понедельник, 27 сентября 2010 г.

СМИ Таджикистана требуют извинений от Минобороны

"Шарки Озод"
Ряд руководителей независимых СМИ и журналистских организаций Таджикистана в распространенном сегодня заявлении выразили свою озабоченность действиями руководства Минобороны РТ, которое, в свете последних событий в стране, обвинило независимые СМИ в провокациях и непрофессионализме.

«В субботу, 25 сентября, по национальному телевидению неоднократно был продемонстрирован сюжет пресс-центра оборонного ведомства, в котором независимые СМИ страны были обвинены в искаженном освещении происходящих в настоящее время на востоке страны событий. Мы считаем необъективным, предвзятым и не отвечающим офицерской этике данный видеосюжет. Мы уверены, что трансляцией этого сюжета Минобороны попыталось нарушить профессиональное право журналистов и конституционного права граждан республики в получении объективной информации», - говорится в заявлении.

Авторы заявления считают, что, таким образом, Минобороны прикрывает свои недостатки и просчеты. «Минобороны пытается взвалить ответственность за события в регионе на плечи независимых средств массовой информации. Последние, в свою очередь, выполняют свою миссию в рамках законодательства республики и профессиональной этики и объективно освещают события на востоке страны», - подчеркивается в заявлении.

«Мы считаем неуместным попытку преследования и унижения журналистов со стороны министерства обороны, и требуем извинений со стороны ответственных лиц этого ведомства через СМИ. В противном случае мы будем вынуждены воспользоваться своим конституционным правом и защищать свою профессиональную честь и достоинство. Мы уверены, что политическое руководство страны осознает значимость независимых СМИ в развитии демократического общества в Таджикистане, и даст объективную оценку действиям руководства министерства обороны», - сообщается в заявлении.

Далее 17 руководителей независимых СМИ и медиа-организаций Таджикистана призывают все государственные и общественные структуры Таджикистана, политические силы и СМИ «использовать все свои возможности в этом направлении и внести свой вклад в развитие свободы слова, как одного из основ демократизации общества».

Свои подписи под заявлением поставили:

Нуриддин Каршибоев, председатель НАНСМИТ,

Акбар Сатторов, директор ООО «Чархи гардун»,

Мухтор Бокизода, генеральный секретарь Совета СМИ Таджикистана,

Шариф Хамдамов, директор ООО «Оила»,

Марат Мамадшоев, редактор «Азии-Плюс»,

Нурали Давлатов, заместитель главного редактора «Фараж»,

Саймиддин Дустов, председатель Совета редакторов «Нигох»,

Рустами Джонни, генеральный директор ООО «Ориёно-медиа»,

Раджаб Мараимов, главный редактор «Имруз-ньюс»,

Зафари Суфии, главный редактор «Озодагон»,

Джума Толибов, главный редактор «Пайкон»,

Зафар Абдуллоев, главный редактор «Факты и комментарии»,

Джума Мирзо, главный редактор «Нури зиндаги»,

Фарангис Набиева, редактор «Боргохи сухан»,

Хуршедджон Ниязов, генеральный секретарь «Медиа Альянса Таджикистана»,

Кироншох Шарифзода, председатель ОС «Журналист»,

Шахло Акобирова, председатель ОО «Хома».

четверг, 23 сентября 2010 г.

Боқизода: "Танқидро аз таҳқир фарқ намекунанд"

Радиои Озодӣ дар гуфтугӯе бо Мухтор Боқизода, раиси Созмони гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон, пурсид, ки аз назари созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, оё бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба фаъолияти ВАО таъсири амиқе расондааст?

- Оре, вақте, ки ВАО –и Тоҷикистон маводи чопиро аз хориҷ дастрас мекунад, ин бегуфтугӯ ба фаъолияти молии онҳо асар мегузорад ва мушкилоти фаровонеро ба вуҷуд меорад. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон қаблан ба бӯҳрон дучор буд. Фикр мекунам, дар нишасти имрӯз қабл аз ҳама хабарнигорон ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи хосе хоҳанд кард, то аз паёмадҳои номатлуби бӯҳрон дар фаъолияташон ҷилавгирӣ куннад.

