среда, 25 мая 2011 г.

Cаъдулло Мусо

САЪДУЛЛОХИ МУСО (Сони)
Хонандаи арчманд ин чанд розгунаи шоири баркуамол Саъдуллоро бароят ирсол медорем, ки дар он дарду доги рузгори мардуми точик ифшо гардидааст.
Хону хулоса барор.

ГАНДУМ ЗАМ КУНЕД...

Китъае чун дехи мо зулматсаро дар Шарк нест,
Руи хон чун шом тира, чанд рузе барк нест.

Зулматафкан - "Барки точик"  узрхохи мардум аст,
Халк аммо баркчу не, дар хаёли гандум аст.

Ин карат хам шохи мо гуянд: гандум зам кунед,
Буттаро махкам бидоред, азмро махкам кунед.

Чун навори "Юсуф"-и таъбиргуро дидаем,
Чанд соли хушкихоро дидаву бишнидаем,

Хуй бигрифта ба зулмат он навори дидани,
Дар халогохи сиёсат мо руи худ санчидани.. 


МОТАМИ ХАЙКАЛХОР ВА  БОЗИИ  ДАСТАНДАРКОР
  

Ба номи Худованди созандакор,
Ки бо лутфаш олам шавад растагор

Ачаб з-он ки хоби фуру шуд ба хоб,
Ба гирдоб бихрад ба чах рафта тоб.

Зи  дохиву ному рахаш Русиё,
Кимоб асту  моро фано шуд хаё.

Ханузам буташ дар Хучанд андар аст,
 Набурда ба кунче  гамаш дар сар аст,

Ханузам   бутафкорагон  зиндаанд,
Ба Хак не , ба хайкал  дил афкандаанд.
.
Ба даъво мусалмону кофар мичоз,
 Ба Таввоби Саттор нобурда  роз.

Ханузам бувад киблашон мавзолей,
Давои маразхои шон мавзолей

  Ба тогут, ачоиб, бовар кунанд.
  Зи  афкандани бут махшар кунанд.

Бидод арчи   Масков барги талок,
Раванд аз никохаш ,муранд аз фирок
.
Дигар Маскаве , ки  калонёри мост,
Кучо дар гами мушкили зори  мост.?!

На парвои бут,  не гами мо хурад,
Ба  бози, валокин, ками мо хурад.

Худои табодулгари холу чон ,.
Зи дарди буту нафт моро рахон.
     
   БА ИШКАМЧАРОЁНИ ОШИ ХАРИФОНА

Хамхарифе чанд андар фикри тан афтодаанд,
Рузу шаб дар завку шавки хурдан афтодаанд.
Думбахо барбастаанд аз чарбхори, в-аз загер,
Мурдарухоне паи тоби бадан афтодаанд.
Дар тановул ахлашон саршор аз мастоваанд,
Золимоне зохирадлон дар сухан афтодаанд.
Чуз гами хайфона дар сар ёд аз паймона нест,
Пур шавад паймонашон, дар мову ман афтодаанд.
Субх асалгап, зухр чазза, шом оши зирадев,
Девтабъон нимашаб дар ёди зан афтодаанд.
Дар ибодат кохиланду дар сиёсат чохиланд,
Подаи ишкамчаро. бал, дар чаман афтодаанд.
Бо мичози гуспанди, бо фазои буккаги,
Сустимон, сахтармон бар дахан афтодаанд.
Бо тафохур дар залолат хоби ишрат рафтаанд,
То яке чашмон шавад во дар кафан афтодаанд.
Сонии хайрони иллат, минбари даъват кучост?
К-ин хама ишкамбачинни анчуман афтодаанд.

      С.СОНИ

АНДАР
ЧАВОБИ ИДДАЪОИ БОЗОРИ СОБИР

ХАМД БАР ЗОТЕ, КИ МОРО БАХРИ ТОЪАТ СОХТА,
БАР ХАЛОИК ОЛИ МОРО БО ШУУР АФРОХТА.
ХАМД БАР ЗОТЕ КИ АЛЛОХИ САМЕЪ АСТУ БАСИР,
БАС ХАБИР АЗ ОЛАМИ ДИЛ, РАББИ БЕХАД БЕНАЗИР.
АЙ ХУДОИ ХАК АГАРЧИ ПУРХАТОРАВ БАНДААМ,
ДАР ЧАВОБИ ПОСУХИ НОКАС КАЛАМ АФКАНДААМ.
ДАР ХАЁ АФТОДААМ АЗ БЕХАЁГУ ШОИРЕ,
ШОИРЕ? НЕ БЕШУУРЕ, БАЛКИ ГАБРЕ, КОФИРЕ
ШОИРЕ К-У ДАР САРОИ ГУМРАХИ АФТОДААСТ,
ХОНДА ХУД З-АХЛИ ЗИЁИ К-У КАСИ ОЗОДААСТ.
мУЛХИДЕ. К-У ИДДАОИ САРШИНОСИХО КУНАД,
ДАР ПАНОХИ АМРИКО ТУГЁНИ ОСИХО КУНАД
.шАРМАМ ОЯД З-ОНКИ ОГАХГАШТАИ ВАЗНУ ХИЧО,
-ШОИРИ МИЛЛАТ НАДОРАД АЗ ХУДО ХАВФУ РИЧО.
ШАРМСОРАМ З-ОН КИ ОГАХГАШТАИ НАЗМИ СУХУН,
БАЗМХО ДОРАД, ВАЛОКИН ГОФИЛИ БАЗМИ СУХУН.
ДАР ХИЧОЛАТ МОНДААМ АЗ ОЛАМИ АРВОХХО,
ПЕШИ РУХИ БОШУУРОН-АВЛИЁУЛЛОХХО.
ШАРМСОРАМ ХАР ГАХЕ ГУЯНД МАРДУМ ШОИРАМ,
СОХИБУЛФИКРЕ БА ДИДАН, ДАР  СУРУДАН МОХИРАМ.
ШАРМСОРАМ З-ОН КИ ХАР К-У  ХУД ЗИЁИ ХОНДА,
 АЗ ШУЪОИ НУРИ ХАК АНДАР ЗАЛОЛАТ МОНДА.
ШАРМСОРАМ З-ОН КИ ДАР КУРИ ХАЁТАМ БОХТАМ,
ТО ХАНУЗАМ МАНБАВУ АСЛИ ЗИЁ НАШНОХТАМ.

