ айби расонањо буд?
Мўњтарам вазир! Њафтаномањо дар рухдодани њодисањо на њукуматро, чи тавре, ки дар баёнияатон овардаед, балки мушаххасан Вазорати дифоъро гунањкор медонанд, пас чаро Шумо маљроро барои њимояи худатон ба дигар самт мегардонед?  
Чунин ваъияти ба амал омада оид ба њаводиси води Рашт ва ба њалокат расидани 25 (?) нафар ќумондону сарбозон ва амалиёти бебарори Вазорати дифоъ дар њаќиќат бояд аз љониби љоми шањрвандии Тољикистон мавриди интиќоди шадид бояд ќарор бигирад. Ва ин љо мусаллам аст, ки дар натиљаи чунин амалиётњои бебарор бояд роњбарият пеш аз њама масъулиятшинос бошанд. Агар дар рагу пайванди онњо заррае хуни мардигарї шараён дошта бошад, бо ихтиёри худ истеъфо бираванд. Љомеа дар тўли  солњои сипаришуда шоњиди чанди амалиётњои бебарори Вазорати дифоъ њаст, ки роњбарияти кишвар онњоро нодида гирифта, чашм аз онњо пўшидаанд.
Кас сари андешаи он меравад, ки чаро вазири дифоъи кишвар Шералї Хайруллоев љойи ислоњ камбуд ва тангирифтани ноуњдаброиву  масъулиятношинос буданаш, љор мезанад бо изњороти тўњматангезу тањќиромезонааш нисбати рўзноманигорн, ки онњо пуштибонї терористон (?)мебошанд. Ва даъват ба амал меоварда, ки бояд маќомоти њуќуќии кишвар љилави расонањоро кашанд «аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат талаб мекунад, ки ба изҳороти сиёсї ва ба мақолаю нигоштаҳои дигари рўзноманигорону сиёсатмадорон баҳои ҳуқуқӣ дода, дар сурати љой доштани ҳолатҳои љиної гунаҳкорон ба љавобгарии қонунї кашида шаванд».
  Бубахшед мўњтарам вазир чаро худи Шумо барои амалиётњои бебароратон ва тўли зиёда аз 18 соли сари ќударт будан, хоњиши ба истеъфо рафтанро надоред? Ва ин њаќи ќонкнии њар як шањрванди Тољикистон аст, ки андешаи худро нисбати кору фаъолияти вазорати Шумо баён дорад, донад ва дар натиљаи рў ба рў омадан ба камбудњои  Шумо истеъфоятонро талаб намоянд. Шумо кадри замони Шўравиед. Ва хуб огоњї доред, ки дар чунин мансабњо набояд аз 5 сол зиёд кор бикунанд, зеро аз ин мўњдат, ки зиёд шуд онљо ба коми карупсионерон фурў меравад. Ва Шумо як ба ангўштонатон њисоб кунед, ки чанд 5 сола дар ин вазифаед?!
Имрўз мехоњед, ки бо истифода аз мансаби ишѓол намудаатон садди роњи фаъолияти рўзноманигоро ва рўзномањо гардед ва чун он муллои масљиди љомеи Кўлоб Эшони Саймлљон љор мезанед, ки њафтаномањои мустаќилро бояд баст! Бубахшед як чизро аз Шумо пурсидания, ки ў ба Шумо дар машварат буд ва ё Шумо аз ў илњом гирифта чунин як даъвои бемантиќу беасосеро ба миён мегузоред?! Ва аљабо ки баъди «фатво»-и он мулло  тамоми маќомоти ќудратии кишвар гўё «ба худ омада» аз фаъолияти њафтаномањо изњори нигаронї мекунанд. Ба «фатво»-и тарњрези шудаи њамон як муллое, ки ба гузаштаи тамаддуну фарњани тољикона хати батлон мекашаду маърифату маданияташро нодида гирифта, манќуртона аз њамаи он дурї мељўяд. Хонандаи азиз дар ёд дорад, ки дар хусуси гуфтаи муллои масљиди љомеъи шањри Кўлоб Эшони Сайидљон њафтаномањои «Пажвок», «Фараж» ва дигарон чанд андешаеро ба табъ расонида буданд.
Ба назари чунин мерасад, ки аслан  ин бозї шинос аст. Бозии тарњрезишудаи иддае аз мансабдорону мансабхоњони кишвар, ки бо ин васила мехоњанд, пеши обро баста аз он хушк бароянд.
Бубинед, маќомоти ќудратии мо    чигуна бозињоеро матрањ месозанду мардумро гўл мезананд, яъне домони бозињояшонро васеъ пањн намуда тавассути муллои масљиди љомеъ гилагузориро оѓоз намуда, онро ба дасти маќомоти ќудративу њуќуќии кишвар доданд, ки мустањкамтар онро доранд. Яъне онњо аз байни љомеа чунин бозиро бофта бароварданд, ки мабодо нагўянд, ки ин љо дасти Њукумат аст. Аммо раванди ноуњдабароёна тарњрезї шудани ин бозї онњоро фош намуд. Яъне «фатво»-и муллову изњороти вазири дифоъ ифшогари розанд.
Дар нишати матбуотие, ки ољонсии итилоотии «Авасто» рўзи 4.10.10  доир намуд журналистон аз ин  њолати ба миён омада изњори нигаронї карда,  рафтори вазири дифоъро мавриди баррасї ќарор доданд. Аксари рўзноманигорон сари андешаи он буданд, ки барои чунин тўњмат ва тањќири рўйирост, истифода аз мансаб монеъ шудан ба фаъолияти касбиву фишор ба матбуот тибќи моддањои 135, 136, ва 162 Кодекси љиноятии ЉТ аз болои вазири дифоъ ба суд мурољиат бубаранд.