-Аз назари Шумо бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бештар ба кадоме аз ВАО – давлатӣ ва ё мустақил таъсир расондааст?

- Ин мусаллам аст, ки расонаҳои давлатӣ, ҳам аз лиҳози хонанда ва ҳам аз лиҳози молӣ зарари зиёде намебинанд, аммо дар ин марҳала ин расонаҳо низ дар канор нахоҳанд монд ва то ҷое, ин таъсирро мутаҳаммил шудаанд. Вале бештарин зарбаи бӯҳронро расонаҳои мустақил рӯ ба рӯ шудаанд. Зеро аксарияти ВАО –и мустақил, ки худ маводи чопиро аз берун дастрас мекунад ва ҳомие низ дар ин замина надоранд, бештарин мушкилотро доштанд ва ҳамакнун низ дар рӯ ба рӯи ин проблема ҳастанд.

-Аммо Шумо итминон ва бовар доред, ки дар ин шароит давлат метавонад ба ВАО –и мустақил низ дар ин замина кумак кунад?

-Имрӯз вақте ба фаъолияти расонаҳои мустақил назар меандозем, мебинем, ки ҳукумат то андозае ба фаъолияти ин ВАО хушназар аст. Дар сӯҳбатҳое миёни созмонҳои рӯзноманигорӣ ва бархе аз масъулони ҳукуматӣ, мансабдорони давлатӣ аз дуҷор шудани бархе аз расонаҳои мустақил ба бӯҳрони молӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ва ман бар онам, ки ҳар ҳукумате, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро дар миёни мардум пиёда карданист, бояд аз ин гуна расонаҳои мустақил самаранок истифода барад. Зеро расонаҳои давлатӣ на ҳама вақт метавонанд баҷомеъа ахбори дақиқу саҳеҳро расонанд. Мушоҳидаҳои мо низ ҳокист, ки дар нашрияҳои давлатӣ бештар дар бораи ҷаласаҳои ҳукуматӣ сухан меравад ва ахбору иттилоот медиҳанд.

-Яке аз мавзӯъоте, ки шумо фармудед, дар нишасти имрӯз матраҳ мешавад, баррасии вазъи озодии баён аст. Ба ҳайси раиси Созмони гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон вазъи озодии баёнро чӣ гуна арзёбӣмекунад?

-Агар гӯям, ки озодии сухан дар Тоҷикистон сад дар сад таъмин аст, воқеъият нахоҳад дошт. Аммо нисбат ба солҳои гузашта, теъдоди нашрияҳо ва ҳафтаномаҳои мустақил меафзояд ва ҳар кадоме саъй мекунад, то рисолати худро дар назди ҷомеъа ифо кунад. Вале дида мешавад, ки ҳафтаномаҳои мустақил ба масоили сиёсии ҷомеъа камтар даст мезананд ва масоили марбутро бозтоб медиҳанд. Ин сабаб дорад. Чун, нашрияҳо, ки бештар аз ҳисоби фурӯш фаъол ҳастанд, дар чунин шароит кушиш мекунанд, ки тиҷораташонро аз даст надиҳанд.

-Аммо дар ин авохир, мавориди ба додгоҳ кашонда шудани нашрияҳо тавассути ниҳодҳои давлатӣ, ба хусус додрасҳои додгоҳҳо дар ҳоли густариш будааст. Магар ин аз он далолат намекунад, ки расонаҳо нақше дар пӯшиши масоили доғи ҷомеъа доранд?

-Инро касе инкор намекунад. Албатта он мавзӯъоти доғе, ки бархе аз ҳафтанома матраҳ мекунанд, далели ҳамин аст. Вале барои пайдо кардани ҳосилаи ду карат ду зарурате нест, ки ин ё он шаҳрванд ва ё ин он он мақомоти қудратӣ ва давлатӣ ба суд муроҷиат барад. Балки ниҳодҳое ҳаст, ки метавонад чунин баҳсҳоро ба таври сулҳомез ва мусолиҳаомез ҳал кунад. Масалан, Иттиҳодияи журналистон ё Шӯрои ВАО, ки ахиран ташкил ёфт, метавонад дар ҳалли оштипазири ин қазияҳо кумаку мусоидат кунад.