МУЪМИНЕМ АММО БА КОРИ ДИН ЧУ КУР АФТОДАЕМ,
 БАХШ, Ё РАБ, ЧУМЛА ДАР ДАЪВАТ БА ДУР АФТОДАЕМ.
ХАР САДОИ ЧОХИЛЕ АЗ САБКИ ХОМУШИИ МОСТ,
В-ИН ХАМА БЕХУШИХО АЗ ГУШАХОИ ХУШИ МОСТ.
ЧАПГАРО ХАР ЧОСТ, ЁРОН ,ЧУРМУ КУТОХИИ МОСТ,
 БОЯДО БИНМУД МАРДУМРО БА ДАЪВАТ СУИ РОСТ

ЧАШМИ ДУНЁДОРИ МО БИНГАР БА ДУНЁ МАСТ ШУД,
ХИММАТАШРО ХАМ НИГАР ЧУН ФИТРАТИ МО ПАСТ ШУД.
ГУМРАХУ МАГЗУБУ ГАБРЕ ЧУН ХАКИКАТРО НАХОСТ,
ЧОРДАХ КАРН АСТ, ИНАК, ХАРБИ АКОИД БАР ЧИЛОСТ.
 МУДДАЪИ БИНГАР, РАВО АЗ НОРАВО НАШНОХТАСТ,
БАР ДАХОНАШ ХОК, ВАКТЕ У ХУДО НАШНОХТАСТ.
ДИНСИТЕЗИ ПУРТААССУБ ХАР КИ ЧУН БОЗОР ГУФТ,
РАГМИ ПАЙГАМБАР ВА ХАК АЛФОЗИ ПУРОЗОР ГУФТ..

ДУШМАНУ БАДХОХИ ДИН ФАРДЕ БАЛАНДОВОЗ ШУД,
 ГУИЁ ДАРВОЗАХОИ ФИТНА ДАР МО БОЗ ШУД.
ЧАНД НОКАС БАР ЯХУДАК МАРДИКОРИХО КУНАД,
ХЕШТАНРО ХОР БИШМОРАД, НИГОРИХО КУНАД.
МАН АЗ-ИН БЕХИММАТОН ДАСТУ ДИЛАМРО ШУСТААМ,
 ТО НАОЛОЯД КАЛАМ БО У , КАЛАМРО ШУСТААМ..

ГАЙРАТИ МУЛЛОИ ДАВРОН ДАР САРИ МИНБАР НИГАР,
ПОДАБОНИ РУХРО БЕРУХ, ЧУН ПАЙКАР НИГАР.
ДАР ХАВОИ НАФСИ ШУМ АФТОДА МАДДОХИ КУНАД,
РАХРАВЕРО РАХНАМО НЕ, ХЕШ ГУМРОХИ КУНАД.
ХУТБАХОИ БЕХИТОБ АФСУРДА МЕСОЗАД МАРО,
ЧИЛВАХОИ ХУСАСОНИ МУРДА МЕСОЗАД МАРО.
ЧУМЪА БОЯСТИ БА РУХ ИЛХОМУ НЕРУ АФКАНАД,
СУСТИХОРО САР ФИШОНАД, ЧАХД БАР РУ АФКАНАД .


ДАР САРИ МИНБАР ЧУ МИРЗО РОВИИ ХАКБИН КУЧОСТ?
ОН ЯГОНА КАХРАМОН-ЭШОНИ НУРИДДИН КУЧОСТ
ТО БА ХАР БОЗОРСОНХО ХАРФИ БОЗОРИ ДИХАД,
ДИНАМОНРО ХАР КИ ХОРЕ МЕКУНАД, ХОРИ ДИХАД.
БАЛКИ ОГАХ СОЗАД АЗ АНЧОМИ ХАРФИ РУИ ОБ,
ДИДАИ ДИЛ ВО ШАВАД,  ДАР ТАВБА БИНМОЯД ШИТОБ.

АЙ ХУДОИ ВОКИФИ АСРОР ТАВВОБУ РАХИМ,
МАН ЧИ ГУЯМ, ТУ ГАФУРИ ЗУЛЧАЛОЛИВУ КАРИМ.

ВАКТИ ОН БОШАД, КИ МО БАР ХУД НАЗАРХО АФКАНЕМ,
РУ БА ВОХИД ОВАРЕМ, ТО СУИ ВАХДАТ ПАР ЗАНЕМ.
ВАКТИ ОН ОМАД КИ ДАР ТАРМИМИ ИН РУХИ ХАРОБ,,
ДАР ХАВОИ ОГАХИ ГУЯНД АДИБОН ХАРФИ НОБ.
ВАКТ ЧУН РАФТИ , ДИГАР Н-ОЯД БА ТАН ИН РУХИ МО,
КАМ НАГАРДАД АЗ  ТААССУФГУИ ХЕЧ АНДУХИ МО..




ФСОНАИ БАРК, НАТО,ШАБЕХУНИ КИРГИЗ ВА IRS

Хафта хам, ёрон, саромад, хафтафахми монд,монд,
Сад фасона "Барки точик" бар ду гушам хонд, хонд.
       Он кадар афсона шому шаб ба мардум гуфт, гуфт,
        Халкамонро хоб омад, дар фасона хуфт, хуфт.
Либиро НАТО зи навбат тирборон кард, кард,
Мешад аз бевахдати аъроби гафлат гард-гард.
        Ину онро Амрико бо хар бахона куфт, куфт,
        То бигирад деви даврон нафтчахро муфт, муфт,
Ончунон бо хилахо афканд бар Саддом дом,
Хуни нафт акнун хурад ин гули вахшат хом-хом.
         Мо вале дар чор суи торикистон зор-зор,
         Тахтабандему бувад ду чашми мо ночор чор.
Карз бигрем аз Чину мочин дигар бехушт-хушт,
Наслхомон карзхомон баркананди пушт - пушт.
          Пул хамегирад гадо дар рах зи шавки хирс,хирс,
          Мебарад чун роххои мулки моро IRS ирс.?
Чор кухи чоркухиро бидуни хой-хой,
Гасб бинмуди мугулхамсоя, дорад вой-вой.
          Аз "шабохун"-аш тани зардолузорон реш-реш,
          Мебарад киргиз дар ин чо точиконро пеш-пеш.
Душмани миллат ба Рогон боз дорад тоз-тоз,
Турктозе Русиёро менамояд боз-боз.
        Сониё,   сар-сар махони хат, фуру рав харф-харф,
           В-ин хама пат-пат мадону кун тафаккур жарф-жарф.
        