ЭЪЛОН


 
   Ба таваљљўњи хонандагон,
  рўзноманигорон ва ВАО

Вобаста ба бањсњои ба миён омада оид ба риояи меъёрњои ахлоќї ва касбии журналистї метавонед ба Шўрои ВАО-и ЉТ мурољиат намоед.
Мурољиат дар шакли хаттї, дар њаљми ду нусха ва бо пешнињоди маводи нашршудаи бањсї сурат мегирад.

             Суроѓа: шањри Душанбе, хиёбони
                       Саъдии Шерозї16, ошёнаи 8
             
                 Телефон барои тамос : 238-54-07-

 

понедельник, 27 сентября 2010 г.

СМИ Таджикистана требуют извинений от Минобороны

"Шарки Озод"
Ряд руководителей независимых СМИ и журналистских организаций Таджикистана в распространенном сегодня заявлении выразили свою озабоченность действиями руководства Минобороны РТ, которое, в свете последних событий в стране, обвинило независимые СМИ в провокациях и непрофессионализме.

«В субботу, 25 сентября, по национальному телевидению неоднократно был продемонстрирован сюжет пресс-центра оборонного ведомства, в котором независимые СМИ страны были обвинены в искаженном освещении происходящих в настоящее время на востоке страны событий. Мы считаем необъективным, предвзятым и не отвечающим офицерской этике данный видеосюжет. Мы уверены, что трансляцией этого сюжета Минобороны попыталось нарушить профессиональное право журналистов и конституционного права граждан республики в получении объективной информации», - говорится в заявлении.

Авторы заявления считают, что, таким образом, Минобороны прикрывает свои недостатки и просчеты. «Минобороны пытается взвалить ответственность за события в регионе на плечи независимых средств массовой информации. Последние, в свою очередь, выполняют свою миссию в рамках законодательства республики и профессиональной этики и объективно освещают события на востоке страны», - подчеркивается в заявлении.

«Мы считаем неуместным попытку преследования и унижения журналистов со стороны министерства обороны, и требуем извинений со стороны ответственных лиц этого ведомства через СМИ. В противном случае мы будем вынуждены воспользоваться своим конституционным правом и защищать свою профессиональную честь и достоинство. Мы уверены, что политическое руководство страны осознает значимость независимых СМИ в развитии демократического общества в Таджикистане, и даст объективную оценку действиям руководства министерства обороны», - сообщается в заявлении.

Далее 17 руководителей независимых СМИ и медиа-организаций Таджикистана призывают все государственные и общественные структуры Таджикистана, политические силы и СМИ «использовать все свои возможности в этом направлении и внести свой вклад в развитие свободы слова, как одного из основ демократизации общества».

Свои подписи под заявлением поставили:

Нуриддин Каршибоев, председатель НАНСМИТ,

Акбар Сатторов, директор ООО «Чархи гардун»,

Мухтор Бокизода, генеральный секретарь Совета СМИ Таджикистана,

Шариф Хамдамов, директор ООО «Оила»,

Марат Мамадшоев, редактор «Азии-Плюс»,

Нурали Давлатов, заместитель главного редактора «Фараж»,

Саймиддин Дустов, председатель Совета редакторов «Нигох»,

Рустами Джонни, генеральный директор ООО «Ориёно-медиа»,

Раджаб Мараимов, главный редактор «Имруз-ньюс»,

Зафари Суфии, главный редактор «Озодагон»,

Джума Толибов, главный редактор «Пайкон»,

Зафар Абдуллоев, главный редактор «Факты и комментарии»,

Джума Мирзо, главный редактор «Нури зиндаги»,

Фарангис Набиева, редактор «Боргохи сухан»,

Хуршедджон Ниязов, генеральный секретарь «Медиа Альянса Таджикистана»,

Кироншох Шарифзода, председатель ОС «Журналист»,

Шахло Акобирова, председатель ОО «Хома».

