Вафо кунему маломат кашему хуш бошем,
Ки дар тариќати мо кофирист ранљидан.
Њофиз
САГ КОТИБИ ОБКОМРО ТАБОБАТ КАРД...
Тахминан солњои 1955-56 буд. Масчо њамчун як ноњияби кўњистон рў ба пешравї овард. Дар соњаи мактабу мориф, хољагии дењот ва чорводорї рушд намуда, диќќати ањли вилоятро ба худ љалб кард. Барои мардуми ин ноњияро ба чунин дастовард табрик намудан аз вилояти Ленинобод котиби дуюми њизбї ташриф овард. Ба ин муносибат дар маркази ноњия дењаи Мадрушкат зиёфате оростанд. Дар ин зиёфат, њангоми хўрок хўрї дар гўли котиби дуюми њизбї, мењмони олиќадр устухони борики сўзанмонад, ки дар пойи гўсфанд буд дармонд. Ин њолат вазъи мењмонро танг мекард. Аз чунин ранг гирифтани масъала тамоми мардуми он љо буда, хешро хиљолатзад мепиндоштанд. Чандин чорањоро андешиданд, вале бе натиља. Нафаре аз мардуми он љо буда, аз котиби њизби ноњия хоњиш кард, ки зуд бояд як нафарро ба дењаи Каздон барои овардани Эшони Њаким фиристонд. Танњо ў метавонад, ки илољи ин воќеаро ёбад.
Ба дењаи Каздон омада, Эшони Њакимро гирифта ба Масчо бурданд. Ў рањорањ аз мардум тамоми њодисаро ба пуррагї пурсид. Ва аз эшон хоњиш кард, ки то андешидани баъзе чорањои зарурї барои ў як саги тозї пайдо кунанд.
Мардум дар тааљљуб монда буданд, ки дар чунин њолати ба миён омада, ба табиб саги тозї чи даркор? Магар Эшон бо саг котиби дуюмро табобат мекунад? Мо ин мардро табиб гуфта овардему ў ба мо пайдо кардани сагро фармуд? Ё тавба!
Рангу рўйи котиб аз шиддати дард ва базўр нафаскашияш кабудчаранг гардида, чашмонаш супсурх гашта буданд. Вазъияти мењмон њамаро бесаранљом карда буд. Њама дар такопў. Намедонистанд, ки чї чорае андешанд.
Индам љавони ќоматбаланди тануманде, ки Давлатбой ном дошт вориди њавлї гардиду -Бобои Эшон ана, сагро овардам гуфтанаш табибро ба худ овард. Ў аз назди бемор баланд шуда, аз нафаре хоњиш кард, ки ба андозаи як метр ресмон ва ё риштаи ѓафсе пайдо намояд.
Зуд ресмони нафисе оварданд. Эшони њаким онро њалќа карда ба фуки борикаку нозуки тозї дароварда сари ресмонро сахт кашиданд. Њалќа дар фуки саг сахт шуд. Аз мењмон хоњиш кард, ки дањонашро то метавонад, боз кунад. Ў дањонашро кушод, табиб бо як дасташ аз гардани љонвар дошта ба сўйи мењмон кашид. Чор панљ нафаре, ки он љо њузур доштанду ин њодисаро тамошо менамуданд, тааљљубзада ба сўйи њамдигар дида равон карданд. Эшони Њаким дањони сагро ба дањони мењмон бурда то тавонист фуки сагро ба дањони мењмон ворид сохт. Дар чунин њолат зуд ресмони дар фуки саг басташударо бо шаст кушоданд. Ин дам саг нафаси чуќуре кашиду бо як чолоки ба ќафо љањид ва он мењмони олиќадр воњ гўён аз љояш част.
Саг чанд ќадам ба дур рафта аз дањонаш устухонро берун партофт.
Ин њолатро дида њама шукр карданд, ки хайрият њамааш ба некї анљомид.