ДУРУДИ ХАРОБОТИ БА РОДИЁИ "ОЗОДИ"

Ай дар хабар муноди,
даъвонавард ходи,
Дар бахши дидсанчи,
Бодо зи мо наранчи.

Созандаёрранги ,
Дар хилаи фаранги.
Харчанд гоятоби,
Партобсоятоби.

Дар тори худ каши тор,
Дар тор нагмахо бор,
Боровари хабаршум ,
Андар дасиса саргум.

Руй оварад сарафроз ,
Ночор бар дари боз.
Аз Хак, ки гуфта будам,
Нашре нашуд сурудам.

Бо зарби амрикои,
Озодиё, сарои.
Озодаруй мебош,
Ободичуй мебош.

Пурсузу пуралам гуй
Харфи яхуди кам гуй,
Тутии Осиёгуй,
В-аз асли Либиё гуй.

Ин дам, ки сина хун аст ,
Багдод лолагун аст.
Саддом то нагун шуд,
Нафти Арок чун шуд?

Аз шахру води хам гуй,
Аз рузу шоди хам гуй.
Бикшода чехраву руй,
Аз хочаву заре гуй.

Ай чони зудбовар,
Макшо лабат лаби чар.
Огох бошу шав ёр,
Аз хоби сакта бедор.



  АВЗОИ ЧОМИЪА ,ПАРЛУМОН, ПАЁМ ВА САЛОМ

Якггурда рафту мардуми дугурдадор монд,
Хар он дугурдаро натавон гурдадор хонд.

Сангиндиле зи ришваситони наханг шуд,
Сабрин сабри мо буду у гурдасанг шуд.

Хайрону саргазон чу мухочир шавад чавон,
Хар волидайнро биравад хамрахаш  равон.

Асри сафолу мо думи гандум гирифтаем,
Гандум захира андаруни хум гирифтаем.

Бегохи чумъа омаду ишкам гарони кард,
Дар мурдахона мурдадил ишкамчарони кард.

Шуд кар ду гуш аз чапакандози парлумон,
В-аз дасти мавчи карсаку кафкуби ал-амон.

Бо он вакили хеш шунида Паёми нав,
Аз мо расон Сони ба ишон саломи нав.

суббота, 25 декабря 2010 г.

Соли 2010


Соле, ки мардумро бо њар роњ фиребид!
Соле, ки дар њар њар ќадам хушомад гуфтем!
Соле, ки нархњо ба осмон дака хўрд!
Соле, ки ќонунњои Љумњурї амал накарданд!
Соле, ки љилави Озодии суханро кашиданд!
Соле, ки Тољикистонро чун тўби футбол аз як
              дарвоза ба дарвозаи дигар њаво доданд!
Соле, ки умеди орзуи мардумро ба њукми нестї бурд!
Соле, ки беќудратии маќомоти ќудратиро нишон дод!
Соле, ки хиёнат ва риёкорї боло гирифт!
Соле, ки Роѓун кисањои баъзењоро пур карду оњ
             аз дили дардманди дигарон баровард!
Соле, ки маорифу тиббу маърифат хор гашт!
Соле, ки зиндониён фирор карданду ноком гаштанд!
Соле, ки њизбњо хомўшї ихтиёр карданду хок
             ба чашми љомеа пошиданд!
Соле, ки ду фарзонамарди миллат Шириншо Шотемуров ва
                 Нусратулло Махсумов унвони ќањрамони миллиро
                  гирифтанд!
Соле, ки Њукумати Тољикистон каме њам бошад тавонист дар
                 ќиболи бозињои сиёсии љањон истодагарї кунад!
Соле, ки рўзномаи «Имрўз news» ба майдони матбуоти тољик ворид шуд!
Соле, ки  «Шўрои ВАО-и ЉТ»тавлид шуд!
Соле, ки њафтаномањои «Фараж», «Пайкон» дар нимароњ
                мондаву рўи чоп наомаданд!
Соле, ки  роњи Худоро пулакї карданду эътирозњои мардум
                 оид ба ин амал ба миён омад!
Соле, ки интихобот доир гардиду  он чизе бештар аз такрори
               интихоботҳои пешина набуд!
Соле, ки  ба маблағи 6 миллиард сомонӣ саҳмия нашр шудааасту
                 лек  фурӯши он ҳамагӣ 820 миллион сомониро ташкил дод!
Соле, ки  зиёни боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон
                 ба мардуми тоҷик 1 миллиард долларро фаро гирифт.
Соле, ки  25 зиндонї фирор карданд (23-юми август), аввалин
                таркиши худкушона Хуҷандро такон дод (3-юми сентябр),
               таҳаввулот дар Камароб (19-уми сентябр) дар ин ҷо
               ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ ҳамла шуд ва
               25 нафар ба ҳалокат расид.
               Се рӯз баъдаш амалиёти Рашт шурӯъ шуд!
Соле, ки  Созмонҳои гуногуни байнулмилалӣ воқеияти Тоҷикистонро
               дар соли 2010 тавре баҳо додаанд:
            Бино бар раддабандии созмони "Хонаи озодӣ", Тоҷикистон кишвари ноозод боқӣ монда, аз лиҳози озодии матбуот як зина поён ва аз зовияи "Гузоришгарони бидуни марз" ду зина поён афтодааст. "Wall Street Jornal" ва бунёди "Мерос" дар раддабандии озодиҳои иқтисодӣ, Тоҷикистонро аз ҷои 122-юм ба 128-ум фуроварданд. "Foreign Policy" ва бунёди "Барои сулҳ" Тоҷикистонро дар байни 177 кишвари ноком дар ҷои 38-ум қарор дод. Пажӯҳишгоҳи "Экономист" аз рӯи шохиси демократия ба Тоҷикистон яке аз ҷойҳои охирин, 149-умро раво дид. Танҳо Бонки Ҷаҳонӣ аз лиҳози соҳибкорӣ пешрафти Тоҷикистонро аз ҷои 152 ба ҷои 139 ишора кардааст, ки ба коҳиши андоз ва низоми мавсум ба "равзанаи ягона" рабт дорад. Ва созмони Шаффофияти байнулмилал барои талошҳои ҳукумати Тоҷикистон зидди фасод онро дар раддабандии хеш ду зина боло қарор додааст.