четверг, 23 сентября 2010 г.

Боқизода: "Танқидро аз таҳқир фарқ намекунанд"

Радиои Озодӣ дар гуфтугӯе бо Мухтор Боқизода, раиси Созмони гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон, пурсид, ки аз назари созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, оё бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба фаъолияти ВАО таъсири амиқе расондааст?

- Оре, вақте, ки ВАО –и Тоҷикистон маводи чопиро аз хориҷ дастрас мекунад, ин бегуфтугӯ ба фаъолияти молии онҳо асар мегузорад ва мушкилоти фаровонеро ба вуҷуд меорад. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон қаблан ба бӯҳрон дучор буд. Фикр мекунам, дар нишасти имрӯз қабл аз ҳама хабарнигорон ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи хосе хоҳанд кард, то аз паёмадҳои номатлуби бӯҳрон дар фаъолияташон ҷилавгирӣ куннад.

-Аз назари Шумо бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бештар ба кадоме аз ВАО – давлатӣ ва ё мустақил таъсир расондааст?

- Ин мусаллам аст, ки расонаҳои давлатӣ, ҳам аз лиҳози хонанда ва ҳам аз лиҳози молӣ зарари зиёде намебинанд, аммо дар ин марҳала ин расонаҳо низ дар канор нахоҳанд монд ва то ҷое, ин таъсирро мутаҳаммил шудаанд. Вале бештарин зарбаи бӯҳронро расонаҳои мустақил рӯ ба рӯ шудаанд. Зеро аксарияти ВАО –и мустақил, ки худ маводи чопиро аз берун дастрас мекунад ва ҳомие низ дар ин замина надоранд, бештарин мушкилотро доштанд ва ҳамакнун низ дар рӯ ба рӯи ин проблема ҳастанд.

-Аммо Шумо итминон ва бовар доред, ки дар ин шароит давлат метавонад ба ВАО –и мустақил низ дар ин замина кумак кунад?

-Имрӯз вақте ба фаъолияти расонаҳои мустақил назар меандозем, мебинем, ки ҳукумат то андозае ба фаъолияти ин ВАО хушназар аст. Дар сӯҳбатҳое миёни созмонҳои рӯзноманигорӣ ва бархе аз масъулони ҳукуматӣ, мансабдорони давлатӣ аз дуҷор шудани бархе аз расонаҳои мустақил ба бӯҳрони молӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ва ман бар онам, ки ҳар ҳукумате, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро дар миёни мардум пиёда карданист, бояд аз ин гуна расонаҳои мустақил самаранок истифода барад. Зеро расонаҳои давлатӣ на ҳама вақт метавонанд баҷомеъа ахбори дақиқу саҳеҳро расонанд. Мушоҳидаҳои мо низ ҳокист, ки дар нашрияҳои давлатӣ бештар дар бораи ҷаласаҳои ҳукуматӣ сухан меравад ва ахбору иттилоот медиҳанд.

-Яке аз мавзӯъоте, ки шумо фармудед, дар нишасти имрӯз матраҳ мешавад, баррасии вазъи озодии баён аст. Ба ҳайси раиси Созмони гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон вазъи озодии баёнро чӣ гуна арзёбӣмекунад?

-Агар гӯям, ки озодии сухан дар Тоҷикистон сад дар сад таъмин аст, воқеъият нахоҳад дошт. Аммо нисбат ба солҳои гузашта, теъдоди нашрияҳо ва ҳафтаномаҳои мустақил меафзояд ва ҳар кадоме саъй мекунад, то рисолати худро дар назди ҷомеъа ифо кунад. Вале дида мешавад, ки ҳафтаномаҳои мустақил ба масоили сиёсии ҷомеъа камтар даст мезананд ва масоили марбутро бозтоб медиҳанд. Ин сабаб дорад. Чун, нашрияҳо, ки бештар аз ҳисоби фурӯш фаъол ҳастанд, дар чунин шароит кушиш мекунанд, ки тиҷораташонро аз даст надиҳанд.