Албатта нашрияҳое, ки ба додгоҳ кашонда шудаанд, аз манфиатдории ниҳодҳои давлатӣ далолат мекунад. Зеро онҳо намехоҳанд, ки ҷурме, ки содир кардаанд, аз он ҷомеъа огоҳ шавад. Вақте, ки нашрияҳо дар бораи камбуди ниҳодҳои давлатӣ сухан мегӯянд, онҳо ин камбудиро дар шахсияти худ ва он ниҳод таҳқир мешуморанд. Гап сари он аст, ки ҷомеъаи Тоҷикистон, махсусан ниҳодҳои додгоҳӣ ва додситонӣ, ки худ иҷрокунандаи қонун ҳастанд ва дар ин доира низ амал мекунанд, моҳияти таҳқирро аз танқид дарк намекунанд. Ва бо ифшои як ҳақиқат ва камбудиҳо тавассути нашрияҳо, ниҳодҳои давлатӣ кӯшиш мекунанд, ки фишор болои расонаҳоро афзоиш бидиҳанд.

-Шумо ба ин назаред, ки амалкарди ниҳодҳои давлатӣ алайҳи нашрияҳо фишор болои фаъолияти хабарнигорон ва ҳафтаномаҳост, бале?

- Оре, ин фишор аст ва чунин амалкард ва баҳогузории ниҳодҳои давлатӣ, ба хусус додгоҳҳо муғризона ва назарногирона буда ва ҳатто аз сардрафтории онҳо далолат медиҳад.

- Дар чунин шароит, Созмони гиромидошт ва дифоъи аз ҳуқуқи журналистон, ки Шумо раёсати онро бар дӯш доред, барои ҳалли мушкили нашрияҳо чӣ иқдомеро рӯи даст гирифтед?

- Созмони мо ҳамроҳ бо дигар созмонҳои рӯзноманигорӣ аз тариқи пахши изҳорот ва муроҷиатномаҳо, талош кардем, ки асолат ва касбияти журналисторо нишон бидиҳем, ки имрӯз ҷомеъаи Тоҷикистон ба ВАО ниёз дорад ва маҳз журналистон метавонанд, маризиҳои ҷомеъаро дармон бахшанд.

-Оё имкони ҳамкорӣ ё созиш миёни расонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ вуҷуд хоҳад дошт?


-Натиҷаи чанд мулоқоту музокирот миёни расонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ нишон медиҳад, ки тарафҳо моил ба ҳамкорӣ ва созиш ҳастанд. Танҳо он чи барои тарафҳо зарур аст, риоя шудани манфиатҳои онҳост. Ба ин далел, Шӯрои ВАО ба унвони як ниҳоди мустақили журналистӣ метавонад ба унвони миёнҷӣ дар ҳалли мушкили мавҷуди нашрияҳо ва ниҳодҳои давлатӣ, ба хусус дар ҷиҳати ба ҳам овардани онҳо кумаки муносибе дошта бошад.

(ozodi.org)

“Нерӯи сухан” муҷаддадан сабти ном шуд


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳафтаномаи “Нерӯи сухан”-ро, ки нашри он дар соли 2005 ба далоили мухталиф мутаваққиф шуда буд, дубора сабти ном кардааст.

Ба гуфтаи масъулони ин нашрия, онҳо қасд доранд дар авоили моҳи сентябр чопи муҷададди ин нашрияро оғоз кунанд.

«Нерӯи сухан» дар гузашта бо чопи матолиби интиқодӣ аз маҳбубияти хонандагон бархурдор буд ва ба гуфтаи соҳибназарон ин амр аз сабабҳои аслии таъвиқи нашри ин ҳафтанома шуда буд.