пятница, 24 декабря 2010 г.

Умари Хайём 100 рўбои

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Ҳуш дор, ки сармояи мулки ҷаҳон,
Умр асту чунонаш гузаронӣ, гузарад.
2
Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳончу ангуштарӣ аст,
Бе ҳеҷ шаке нақши нигинаш моем.
3
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будааст,
Гарданда фалак низ ба коре будааст.
Зинҳор қадам оҳиста ба хок ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будааст.
4
Аз омадану рафтани мо суде ку?
В-аз тори вуҷуди умри мопуде ку?
Чандин сару пои нозанинони ҷаҳон,
Месузаду хок мешавад, дуде ку?
5
Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.
6
Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд,
Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд.
В-ин мулки ҷаҳонба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд.
 7
Гар бар фалакам даст будӣ чун яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.
8
Ё раб, ту гилам сириштаӣ, ман чи кунам,
Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чи кунам.
Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вуҷуд,
Ту бар сари ман навиштаӣ, ман чи кунам.
9
Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре,
Аҳволи мусофирон бигӯяд, чун шуд.
10
Аз омаданам набуд гардунро суд
В-аз рафтани ман ҷоҳу ҷалолаш нафузуд.
В-аз ҳеҷ касе низ ду гушам нашунид,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чӣ буд.
11
Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд,
Дар кашфи улум шамъи асҳоб шуданд.
Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,
Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.
12
Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Акнун, ки ҳамебингарам аз рӯи хирад,
Умрам бигузашт, ҳеҷ маълум нашуд.

13
Он кас, ки Замину чарху афлок ниҳод,
Бас доғ, ки ӯ бар дили ғамнок ниҳод.
Бисёр лаби лаълвашу рӯи чу моҳ,
Дар табли замину ҳуққаи хок ниҳод.
14
Бархезу махӯр ғами ҷаҳон гузарон,
Биншину даме ба шодмонӣ гузарон.
Дар табъи замона гар вафое будӣ,
Ҳаргиз ба ту навбат нашудӣ аз дигарон.
15
Эй чархи фалак, харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.
Эй хок, агар синаи ту бишкофанд,
Бас гавҳари қимате, ки дар синаи туст.
16
Чун ҳосили одамӣ дар ин дайри дудар,
Ҷуз дарди дилу додани ҷон нест дигар.
Хуррам дили он ки як нафас беш набуд,
В-осуда касе, ки худ назод аз модар.
17
Афсӯс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд,
В-он тоза баҳори зиндагонӣ дай шуд.
Он мурғи тараб, ки номи ӯ буд шабоб,
Афсӯс, надонам, кикай омад, кай шуд.
18
Бар ман қалами қазочу бе ман ронанд,
Пас неку бадаш зи ман чаро медонанд.
Дӣ бе ману имрӯз чу дӣ бе ману ту,
Фардо ба чӣ ҳуҷҷатам ба довар хонанд?

                          19
Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ,
Аҳволи фалак ҷумла писандида будӣ.
В-ар адл будӣ ба корҳо дар гардун,
Кай хотири аҳли фазл санҷида будӣ.
                       20
Эй кош, ки чои орамидан будӣ,
Ё ин раҳи дурро расидан будӣ.
Кош, аз паи сад ҳазор сол аз дили хок,
Чун сабза умеди бардамидан будӣ.
                       21
Гар даст ба лавҳаи қазо доштаме,
Бар майлу муроди хеш бингоштаме.
Ғамро зи ҳон яксара бингоштаме,
В-аз шодӣ сар ба чарх афроштаме.
                       22
Эзид чу нахост он чӣ ман хостаам,
Қай гардад рост, он чӣ ман хостаам.
Гар ҷумла савоб аст, ки ӯ хостааст,
Пас ҷумла хатост, он чӣ ман хостаам.
23
Пок аз адам омадему нопок шудем,
Шодон ба дар омадему ғамнок шудем.
Будем зи оби дида дар оташи дил,
Додем ба дод умру дар хок шудем.
24
Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз,
Бозомадае ку, ки ба мо гӯяд роз?
Пас бар сари ин дуроҳаи озу ниёз,
То ҳеҷ намонӣ, ки намоеӣ боз.
25
Афлок, ки ҷуз ғам нафизоянд дигар,
Бинҳанд яке, то бирабоянд дигар.
Ноомадагон агар бидонанд, ки мо
Аз даҳр чӣ мекашем, н-оянд дигар.
                        26
Ку маҳрами роз, то бигуям як дам,
К-аз гоҳи нахуст худ чи будаст одам.
Меҳнатзадае, сириштае аз гили ғам,
Якчанд ҷаҳон бигашту бардошт қадам.
27
То кай зи чароғи масҷиду дуди куништ ,
То чанд зиёни дӯзаху суди биҳишт?
Бар лавҳи қазо нигар, ки аз рӯзи азал,
Устод ҳар он чи буданӣ навишт.
28
Дар доирае, к-омадану рафтани мост,
Онро на бидоят, на ниҳоят пайдост.
Кас меназанад даме дар ин маънӣ рост,
К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост.
29
Чун огаҳӣ, эй дӯст, зи ҳар асроре,
Чандин чӣ хӯрӣба беҳуда теморе?
Чун менаравад ба ихтиёрат коре,
Хуш бош дар ин даме, ки ҳастӣ боре.
30
Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд,
Бар чарх кирони ахтарон хоҳад буд.
Хиште, ки зи хоки ту бихоҳанд задан,
Девори сари дигарон хоҳад буд.
31
Аз тан чу бирафт ҷони поки ману ту,
Хоки дигарон шавад мағоки ману ту.
В-он гоҳ барои хишти гӯри дигарон,
Дар колбаде кашанд хоки ману ту.

