понедельник, 19 января 2015 г.

                   Ваќт мутеъи ў буд
Ба назар чунин дар љилва буд, ки гўиё ў ваќтро лаљом зада бошад. Зеро  дар гирудори зиндагї ў њар даќиќаашро босамар истифода мекард.  Гумонам ў њамон њикмати «ба ќадри ваќти худ бирасед»-и бузургонро ба гўшаш  чун овеза дарандохта, бо ин шиор амал мекард. Ба  ин хотир њамеша дар такопў буд. Дар як љой оромише надошт. Гумон мекунам Худованд ўро танњо барои анљоми амалњои хайр офарида.  Ва шояд ў хуб огањ буд, ки дар ин дунёи пурмољаро танњо њамин НЕКЇ пояндааст. Ва пайваста мекушид то амали хайреро ба сомон расонад. Мактаб бунёд мекард, дасти бечорагонро мегирифт, ба боѓчаву ятимхонањо  кўмак мекард, барои чопи асарњои нависандагон зањмат мекашид, њамеша дар сўњбати ањли илму адаб мешуд. Тавассути дасти хайру сахои ў пайкараи нависанда ва арбоби сиёсию љамъиятї Њабибулло Назаров дар маркази ноњияи Њисор ќомат афрохт, китоби шоири ориф Карим девона ба табъ расид, филми њуљљатие ба муносибати 90 солагии Њабибулло Назаров рўи навор омад, мактаби раќами 93 дењаи тўдаи ноњияи Њисор дарашро барои атфоли мардуи ин дењ боз кард. Аз баромади раиси ноњияи Њисор Усмони Сабз маълум гардид, ки Њољи Бањрулло Саъдуллоев дар тўли умри худ барои  мардуми тамоми ноњияи Њисор ва љумњурї зиёда аз 35 иншотро бо маблаѓи худ сохтаву ба истифода додаст. Њангоми дар ихтиёр доштани корхонаи мебелсозї барои аксари мактабњои кишвар партаву курсињо ва ашёи таълимиву айёниятњо арзонї доштааст. Дањњо гектар боѓу токзор бунёд карда, дастурхони мардуми кишварро бою ѓанї гардонидааст. Бањрулло комилтарин инсоне буд, ки барои ў миллату халќиятњо, мањалу минтаќањо фарќе надоштанд. Бо њамон хислату рафтори њамидааш ба њама чун бародар муносибат дошт. Ба гуфтаи нависандаи халќии Тољикистон Кароматулло Мирзоев : -Бањруллоро ангўру чолову боѓоташ аз дигарњо ба куллї дар тафовут буд. Њар боре ки ба мењмонияш меомадем ў бо дастони худаш аз токзору дарахтон мева чида болои дастурхон мегузошт, то таъми шањдњои офаридашро бичашем…Хонаи Бањрулло барои тамоми илму адаб, махсусан шоиру нависандагон  макони ошно гардида буд.
Ва ман сари андешаи онам, ки ў ба хуби дарк карда буд:
Ашк як лањза ба мижгон бораст,
Фурсати умр њамин миќдораст.
Ва ў дарк карда буд  фосилаи байни дунёи фонї ва дунёи абад њамон миќдорест, ки ашк сари мижгон ќарор гирифта. Ва ана  њамин фосилаи басо фишурдаро , Њољї Бањрулло Саъдуллоев  дар тўли умри 59  солааш он чунон босамару пурфайз истифода бурдаву накуши ва сахову карам кардааст, ки барои дигарон  умри садсолаашон камї кардаву фурсат даст намедињад. Ў ин фосилаи ночизро  бо такопўяш, бо созандагияш, бо ваљоњати рўњониву имконоташ бо коштани тухми мењру вафо ва густурдани хони пурсахо  дар ихтиёри худ ќарор додаву  рањ ба дилњо гирифифта. Ў аёнан медид, ки ашки сари мижгон боргашта, дорад лањзае пас сарозер меояду аз ў на пай мемонаду на нишон. Ба ин хотир ў баробари њар сонияву даќиќаву соате дав мегирифт пайи адои кори хайру сахову карамаш. Маскан мегирфт дар хонаи чашму маъво дар дилњо. Дав мегирфт то ин фосилаи умрашро бесамар нагузаронаду  аз рўи сидќу вафо  барои мардуми азизи кишвараш амали хайру сахоеро  ба анљом бирасонад.
Ў чун аќрабаки соат ба сўи пеш майл дошт, то дар ин фосилаи умри ночиз, ки «ашки сари мижгон»-аш унвон кардем  орзуњои ќалби пурњарорату мењрборашро љомаи амал пўшонад. ..
Њаќтаъоло бар дари Љаннат навишт,
Љойи мардони сахї бошад бињишт.
Ба њамин муносибат дар дењаи тўдаи ноњияи Њисор  мардуми зиёде љамъ омада буданд, то подоши њамаи он некињои кардааш, ба хотири ќадршиносии чунин як инсони накукор, ки њар рўзаш сабаќест  Муассисаи тањсилоти умумии асосии раќами 93-ро ба номи Бањрулло Саъдуллоев номгузорї намоянд. Дар ин маросим  мардумоне аз саросари кишвар љамъ омада буданд. Дар он шоирон, нависандагон, муаллимон, соњибкорон, духтурон ва тољирону кормандони касбу кори гуногун, љавонону муйсафедон  ширкат доштанд.
Дар ин љамъомад  Раиси ноњияи Њисор, марди худогоњу закитабъ Усмон Сабзов, аз рўзгори ибратбахши Бањрулло Саъдуллоев наќлњои аљибе карда, ёдовар шуд, ки шодравон як марди дасткушоду сахопешае буд, ки њамеша корњои хайро пеша гирифтї ва онњоро  ба нафъи мардумон бунёд кардаву  ба ихтиёри онњо гузоштї. Ў бисёр мехост, ки дар маркази ноњияи Њисор як чойхонае бунёд намояд, ки он љо мањфилњои илмиву адабї доир гарданд. Барои ин кор аз идорањои дахлдор низ иљозаташро гирифта буд. Аммо умр вафо накард…Ва ў дар сини 59 солагї, соли 2014  моро тарк гуфт. Зиндагонияш мардона буд ва мардона рафт. Рўзи љанозаашро њамагон ёд доранд, ки чигуна аз тамоми гўшаву канори љумњурї одамони зиёде омада буданд. By uгна љанозаи серодамро бисёрињо бори аввал дидаанд…
 Пасон баромадкунандагон  Нависанда Кароматулло Мирзоев, шоирон Муњаммад Ѓоиб, Њикмат Рањмат, Ворис, публиситон Маљид Салим, Амирхон ва Мухтори Саййидбурњон хотироти худро дар бораи  ин марди фозилу саховатманд иброз доштанд. Дар охир љамъомадагонро  писари Бањрулло Диловаршо  ба он бовар кунонид, ки ў пешаи накукории падарро идома дода, он амалњои хайри  нобасомонашро ба сомон мерасонад.
Зеро:
Њама чиз пирї пазирад бидон,
Ба љуз некї,  бимонад љовидон.