Мухтор Боқизода, мудири ҷопхонаи "Кайҳон" ва сардабири ин нашрия ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳоло машғули таҳияи шумораи нахустин ва муҷаддади “Нерӯи сухан” аст ва ҳамзамон бояд масоили молии марбут ба нашри дубораи ин нашрияро низ ҳал кунад.

Вай гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд шумораи аввали “Нерӯи сухан” дар авоили моҳи сентябр мунташир хоҳад шуд.

"Нерӯи сухан" дар авохири даҳаи 1980 аз сӯйи Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон мунташир мешуд. Баъд аз таваққуфи чандсола нашрия дар авоили даҳаи 1990 рӯи нашрро дид.

Дар соли 2005 ниҳодҳои молиётии Тоҷикистон фаъолияти чопхонаи "Кайҳон" ва чопи ҳафтаномаи “Нерӯи сухан”-ро мутаваққиф карданд. Иддаъо шуда буд, ки интишороти “Нерӯи сухан” ба таври ғайриқонунӣ аз барқ истифода кардааст.

Ин қазия ба додгоҳ кашида шуд ва додгоҳи ноҳияи Фирдасви шаҳри Душанбе Мухтор Боқизодаро барои ду соли кори иҷборӣ ва тавқиф кардани 20 дарсади ҳуқуқи моҳонааш маҳкум кард.

Ба гуфтаи Мухтор Боқизода, зимни расидагии дубора ба ин қазия дар соли 2006, додгоҳи истинофӣ ҳукми қаблии додгоҳро тағйир дод ва ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд.

Оқои Боқизода мегӯяд соли 2007 чопхонаи "Кайҳон" дубора фаъол шуд, вале барои чопи “Нерӯи сухан” маблағе кофӣ пайдо нашуд ва дертар зарурати сабти номи муҷаддади ин ҳафтанома ба миён омад.

То соли 2005 “Нерӯи сухан” дар канори “Рӯзи нав” ва “Одаму олам” аз нашрияҳое маҳсуб мешуд, ки пайваста аз сиёсати давлати Тоҷикистон шадидан интиқод мекард.

Он замон чопи “Одаму олам” ва “Рӯзи нав” низ ба далоили мухталиф муттавақиф шуда буд. Зимнан, сардабир ва муассиси “Рӯзи нав” Раҷаби Мирзо буд, ки ҳоло ба симати сардабири нашрияи тозатаъсиси мустақили “Имрӯз news” интисоб шудааст.

Оқои Мирзо дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки чопи ин нашрия дар моҳи ҷорӣ оғоз хоҳад шуда ва ин нахустин рӯзнома дар Тоҷикистон хоҳад буд. Зеро, то ҳол дар ин кишвар нашрияҳо ба унвони ҳафтанома ва як нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” ҳафтае се маротиба мунташир мешаванд.

Раҷаби Мирзо изҳор дошт, ки “Имрӯз news” як тарҳи тиҷоратист ва барои роҳандозии чопи ин рӯзнома эътибор дарёфт кардааст.

Ҳарчанд, оқои Мирзо мегӯяд, ки ин нашрия ба родиюи “Имрӯз” рабте надорад, вале бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки чопи нахустин рӯзнома дар Тоҷикистон пас аз замони тулонии адами вуҷуди рӯзномаи ҳамарӯза бо кӯмаки молии яке аз бонкҳои муътабари ин кишвар роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта бархе аз ҳафтаномаҳои Тоҷикистон, назири “Озодагон”, “Боргоҳи сухан”, “Пайкон” ва “Фараж” бо мушкили чопи шумораҳои ҷадиди худ рӯбарӯ шуданд.

Ҳарчанд, дар ниҳоят шумораи ҷадиди ин ҳафтаномаҳо мунташир шуд, вале бархе аз соҳибназарон аз кӯшиши мақомот барои фишор бар ин нашрияҳо изҳори назар карданд.

Ба гуфтаи онҳо, ин амр ба далели шиддат гирифтани интиқодҳо аз сиёсати ҳукумат ва Президент Раҳмон дар моҳҳои ахир дар расонаҳо сурат мегирад, ки дар бархе маворид, зарурати истеъфои ӯро низ матраҳ кардаанд.