32
Мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз,
Аз рӯи ҳақиқат, на ки аз рӯи маҷоз.
Бозӣ чӣ ҳамекунем бар натъи вуҷуд,
Афтем ба сандуқи адам як-як боз.
33
Ин гуна, ки ман кори ҷаҳон мебинам,
Олам ҳама ройгон бар он мебинам.
Субҳонниллаҳ, ба ҳар чӣ дар менигарам,
Нокомии хештан дар он мебинам.
34
Аз дӣ, ки гузашт, ҳеҷ аз ӯ ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Ҳоли хуш бошу бар бод макун.
35
Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт,
Андешаву ҷаҳди мо куҷо хоҳад рафт?
Пайваста нишастаем дар ҳасрати он-к
Дер омадаему зуд мебояд рафт.
36
Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ!
В-он кас, ки гунаҳ накард, чун зист? Бигӯ!
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,
Пас фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!
37
Аз буданӣ, эй дӯст, чӣ дорӣ темор
В-аз фикрати беҳуда дилу ҷон афгор?
Хуррам бизию ҷаҳонба шодӣ гузарон,
Тадбир на бо ту будааст аввали кор.

38
Нақшест, ки бар вуҷуди ман рехтаӣ,
Сад булъаҷаби зи ман барангехтаӣ.
Ман з-он беҳ аз ин наметавонам будан,
К-аз бута маро чунин бурун рехтаӣ.
39
Ҳар ҷо, ки гулевулолазоре будаст,
Аз сурхии хуни шаҳриёре будаст.
Ҳар барги бунафша, к-аз замин мерӯяд,
Холест, ки бар рухи нигоре будаст.
40
Ин кузагарон, даст ба гил доранд,
Гар ақлу хирад нек бар ӯ бигмонанд.
Ҳаргиз назананд мушту силиву лагад,
Хоки падарон аст, накӯ медоранд.
41
Бар кӯзагаре парер кардам гузаре,
Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.
Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре,
Хоки падарон дар кафи ҳар кӯзагаре.
42
Тарсем, к-аз ин беш ба олам нарасем,
Бо ҳамнафасон низ фароҳам нарасем,
Ин дам, ки дар ӯем, ғанимат шумарем,
Шояд, ки ба зиндагӣ дар он дам нарасем.
43
Ин косагаре, ки косаи сарҳо кард,
Дар косагарӣ санъати худро пайдо кард.
Бар хонаи вуҷуди мо нагун коса ниҳод,
В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард.
44
Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш,
Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш.
Ногоҳ яке кӯза баровард хурӯш:
«Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?!»
45
Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,
Сад бӯса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш.
Ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф,
Месозаду боз бар замин мезанадаш.
46
Лаб бар лаби кӯза бурдам аз ғояти оз,
То з-ӯ талабам воситаи умри дароз.
Лаб бар даби ман ниҳоду баргуфт ба роз:
«Ман ҳам чу ту будам, даме бо ман соз».
47
Аҷзои пиёлае, ки дар ҳам пайваст,
Бишкастани ӯ раво намедорад маст.
Чандин сару пои нозанин аз сари даст,
Аз меҳри кӣ пайвасту ба кини кӣ шикаст?
48
Ин коса, ки бас накӯш пардохтаанд,
Бишкаставу дар раҳгузар андохтаанд,
Зинҳор ба ӯ қадам ба хорӣ наниҳӣ,
К-ин коса зи косаҳои сар сохтаанд.
                        49
Ин кӯза зи ман ошиқи зоре будаст,
Дар банди сари зулфи нигоре будаст.
В-ин даста, ки дар гардани ӯ мебинӣ,
Дастест, ки бар гардани ёре будаст.
50
Ин чарх чу тосест нагун афтода,
Дар вай ҳама зиракон забун афтода.
Дар дӯстии шишаву соғар нигаред,
Лаб бар лабу дар миёна хун афтода.
51
Чун абр ба наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азм дуруст.
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.
52
Мо бо маю маъшуқу шумо-дайру куништ,
Мо аҳли ҷаҳимему шумо аҳли биҳишт.
Тақсири ман аз рӯзи азал чист? Бигӯй!
Наққош чунин ба лавҳи тақдир набишт.
53
Ман зоҳири нестиву ҳастӣ донам,
Ман ботини ҳар фарозу пастӣ донам.
Бо ин ҳама аз дониши худ шармам бод,
Гар мартабае варои мастӣ донам.
54
Ба санг задам дӯш сабӯи кошӣ,
Сармаст будам, ки кардам ин авбошӣ.
Бо ман ба забони ҳол мегуфт сабӯ:
«Ман чун ту будам, ту низ чун ман бошӣ».
                        55
Ҳар рӯз бар онам, ки кунам шаб тавба,
Аз ҷому пиёлаи лаболаб тавба.
Акнун, ки расид вақти гул, тавба куҷост?
Дар мавсими гул зи тавба, ё раб, тавба!ъ
56
Гар гул набувад насиби мо хор бас аст,
В-ар нур ба мо намерасад, нор бас аст.
Гар хирқаву хонақоҳу шайхӣ набувад,
Ноқусу калисиёву зуннор бас аст.
57
Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст
В-аз гиряи зор бим садчандон аст.
Аз ҳар мижа новадони аст хун равон,
Гар ман мижаро ба ҳам занам, тӯфон аст.
58
Он кас, ки ба хуноби лаби хандон додаст,
Хуни ҷигаре ба дардмандон додаст.
Гар қисмати мо надод шодӣ, ғам нест,
Шодем, ки ғам ҳазорчандон додаст.
59
Як даст ба мусҳафему як даст ба ҷом,
Гаҳ марди ҳалолему гаҳ марди ҳаром.
Моем дар ин гунбади фирӯзарухом,
На кофири мутлақ, на мусалмони тамом.
60
З-ин гунбади гарданда бадафъолӣ бин,
В-аз ҷумлаи дӯстон ҷаҳон холӣ бин.
То битвонӣ, ту як нафас худро бош,
Фардо маталаб, дӣ манигар, ҳолӣ бин!
61
То кай ғами он хурӣ, ки дорӣ ё не
В-ин умр ба хушдилӣ гухорӣ ёне?
Пур кун қадаҳи бода, ки маълумат нест,
К-ин дам, ки фурӯ барӣ, барорӣ ё не?!
62
Соқӣ, дили ман зи даст агар хоҳад рафт,
Дарёб, куҷо зи худ бадар хоҳад рафт.
Суфӣ, ки чу зарфи танги пур аз ҷаҳл аст,
Як ҷуръа агар хурад, ба сар хоҳад рафт.
63
Хайём агар зи бода мастӣ, хуш бош!
Гар бо санаме даме нишастӣ, хуш бош!
Поёни ҳама кори ҷаҳон нестӣ аст,
Пиндор, ки нестӣ, чу ҳастӣ, хуш бош!
64
Гӯянд, ки май махӯр ба шаъбон, на равост,
На низ раҷаб, ки он маҳи хоси худост.
Шаъбону раҷаб маҳи худоянду расул,
Мо май рамазон хурем, к-он хосаи мост.
65
Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб,
Чону дилу ҷому ҷома дар раҳни шароб.
Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб,
Озод зи хоку боду аз оташу об.
66
Бархез дило, ки чанг бар чанг занем,
Май нуш кунему ном бар нанг занем.
Саҷҷода ба як пиёла май бифрушем
В-ин шишаи ному нанг бар санг занем.