Мењмон дасти Эшони Њакимро гирифта, сахт фишурду гуфт:
-Ин кўњистон бо чунин мардони закиву донишмандаш шўњратёр гаштааст. Ростї ман бовар надоштам, ки Шумо ин корро бо чунин як усули содда анљом медињед. Иллоњо дастатон дардро набинад. Ба касбу коратон барака ато фармояд. Ў даст ба кисаи шимаш бурд, то Эшони Њакимро ќадршиносї намояд. Вале Эшон дасти мењмонро дошта гуфтанд, Шумо мењмонед. Ин њодисаи ногањонї буд, ман аз Шумо чизе намегирам…
Аз ин вазъит рањонидани котиби дуюми њизб зуд сар то сари билоди Зарафшон пањн гардид. Ва мардум бори дигар ба њунару истеъдоди табибии ин мард ќоил шуданд…
Ќурбони Ато, яке аз заминдорон ва молдорони дења башумор мерафт. Ин мард дар ќатори ду писар Атовулло ва Мулоохун боз ду духтари дигаре доштанд. Духтари дуюми Ќурбон Авзалмоњ ном дошт, ки ба синни 18 даромада буду њанўз хостгоре надошт. Зеро чашми рости Авзалмоњ модрзод сафед буд. Ва ин узр чењраи зебову дилосои Афзалмоњи бокираро коста мегардонид. Њолати духтарро дида, падар дарунноки хун мехўрд, ки духтараш бо чунин њусни расову хулќу рафтори накў чунин як љурме дорад, ки боиси хиљолатзадагии ў мегардад. Рўзе падар бо умед дари табибро кўфт. Табиб Ќурбонро хуб пазирої намуда, матлабашро шунид. Эшони Њаким, гуфтанд, ки Мулоќурбон ин дарди бахайр аст. Ман ўро табобат мекунам, вале ба як шарт, пас аз табобат духтаратонро ба писарам арўс мекунам. Падар розї шуд. Эшони Њаким ин духтари раъносиморо дар тўли 2,5 моњ бо тамоми мањорати дошта табобат намуда, чашмашро сињат намуд. Падари Аввзалмоњ ба ќавлаш устувор истода, баъди чанде зебоандоми худро ба Сайидмурод ба зани дода, ба хонаи Эшони Њаким гусел намуд…
Бисиёрињо наќл мекунанд, ки Эшони Њаким бисёр табиби варзида ва сабукдаст буданд.
Њољї Љўраќул равони ин марди дарёдилу некрой њамешагї шод бод, мудом дар сўњбатњояшон мегўфтанд, ки борњо ман аз мўйсафедони дења – таѓои Мулловосеъю Гулмањмади Шодї шунида будам, ки гузаштагони Эшони Њаким ба касби табибї машѓул буда, дар замони худашон мардумонро муолиља мекардаанд. Эшони Њаким њанўз аз овони љавонї мењри дар оянда табиб шуданро дар дил мепарваридааст. Муњаббат ва дилбастагї нисбат ба ин касб ўро ба шањри Бухоро овард. Ў кўшиш мекард ба назди табибони донишманду кордон шогирд истода, касби табибиро омўзад. Сароѓоз дар мадрасаи Сари њавз чанд муддат таълим гирифта, бо кўмаки як дўсти бухороияш, ки аз дилбастагии Сайидмир огоњї дошт ўро ба назди табиби варзида Атовуллохони афѓон, ки дар шањри Бухоро хеле шўњрат дошт,овард. Ў ба чењраи ин љавони кўњистони дурудароз нигариста, гуфт аз ту табиби хуб мебарояд. Зеро бо шавќи дил рў ба ин касб оварда аз чандин фарсах роњ барои омўхтани нозукињои ин пеша ба инљо омадаї. Бовуљуди чунин гуфтанаш Атовуллохон љавонро имтињон кард, пай бурд, ки ў ќобилияту зењни тез дорад, вайро ба шогирдї ќабул кард. Атовуллохон ба ў тарзи тайёр кардани дорў, тарзњои муайян кардани ташхис, миљоз ва роњњои омўзиши он ва таркиби хуну тарзи муолиљаи таркиби онро омўзонид. Сайидмир муддати 7 сол дар назди ин табиби донишманд сирру асрори илми тиббро омўхт. Баъди он аз устодаш дуои хайр гирифта, ба зодгоњаш баргашта, то охири умраш ба муолиљаи мардум машѓул шуда ба дарди садњо нафар мардуми бенаво шифо бахшид.