-Аммо дар ин авохир, мавориди ба додгоҳ кашонда шудани нашрияҳо тавассути ниҳодҳои давлатӣ, ба хусус додрасҳои додгоҳҳо дар ҳоли густариш будааст. Магар ин аз он далолат намекунад, ки расонаҳо нақше дар пӯшиши масоили доғи ҷомеъа доранд?

-Инро касе инкор намекунад. Албатта он мавзӯъоти доғе, ки бархе аз ҳафтанома матраҳ мекунанд, далели ҳамин аст. Вале барои пайдо кардани ҳосилаи ду карат ду зарурате нест, ки ин ё он шаҳрванд ва ё ин он он мақомоти қудратӣ ва давлатӣ ба суд муроҷиат барад. Балки ниҳодҳое ҳаст, ки метавонад чунин баҳсҳоро ба таври сулҳомез ва мусолиҳаомез ҳал кунад. Масалан, Иттиҳодияи журналистон ё Шӯрои ВАО, ки ахиран ташкил ёфт, метавонад дар ҳалли оштипазири ин қазияҳо кумаку мусоидат кунад.

Албатта нашрияҳое, ки ба додгоҳ кашонда шудаанд, аз манфиатдории ниҳодҳои давлатӣ далолат мекунад. Зеро онҳо намехоҳанд, ки ҷурме, ки содир кардаанд, аз он ҷомеъа огоҳ шавад. Вақте, ки нашрияҳо дар бораи камбуди ниҳодҳои давлатӣ сухан мегӯянд, онҳо ин камбудиро дар шахсияти худ ва он ниҳод таҳқир мешуморанд. Гап сари он аст, ки ҷомеъаи Тоҷикистон, махсусан ниҳодҳои додгоҳӣ ва додситонӣ, ки худ иҷрокунандаи қонун ҳастанд ва дар ин доира низ амал мекунанд, моҳияти таҳқирро аз танқид дарк намекунанд. Ва бо ифшои як ҳақиқат ва камбудиҳо тавассути нашрияҳо, ниҳодҳои давлатӣ кӯшиш мекунанд, ки фишор болои расонаҳоро афзоиш бидиҳанд.

-Шумо ба ин назаред, ки амалкарди ниҳодҳои давлатӣ алайҳи нашрияҳо фишор болои фаъолияти хабарнигорон ва ҳафтаномаҳост, бале?

- Оре, ин фишор аст ва чунин амалкард ва баҳогузории ниҳодҳои давлатӣ, ба хусус додгоҳҳо муғризона ва назарногирона буда ва ҳатто аз сардрафтории онҳо далолат медиҳад.

- Дар чунин шароит, Созмони гиромидошт ва дифоъи аз ҳуқуқи журналистон, ки Шумо раёсати онро бар дӯш доред, барои ҳалли мушкили нашрияҳо чӣ иқдомеро рӯи даст гирифтед?

- Созмони мо ҳамроҳ бо дигар созмонҳои рӯзноманигорӣ аз тариқи пахши изҳорот ва муроҷиатномаҳо, талош кардем, ки асолат ва касбияти журналисторо нишон бидиҳем, ки имрӯз ҷомеъаи Тоҷикистон ба ВАО ниёз дорад ва маҳз журналистон метавонанд, маризиҳои ҷомеъаро дармон бахшанд.

-Оё имкони ҳамкорӣ ё созиш миёни расонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ вуҷуд хоҳад дошт?


-Натиҷаи чанд мулоқоту музокирот миёни расонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ нишон медиҳад, ки тарафҳо моил ба ҳамкорӣ ва созиш ҳастанд. Танҳо он чи барои тарафҳо зарур аст, риоя шудани манфиатҳои онҳост. Ба ин далел, Шӯрои ВАО ба унвони як ниҳоди мустақили журналистӣ метавонад ба унвони миёнҷӣ дар ҳалли мушкили мавҷуди нашрияҳо ва ниҳодҳои давлатӣ, ба хусус дар ҷиҳати ба ҳам овардани онҳо кумаки муносибе дошта бошад.

(ozodi.org)

“Нерӯи сухан” муҷаддадан сабти ном шуд


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳафтаномаи “Нерӯи сухан”-ро, ки нашри он дар соли 2005 ба далоили мухталиф мутаваққиф шуда буд, дубора сабти ном кардааст.

Ба гуфтаи масъулони ин нашрия, онҳо қасд доранд дар авоили моҳи сентябр чопи муҷададди ин нашрияро оғоз кунанд.