67
Ҳаргиз ба тараб шароби нобе нахӯрам,
То аз кафи андӯҳ шаробе нахурам.
Ноне назанам дар намаки ҳеҷ касе,
То аз ҷигари хеш кабобе нахӯрам.
68
Майлам ба шароби ноб бошад доим,
Гӯшам ба наю рубоб бошад доим.
Гар хоки маро кӯзагарон кӯза кунанд,
Он кӯза пур аз шароб бошад доим.
69
Гар ман зи маи муғона мастам, ҳастам,
В-ар ошиқуринду будпараси, ҳастам.
Ҳар кас ба хаёли худ гумоне дорад,
Ман худ донам, ҳар он чӣ ҳастам, ҳастам.
70
Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?!
71
Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтае дигар хок шудаст.
Май нӯшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ,
Гул хок шудасту сабза хошок шудаст.
72
Сустӣ макуну фаризаҳоро бигузор,
В-ин луқма, ки дорӣ, зи касон бозмадор.
Дар хуни касу моли касе қасд макун,
Дар ӯҳдаи он ҷаҳон манам, бода биёр!
                        73
Аз ҳодисаи замони зоянда матарс,
В-аз ҳар чӣ расад, чунест поянда матарс.
Ин як дами нақдро ба ишрат бигузор,
В-аз рафта маяндешу аз оянда матарс.
74
Шаб нест, ки ақл дар тахайюр нашавад,
В-аз гиря канори ман пур аз дур нашавад.
Пур менашавад косаи сар аз савдо,
Ҳар коса, ки сарнагун бувад, пур нашавад.
75
З-он май, ки шароби ҷовидонист, бихур,
Сармояи айши инҷаҳонист, бихур.
Сӯзанда чу оташ аст, лекин ғамро,
Созанда чу оби зиндагонист, бихур.
76
Соқӣ, дили ман зи мурда фарсудатар аст,
К-ӯ зери замин зи ман дилосудатар аст.
Ҳарчанд ба хуни дида доман шӯям,
Домони тараб зи дида олудатар аст.
77
Рав, бар сари афлоку ҷаҳон хок андоз,
Май мехӯру дил ба моҳрӯён мебоз!
Чӣ ҷои итоб омаду чӣ ҷои ниёз,
К-аз ҷумлаи рафтагон касе н-омад боз.
78
Мо хирқаи зуҳд бар сари хум кардем,
В-аз хоки харобот таяммум кардем.
Бошад, ки зи хоки майкада дарёбем,
Он умр, ки дар мадрасаҳо гум кардем.
                         79
Бемораму дил дар имтиҳонам дорад,
Нохӯрдани май қасд ба ҷонам дорад.
В-ин турфа нигар, ки ҳар чӣ дар беморӣ,
Ҷуз бода хӯрам, ҳама зиёнам дорад.
80
Май хӯр, ки туро бехабар аз хеш кунад,
Хун дар дили душмани бадандеш кунад.
Ҳушёр будан чӣ суд дорад, ҷуз он-к,
З-андешаи поён дили ту реш кунад.
81
Гарчанд аз гуноҳ бадбахтаму зишт,
Навмед наям чу будапарстони куништ.
Мирам чу гаҳи саҳар зи махмурӣ, боз,
Май хоҳаму маъшуқ, на масҷид, на биҳишт.
82
Ҳушёр набудаам даме, то ҳастам,
Гар худ шаби қадр бошад, он ҳам ҳастам.
Лаб бар лаби ҷому сина бар синаи хум,
То рӯз ба гардани суроҳӣ дастам.
83
Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,
Дарёб даме, ки то тараб мегузарад.
Соқӣ, ғами фардои ҳарифон чӣ хӯрӣ?
Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад.
84
Дар ишқи ту аз маломатам нанге нест,
Бо бехбарон дар ин сухан ҷанге нест.
Ин шарбати ишқ доруи мардон аст,
Номардонро аз ин қадаҳ ранге нест.
85
Гар бода хӯрӣ, то бо хирадмандон хӯр,
Ё бо санаме лоларухи хандон хӯр.
Бисёр махӯр, вирд макун, фош масоз,
Андак хӯру гаҳ-гоҳ хӯру пинҳон хӯр.
86
Дар пои аҷал чу ман сафарканда шавам,
В-аз бехи умеди умр барканда шавам.
Зинҳор, гилам ба ҷуз суроҳӣ макунед,
Шояд ки зи бода пур шавам, зинда шавам.
87
Эй соҳиби фатво, зи ту пуркортарем,
Бо ин ҳама мастӣ зи ту ҳушёртарем.
Мо хуни разон хӯрему ту хуни касон,
Инсоф бидеҳ, кадом хунхортарем?!
88
Чун даргузарам, ба бода шӯед маро,
Талқин зи шароби ноб гӯед маро.
Хоҳед ба рӯзи ҳашр ёбед маро,
Аз хоки дари майкада ҷӯед маро.
89
Гуфтам, ки дигар бодаи гулгун нахӯрам,
Май хуни разон аст, дигар хун нахӯрам.
Пири хирадам гуфт: «Ба ҷид мегӯй?»
Гуфтам, ки мазоҳ мекунам, чун нахӯрам.
90
Гӯянд, ки дӯзахӣ бувад мардуми маст,
Ҳафтест хилофу дил дар он натвон баст.
Гар ошиқу майхораба дӯзах бошанд,
Фардо нигарӣ биҳиштро чун кафи даст.
                         91
Бо моҳрухе бар лаби ҷӯю маю вард,
То ҳаст муяссарам, тараб хоҳам кард.
То будааму ҳастаму хоҳам будан,
Май хӯрдааму мехӯраму хоҳам хвард.
92
Моем харидори маи кӯҳнаву нав,
В-он гоҳ фурӯшандаи олам ба ду ҷав.
Гуфтӣ, ки пас аз марг куҷо хоҳӣ рафт?
Май пеши ман ору ҳар куҷо хоҳӣ рафт!
93
Ибриқи маи маро шикастӣ, раббӣ,
Бар ман дари айшро бастӣ, раббӣ.
Бар хок бирехтӣ маи гулгунро,
Хокам ба даҳан, магар ки мастӣ, раббӣ?
94
То ҳушёрам, тараб зи ман пинҳон аст,
Чун маст шудам, дар хирадам нуқсон аст.
Ҳолест миёни мастию ҳушёрӣ,
Ман бандаи он аст, ки зиндагонӣ он аст.
95
Ман бода хӯрам, валек мастӣ накунам,
Илло ба қадаҳ дароздастӣ накунам.
Донӣ, ғаразам зи майпарастӣ чӣ бувад,
То ман чу ту хештанпарастӣ накунам.
96
Сармаст ба майхона гузар кардам дӯш,
Пире дидам масту сабӯе бар дӯш.
Гуфтам, ки чаро надорӣ аз яздон шарм?
Гуфто, ки карим аст худо, бода бинӯш!
97
Мо афсари хону тоҷи Кай бифрӯшем,
Дастору қасаб ба бонги най бифрӯшем.
Тасбеҳ, ки пайки лашкари тазвир аст,
Ногоҳ ба як пиёла май бифрӯшем.
98
Гӯянд маро, ки май ту камтар хӯр аз ин,
Охир ба чӣ узр барнадорӣ сар аз ин?
Узрам рухи ёру бодаи субҳдам аст,
Инсоф бидеҳ, чӣ узр равшантар аз ин?!
99
Эй бода, маъшуқи мани шайдоӣ,
Ман мехӯраму натарсам аз расвоӣ.
Чандон хӯрамат, ки ҳар кӣ бинад, гӯяд:
«Эй хуми шароб, аз куҷо меоӣ
100
Ёрон чу ба иттифоқ меод кунед,
Худро ба ҷамоли якдигар шод кунед.
Соқӣ, чу майи муғона бар каф гирад,
Бечора маро ҳам ба дуо ёд кунад.