(bbctajik.com)

Мухтор Боқизода: «Ба додгоҳ кашидани се нашрияи мустақил худхоҳист»

Мухтор Боқизода

Баррасии қазияи ба додгоҳ кашидани се нашрия то ҳол идома дорад. Ёдовар мешавем, ки 2-юми феврали соли равон дар додгоҳи ноҳияи Сино баррасии қазияи додгоҳии аризаи даъвогии ду судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди шаҳри Душанбе аз болои маводи нашрнамудаи рӯзномаҳои «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» нисбат ба изҳороти адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев баррасӣ гардида буд. Дар маҷлиси пеш аз судӣ тарафҳо ба натиҷае нарасида, барои тайёрӣ ва ҷамъ намудани ҳуҷҷату пешниҳодҳои лозима қазияи судии мазкур то 23-юми феврал мавқуф гузошта шуд. 

Зикр кардан ба маврид аст, ки Суди Олии кишвар ва Суди шаҳри Душанбе нашрияҳои мустақили «Фараж», «Озодагон» ва «Азия-плюс»-ро ба ҷурми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашидаанд ва барои ҷуброни маънавӣ аз онҳо 5,5 млн. сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб намудаанд. Аммо бархе аз коршиносон даъвои судяҳоро беасос меҳисобанд. Мухтор Боқизода, раиси Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон мегӯяд:

- Он қазияе, ки имрӯз сари ҳафтаномаҳои «Фараж», «Азия-плюс» ва «Озодагон» омадааст, каме характери худхоҳӣ дорад. Ин ба он хотир, аст, ки дар расонаҳои мустақил аз номи адвокат Солеҳҷон Ҷураев нашр гардидааст, ягон нуқтаи назари ғайриқонунӣ дида намешавад. Чунки дар он ҷо такя ба манбаи расмии иттилоот, яъне ки нашрияҳо изҳоротро барои манфиати умумиҷумҳуриявӣ ва умумимиллӣ рӯйи чоп овардаанд ва хостанд, бо ин амалашон ҷомеаи Тоҷикистонро ҳушдор диҳанд, ки имрӯз чӣ гуна мақомоти судии мо гирифтори фасоданд.

Албатта, ҳар як шахс мувофиқи қонунгузории кишвар ҳуқуқ дорад, ки хешро ҳамаҷиҳата ҳимоя намояд, вале вақте як даъворо пеш меорем, бояд барои он виҷдони пок, диди солим ва андешаи онро дошта бошем, ки оё мо ба ин рафторамон ба раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ садгузорӣ намекунем? 

Ин ҳам дар ҳолест, ки вақте даъвои судяҳои Суди Олиро аз назар мегузаронем, дар он ҷо судяҳо ё қонунгузории кишварро намедонанд, ё дидаву дониста қонунҳои мавҷударо зери шубҳа қарор медиҳанд. Ман такя мекунам ба он талаб ё даъвои онҳо, ки нашри ҳафтаномаҳо манъ карда шавад. Ҳол он ки аз ҷониби суд ё мақомоти судӣ ягон баҳои расмӣ ба фаъолияти касбии ин рӯзномаҳо дода нашудааст ва ин даъвои судяҳо бар хилофи Кодекси мурофиавии ҶТ, моддаи 162 мебошад, ки дар он ҷо монеъ шудан ба фаъолияти касбии рӯзноманигорон аст.

Ҳамчунин бояд бигӯям, ки судяҳо барои дифои худашон дар ҷавобияи Нур Нуров дар саҳифаҳои нашрияҳо ба табъ расидааст, мегӯяд, ман тӯҳматро ба хотири он кардам, ки аз адвокат Ҷӯраев раҳоӣ ҷӯям.
Бубахшед вақте ки суд дидаву дониста мақомоти олии худро ба фасодиву порагирӣ муттаҳам мекунанд, пас чӣ гуна аз ин судя як нигоҳи солим, як рафтори солимро интизор шудан нисбат ба ВАО мумкин аст?
(tojnews.tj)