«Нерӯи сухан» дар гузашта бо чопи матолиби интиқодӣ аз маҳбубияти хонандагон бархурдор буд ва ба гуфтаи соҳибназарон ин амр аз сабабҳои аслии таъвиқи нашри ин ҳафтанома шуда буд.

Мухтор Боқизода, мудири ҷопхонаи "Кайҳон" ва сардабири ин нашрия ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳоло машғули таҳияи шумораи нахустин ва муҷаддади “Нерӯи сухан” аст ва ҳамзамон бояд масоили молии марбут ба нашри дубораи ин нашрияро низ ҳал кунад.

Вай гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд шумораи аввали “Нерӯи сухан” дар авоили моҳи сентябр мунташир хоҳад шуд.

"Нерӯи сухан" дар авохири даҳаи 1980 аз сӯйи Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон мунташир мешуд. Баъд аз таваққуфи чандсола нашрия дар авоили даҳаи 1990 рӯи нашрро дид.

Дар соли 2005 ниҳодҳои молиётии Тоҷикистон фаъолияти чопхонаи "Кайҳон" ва чопи ҳафтаномаи “Нерӯи сухан”-ро мутаваққиф карданд. Иддаъо шуда буд, ки интишороти “Нерӯи сухан” ба таври ғайриқонунӣ аз барқ истифода кардааст.

Ин қазия ба додгоҳ кашида шуд ва додгоҳи ноҳияи Фирдасви шаҳри Душанбе Мухтор Боқизодаро барои ду соли кори иҷборӣ ва тавқиф кардани 20 дарсади ҳуқуқи моҳонааш маҳкум кард.

Ба гуфтаи Мухтор Боқизода, зимни расидагии дубора ба ин қазия дар соли 2006, додгоҳи истинофӣ ҳукми қаблии додгоҳро тағйир дод ва ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд.

Оқои Боқизода мегӯяд соли 2007 чопхонаи "Кайҳон" дубора фаъол шуд, вале барои чопи “Нерӯи сухан” маблағе кофӣ пайдо нашуд ва дертар зарурати сабти номи муҷаддади ин ҳафтанома ба миён омад.

То соли 2005 “Нерӯи сухан” дар канори “Рӯзи нав” ва “Одаму олам” аз нашрияҳое маҳсуб мешуд, ки пайваста аз сиёсати давлати Тоҷикистон шадидан интиқод мекард.

Он замон чопи “Одаму олам” ва “Рӯзи нав” низ ба далоили мухталиф муттавақиф шуда буд. Зимнан, сардабир ва муассиси “Рӯзи нав” Раҷаби Мирзо буд, ки ҳоло ба симати сардабири нашрияи тозатаъсиси мустақили “Имрӯз news” интисоб шудааст.

Оқои Мирзо дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки чопи ин нашрия дар моҳи ҷорӣ оғоз хоҳад шуда ва ин нахустин рӯзнома дар Тоҷикистон хоҳад буд. Зеро, то ҳол дар ин кишвар нашрияҳо ба унвони ҳафтанома ва як нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” ҳафтае се маротиба мунташир мешаванд.

Раҷаби Мирзо изҳор дошт, ки “Имрӯз news” як тарҳи тиҷоратист ва барои роҳандозии чопи ин рӯзнома эътибор дарёфт кардааст.

Ҳарчанд, оқои Мирзо мегӯяд, ки ин нашрия ба родиюи “Имрӯз” рабте надорад, вале бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки чопи нахустин рӯзнома дар Тоҷикистон пас аз замони тулонии адами вуҷуди рӯзномаи ҳамарӯза бо кӯмаки молии яке аз бонкҳои муътабари ин кишвар роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта бархе аз ҳафтаномаҳои Тоҷикистон, назири “Озодагон”, “Боргоҳи сухан”, “Пайкон” ва “Фараж” бо мушкили чопи шумораҳои ҷадиди худ рӯбарӯ шуданд.

Ҳарчанд, дар ниҳоят шумораи ҷадиди ин ҳафтаномаҳо мунташир шуд, вале бархе аз соҳибназарон аз кӯшиши мақомот барои фишор бар ин нашрияҳо изҳори назар карданд.

Ба гуфтаи онҳо, ин амр ба далели шиддат гирифтани интиқодҳо аз сиёсати ҳукумат ва Президент Раҳмон дар моҳҳои ахир дар расонаҳо сурат мегирад, ки дар бархе маворид, зарурати истеъфои ӯро низ матраҳ кардаанд.

(bbctajik.com)