четверг, 16 декабря 2010 г.

Боздошти 20 тоҷик дар Маскав бо иттиҳоми тундгароӣ

16.12.2010
Сайидқосими Қиёмпур

Дар шаҳри Маскав 20 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони узвият дар созмони мамнӯъи “Ҳизбуттаҳрир” боздошт шудаанд.
Хабаргузории “Азия плюс” бо такя ба оҷонси “Росбалт” навиштааст, ки ин афрод ва, аз ҷумла, раҳбарони эҳтимолии гурӯҳ Акмал Ғафуров ва Алишер Отаҷонзода дар як амалиёти вижа ба дасти кормандони Раёсати Хадамоти федеролии амният дар Маскав ва вилояти Маскав уфтоданд.

Ҳангоми кофтукоби манзили зисти онҳо бомби нерӯманде ошкор гардид, ки, ба гуфтаи кормандони амниятӣ, аъзои “Ҳизбуттаҳрир” мехостанд дар роҳи оҳан инфиҷор кунанд.

“Ҳизбуттаҳрир” дар “Проспект Мира”

Ба навиштаи “Росбалт”, кормандони амниятӣ дар бораи мавҷудияти ин гурӯҳи “Ҳизбуттаҳрир” тирамоҳи соли равон баъд аз бозпурсии чанд аъзои боздоштшудаи ин ҳизби мамнӯъ дар вилояти Калуга хабар ёфтанд. Дар ин бозпурсӣ рӯшан шуд, ки дар Маскав як бахши “Ҳизбуттаҳрир” фаъолият дорад ва раҳбаронаш нишастҳо доир намуда, муҳоҷирони кориро ба сафи худ ҷалб мекунанд. Кормандони амниятӣ қароргоҳи ин гурӯҳро дар як бино дар наздикиҳои “Проспект Мира” ошкор карданд.

Хабаргузорӣ навиштааст, ки амалиёти боздошти аъзои ҳизби мамнӯъ дар ду марҳала ҷараён гирифт. Рӯзи 20 октябр, дар рафти марҳалаи аввал, кормандони амниятӣ ҳамроҳ бо нерӯҳои зудамал вориди қароргоҳи “Ҳизбуттаҳрир” шуда, дар он ҷо даҳ нафарро дастгир карданд. Аз ин бино варақаҳои тарғиботии “Ҳизбуттаҳрир”, адабиёти мазҳабӣ, як бомби худсохт ва дастури истифода он ва ҳамчунин аксҳои роҳи оҳани Маскав пайдо ва мусодира шуд.

Таркиш ба хотири интиқом?

Акбарҷон Отабоев, яке аз боздоштшудаҳо, иқрор кард, ки раҳбарии ин бахши ҳизби мамнӯъро Акмал Ғафуров ва Алишер Отаҷонзода бар дӯш доранд ва маҳз онҳо нишастҳо доир намуда, аз миёни муҳоҷирони корӣ аъзои нави “Ҳизбуттаҳрир”-ро меҷӯстанд.

Ба гуфтаи Отабоев, ин ду нафар бомберо ба ин бино оварда гуфтанд, ки мехоҳанд ба хотири интиқом аз боздошти “Ҳизбуттаҳрир” дар Русия онро дар яке аз купрукҳои роҳи оҳани Маскав инфиҷор кунанд. Зимнан, Отабоев баъдан аз ин баёноти худ даст кашид. Ба навиштаи “Росбалт”, алайҳи Акбарҷон Отабоев, Акмал Ғафуров ва Алишер Отаҷонзода бо иттиҳоми “ғайриқонунӣ нигаҳ доштани маводи мунфаҷира” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Як манбаъи хабаргузорӣ дар хадамоти амниятии Русия ҳадс задааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон шояд дар терроризм ҳам айбдор шаванд.

Дар ҷараёни марҳалаи дуввуми амалиёт, ки рӯзи 7 декабр доир шуд, дар гӯшаҳои гуногуни Маскав 12 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони робита бо “Ҳизбуттаҳрир” боздошт шуданд. Баъд аз пурсуҷӯ онҳо боздоштгоҳро тарк намуданд ва аммо муваззаф шуданд, ки аз пойтахти Русия берун нараванд.