Дар як сўњбате ки бо доктори илмњои филологї Мирзо Мулоањмадов[1] -писари муфтии Масчо, доштам маро бештар дар тааљљўб гузошт. Ин марди соњибмаърифат наќл карданд, ки дар дењаи мо, дар њамсоягї як марде (аз гуфтани номаш истињола карданд) ба касалии песї (сафедшавии пўст) гирифтор шуда буд. Эшони њаким чанд муддат ўро дар хонааш табобат карда сињат намуданд. Ман худ ба чашмам надидаам вале мардум мегуфтанд, ўро бо роњи љарроњї табобат намуданд. Он љарроњї чї гуна буд? Бо кадом роњ амалї шуд ман огоњї надорам. Шояд мисли имрўза чарроњињои хурд (микрохирургия) бошад. Аз кадом роње, ки набошад бо чашми сар дидаам, ки он мард ба пуррагї шифо ёфта буд. Ин њолатро дида нафари дигаре аз он пурсон мешавад, ки роњи табобат чи гунааст ва он мардро низ эшони Њаким табобат карда сињат намуда буданд. Афўс, ки дар њамон ваќт ягон нафар нозукињои ин усули табобатро аз он марди пухтакор напурсиду наомўхт. Зеро имрўз ин маризї дар аксари дењоти кишвар рў ба афзоиш овардааст ва то ба њол намедонанд онро чигуна табобат намоянд. Њатто то ба имрўз илми тибби замони навин њам дар табобати он ољизї мекашад. Агар он замон нафаре роњу усули табобати ин маризиро аз бар мекард, шояд чунин беморињо ављ намегирифтанд. Намедонам шояд нафароне бошанд, ки то ба имрўз роњи табобати табиби Каздониро њангоми табобат дар ёд дошта бошанд, бояд онњоро пурсид ва роњи њалли ин муамморо пайдо кард.
Сокинони дењаи Каздон бо номи фарзандони обрўманди ин диёр табиби њозиќу шинохташуда Эшони Њаким ва писари он домулло ва табиби донишманди замони худаш Муллосаидмурод фахр ва ифтихор мекунанд. Ин ду фарди нотакрор, зодагони дењаи Каздон – падарро њамчун табиби њозиќ ва писарро домуллои варзида ва табиби донишманд на танњо водии Зарафшон, ноњињои Мастчоњу Панљакент, балки дар шањрњои Самарќанд, Бухоро, Тошкент, Ўротеппа, Хуљанд, Душанбе, дар водињои Њисору Кўлоб ва берун аз марзи љумњурї хеле хуб мешинохтаанд ва эњтиром менамуданд. Албатта, њар як инсоне, ки соњиби ин ё он касб аст, ў як устоде дорад, муњаббати он касбу њунарро устодон дар ќалби шогирдон мепарваранд.
Соли 1961 он табибе, ки ба садњо кас њаёт бахшидаву онњоро табобат намуда буд, назди теѓи аљал ољиз монд. Дасти тавонои он ба домони Эшони Њаким панља задаву он каро аз ин дунёи фонї ба дунёи баќо бурд.
Ва падар осуда буд аз он ки писараш давоми умри ўст. Ў бедории фарзади закии худро дида ба хобї абад рафт. Бо дили пуру умеду орзу падар он анъанаи авлодиро ба писараш Сайидмурод мерос гузошт.
[1] М.Мулоањмадо, зодаи дењаи ….Масчо, аз авлоди Сайидињо буда бо авлоди Сайидињои дењаи Каздон хешу аќрабої дорад.