Светлана Ганнушкина, ҳомии ҳуқуқи башари рус, бовар дорад, ки парвандаи ҷиноии шаҳрвандони Тоҷикистон бар пояи дурӯғ таҳия шудааст
Ганнушкина: “Парванда бар пояи дурӯғ таҳия шудааст”

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузорӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар қонуншиканиҳои зиёдеро ҳангоми боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ошкор кардаанд. Светлана Ганнушкина, раиси созмони “Гражданское содействие” ва узви Шӯрои маркази “Мемориал”, ба “Росбалт” гуфтааст, ки парвандаи ҷиноии шаҳрвандони Тоҷикистон бар пояи дурӯғи маҳз таҳия шудааст. Ӯ афзудааст, “бо ин гуна аъмоли ғайриқонунӣ ба чизе муваффақ наметавон шуд ва он, баръакс, ба ифротгаро шудани пайравони дини ислом, ба ҷунбишҳои эътирозӣ табдил гаштани баъзе ҷараёнҳои мазҳабӣ ва вуруди афроди нав ба созмонҳое чун “Ҳизбуттаҳрир” мусоидат хоҳад кард”.

Хабари “Росбалт” дар бораи боздошти “таҳририҳои” тоҷикро мақомоти кишвар, аз ҷумла, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати умури дохилӣ ташреҳ накардаанд.

Табибони чини дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 12 то 16 декабр ҳайати Донишгоҳи тиббии Синтсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади шинос шудан бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба Душанбе омаданд.

Дар доираи сафар онҳо бо ректор, ноибон, мудирони кафедраҳои ДДТТ ва вазири тандурустии ҶТ мулоқот намуда, ҳамчунин аз беморхонаҳои клиникии шаҳрӣ, ёрии таъҷилӣ, маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, Донишкадаи баъдидипломии тайёр намудани кадрҳои тиббии Тоҷикистон дидан намуданд.

«Миёни Донишгоҳи тиббии Синтсзян ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи тадқиқоти илмӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандон, гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва табодули донишҷӯён, ҳамчунин табодули таҷрибаи корӣ ва тайёр намудани кадрҳои педагогӣ-илмӣ миёни донишгоҳҳо шартнома ба тасвиб расид», зикр намуд сардори шӯъбаи таҳлил, тафтиш ва робита бо ҷамъияти ДДТТ Шодмон Аҳмадов.

Ғайр аз ин барои меҳмонони чинӣ барномаи калони фарҳангӣ ташкил шуд. Онҳо осорхонаи бостоншиносии ҷумҳуриявӣ, қалъаи Ҳисор ва шаҳри Душанберо тамошо намуданд.

16.12.2010. WikiLeaks: «Духтари Президент шумтарин одами ҷумҳурӣ»

Душанбе. 16-уми декабр. TojNews - WikiLeaks тозатарин аснодро дар бораи духтари президенти Узбакистон Ислом Каримов интишор додааст. «The Daily Mail» истинодан ба WikiLeaks менависад: "Дар Узбакистон фасод ба шиддат рӯ ба афзоиш аст ва духтари президент шумтарин одам дар ин ҷумҳурист».

Тибқи ҳамин маълумот, Гулнора Каримова бо роҳҳои махуф амалан аз ҳама ширкатҳои фоидаовари мавҷудаи Узбакистон ҳиссаи худро меситонад. Дар мукотибаи дипломатҳо духтари 38-солаи президенти Узбакистон бо номи «баронхотуни ҷиноӣ» ёд мешавад ва мегӯянд падараш барояш мақоми дипломатӣ додааст. Тибқи иттилои сафорати ИМА, дар ин кишвар зарфи 5 сол, аз соли 2004 то 2009 Гулнора Каримова ба ҷаҳиши шигифтангезе даст ёфт. «Вай ба соҳибкорони маҳаллӣ пешниҳодҳое мекард, ки онҳо наметавонистанд аз он саркашӣ кунанд»,- менависад рӯзнома.

Аз мукотибаҳои интишоршуда бармеояд, ки Каримова бештар вақт дар Женева, ки ширкати ҳолдингии ӯ - Zeromax дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст, зиндагонӣ мекунад. Дипломатҳо хабар медиҳанд, ки вай бо «сарварони мафияҳои маҳаллӣ» барои дарёфти муоҳадаҳои нефтӣ тавофуқ кардааст. Дар номаи дигаре аз номи як тоҷири амрикоӣ ҳикоят карда мешавад, ки баъди он ки ширкати телекоммуникатсионии вай фурӯхтани саҳмияҳо ба хонум Каримоваро рад кард, халал расондан ба фаъолияти ширкат оғоз шуд.

"Духтари якум»-ро соати 3-и субҳ дар ҷамъомаде мушоҳида карданд, ки нӯшокиҳои спиртии мамнӯъ дар Узбакистонро ба фурӯш бароварда буданд. Дар барқияи дигар гуфта мешавад, ки "Аксари узбакҳо Гулнора Каримоваро шахсияти ҳарис ва бахиле медонанд, ки падарашро барои аз сари роҳ бардоштани соҳибкорон ва ҳамаи онҳое, ки метавонанд халал расонанд, истифода мебарад. Ӯ шумтарин одами ин кишвар мебошад»,- хулоса мекунад «The Daily Mail».

Дар барқияҳои дигар омада, ки дар Узбакистон фасод рушд мекунад ва ҳукумат бо ҷиноятҳои муташаккил алоқаманд аст. Ҳамзамон бо ин аз мукотибаҳо пай бурдан душвор нест, ки сафорати ИМА бо Каримов муносибатҳои хуб надорад. Гап дар сари он ки Узбакистон роҳи муҳиме дар ҳалқаи интиқоли коло ба Афғонистон аст. Дипломатҳо хабар медиҳанд, ки соли гузашта баъде, ки Ҳилларӣ Клинтон як муҳофизи ҳуқуқи башар аз Узбакистонро мукофот дод, Каримов ба сафири ИМА таҳдид кард, ки роҳҳои интиқолро ба рӯи ИМА хоҳад баст. «Сафир Норланд тавонист, ки Каримовро ором кунад, вале ба Вашингтон гӯшзад кард, ки фишор болои ӯ метавонад моро аз ин роҳи муносиби интиқоли коло маҳрум созад»,- менависад рӯзнома.

Фирӯзи МУҲАММАД